Терроризму ифротгаройиро маҳкум ва Истиқлолияти давлатиро ҳифз бояд намоем

№28 (3978) 14.03.2019

Истиқлолият неъмати бузургест, ки миллат баъди ҳазорсолаҳо бо талоши фарзандони баору номус дар садаи ХX ба даст овард. Насли калонсол, солҳои аввали вазнину фоҷиабори замони Истиқлолияти давлатиро хуб дар ёд дорад ва ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Таърих ва таҷрибаи давлатсозӣ бори дигар ҳушдор медиҳад, ки ба даст овардани озодиву онро ҳифз намудан кори саҳл нест. Дар солҳои душвор мардуми таҳаммулпазир ва хирадманди тоҷик ба фарзанди фарзонаи миллат — Эмомалӣ Раҳмон бовару эътимод карда, Роҳбари давлат интихоб намуданд ва баҳри сохтмони давлати навин, таҳкими пояҳои истиқлолият камар бубастанд.

Имрӯз ҳар яки моро шукрона мебояд, ки дар фазои сулҳу ваҳдат, ки тавассути сиёсати хирадмандонаю оқилона ва инсондӯстонаву ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, озодона нафас мекашем. Ҳоло Тоҷикистони соҳибистиқлол бо такя ба Конститутсия паи эъмори давлати озод, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ собитқадамона пеш меравад. Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо сиёсати дарҳои боз давра ба давра ба ҷаҳониён собит кард, ки тоҷикон аз азал тамад­дунофар буданд ва оянда низ метавонанд бо хираду заковати фавқулода дар бунёди ҷомеаи муосир нақши сазовор гузоранд.

Мутаассифона, дар асри XXI раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, буҳрони шадиди сиёсӣ ва иқтисодиву молиявӣ вазъи сайёраро ташвишовар намуд. Ҷаҳони муосир ҳар лаҳза ба мушкилоти нав ба нав рӯ ба рӯ меояд, терроризм ва экстремизм торафт авҷ гирифта истодааст.

Табиист, ки дар ҳама давру замон инсоният бо хатарҳои гуногун рӯ ба рӯ буд ва аз онҳо ҷойи гурез нест. Пас лозим аст, ки якҷоя хатарҳоро паси сар созем. Имрӯз, хушбахтона, бо амри тақдиру бо хости Худованд ва фарзандони баору номусу худогоҳу худшиноси миллат, ба мисли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, мушкилиҳо бартараф гардида истодаанд.

Дар давоми зиёда аз 70 соли даврони шӯравӣ ҳизби коммунист дар тамоми қаламрави давлатҳои он ягона буд. Баъди ба даст овардани истиқлолият ва вазидани боди демократия, дар қатори ин ҳизб, ҳизбу ҳаракатҳои дигар рӯи кор омаданд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷумлаи онҳо буд. Аммо он на танҳо барои пешрафту тараққиёти кишвар ягон манфиат наовард, балки бо амалҳои зишт садди роҳи ҷараён мегардид. Намояндагонаш дар ҷамъомадҳои васеи оммавӣ ҳамеша худро ҳомӣ ва пуштибони дини мубини ислом гирифта, мақсадҳои нопокашонро, ки аз дастуру супоришҳои хоҷаҳои хориҷиашон бармеомад, амалӣ кардан мехостанд. Рӯирост ва беибо зидди сиёсати Давлату Ҳукумат ва Роҳбари давлат ҳарф зада, миллат, алалхусус, ҷавононро, ба гумроҳӣ бурда, дар миёни табақаву қишрҳои ҷомеа тухми кинаву адоват мепошиданд.

Тавре ҳама огаҳанд, баъдтар фаъо­лияти ҳизб, бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар ҳамчун ташкилоти террористӣ — экстремистӣ мамнӯъ эълон карда шуд.

Хатари амалҳои террорис­тиву экстремистии ҳизб ҳанӯз пурра аз байн нарафтааст. Мақсади ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ноором кардани давлату миллат, гумроҳсозии ҷавонон, бераҳмиву қатлу куштор, найрангу фиреб ва ғайра мебошад. Шахсоне, ки ба ҳарфу ваъдаҳои онҳо бовар карда, фирефта мешаванд, ҷони худ ва ҳазорҳо мардуми бегуноҳро зери хатар мегузоранд. Ташкилотҳои ифротӣ ба номи поки дини ислом иснод оварда, зери ниқоби он корҳои фасоду даҳшатнок анҷом медиҳанд. Ин хоинон ободиву оромӣ ва сулҳу суботи кишварҳоро чашми дидан надоранд. Дар натиҷаи аъмоли пасту разилона дар кишварҳои гуногуни олам садҳо ҳазор нафар ҳалок, ҳазорон кӯдак ятим ва миллионҳо нафар сокини осоишта аз манзил маҳрум гаштаанд. Аъзои ТТЭ ҲНИ низ на ба мардум, балки ба манфиати шахсӣ кор мекарданд, аз қафои тиҷорату ширкатҳои хусусӣ саргардон буданд. Ҷонибдорони ҳизб ҷавононро бо усулҳои асримиёнагӣ, пинҳонӣ сабақи «исломӣ» медоданд. Роҳбарони ҳизб бошанд, ба расмиятпарастони корозмуда табдил ёфта, аз меҳнати ҷамъиятӣ канорагирӣ мекарданд. Ҳангоми баргузории интихобот, пешниҳоди номзадҳо, наҳзатиён мекӯшиданд, ки ба рӯйхат шоирон, академикҳо ва дигар қишри хизматчиён роҳ наёбанд. Аз одамони хирадманду олимон дар ҳарос буданд, ки мабодо ниятҳои ифлоси онҳо ошкор шавад. Маҳз бо фармони ТТЭ ҲНИ солҳои 90 — уми асри гузашта арбобони сиёсӣ, нависандагон, олимон, духтурон, рӯзноманигорон ва ҳуқуқшиносон ба қатл расонида мешуданд. Баҳри амалӣ намудани ниятҳои нопок наҳзатиҳо шахсони бемаълумот ва мутаассибро ба ҷониби худ ҷалб мекарданд. Ҳангоме ки ҷиноятҳои содиркардаи наҳзатиҳо ошкор мешуд, онҳо дар ВАО шӯру ғавғо мебардоштанд, «собит» кардан мехостанд, ки исломиҳо зери фишори Ҳукумат қарор доранд ва ин ҳолат то ба ҳол дар матбуоти Ғарб идома ёфта истодааст.

Хушбахтона, акнун мардуми шарафманди Тоҷикис­тон аз хиёнату мардумфиребии наҳзатиҳо огоҳанд, дигар роҳ намедиҳанд, ки ҳар гуна ҳизбу ҳаракати ифротӣ халқро аз роҳи интихобкардааш баргардонад.

Сафаралӣ РАҶАБОВ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон