Тоҷикистону Россия барои рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ аз тамоми имкон истифода менамоянд

№129 - 130 (3609-3610) 15.10.2016

DSC_0100«Миёни Тоҷикистону Россия муносиботи анъанавии эътимод вуҷуд дошта, Тоҷикистон ба сатҳи ҳамкории байнидавлатӣ ва байнипарлумонӣ бо Россия баҳои баланд медиҳад. Дар оянда низ аз тамоми имкон барои рушди ҳамкорӣ ва муттаҳидии ду кишвар истифода хоҳад шуд».

Ин нукта зимни мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия, ки 13 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид шуд.

Инчунин, зикр шуд, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Россия дар доираи принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити расмӣ асос ёфтаанд. Дар масъалаи таҳкими муносиботи шарикӣ, муттаҳидӣ ва густариши равобити дуҷониба нақши асосиро сарони ду кишвар — Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин мебозанд. Ба ин дар бештари мавридҳо гуфтугӯи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ мусоидат мекунад. Шаҳодати ин гуфтаҳо сафарҳои муштарак ва мулоқоти мунтазами намояндагони баландмақоми ду кишвар мебошанд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба масъа­лаҳои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, кишоварзӣ, илм, маориф, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва авзои минтақа изҳори назар карда шуд.

«Садои мардум»