Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ оид ба татбиқи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ вобаста ба лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»

№80 - 81 (3874 - 3875) 30.06.2018

Муҳокимаи парламентӣ масъаларо «Оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» баррасӣ намуда, тавсияҳои зеринро қабул менамояд:

1. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- низоми ягонаи истифодаи чарогоҳ, меъёрҳои ғунҷоиш ва мавсими истифодабарии чарогоҳҳоро дар минтақаҳои гуногуни мамлакат муайян намуда, назорати иҷрои талаботи байторию  санитарии истифодабарии чарогоҳ ва манбаъҳои захираҳои обро таъмин намояд;

- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор гузаронидани мониторинги доимии давлатӣ, экспертизаи экологӣ ва таҳқиқи геоботаникии чарогоҳро барои таъмини истифодаи самаранок, беҳтар намудани ҳолат, нигоҳ доштани иқтидор ва баланд бардоштани ҳосилнокии он амалӣ намояд;

- барои ҳифзи чарогоҳ маҳдудиятҳо ва (ё) манъ кардани истифодаи чарогоҳро ба роҳ монда, барои пешгирии  ифлосшавӣ, зериобмонӣ, сӯхтор ва дигар омилҳои таназзулёбии чарогоҳ чораҳо андешад;

-  самаранок ба роҳ мондани истифодабарии техника ва воситаҳои барномавии дар доираи лоиҳа дастрасшударо таъмин намояд.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳангоми таҳияи Буҷети давлатӣ ҷудо намудани маблағ барои гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ, ҷустуҷӯӣ ва лоиҳакаширо дар самти дастгирии давлатии истифода ва ҳифзи чарогоҳ ба инобат гирад.

3. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷо бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли саривақтии идоракунии умумии чарогоҳ, тақсимот ва танзими муносибатҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои баҳсноки истифодаи чарогоҳ тадбирҳо андешад.

4. Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар якҷоягӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси натиҷаи таҳқиқоти геоботаникии чарогоҳ ва гуногунии биологӣ барои танзими саршумори чорво барои чаронидан, гардиши чорво дар чарогоҳ, аз нав дида баромадани меъёри ғунҷоиши чорво ва мавсими истифодаи чарогоҳ дастуру тавсияҳо омода намояд;

- корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар самтҳои мутобиқгардонии истифодабарии чарогоҳ дар шароити тағйирёбии иқлим суръат бахшад.