Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Тасдиқи созишномаҳои қарзӣ барои бунёди қитъаҳои алоҳидаи роҳи «Кӯлоб — Қалъаихумб»

№146 (3783) 09.12.2017

DSC_0252Шашуми декабри соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 59 нафар вакил ҳузур дорад.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи Созишномаи қарзӣ (9/694) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Қалъаихумб, қитъаҳои «А» ва «Ғ»

3. Дар бораи Созишномаи қарзӣ (12912Р) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Қалъаихумб, қитъаҳои «А» ва «Ғ»

4. Дар бораи Созишномаи қарзӣ (TJK-1002) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Қалъаихумб, қитъаҳои «А» ва «Ғ»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нав­ҷувонов Абдулло Шамбиевич дода мешавад.

Абдулло НАВҶУВОНОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Мутобиқи қисми 1 моддаи 192 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои «Вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор аз ҷониби шахсе, ки ба уҳдааш риояи ин масъулият гузошта шудааст, агар он дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад», ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми 2 моддаи 473 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ айнан барои ҳамин кирдор, аз ҷумла барои дар давоми соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар гардидааст. Яъне, қонунгузор дар як вақт барои як кирдор ҳам ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҳам ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ кардааст, ки ин аз зиддияти байни меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва қонунгузории маъмурӣ шаҳодат медиҳад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт дар кишвар таҷрибаи ягона вуҷуд надорад. Чунончӣ, дар давоми соли 2016 ва 5 моҳи соли 2017 аз ҷониби мақомоти ваколатдор бо қисми 1 моддаи 192 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 93 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, шаҳрвандон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Айнан вобаста ба ҳамин кирдор бо қисми 2 моддаи 473 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 176 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардидааст. Бо дарназардошти чунин ҳолатҳо ва бо мақсади бартараф намудани мухолифат байни соҳаҳои гуногуни қонунгузорӣ моддаи 192 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав пешниҳод гардидааст.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Чӣ тавре ки муовини вазири корҳои дохилии мамлакат генерал — майор Абдулло Навҷувонов зикр намуд, мақсади бевоситаи пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур аз мутобиқ намудани меъёрҳои қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба муқаррароти қисми умумии он, истисно намудани такрори меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо меъёрҳои Кодекси ҷиноятӣ иборат мебошад. Зеро, айни ҳол қисми 1 моддаи 192 Кодекси ҷиноятӣ ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани қоидаҳои зиддисӯхтор аз ҷониби шахсе, ки ба уҳдаи ӯ риояи ин масъулият вогузор шудааст, агар он дар давоми соли баъд аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, муқаррар менамояд. Ҳамчунин, қисми 2 моддаи 473 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон айнан барои ҳамин кирдор ҷавобгарии маъмуриро муқаррар намудааст.

Ҳамин тавр, барои як кирдор ҳам Кодекси ҷиноятӣ ва ҳам Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар як вақт ҳам ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҳам ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ менамоянд. Чунин ҳолат нофаҳмӣ, душворӣ, саҳву хато, духӯрагӣ ва дар маҷмӯъ беадолатиро ҳангоми татбиқи ҷазо барои кирдори зиддиҳуқуқии ҳамшабеҳ нисбат ба шахсони алоҳида ба миён меорад.

Чунонки муовини вазири корҳои дохилии мамлакат қайд намуд, таҳлилҳои вазорат собит кардааст, ки дар татбиқи меъёрҳои мазкури Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҷрибаи ягона вуҷуд надорад. Танҳо дар соли 2016 ва 11 моҳи соли 2017 барои кирдори ҳамшабеҳ дар 135 ҳолат бо қисми 1 модддаи 192 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ ва оид ба 232 ҳолат бо қисми 2 моддаи 473 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 232 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст. Тағйи­роти пешниҳодшуда ба моддаи 192 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон татбиқи ду намуд ҷавобгариро барои як кирдор бартараф намуда, масъулияти шахсонеро, ки ба зиммаашон риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор вогузор шудааст, баланд мебардорад. Қабули қонуни мазкур ба таъмини адолати иҷтимоӣ ва самаранокгардонии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат нигаронида шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуданд ва бо мақсади такмили он ҳашт таклифу пешниҳод манзур сохтанд, ки панҷтоаш қабул гардид.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи қарзӣ (9/694) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Фонди саудии рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб, қитъаҳои «А» ва «F» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Худоёрзода Худоёр Завқибек дода мешавад.

 ХУДОЁРЗОДА Худоёр Завқибек:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур ба анҷом расонидани сохтмони пурраи роҳи Кӯлоб — Қалъаихумб дар қитъаи «А» ба масофаи 32 км аз шаҳри Кӯлоб то ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва қитъаи «F» ба масофаи 26 км аз деҳаи Шкев то шаҳраки Қалъаихумб мебошад, ки он шаҳри Душанберо бо сарҳади Ҷумҳурии Халқии Хитой тавассути шоҳроҳи Душанбе — Кулма пайваст менамояд. Татбиқи лоиҳаи мазкур, пеш аз ҳама, аз лиҳози иқтисодӣ баҳри кам намудани вақт ва хароҷоти нақлиётии истифодабарандагони роҳ, баланд бардош­тани равобити тиҷоратӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтисодии минтақа ва дар маҷмӯъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, равона шудааст.

Бо мақсади сохтмони роҳи Кӯлоб — Қалъаихумб соли 2007 аз ҷониби Фонди кувейтии рушди иқтисодии араб барои таҳияи Асосноккунии техникӣ — иқтисодии роҳи мазкур ба дарозии тақрибан 170 км маблағи грантӣ дар ҳаҷми 1 миллион доллари ИМА ҷудо гардида, соли 2009 Асосноккунии техникӣ — иқтисодии роҳ омода шуд. Бинобар сабаби дарозии роҳ ва зарурати маблағи зиёд барои татбиқи лоиҳа, он ба қитъаҳои «А», «Б», «С», «Д», «Е» ва «F» ҷудо карда шуд.

Қитъаи А роҳи Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин (32 км), қитъаи «Б» ва «С» роҳи Шамсиддин Шоҳин — Шоҳон (40 км), қитъаи «Д» роҳи Шоҳон- Зиғар (34 км), қитъаи «Е» роҳи Шкев – Зиғар (37, 8 км) ва қитъаи «F» роҳи Шкев — Қалъаихумбро дар бар мегирад.

То имрӯз сохтмони қитъаҳои «Б», «С», «Д» ва «Е» ба анҷом расидаанд, ки барои татбиқи онҳо аз ҷониби Гурӯҳи ҳамоҳангсози араб 153,4 миллион доллари ИМА ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23,1 миллион доллари ИМА, дар маҷмӯъ 176,5 миллион доллари ИМА ҷудо гардидааст. Қайд кардан зарур аст, ки дар заминаи мувофиқатҳои бадастомада, барои сохт­мони қитъаҳои «А» ва «F» аз ҷониби Бонки исломии рушд 20 миллион доллари ИМА (қарз), Фонди саудии рушд 30 миллион доллари ИМА (қарз), Фонди кувейтии рушди иқтисодии араб 25,5 миллион доллари ИМА (қарз), Фонди Абу Дабӣ оид ба рушд 20 миллион доллари ИМА (қарз) ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ 10 миллион доллари ИМА (қарз) бояд ҷудо гардад, ки бо 10 миллион доллари ИМА ҳамчун саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 115,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

То ба имрӯз барои маблағгузории сохтмони қитъаҳои «А» ва «F» созишномаҳои қарзии зерин ба имзо расидаанд:

1.Созишномаи қарзӣ (№TJK 1002) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд аз 15 майи соли 2017 ба маблағи 20 миллион доллари ИМА;

2.Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд (№9/694) аз 17 майи соли 2017 ба маблағи 30 миллион доллари ИМА;

3.Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ аз 11 сентябри соли 2017 ба маблағи 10 миллион доллари ИМА.

Дар доираи созишномаҳои қарзии зикргардида шартҳои зерин пешбинӣ шудаанд:

1. Созишномаи қарзӣ бо Бонки исломии рушд:

Муҳлати анҷоми созишномаи қарзӣ 31 декабри соли 2021 муайян гардида, меъёри фоиз 1,5 дарсадро ташкил медиҳад. Муҳлати қарз 25 сол буда, 7 соли он давраи имтиёзнокӣ мебошад.

2. Созишномаи қарзӣ бо Фонди саудии рушд:

Муҳлати анҷоми созишномаи қарзӣ 31 декабри соли 2022 муайян гардида, меъёри фоиз 1,0 дарсадро ташкил медиҳад. Муҳлати қарз 30 солро фаро гирифта, 5 соли он давраи имтиёзнокӣ мебошад.

3. Созишномаи қарзӣ бо Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ:

Муҳлати анҷоми созишномаи қарзӣ 31 декабри соли 2022 муайян гардида, меъёри фоиз 2,25 дар­садро ташкил медиҳад. Муҳлати қарз 15 солро дар бар мегирад ва 5 соли он давраи имтиёзнокӣ мебошад.

Тибқи лоиҳа, дарозии қитъаи «А» 32 км ва дарозии қитъаи «F» 26 км-ро ташкил медиҳад. Паҳноии қисмати мошингузар дар ҳар ду қитъа 7 метр (ҳар кадом 3,5 метр) бо ду хати ҳаракат мебошад.

Корҳои сохтмонӣ, дар маҷмӯъ, мустаҳкамкунии соҳилҳо ва нишебиҳо, сохтмони деворҳои ҳимоявӣ, корҳои пармакунӣ, сохтмони обпартоҳои оҳану бетонӣ ва қубурҳои обгузар, истгоҳҳои автобус, истгоҳҳои садамавӣ, пиёдароҳаро дар бар мегирад. Инчунин, дар қитъаи «А» сохтмони пул бо дарозии 42 метр ва таҷдиди ду пули дигар бо дарозии ҳар кадом 33 метр, дар қитъаи «F» сохтмони се адад пул бо дарозии аз 21 то 24 метр ва нақб ба дарозии 1250 метр пешбинӣ шудааст.

Дар доираи лоиҳа харидории техникаи нигоҳдории роҳҳо низ пешбинӣ гардидааст, ки минбаъд бо мақсади дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани роҳҳои таҷдид­гардида истифода мешавад.

Муҳлати татбиқи лоиҳа чор солро ташкил медиҳад. Созишномаҳои қарзӣ аз ҷониби ду фонди дигар, яъне Фонди кувейтии рушди иқтисодии араб ва Фонди Абу Дабӣ оид ба рушд то ҳол пешниҳод нагардидаанд. Масъалаи баимзорасонии созишномаҳои қарзӣ бо фондҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор доранд. Сарфи назар аз ин, Вазорати нақлиёт якҷо бо Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — Чанак», ки татбиқи лоиҳа ба зиммаи маркази мазкур вогузор гардидааст, ҳуҷҷатҳои озмуниро доир ба интихоби ширкати машваратчӣ ҷиҳати такмилдиҳии Асосноккунии техникӣ – иқтисодӣ ва лоиҳаи муфассал, омода намудани ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва гузаронидани озмуни интихоби ширкати пудратчии лоиҳа мувофиқа карда истодааст.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо — муҳтарам вакилон хоҳиш менамоям, ки лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро доир ба Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд, Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд ва Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доир ба лоиҳаи сохтмони роҳи Кӯлоб — Қалъаихумб, қитъаҳои «А» ва «F» ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Кӣ ба Худоёрзода савол дорад?

Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ: - Муҳтарам вазир, қитъаи «F» кадом қисмати роҳро фаро мегирад?

Худоёр ХУДОЁРЗОДА: - Қитъаи «F» роҳи Шкев – Қалъаихумбро дар бар мегирад.

Раиси муҳтарам, тавре медонед, вақте ки аз самти давлати ҳамсоя — Афғонистон сел омада, маҷрои дарёро банд кард, як қисмати роҳ зери об монд. Мутахассисон ба чунин хулоса омаданд, ки дар ин қисмати роҳ нақб канда, роҳро бехавф гардонанд.

Ҳоло бо дастури Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкати «Чайна Роуд» дар ин ҷо корро оғоз намудааст. Бо дарназардошти он ки сели омада миқдори зиёди сангҳои калонро дар ин қисмати дарё ҷамъ оварда буд, ҳоло вазифа аз он иборат аст, ки аввал монеаҳо бартараф карда шаванд.

Вазорати нақлиёт якҷо бо Вазорати мудофиа ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода айни ҳол ба тоза кардани дохили дарё, васеъ намудани соҳилҳои он ва дигар корҳои омодагӣ машғуланд. Баъди ба охир расидани онҳо кор дар ин ҷо вусъат меёбад.

РАИС: - Роҳи Душанбе — Хоруғ — сарҳади Ҷумҳурии Халқии Хитой иншооти бисёр мураккаб ва аз ҷониби дигар хеле муҳим мебошад, зеро тавассути он имкони мус­тақиман баромадан ба кишварҳои дигарро дорем. Лутфан бигӯед, ки дар ин роҳ кадом қисматҳои сохтмонашон анҷомнаёфта боқӣ мондаанд?

Худоёр ХУДОЁРЗОДА: — Ҳоло масофаи 382 километр аз Қалъаихумб то Рӯшон ва аз Рӯшон то Хоруғ, ҳамчунин чанд қитъаи дигари таҷдиднашудаи роҳ боқӣ мондааст. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни ҳол асосноккунии техникӣ – иқтисодии ин қитъаи роҳ идома дорад. Бо мақсади таҷдиди 382 километр роҳ беш аз 281 миллион доллари амрикоӣ маблағ харҷ мешавад, ки барои давраҳои минбаъда дар назар дошта шудааст.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Асозода Хайрулло дода мешавад.

 Хайрулло АСОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишномаи қарзӣ (9/694) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаҳои «А» ва «F» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардидааст.

Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур ба анҷом расонидани сохтмони роҳи «Кӯлоб – Қалъаихумб» мебошад, ки шаҳри Душанберо бо сарҳади Ҷумҳурии Халқии Хитой пайваст менамояд. Қитъаи «А» бо масофаи 32 км шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва қитъаи «F» бо масофаи 28 км деҳаи Шкевро бо шаҳраки Қалъаихумб пайваст менамояд. Татбиқи лоиҳа ба кам намудани вақт ва хароҷоти истифодабарандагони роҳ, зиёд гардидани тиҷорат, таъмини ҷойҳои корӣ ва дар маҷмӯъ ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат менамояд.

Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнок буда, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

- муҳлати қарз — 30 сол;

- давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ — 5 сол;

- меъёри фоиз – 1 дарсад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2017 оғоз ёфта, то соли 2022 идома хоҳад ёфт.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар хулоса Созишномаи қарзӣ (9/694) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаҳои «А» ва «F»-ро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи қарзӣ (9/694) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд оид ба лоиҳаи ­«Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Қалъаихумб, қитъаҳои «А» ва «Ғ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи қарзӣ (12912Р) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб –Қалъаихумб, қитъаҳои «А» ва «Ғ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохт­мон ва коммуникатсия Нидозода Ҳусейн Болта дода мешавад.

 НИДОЗОДА Ҳусейн Болта:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзӣ (12912Р) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ дар бораи лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаҳои «А» ва «F» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи қарзии (12912P) лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати молия ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ 11 сентябри соли 2017 дар ҳаҷми 10 млн. доллари амрикоӣ дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур ба анҷом расонидани сохтмони роҳи «Кӯлоб – Қалъаихумб» мебошад. Татбиқи лоиҳа ба кам намудани вақт ва хароҷоти истифодабарандагони роҳ, зиёд гардидани тиҷорат, таъмини ҷойҳои корӣ ва дар маҷмӯъ, ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат менамояд.

Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнок буда, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

- муҳлати қарз — 15 сол;

- давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ — 5 сол;

- меъёри фоиз — 2,25 дарсад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2017 оғоз ёфта, то соли 2022 идома меёбад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулоса Созишномаи қарзӣ (12912Р) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаҳои «А» ва «F»-ро ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи қарзӣ (12912Р) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб, қитъаҳои «А» ва «Ғ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи қарзӣ (TJK – 1002) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Қалъаихумб, қитъаҳои «А» ва «Ғ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода дода мешавад.

 ШАРИФӢ Фирӯза Бурихонзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзӣ (TJK-1002) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаҳои «А» ва «F» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардидааст.

Созишномаи қарзии (TJK-1002) лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати молия ва Бонки исломии рушд дар ҳаҷми 20 млн. доллари амрикоӣ дар шаҳри Ҷидда ба имзо расидааст.

Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур ба анҷом расонидани сохтмони роҳи «Кӯлоб – Қалъаихумб» мебошад.

Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнок буда, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

- муҳлати қарз — 25 сол;

- давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ — 7 сол;

- меъёри фоиз — 1,5 дарсад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2017 оғоз  ва соли 2021 анҷом меёбад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулоса Созишномаи қарзӣ (TJK-1002) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаҳои «А» ва «F»-ро ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи қарзӣ (TJK -1002) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Қалъахумб, қитъаҳои «А» ва «Ғ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи ниҳоӣ — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба одоби вакилон Давлатов Муродулло Исматович дода мешавад.

 Муродулло ДАВЛАТОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, Абдулғаффор Раҳмонзода, Амрихудои Дамдор ва Мавзуна Шамсиддинзода ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ сохтани қонунгузории соҳа ба тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар масъалаҳои озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таҳия шудааст.

Ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи фазои созанда ва рушди муносибатҳои ҷамъиятии диёнатӣ, ҳимояи амнияти давлатӣ мутобиқ ба талаботи қисми 3 моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қисми 7 моддаи 4-и лоиҳаи қонуни мазкур дар таҳрири нав пешниҳод гардидааст.

Ҳамчунин, бо мақсади таъмини ислоҳоти конститутсионӣ, ки характери давлатӣ гирифтани мафкураи ҳар як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳро манъ менамояд, қисми 2 моддаи 5 бо таҳрири нав пешниҳод шудааст.

Ба моддаҳои дигари қонуни амалкунанда низ ҷиҳати мукаммал гардонидани механизми иҷрои меъёрҳои он ва таҳкими ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ваколатдор тағйиру иловаҳо пешниҳод шудаанд.

Ҳаштуми ноябри  соли 2017 лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Барои мукаммал намудани лоиҳаи қонун 33 таклиф пешниҳод шуд, ки 27-тоаш пурра ва 4-тоаш қисман қабул гардид.

Хоҳиш менамоям, лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­мас­ъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешавад.

 Ҷаббор АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Масъалае, ки баррасӣ дорем, ҳамеша мавриди нигаронии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, мехоҳам якчанд нуктаро дар ин хусус изҳор намоям.

Аввалан, бояд қайд намуд, ки тибқи маълумоти воситаҳои ахбори омма, соли 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати шумораи иттиҳодияҳои динӣ (3930) дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал меистод ва ба 2210 нафар аҳолӣ як имоми масҷид рост меомад. Ҳол он ки дар Ӯзбекистон 2065 иттиҳодияи мусулмонӣ, Қазоқистон -2516 ва дар Қирғизистон 2669 масҷид фаъолият дошт. Ин вазъ водор месозад, ки фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ба танзим дароварда, қонун такмил дода шавад.

Сониян, имрӯз зуҳуроти номатлубу барои фарҳангу тамаддун ва ҳастии инсон хатарнок, ба мисли экстремизм, радикализм ва фанатизми динӣ, дар бисёр гӯшаҳои дунё паҳн шудааст. Ҳақиқати асл дар он аст, ки дар бештар маврид онҳо зери сояи ташкилотҳо, рангҳо, тобишҳо ва манфиатҳо нопадиданд. Аз ин рӯ, мақомоти дахлдор бояд вобаста ба муайян ва пешгирӣ намудан чораҳо андешанд. Лоиҳаи қонуни мазкур маҳз ба ҳамин мақсад равона шудааст.

Лоиҳаи қонун ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба динро маҳдуд намекунад, балки онро мушаххас мегардонад. Чунончӣ, бо мақсади мутобиқ гардонидан бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ифода кардани қисми 7 моддаи 4 оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон пурра ҷавобгӯйи моддаи 18 ва 29 Эъломияи ҳуқуқи башар ва моддаи 18 Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мебошад.

Лоиҳаи қонун салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатиро дар соҳа мушаххастар мегардонад ва минбаъд он бояд фаъолияти иттиҳодияҳои диниро дар самти иҷрои маросими динӣ мутобиқ ба қонунгузорӣ назорат кунад.

Солҳои охир як раванди номатлуб ба мушоҳида мерасад. Аксарияти амалҳои террористӣ ва экстремистӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он, пеш аз ҳама, бо дахолати давлатҳои хориҷӣ ва хатмкунандагони мактабҳои олии динии хориҷи кишвар ба вуқӯъ пайвастааст. Бинобар он, илова шудани сархати сеюм ба моддаи 7 – ро вобаста ба низоми таҳсилоти давлатӣ ва таълими динӣ саривақтӣ меҳисобам. Мутобиқи он, минбаъд давлат бо мақсади пешгирӣ намудани таълими ғайриқонунӣ, тарғиб ва паҳн кардани андешаҳои ифротӣ, барангехтани кинаю адовати динӣ ва хусумати мазҳабӣ бояд низоми таҳсилоти диниро таҳти назорат гирад. Ҳамчунин, тағйирот ба моддаи 11-уми қонун вобаста ба сохт­мон, ҷудо кардани қитъаи замин барои масҷидҳо боиси дастгирист.

Аз фурсат истифода бурда, аз мақомоти ваколатдори давлатии соҳа хоҳиш менамоям, ки минбаъд ба номгузории масҷидҳо диққати махсус зоҳир намоянд. Хуб мешуд, ҳангоми номгузорӣ бартариятро, пеш аз ҳама, ба арҷгузории уламои дин, ки ба рушди фарҳанг ва дин саҳми арзанда гузоштаанд, бидиҳем. Шахсоне, ки дар таъсис ва сохтмони масҷидҳо саҳмгузор ҳастанд, бояд манфиатҳои умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ болотар гузоранд.

Лоиҳаи қонунро дастгирӣ мекунам ва аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз мақоми ваколатдор — Кумитаи оид ба корҳои дин ва танзими анъана ва ҷашну маросим касе даъват шудааст? Ҳангоми баррасии масъала дар кумитаҳо ва Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба мақоми ваколатдор саволҳои зиёд пайдо шуд ва имрӯз бояд онҳо ҷавоб мегуфтанд.

Солҳои охир, махсусан дар масъалаи ба низом даровардани фаъолияти масҷидҳо, камбудиву норасоии зиёд ба вуҷуд омаданд. Аз минтақаҳо, хусусан деҳот, муроҷиати зиёд ба қайд гирифта шуданд, ки дар онҳо асосан аз хусуси сари вақт баррасӣ нагардидани ҳуҷҷатҳои барасмиятдарории таъсиси иттиҳодияҳои динӣ сухан меравад. Масалан, дар баъзе аз минтақаҳо, хусусан дар деҳоти дурдаст, ки даҳҳо сол иттиҳодияҳои динӣ амал мекарданд, ҳуҷҷатҳои онҳо то охир ба расмият дароварда нашудаанд ва ин вазифаи мустақими мақоми ваколатдор маҳсуб меёбад.

Бояд шароитеро муҳайё намоем, ки озодии ҳуқуқи инсон таъмин карда шавад. Барои ин бо мардум маслиҳат ва амал кардан лозим аст. Набояд барои сокинони як деҳае, ки  хусусан аз марказ дур бошад, барои ба ҷо овардани ниёзмандӣ мушкил эҷод намоем.

Ягон муроҷиат беҷавоб намонад. Дар минтақаҳои кишвар маҳалҳои дурдасти аҳолинишин зиёданд ва аксари онҳо шояд 20-30 ё аз ин зиёдтар хонавода доранд ва аз марказ дар масофаи 50-60 километр ва аз ин ҳам зиёд зиндагӣ мекунанд. Магар зарур аст, ки аҳолии он ҷойҳо барои таробеҳхонӣ 10 километр ё бештар масофаро тай карда, ба деҳаи дигар раванд?

Бояд коре кунем, ки ­масъалаҳо дар доираи қонун ҳаллу фасл шаванд, то ин ки ҳуқуқу озодиҳои инсон поймол нагардад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

 Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».  

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ