Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Тоҷикистон ва Урдун: Тасдиқи Созишномаи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ

№68 (3862) 02.06.2018

30 майи соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид.

DSC_5767РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 58 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳавасманд­гардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ

2. Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ»

3. Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон дар бораи транзити борҳои ҳарбӣ ва контингенти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳавасманд­гардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ» сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад.

ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун 10 декабри соли 2017 ба имзо расидааст. Он ба таҳкими ҳамкории иқтисодии ду давлат нисбат ба сармояи сармоягузорони як Тараф дар ҳудуди Тарафи дигар бо эътирофи муҳимияти таъмин намудани механизми ҳимояи сармоягузориҳо тибқи қонунгузории миллии ин давлатҳо, инчунин тавассути меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, равона шудааст.

Созишнома нисбат ба сармоягузориҳое, ки дар ҳудуди яке аз Тарафҳо тибқи қонунгузории миллии он аз ҷониби сармоягузорони дигар Тараф пеш ё баъд аз эътибор пайдо кардани созишномаи мазкур анҷом дода шудаанд, истифода мешавад. Инчунин, тибқи қонунгузории миллӣ ва муқаррарот, ҳар як Тарафи аҳдкунанда дар ҳудуди худ бояд то ҳадди имкон сармоягузорони Тарафи дигари аҳдкунандаро ҳавас­манд намояд.

Ҳар як Тараф кафолат медиҳад, ки тамоми интиқоли марбут ба сармоягузорӣ озодона ва бе таъхир дар дохил ва аз ҳудуди он амалӣ хоҳанд шуд.

Созишнома пешбинӣ менамояд, ки ҳар як Тараф дар ҳудуди худ сармоягузориҳоро дар заминаи низоми на камтар мусоид, ки дар ҳолатҳои монанд ба сармоягузориҳои сармоягузорони давлати сеюм тибқи қонунгузории худ додааст, иҷозат диҳад.

Созишнома ба муҳлати даҳ сол эътибор дорад ва пас аз ба анҷом расидани муҳлат, тибқи тартиби муқарраргардида, амали он метавонад тамдид гардад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯйи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

 Шариф РАҲИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.

Он принсипҳои асосии ҳуқуқиро вобаста ба танзим намудани фаъолияти сармоягузорӣ муқаррар менамояд, ки ин дар маҷмӯъ баҳри тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои сармояи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ду кишвар равона шудааст.

Мувофиқи муқаррароти созишномаи зикргардида, Тарафҳои аҳдкунанда бояд сармоягузорони Тарафи дигари аҳдкунандаро барои сармоягузорӣ кардан дар қаламрави худ ҳавасманд гардонад ва бояд сармоягузориҳоеро иҷозат диҳанд, ки ба қонуну қоидаҳои худ мувофиқ бошад. Бо дархости яке аз Тарафҳои аҳдкунанда маълумот оид ба қонунҳо, қоидаҳо, қарорҳо, амалияи маъмурӣ, расмиёт ва ё сиёсатҳои пешгирифтаи Тарафи дигари аҳдкунанда бояд таъмин карда шавад.

Тарафҳои аҳдкунанда уҳдадор мешаванд, ки чораҳои беасос ва тафовутнокро нисбат ба идоракунӣ, нигоҳдорӣ, истифода, соҳиб шудан ва тақсимоти сармоягузориҳои Тарафи дигари аҳдкунанда қабул накунанд. Инчунин, муқаррароти созишнома интиқоли озоди маб­лағи сармоягузорони як Тарафи аҳдкунандаро аз ҳудуди Тарафи дигари аҳдкунанда бояд кафолат ва муҳофизат намояд.

Дар ҷаласаи васеи кумита созишнома бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошад. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала — «Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дода мешавад.

 КАРИМЗОДА Ҷамшед Абдураҳмон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» пешниҳод гардидааст.

Маблағи иловагӣ барои тат­биқи лоиҳаи мазкур 15,0 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 7,5 млн. доллари амрикоии он ҳамчун қарз ва 7,5 млн. доллари амрикоӣ ҳамчун грант аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҷалб карда мешавад.

Маблағи қарз имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

- муҳлати пардохти қарз – 38 сол;

- давраи имтиёзноки пардохти қарзи асосӣ – 6 сол;

- меъёри фоизи қарз – 0,75 фоизи солона.

Шартҳои пешниҳодгардидаи қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқат менамояд.

Ёдрас менамоем, ки айни замон лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» ба маблағи 25,9 млн. доллари амрикоӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст. Зарурати ҷалби маблағгузории иловагӣ дар он аст, ки дар доираи лоиҳаи амалкунанда азхудкунии маблағҳои хати қарзӣ бо дарназардошти зиёд будани талабот аз нақшаи пешбинишуда барзиёд иҷро гардид.

Имрӯзҳо дар соҳаи бонкдорӣ бо дарназардошти тағйирёбии меъёри бозтамвил, фоизи қарзҳо барои мизоҷон баланд буда, дастрасии маблағгузорӣ барои соҳибкорон мушкилӣ эҷод менамояд. Аммо дар доираи лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» маблағҳои қарзӣ ба ташкилотҳои қарзӣ тибқи меъёри миёнавазни таваррум, ки тахминан ба 8 фоиз баробар аст, пешниҳод мешавад. Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки меъёри фоизи қарзҳо барои мизоҷони ташкилоти қарзӣ пасттар гардад (аз 26 то 28 фоизи солона). Дар натиҷаи маблағгузории иловагӣ, соҳибкорони хурду миёна, аз ҷумла, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ба маблағгузории нисбатан имтиёзнок дастрасӣ пайдо намуда, соҳаи кишоварзӣ ва соҳибкории хурду миёна рушд меёбад.

Маблағгузории иловагӣ ба таври зайл ба роҳ монда мешавад:

1) 12.5 млн. доллари амрикоӣ барои қисмати II. «Таъмини даст­расӣ ба молия барои корхонаҳои агросаноатӣ ва хоҷагиҳои хурди тиҷоратӣ» пешбинӣ шудааст. Аз ин маблағ 9,5 млн. доллари амрикоӣ барои хати қарзӣ ба ташкилоти хурди маблағгузор пешниҳод мегардад. Инчунин, барои пӯшонидани фоизи қарзӣ ба гурӯҳҳои махсус, аз қабили соҳибкорони ҷавон, занон ва шахсони маъюб 2,5 млн. доллари амрикоӣ ҳамчун грант пешбинӣ гардидааст. Ин имкон медиҳад, ки қарзгирандагони зикргардида фоизи қарзи гирифташударо пардохт намуда, аз дастгирии давлатӣ бархӯрдор гарданд.

2) 0,5 млн. доллари амрикоӣ барои қисмати III. «Рушди иқтидори институтсионалӣ ва идоракунии лоиҳа» барои омӯзиши мутахассисон пешбинӣ шудааст.

3) 2,0 млн. доллари амрикоӣ барои қисмати нави лоиҳа оид ба омӯзиш ва хизматрасонии рушди соҳибкорӣ равона карда мешавад. Дар доираи ин қисмат бенефитсиарҳои потенсиалӣ (ҷавонон, занон ва маъюбон) дар марказҳои соҳибкорӣ аз омӯзиш ва дастгириҳои институтсионалӣ бархӯрдор гардида, барои гирифтани қарзҳои имтиёзноке, ки бо грант омехта мешаванд, ҳуқуқ пайдо мекунанд. Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2018 оғоз ёфта, то соли 2022 идома хохад ёфт.

Бо дарназардошти далелҳои мазкур, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Созишномаи мазкур хеле аҳамиятнок мебошад. Маблағи созишнома қобили мулоҳиза буда, барои дастрасӣ ба қарзи дарозмуҳлат пешбинӣ шуда, ба хоҷагиҳои хурди тиҷоратӣ, корхонаҳои хурду миёна равона карда мешавад. Хеле муҳим аст, ки қарзҳо ба ниёзмандон, яъне онҳое, ки технологияи нав ворид мекунанд, ҷойҳои нави кор ташкил менамоянд, дода шаванд.

Бояд ба он диққат дод, ки хоҷагиҳои хурди тиҷоратие, ки ин қарзҳоро мегиранд, онро бо мақсади аслӣ — рушди истеҳсолоти кишоварзӣ равона созанд.

Ба маърӯзачӣ савол доред? Сухан ба вакил Абдуҳалим Ғаффоров дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Дар давоми солҳои охир ба соҳаи кишоварзӣ гранту қарзҳои зиёд ҷудо шуданд. Созишномаи маблағгузории мазкур низ аз ҷумлаи ин иқдомҳо буда, ба рушди соҳа мусоидат менамояд. Интихобкунандагон зимни мулоқот дар хусуси ин гуна қарзҳои имтиёзноку дарозмуҳлат аз мо зиёд мепурсанд. Онҳо мехоҳанд донанд, ки ин гуна қарзҳоро чӣ гуна дастрас кардан мумкин аст? Онҳо ба куҷо муроҷиат намоянд, чӣ гуна ҳуҷҷатҳо пешниҳод кунанд ва монанд ба ин саволҳо.

Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон: — Аз маблағи дар созишномаи мазкур пешбинишуда 9,5 миллион доллари ИМА тавассути хатҳои қарзӣ ба воситаи ташкилоти қарзии «Ҳумо», «Имон интернешнл», «Арванд» ва «Бонки «Эсхата» дода мешавад ва фоизи он нисбатан паст мебошад. Бо дарназардошти он ки қарз дарозмуҳлат буда, 38 солро фаро мегирад ва муҳлати имтиёзнокиаш 6 сол буда, меъёри фоизи қарз нисбатан паст аст, ба корхонаю хоҷагиҳо дода мешавад. Ин корхонаҳо ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавот, машғул хоҳанд шуд.

Аз маблағи умумӣ 2,5 миллион доллари амрикоӣ ба занон, ҷавонон ва маъюбон пешбинӣ шудааст. Фоизи қарзҳоро барои ин гурӯҳи иҷтимоӣ худи лоиҳа пардохт менамояд. Яъне, ба занону ҷавонону маъюбон, қарз бидуни фоиз дода мешавад.

РАИС: — Дар ҷаласа иҷрокунандаи вазифаи директори Муассисаи давлатии маркази татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозимов Илҳомҷон Маҳмадшарифович ҳузур доранд. Аз номбурда хоҳиш менамоем масъаларо шарҳ диҳанд.

Илҳомҷон Нозимов: — Мехоҳам тартиби гирифтан ва пешниҳоди қарз ба аҳолиро шарҳ диҳам. Пас аз имзои созишномаи қарзӣ бонк уҳдадор аст аз корхонаю ташкилот, хоҷагиҳо ва шахсони алоҳида бизнес — нақшаи онҳоро қабул намояд. Бонк шартномаи пардохти қарзро ба маркази татбиқи лоиҳа пешниҳод менамояд ва агар қарз мақсаднок бошад, муассиса ба бонк, ки ин маблағҳоро аз ҳисоби худ пардохт месозад, онро бозтамвил менамояд. Яъне, аҳолӣ ва ташкилоту идораҳо ба мо лоиҳаҳои худро пешниҳод намуда, маблағро аз ташкилоти қарзӣ мегиранд.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Акрамзода Баҳодур Исмоил дода мешавад.

 АКРАМЗОДА Баҳодур Исмоил:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва мусоидат ба истеҳсоли маҳсулоти агросаноатӣ, дастгирии корхонаҳои хурду миёна бо роҳи таъмини дастрасии бештар ба маблағгузорӣ ва таҳкими иқтидори лоиҳаҳои бенефитсиарӣ мебошанд.

Созишномаи зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи транзити борҳои ҳарбӣ ва контингенти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ дода мешавад.

 Эмомалӣ СОБИРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи зикргардидаро вазирони мудофиаи ҳар ду кишвар 9 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонидаанд.

Он аз дебоча ва 15 модда иборат буда, тартиби транзити борҳои ҳарбӣ ва контингентҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон тариқи нақлиёти роҳи оҳан ва бо истифодаи фазои ҳавоии ин кишвар ба танзим медарорад.

Созишномаи зикргардида ба раванди иҷрои саривақтии Барномаи азнавсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, барои интиқоли ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти маъракаи даъват ва дар дигар ҳолатҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон шароит фароҳам меоварад. Он ба таҳкими иқтидори мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мусоидат намуда, бо иқдоми ҷониби Тоҷикистон баста шудааст.

Тасдиқи созишномаи мазкур ба қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ мухолифат надошта, барои дар амал татбиқ гардонидани муқаррароти он асоси ҳуқуқӣ фароҳам меоварад.

Ин иқдом аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад ва ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷавобгӯ мебошад. Хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сафаров Зайнудин дода мешавад.

 Зайнудин САФАРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи транзити борҳои ҳарбӣ ва контингенти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 9 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи номбурдаро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 24 майи соли 2018 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи транзити борҳои ҳарбӣ ва контингенти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ