Тоҷикистон ва мавқеи тағйирнопазири он дар сиёсати байналмилалӣ

№10 (3960) 24.01.2019

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои кӯҳии минтақаи Осиёи Миёна аст, ки бо мавқеи ҷуғрофӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлатҳои бузурги ҷаҳон қарор гирифтааст.

Дар се даҳсолаи охир, ки кишвар дорои Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ҳолатҳое пеш омадааст, ки қудратҳои сиёсию иқтисодӣ ва низомии олам талош намудаанд дар раванди сиёсатҳои минтақавӣ аз мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон истифода намоянд. Махсусан, дар солҳои аввали истиқлолият, ки низоми сиёсӣ ва амниятии мамлакат мубталои буҳрони таҳмилӣ гардида буд, ин аҳдофи пасипардагӣ пайваста рӯнамо мешуд. Баъзе аз кишварҳои бонуфузу қудратхоҳи минтақа талош менамуданд, ки бо истифода аз неруи қумондонҳои саҳроию низомӣ ва ё ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ мавқеи худро дар минтақа густариш диҳанд. Бо вуҷуди ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ягонаву шаффофро, ки ҳадаф аз он ҳифзи суботи кишвар, минтақа ва шинохти якпорчагӣ мебошад, нигоҳ дошт ва татбиқи сиёсати дарҳои бозро зимни тасмимгириҳо аз авлавиятҳо мешуморад.

Аз ҷумла, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи Афғонистон, ки мардуми ҳар ду кишвар решаҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва динию мазҳабӣ доранд, ҳамеша мушаххасу ягона аст ва он ҳам бошад, ҷонибдорӣ аз муколамаи тарафҳо, хотима бахшидан ба муборизаҳои мусаллаҳона, таъмини сулҳи пойдор дар Афғонистон ва шинохти ҳаққу ҳуқуқҳои конститутсионии мардуми он мебошад. Маҳз ин мавқеи ҷониби Тоҷикистон боис гардидааст, ки масъулони Афғонистон борҳо таъкид намудаанд:  «Тоҷикистон дар ростои давлати Афғонистон ҳамеша мавқеи неку беғараз дорад».

Таҳлили равандҳои сиёсии минтақа ва ҷаҳон нишон медиҳад, ки имрӯз кишварҳои абарқудрат ва дорои иқтисоди пешрафта бо ҳар васила талош менамоянд ба хотири манфиат дар баъзе давлатҳо хатар эҷод намоянд ва ҳатто онҳоро барҳам зананд. Ин набардҳои пасипардагӣ ба авҷи аъло расида, ҳатто истилоҳи тозаеро чун «Терроризми иқтисодӣ» ба вуҷуд овардаанд.

Дар таърихи бархӯрду муноқишаҳои 40 соли охир василаи асосии набардҳо ҳангомаву дасисаҳое чун рушди демократия, коммунизм, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, озодиҳои динӣ, поймол шудани ҳуқуқҳои фитрии ақаллиятҳои миллӣ, динӣ, мазҳабӣ  ва амсоли ин мебошанд.

Раванди мубоҳисаву бархӯрдҳои сиёсии муосир нишон медиҳанд, ки барои ангезиши масъалаҳои ҳассос маҳфумҳои наве чун силоҳи атомӣ, биологӣ, кимиёӣ, мушакҳои қорапаймо ва амсоли инҳо низ истифода мешаванд. Аз ҷумла, дар оғози буҳрони сиёсии Ироқ, ташаннуҷи авзоъ дар кишварҳои Либия, Сурия, Яман, Миср ва дигар кишварҳои Ховари Миёна аз мафҳумҳое чун силоҳи қатли ом оғоз шуда, ба масъалаҳои демократия, ҳуқуқи инсон, ақаллиятҳои миллӣ ва динӣ анҷомид. Ҳоло дар ин мамолики нафтхези олам беҳокимиятӣ авҷ гирифта, буҳрони азими идеологии ҷаҳон – терроризм доман густурда, вабоеро чун «ДОИШ» бар зиндагии бонизоми башарият ворид намудааст. Яъне, қудратҳои бузург бо талоши роҳандозии «ҳуқуқи инсон», «рушди демократия», «маҳви силоҳи қатли ом» ва «мубориза бо диктатура» вориди Ховари Миёна шуда, мардуми осоиштаи кишварҳоро шӯронида, ба хиёбонҳо бароварданд ва он растохези дурӯғини истихборотиро «баҳори араб» ном ниҳоданд. Аммо бо сипарӣ шудани наздик ба як даҳсола ин «баҳор» самаре ба бор наовардааст, ҷуз кушта шудани зиёда аз як миллион нафар дар кишварҳои минтақа ва харобазор шудани шаҳру русто.

Аз ин хулоса кардан мумкин аст, ки ҳадафи аслии қудратҳо дар ин набардҳо поймол намудан ва барҳам задани манфиатҳо, танг кардани мавқеъ ва ҷой гирифтан бар фарози хостаҳои ҳамдигарӣ аст,  ки то ҷое ба хоста расиданд. Аммо миллати араб, ки асоситарин «фишанг»-и ин сиёсатҳои геополитикӣ шудааст, аз набардҳову муборизаҳо чӣ манфиате ба мерос мебарад? Ҷуз ватани вайронаву миллати овора ва зиёда аз як триллион доллар зиёну зарари молиявӣ.

Ҳоло сару садои зиёд аст, ки «мунҷӣ»-ҳои хориҷӣ бо ҳар василае талош доранд, Сурияву Ироқро тарк кунанд, артиши худро аз ин заминҳои пурхатар берун кашанд, то аз мушкилоти Ховари Миёна дур бошанд. Ҳол он ки дар ибтидои «баҳор» ё растохез худро наҷотбахши олами араб медонистанд.

Имрӯз мардуми саодатманди кишвар, хоса насли ҷавонро лозим аст, ки сарнавишти кишварҳо ва чӣ гуна ба бозӣ кашидани онҳоро дарк намоянд. Имрӯз кишварҳо ва гурӯҳҳои манфиатдор бо ҳар васила миллатҳоро ба муқобили ҳам мешӯронанд, нифоқ меоранд, то хостаи аслии худро амалӣ кунанд, вале чун муаммо бузург шавад, асосгузорони буҳрон бе ибо чун буқаламун ранг гардонида, мавқеъ иваз мекунанд, то масъули аъмоли худ набошанд.

Ин навъи бозӣ дар кишвари ҳамҷавори Афғонистони исломӣ низ наздик ба ним аср аст, ки идома дорад. Иддае бо баҳонаи коммунизм ва гурӯҳе бо «мақсад»-и мубориза бо терроризм ва экстремизм вориди Афғонистон шуданд. Аммо дар ҳар ду маврид ҳам кишварҳои бузург бар зидди неруҳои якдигар гурӯҳҳои мусаллаҳи миллию динӣ таъсис намуда, муқобили ҳам ҷангиданд. Натиҷаи ин рақобатҳои носолим буд, ки суботу амният дар Афғонистон барҳам хӯрда, зиёда аз ду миллион нафар кушта, ҳудуди 12 млн. овора шуд. Ҳоло маълум мешавад, ки неруҳои хориҷии мустақар дар Афғонистон низ нияти баромадан аз ин кишварро доранд. Агар чунин аст, пас дар ин мулк чӣ неру боқӣ мемонад? Ду неруи мусаллаҳи ба ҳам зид ва мушкилу муаммои мардуми ин кишвар.

Агар ба гузаштаи на чандон дури меҳани маҳбуби худ назар намоем, чун оина бармалост, ки сарнавишти сахту сангини Афғонистон ва Сурияву Ироқ низ дар ин марзу бум такрор шудаанд. Ҳатто баъзе аз кишварҳои таъсиргузори ҷанги таҳмилии Тоҷикистон сулҳи тоҷиконро намехостанд, чун ҳадафи аслии онҳо барангехтани кинаву низоъ дар ин сарзамини аҳуроӣ буд. Аммо шинохти асолати миллӣ, бахшиши якдигар ва азхудгузаштанҳои Сарвари давлат моро ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ расонид. Аз он замон то кунун Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифта, мавқеи шаффофу ягонаро дар ростои кишварҳои ҳамҷавор ва махсусан, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, роҳандозӣ намудааст.

Бори охир ин нуктаи муҳим ва мавқеи ягонаи ҷониби Тоҷикистон дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, ки 26 декабри соли 2018 ироа гардид, равшан садо дод. Пешвои миллат вобаста ба масъалаи сулҳи пойдор дар кишвари Афғонистон бо сароҳат таъкид намуданд, ки «суботу оромии ҳамсоякишварамон — Афғонис­тон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст ва Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад, ки дар ин кишвари дӯст сулҳи пойдор барқарор гардад».

Аз ин ҷо бармеояд, ки мавқеи Тоҷикис­тон дар сиёсати хориҷияш ягона аст ва аз рӯи принсипҳои сиёсати дарҳои боз, ки асоси онро шаффофият ва башардӯстӣ ташкил медиҳад, амал мекунад.

Муҳаммадиқбол АТОЕВ, мушовири калони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон