Таваҷҷуҳи вакилон ба гуногунии биологӣ ва бехатарии экологӣ

№25 - 26 (3819 - 3820) 27.02.2018

DSC_6059Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати гуногунии биологӣ мавқеи хосаро ишғол менамояд. Зиёда аз 70 фоизи экосистемаҳои кӯҳии табиии муҳити зист ва гуногунии биологӣ аз кишвари мо маншаъ мегирад. Олимони набототшинос дар кишвар беш 23 ҳазор намуди набототу ҳайвонотро муайян намудаанд, ки захираи бойи генетикии мамлакат ба шумор рафта, асоси ба даст овардани маҳсулоти ғизоӣ, истеъмолӣ ва табобатӣ мебошад. Ин мавзӯъ дар суҳбати гирди миз, ки 23 феврали соли ҷорӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимону мутахассисони табиатшинос дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон доир гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода қайд карданд, ки чорабинӣ баҳри ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017) ташкил шуд. Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи гуногунии биологиро дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ ҷонибдорӣ намуда, дар ҳалли проблемаҳои экологӣ ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор саҳми арзанда мегузорад.

Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 шомили Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ, протоколҳои Картахен доир ба бехатарии биологӣ ва Нагоя доир ба дастрасӣ ба сарватҳои генетикӣ мебошад. Тибқи талаботи конвенсия, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ ба такмили заминаи ҳуқуқӣ, ташаккули таҳкурсии институтсионалӣ, амалӣ, таълимӣ ва омӯзишӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба муносибатҳои бисёрҷониба ва самарабахш дар ҳалли масъалаҳои экологии ҷаҳонӣ ва миллӣ равона гардидааст.

- Қобили зикр аст, ки дар давраи соҳиб­истиқлолии Тоҷикистон як силсила корҳо оид ба истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ ва захираҳои табиӣ ба анҷом расонида шуданд. Бо қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи бехатарии биологӣ», «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам», Стратегияи миллӣ ва нақшаи амал оид ба нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ барои солҳои 2014 — 20120, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ барои ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам гардид.

Ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Саидов, директори Маркази гуногунии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Сафаров, мутахассисони маркази мазкур Диловар Дӯстов ва Хисрав Шерматов, ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Саидҷамол Саидов дар мавзӯъҳои «Ҳифзи гуногунии биологии Тоҷикистон — омили рушду устувори ҷомеа», «Моҳият ва вазъияти гуногунӣ ва бехатарии биологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва ғанигардонии гуногунии биологӣ дар муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Идоракунии электронии гуногунии биологӣ ба воситаи системаҳои ГИС», харитасозӣ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» суханронӣ карданд.

Дар охир олимону мутахассисони соҳа ба суолҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода, Бадриддин Садриддинзода, Олимҷон Сафаров ва Бибидавлат Авзалшоева посух доданд.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ