Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Тасвиби созишномаҳои қарзӣ, грантӣ ва маблағгузорӣ бо мақсади рушди устувор

№80 (41860 02.07.2020

DSC_4996Сиюми июни соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор шуд.

РАИС: - Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 62 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Ба рӯзномаи ҷаласа 8 масъала пешниҳод шудааст, ки лоиҳаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар нест? Нест.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020»

2. Дар бораи Созишномаи қарзӣ, Созишномаи қолабӣ, Созишномаи агентӣ ва Созишномаи кумаки техникии грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи муштараки «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф»

3. Дар бораи Созишнома оид ба ворид намудани тағйирот ба созишномаҳо вобаста ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд барои мубориза бо вируси COVID — 19

4. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба Барномаи вокуниши фаъол ба COVID — 19 ва дастгирии қисми хароҷоти буҷет

5. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Таҳкими устувории иҷтимоӣ — иқтисодӣ»

6. Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Таҳкими устувории иҷтимоӣ — иқтисодӣ»

7. Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Инкишофи барвақти кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон»

8. Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ мекунем. Оид ба масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» бо дарназардошти таъсири пандемияи бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми даромади буҷет, зиёд гардидани эҳтиёҷоти иловагии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, бознигарӣ шудани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар барои соли 2020, инчунин, тавсияҳои созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ ва дурнамои ҳамкориҳои кишвар бо шарикони рушд то охири соли ҷорӣ, таҳия шудааст.

Таҳти таъсири равандҳои мухталиф дар сатҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва паёмадҳои пандемияи бемории сироятии COVID — 19 дар моҳҳои январ — майи соли 2020 суръати рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 фоиз коҳиш ёфт ва дар робита ба вазъ, нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ аз ҳисоби манбаъҳои воридот дар сатҳи 84,8 фоизи нақша ё 15,2 фоиз кам таъмин карда шуд.

Вазъи имрӯзаи иқтисоди ҷаҳонӣ вобаста ба паҳншавии пандемияи коронавирус пешгӯинашаванда буда, таъсири бевоситаи он ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишварҳо расида истодааст. Аксар коршиносони созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ коҳишёбии бесобиқаи иқтисодиёти ҷаҳониро пешгӯӣ намуда истодаанд. Аз ҷумла, роҳбари Хазинаи байналмилалии асъор коҳиш­ёбии иқтисодиётро барои давраи миёнамуҳлат бештар аз таназзули иқтисодиёт дар солҳои 1929 — 1933 баҳодиҳӣ намудааст. Дар ин робита бояд қайд кард, ки тибқи баҳогузории охирини хазинаи мазкур соли 2020 коҳишёбии иқтисодиёти ҷаҳонӣ то 4,9 фоиз, аз ҷумла Россия 6,6 фоиз, минтақаи евро 10,2 фоизро ташкил дода, дар Ҷумҳурии Халқии Хитой рушд танҳо 1,0 фоизро ташкил медиҳад.

Рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Бонки ҷаҳонӣ барои соли 2020 аз 5,5 фоизи қаблӣ то 1,0 фоиз, Бонки осиёии рушд аз 6,5 то 5,5 фоиз ва Хазинаи байналмилалии асъор 2 фоиз паст баҳодиҳӣ намудаанд.

Вобаста ба вазъи баамаломада, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар барои соли 2020 аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо бознигарӣ карда шуд, ки тибқи он, коҳиш ёфтани ҳаҷми номиналии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба дурнамои тасдиқшудаи соли 2020, яъне аз 87,3 то 83,5 млрд. сомонӣ ва пастравии суръати рушди воқеии он аз 7,8 то 4,7 фоиз пешгӯӣ мегардад.

Дар робита ба ин ва машваратҳои иловагӣ бо созмонҳои молиявӣ — шарикони рушд, бо тартиби муқарраршуда лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» таҳия карда шуд. Мутобиқи лоиҳа, нақшаи даромадҳои андозию ғайриандозӣ дар ҳаҷми 2,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, нақшаи азхудкунии маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузориҳои давлатӣ баробар ба 1,0 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва воридоти маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 81,0 млн. сомонӣ кам карда мешавад.

Дар баробари ин, нақшаи воридоти грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд дар ҳаҷми 1230,0 млн. сомонӣ зиёд карда мешавад.

Ҳамчунин, ҷиҳати маблағгузории эҳтиёҷоти иловагии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ вобаста ба чорабиниҳо оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 нақшаи хароҷоти буҷети давлатӣ аз ҳисоби азнавтақсимкунии хароҷот, ба истилоҳ, консалидатсия ба маблағи 1,9 млрд. сомонӣ, пардохти кумакпулиҳо ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар ҳаҷми 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва аз ҳисоби азнавтақсимкунии маб­лағҳо ҳаҷми хароҷоти маблағҳои мутамаркази буҷетӣ ба андозаи то 0,7 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд карда мешавад.

Ҳаҷми умумии нақшаи аниқшудаи даромади буҷети давлатӣ соли 2020 бо дарназардошти ҷалби маблағҳои грантӣ барои дастгирии буҷет ба 23,6 млрд. сомонӣ (28,3 фоизи ММД) ва нақшаи аниқшудаи ҳаҷми умумии хароҷоти он ба 26,0 млрд. сомонӣ (31,3 фоизи ММД) баробар мегардад.

Бо дарназардошти тағйироти дар лоиҳа пешниҳодшуда, касри буҷет ба 3,1 млрд. сомонӣ ё 3,7 фоизи ММД баробар мегардад. Касри мазкур аз ҳисоби ҷалби маблағҳои иловагии қарзию грантӣ, аз ҷумла маблағҳои қарзии Хазинаи байналмилалии асъор, маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд, маблағҳои қарзии имтиёзноки Фонди авруосиёгии стабилизатсия ва рушд ва аз ҳисоби манбаъҳои дохилӣ рӯйпӯш карда мешавад.

Тағйиру иловаҳои пешбинишуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» имкон медиҳанд, ки маблағҳои давлатӣ барои иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ва маҷмӯан барои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ равона карда шаванд. Аз ин лиҳоз, аз шумо хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад. Марҳамат.

НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19, баҳри ҳифзи солимии аҳолии кишвар ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани суръати рушди иқтисодиёт, суботи молиявии кишвар, дастгирии корхонаҳо, таҳким бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолии кишвар ва зиёд намудани хароҷот ба соҳаи тандурустӣ чораҳои зарурӣ меандешанд.

Айни замон баҳри таъмини рушди иқтисоди миллӣ, ҳамчунин, нигоҳ доштани тавозуни буҷети давлатӣ ва имкониятҳои он барои хароҷоти зарурӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мутобиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда, ворид намудани тағйирот ба моддаҳои алоқаманд ба даромад, хароҷот ва касри буҷети давлатӣ дар назар аст. Аз ҷумла, ба моддаҳои 1, 2, 3 ва 4 тағйирот ворид гардида, бо дарназардошти бозбинии даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ, ҳаҷм ва манбаъҳои пӯшонидани каср низ тағйир ёфта, тағйироти зарурӣ ба моддаи 3, ки ба касри буҷет алоқаманд аст, ба лоиҳа ворид карда шудаанд.

Дар маҷмӯъ, ҳаҷми умумии нақшаи аниқшудаи даромади буҷети давлатӣ дар соли 2020, бо дарназардошти ҷалби маблағҳои грантӣ барои дастгириии буҷет, 23, 6 миллиард сомониро ташкил дода, ба 28,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мегардад.

Нақшаи аниқшудаи ҳаҷми умумиии хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2020 ба 26,0 миллиард сомонӣ баробар гардида, аз ҷумла 1,9 миллиард сомонӣ барои рӯйпӯш намудани эҳтиёҷоти иловагии буҷети давлатӣ вобаста ба чорабиниҳо оид ба пешгириии беморӣ ва ҳамчунин, 400 миллион сомонӣ барои пардохти кумакпулиҳо ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ба 31,1 фоизи ММД баробар мегардад.

Тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи қонун ҳама расмиёти заруриро гузашт. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда лоиҳаи қонуни зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.

26 июни соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи қонуни мазкур бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молия мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аз ҷониби иштирокчиён ҷонибдорӣ карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯй мебошад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи қарзӣ, Созишномаи қолабӣ, Созишномаи агентӣ ва Созишномаи кумаки техникии грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи муштараки «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф» оғоз менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Созишномаи қарзӣ, Созишномаи қолабӣ, Созишномаи агентӣ ва Созишномаи кумаки техникии грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи муштараки «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф», ки 24 июни соли 2020 ба имзо расонида шудааст, барои татбиқи «Стратегияи миллии рушди маориф» равона намудани маблағи 46,0 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла 30,0 млн. доллари амрикоӣ қарзи Бонки исломии рушд, 10,0 млн. доллари амрикоӣ гранти Ташкилоти ҳамкории глобалӣ дар соҳаи маориф ва 6,0 млн. доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Маблағҳои қарзии Бонки исломии рушд дар ҳаҷми 30,0 млн. доллари амрикоӣ аз ду сарчашма ва бо шартҳои зерин ҷалб мегарданд:

- маблағҳои қарзии Бонки исломии рушд ба муддати 25 сол, аз ҷумла 7 соли имтиёзӣ бо меъёри хизматрасонии 1,5 фоизи солона;

- маблағҳои Фонди ҳамбастагии исломӣ оид ба рушд ба муддати 30 сол, аз ҷумла 10 соли имтиёзӣ бо меъёри хизматрасонии 0,75 фоизи солона.

Мақсади асосии лоиҳа вусъатдиҳии дастрасӣ ба иншооти босифати таълимӣ, беҳтар кардани таълими тахассусӣ ва такмили системаи иттилоотии идоракунии таълим ба ҳисоб меравад.

Дар доираи лоиҳа сохта ва ба истифода додани 68 мактаб ва 5 бинои маъмурӣ дар соҳаи маориф дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода ва дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик, Восеъ, Данғара, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Ҷайҳун, Шаҳритус, Шамсиддини Шоҳин, Кушониён, Дӯстӣ, Хуросон ва Вахш пешбинӣ шудааст.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2020 оғоз гардида, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст. Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям созишномаҳои пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ашуров Ғиёсиддин дода мешавад. Марҳамат.

Ғиёсиддин Ашуров:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзӣ, Созишномаи қолабӣ, Созишномаи агентӣ ва Созишномаи кумаки техникии грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи муштараки «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади асосии лоиҳа вусъатдиҳии дастрасӣ ба иншооти босифати таълимӣ, беҳтар кардани таълими тахассусӣ ва такмили системаи иттилоотии идоракунии таълим ба ҳисоб меравад.

Ҳадафи лоиҳа сохта, ба истифода додани 68 мактаб ва панҷ бинои маъмурӣ дар соҳаи маориф дар 18 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе мебошад. Созишнома барои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат мусоидат менамояд.

Созишнома бо тартиби муайяннамудаи Дастури Маҷлиси намояндагон дар кумита мавриди баррасӣ қарор гирифта, 26 июни соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеи кумита мавриди барасӣ қарор ёфт ва иштирокчиён тасдиқи онро мувофиқи мақсад донистанд.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи қарзӣ, Созишномаи қолабӣ, Созишномаи агентӣ ва Созишномаи кумаки техникии грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи муштараки «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома оид ба ворид намудани тағйирот ба созишномаҳо вобаста ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд барои мубориза бо вируси COVID — 19» шурӯъ мекунем. Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.

Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба ворид намудани тағйирот ба созишномаҳо вобаста ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд барои мубориза бо вируси COVID — 19 тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурӣ ва расмиёти созмони маблағгузор, 24 июни соли 2020 ба имзо расидааст.

Ба маълумоти шумо мерасонам, ки бо қарори дахлдори Шӯрои директорони иҷроияи Бонки исломии рушд маблағҳои сарфашудаи лоиҳаҳои аз ҳисоби ин созмони молиявӣ маблағгузоришаванда барои амалӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ ва табобати пандемияи бемории сироятии COVID — 19 равона карда мешаванд. Дар ин асос аз ҳисоби сарфаи маблағҳо дар як қатор лоиҳаҳои сармоягузории дар ҷумҳурӣ татбиқшаванда, аз ҷумла Лоиҳаи шабакаи обёрии водии Данғара», лоиҳаи сохтмони роҳи Кӯлоб — Қалъаи Хумб, қитъаҳои А ва Ф (Кӯлоб — Шӯрообод ва Шкев — Қалъаи Хумб), лоиҳаи шабакаи обёрии водии Данғара» ва маблағҳои кумаки техникии барои ташкили кластерҳо дар соҳаи кишоварзӣ, маҷмӯан маблағи 9,4 млн. доллари амрикоӣ бо ин мақсад истифода карда мешавад.

Маблағҳои мазкур барои даст­рас намудани таҷҳизоти мукаммали муолиҷаи интенсивӣ, лавозимоти муҳофизати шахсӣ, маводи пешгирӣ аз сироят ва таҷҳизоти безараркунии партовҳои тиббӣ харҷ карда мешавад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур аз санаи ба расмият даромадани созишнома оғоз гардида, давраи амалисозии он 12 моҳро дар бар мегирад. Вакилони муҳтарам, аз шумо хоҳиш менамоям созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Обидов Фозил Саидович дода мешавад.

Фозил ОБИДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба ворид намудани тағйирот ба созишномаҳо вобаста ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд барои мубориза бо вируси COVID-19 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд ҷудо гардидани 9,4 млн. доллари ИМА барои мубориза бо вируси COVID-19 равона мегардад.

Маблағи дарҷгардида аз ҳисоби ҳаҷми сарфагардидаи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд ҷудо гардида, дар назар аст, ки он барои харидорӣ намудани таҷҳизоти мукаммали муолиҷаи интенсивӣ, лавозимоти муҳофизати шахсӣ, маводи пешгирии сироят ва таҷҳизоти безараркунии партовҳои тиббӣ равона гардад.

Созишномаи зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита 26 июни соли 2020 созишнома бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, тасдиқи онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома оид ба ворид намудани тағйирот ба созишномаҳо вобаста ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд барои мубориза бо вируси COVID — 19» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба Барномаи вокуниши фаъол ба COVID — 19 ва дастгирии қисми хароҷоти буҷет» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.

Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба «Барномаи вокуниши фаъол ба пандемияи бемории сироятии COVID — 19 ва дастгирии қисми хароҷоти буҷет» 23 июни соли ҷорӣ бо риояи расмиёти амалкунанда ва бо мақсади коҳиш додани оқибатҳои манфии пандемияи бемории сироятии COVID — 19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ба имзо расонида шудааст.

Ҳаҷми маблағи созишнома 50,0 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, он аз ҳисоби захираҳои Фонди махсуси грантии Бонки осиёии рушд маблағгузорӣ мегардад.

Маблағи мазкур барои рӯйпӯш намудани хароҷоти давлатӣ ва идоракунии молиявӣ, амалӣ намудани ташаббусҳо вобаста ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, маблағгузории чорабиниҳо вобаста ба пешгирӣ ва табобати пандемияи бемории сироятии COVID — 19 масраф карда мешавад. Татбиқи созишнома то охири соли молиявии 2020 ба нақша гирифта шудааст. Аз шумо вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Обидов Фозил Саидович дода мешавад.

Фозил Обидов:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба «Барномаи вокуниши фаъол ба COVID-19 ва дастгирии қисми хароҷоти буҷет» дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Мақсади асосии барнома таъмин намудани дастгирии молиявӣ ва кам кардани оқибатҳои ҷиддии манфии иҷтимоию иқтисодии вируси COVID-19 мебошад. Созишнома саҳми молиявии бебозгашт дошта, барои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат мусоидат менамояд.

Созишномаи зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита 26 июни соли 2020 созишнома бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор ёфта, тасдиқи онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба Барномаи  вокуниши фаъол ба COVID – 19 ва дастгирии қисми хароҷоти буҷет» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Таҳкими устувории иҷтимоӣ — иқтисодӣ» шурӯъ мекунем.

Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис!

Бо дарназардошти он ки масъалаи баъдии рӯзнома бо масъалаи мавриди баррасӣ ҳаммазмун мебошанд, пешниҳод мекунам, ки ҳар ду якҷо  баррасӣ карда шаванд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, пешниҳоди вазирро ҷонибдор ҳас­тед? Пешниҳод қабул шуд.

Марҳамат, муҳтарам вазир, сухан ба шумо.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади мусоидат ба иштироки аҳолӣ дар худидоракунии маҳаллӣ, таҳкими инфрасохтор дар ин сатҳ ва тавсеаи имкониятҳои мусоид барои фарогирии ҷавонон дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар ҳамкорӣ бо сохторҳои мутасаддии кишвар ва Бонки умумиҷаҳонӣ лоиҳаи «Таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» таҳия шудааст.

Татбиқи лоиҳаи пешниҳодшуда тавассути Созишнома оид ба маб­лағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ассотсиятсияи байналмилалии рушд ва Созишномаи лоиҳавӣ байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд анҷом дода мешавад.

Созишномаҳои мазкур 10 марти соли 2020 ба имзо расонида шудаанд.

Лоиҳаи «Таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» аз ҳисоби маб­лағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд маблағгузорӣ гардида, маблағи он 26,8 млн. ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ ё 37,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Татбиқи лоиҳа тавассути Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон соли ҷорӣ оғоз гардида, анҷоми он соли 2024 пешбинӣ шудааст.

Лоиҳа аз се қисмат иборат буда, он дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон ва ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон татбиқ мегардад.

Дар доираи қисмати якуми лоиҳа барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия дар сатҳи деҳа, барқарорсозии шабакаҳои дохилихоҷагии обёрӣ, барқарорсозии мактабҳо ва марказҳои саломатии маҳаллӣ, васеъ намудан ё сохтмони боғчаҳои кӯдакона дар доираи ҳудудҳои мавҷуда ва барқарорсозии роҳҳо тавассути пешниҳоди субгрантҳо ба аҳолӣ анҷом дода мешавад. Бо ин мақсад равона намудани 22,5 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Дар доираи қисмати дуюми лоиҳа ташкили машғулиятҳо барои ҷавонон доир ба масъалаҳои фаъолияти берун аз таълим, аз ҷумла малакаи муомилаи байнишахсӣ, кори коллективӣ, табодули иттилоот, қабули қарорҳо, таҳкими боварӣ, сулҳоварӣ ва ҳалли мушкилиҳо, дастгирии рӯҳии иҷтимоӣ, омӯзиш аз рӯи баробарии гендерӣ, аз ҷумла омӯзиш оид ба огоҳикунии зуҳуроти зӯроварӣ нисбат ба мансубияти гендерӣ пешбинӣ гардидааст.

Бо ин мақсад равона шудани 12,5 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ гардидааст.

Қисмати сеюм идоракунии лоиҳа буда, маблағгузории он дар ҳаҷми 1,9 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Бо дарназардошти ин аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям созишномаҳои манзуршударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Гиёзода Азиз Қодир дода мешавад. Марҳамат.

Гиёзода Азиз Қодир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Таҳкими устувории иҷтимоӣ — иқтисодӣ» дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Ҳадафи асосии он мусоидат ҷиҳати иштироки фаъоли аҳолӣ дар худидоракунии маҳаллӣ, беҳтар намудани сифати инфрасохтори маҳаллӣ, аз ҷумла дар ҷамоатҳои интихобгардидаи эҳтиёҷманд васеъ намудани доираҳои имкониятҳои берун аз таҳсил  ё воситаҳои зиндагӣ барои ҷавонон мебошад.

Созишномаи зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита 26 июни соли 2020 созишнома бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, тасдиқи онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикис­тон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Таҳкими устувории иҷтимоӣ — иқтисодӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Гиёзода Азиз Қодир дода мешавад.  Марҳамат.

Гиёзода Азиз Қодир :

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи лоиҳавӣ байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Таҳкими устувории иҷтимоӣ – иқтисодӣ» 10 марти соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Ҳадафи асосии он мусоидат кардан ҷиҳати  иштироки фаъоли аҳолӣ дар худидоракунии маҳаллӣ, беҳтар намудани сифати инфрасохтори маҳаллӣ, аз ҷумла дар ҷамоатҳои интихобгардидаи эҳтиёҷманд васеъ намудани доираҳои имкониятҳои берун аз таҳсил ё воситаҳои зиндагӣ барои ҷавонон мебошад.

Созишномаи зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон  ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита 26 июни соли 2020 созишнома бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор ёфта, тасдиқи онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Бунёди  миллии  иҷтимоии маблағгузории Тоҷикис­тон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи  «Таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Инкишофи барвақти кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» оғоз менамоем.  Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

-  Муҳтарам Раис, Раёсат вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади дар сатҳи тавсияҳои созмонҳои соҳавии ҷаҳонӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳои тахассусӣ дар соҳаи тандурустӣ ва таҳсилоти томактабии кӯдакони синни то 6-сола, ки давраи асосии заминагузории сармояи инсонӣ ба ҳисоб меравад, лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» омода гардида, ба баррасии шумо, вакилони арҷманд, пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи мазкур тавассути татбиқи ду созишномаи маблағгузорӣ, аз ҷумла Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ба маблағи 70,0 млн. доллари амрикоии грантӣ ва Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ба маблағи 3,0 млн. доллари амрикоии грантӣ амалӣ карда мешавад. Онҳо бо риояи муқаррароти қонунгузории кишвар 25 июни соли 2020 ба имзо расонида шудаанд. Муҳлати татбиқашон солҳои 2020-2026-ро дар бар мегиранд.

Маблағи умумии лоиҳа 73,0 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 70,0 млн. доллари амрикоӣ барои татбиқи чорабиниҳои лоиҳавӣ ва 3,0 млн. доллари амрикоӣ алоҳида барои дастгирии Буҷети давлатӣ равона мегардад.

Лоиҳа дар 14 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Вахш, Қубодиён, Восеъ, Кушониён, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯҳис­тони Мастчоҳ, Тоҷикобод, Файзобод, Рӯдакӣ, Варзоб ва шаҳри Ҳисор амалӣ карда мешавад.

Дар лоиҳа ҳадафҳои муҳими кишвар дар бораи рушди сармояи инсонӣ, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла дастрасӣ ба муассисаҳои томактабӣ ва беҳтар кардани сифати таҳсилоти томактабӣ, татбиқи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани саломатии кӯдакон ва паст кардани сатҳи фавти навзодону кӯдакон, татбиқи ҳадафҳои «Барномаи миллии ҳадафҳои рушди устувор», «Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020 – 2025» ва дигар барномаҳои тахассусии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

Фароҳам овардани шароити зарурӣ дар ин самт барои инкишофи сармояи инсонӣ мусоидат менамояд.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи масъалаи мазкур ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир  дода мешавад. Марҳамат.

НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:

-  Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини  гиромӣ!

Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Инкишофи барвақти кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон», ки 25 июни  соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади он аз тавсеаи истифодаи бастаи асосии хизмат­расониҳои тиббӣ ва таълимии томактабӣ барои кӯдакони то синни 6 — сола иборат мебошад. Арзиши умумии лоиҳа 73,0 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 3 млн. доллари амрикоии он барои дастгирии Буҷети давлатӣ равона мегардад.

Инкишофи барвақти кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони рушд ба ташаккули шароити мусоид барои беҳтар намудани дахолати байнисоҳавӣ дар рушди саломатии кӯдакон, такмили чорабиниҳо баҳри баланд бардош­тани фарогирии хизматрасониҳои самарабахш ва беҳтар намудани омодагии кӯдакон барои гирифтани таълим дар мактабҳо мусоидат менамояд, ки ин ба устуворӣ ва васеъшавии ояндаи хизматрасониҳо ба кӯдакон оварда мерасонад.

Созишномаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита 26 июни соли 2020 созишнома бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, тасдиқи онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия аз шумо хоҳиш менамояд, ки созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Инкишофи барвақти кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи  «Инкишофи барвақти кӯдакон барои густариши сармояи  инсонӣ дар Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Кори ҷаласаро муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикис­тон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло идома медиҳад.

ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло:

- Вакилони муҳтарам, кори ҷаласаро идома медиҳем.

Ба баррасии масъала «Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи он ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоир дода мешавад. Марҳамат!

(Суханронии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар ин шумора алоҳида нашр шуд).

ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло: — Вакилони гиромӣ, гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба охир расид.

Лозим аст, оид ба ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намоем. Лоиҳаи он дар дасти шумо ҳаст. Хоҳиш мекунам нисбати он мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир кори ҷаласаро идома медиҳад.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.

Ҷаласаи хотимавӣ ва Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

РАИС: — Ба шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ баён мекунам. Инчунин, истироҳати бофароғат хоҳонам, саломату сарбаланд бошед!

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ