Муҳокимаи парламентӣ

Умури кишоварзиро чӣ тавр бояд рушд диҳем?

№151 (4257) 17.12.2020

DSC_3300Ёздаҳуми декабри соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Қурбон Ҳакимзода дар мавзӯи «Вазъи амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.

Дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, аъзои Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, намояндагони вазоратҳои молия, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, коршиносони соҳа ширкат намуданд. Қурбон Ҳакимзода дар оғоз зикр намуд, ки комплекси агросаноатӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб рафта, рушду тараққиёти он боиси афзудани истеҳсолот ва некуаҳволии аҳолии ҷумҳурӣ мегардад.

- Соҳаи агросаноатии кишвар аз рӯи ҳисса дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ ва соҳаҳои саноат бо ашёи хом ва шумораи аҳолии дар он машғулбуда яке аз соҳаҳои стратегии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Бахши кишоварзӣ ҳамчун ҷузъи таркибии комплекси агросаноатӣ 21 фоизи ММД-ро ташкил намуда, рушди миёнаи солонаи маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёда аз 8 фоиз баробар шуда истодааст, — гуфт Қурбон Ҳакимзода.

Инчунин, зикр гардид, ки саҳми соҳаи кишоварзӣ дар ММД 19,8 фоиз ва шуғли аҳолӣ 63 фоизро ташкил дода, қариб аз се ду ҳиссаи корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҷумҳурӣ корхонаҳои агросаноатӣ мебошанд.

Ӯ ёдовар шуд, ки ҷиҳати таъминоти ҳуқуқии устувори соҳа кодексҳои гражданӣ, андоз, об, замин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Дар бораи байторӣ», «Дар бораи кооперативҳо», «Дар бораи зотпарварӣ», «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ», «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи парандапарварӣ», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» мавриди амал қарор доранд.

- Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ба диверсификатсияи истеҳсолот тавассути ташкили шаклҳои устувори хоҷагидорӣ, кишти такрорӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва сердаромади содиротӣ, маҳсулоти воридотивазкунанда, васеъгардонии майдони кишти сабзавот ва бунёди боғу токзорҳои серҳосил таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Бо мақсади амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегии давлат — таъмини амнияти озуқаворӣ барномаҳои маҷмӯавии амнияти озуқаворӣ, ислоҳоти кишоварзӣ, рушди соҳаи чорводорӣ, барномаҳои махсуси соҳавии ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, рушди соҳаи боғу токпарварӣ, қолинбофӣ, саноати сабук ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷорӣ намудани таҷрибаи муносиби кишоварзӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тибқи «Стандарти байналмилалии «Global G.A.P» қабул гардидаанд, — гуфт дар идома Қурбон Ҳакимзода.

Ҳарчанд дастрасӣ ба маҳсулоти зарурии аввалия дар кишвар вақтҳои охир беҳтар шуда бошад ҳам, рушди соҳаи кишоварзӣ дар шароити зудтағйирёбандаи вазъи умумиҷаҳонии иқтисодиёт то дараҷае ноустувор боқӣ мемонад, ки ҳалли он ногузир аст. Ба анҷом нарасидани ислоҳоти аграрӣ — обӣ ва номукаммалии механизмҳои батанзимдарории муносибатҳо вобаста ба замин ва об дар бахши аграрӣ, самаранок истифода набурдани заминҳои обёришаванда ва чарогоҳҳо, ки ба таназзули ҳосилнокии замин ва бад гардидани ҳолати мелиоративии он оварда мерасонад, базаи қафомондаи моддӣ – техникии комплекси агросаноатӣ бо дастрасии маҳдуди корхонаҳо ба иттилоот оид ба бозорҳои боиқтидор, расмиёти мураккаб ва гаронарзиши савдои беруна, инчунин хатарҳои зиёд барои рушди комплекси агросаноатӣ дар алоқамандӣ бо тағйироти бардавоми глобалии иқлим аз ҳамон ҷумлаанд.

DSC_3292Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Абдуқодир Вализода иброз намуд, ки 73 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ дар деҳот истиқомат дошта, аз ин ҳисоб 63 фоизи он дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд. Маълумоти расида оид ба вазъи кишоварзӣ нишон медиҳад, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 176 975 хоҷагии калон, миёна ва хурд машғул мебошанд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти пурмаҳсули кишоварзон, ба роҳ мондани шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар 10 моҳи соли 2020 ба 27,8 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли гузашта 2 млрд. сомонӣ ё ба андозаи 7,7 фоиз зиёд мебошад.

- Яке аз қонунҳои муҳим дар таъминоти ҳуқуқии соҳаи агросаноатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Он 5 марти соли 2007 ва дар таҳрири нав 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст. Дар қонун 3 роҳи дастгирии давлатии комплекси агросаноатӣ, ҷудо намудани субсидия (кумаки молиявӣ) аз ҳисоби буҷети давлатӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва грантҳо барои рушди соҳаҳои комплекси агросаноатӣ муқаррар гардидааст. Қонунгузорӣ 12 номгӯйи соҳаҳоеро муқаррар намудааст, ки ба онҳо субсидия (кумаки молиявӣ) аз тариқи дастгирии давлатӣ ҷудо карда мешавад, — иброз дошт Абдуқодир Вализода.

Таҳлили вазъ нишон медиҳад, ки қонуни зикргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ батадриҷ мавриди иҷро қарор гирифта, бо дарназар­дошти тағйироти бавуҷудомада, бахусус воридшавии ҷумҳурӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо, тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» соли 2017 ниёз ба такмил дорад.

Абдуқодир Вализода пешниҳод намуд, ки ҷиҳати мукаммал намудани қонун дар он мафҳуми «дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ» муқаррар гардида, салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии маҳаллӣ муайян ва принсипҳои асосии фаъолият дар ин самт пешбинӣ карда шаванд.

Инчунин, таҷдиди назар кардани вазифаҳо ва мақсади қонун, ­шаклҳои нави дастгирӣ (андозбандӣ, қарздиҳӣ, лизинги молиявӣ, суғурта ва ғайра), зиёд намудани самтҳои нави дастгирии комплекси мазкур (масалан, соҳаи дорусозӣ дар бахши чорводорӣ, таъминоти иттилооти фанноварӣ дар соҳа) зарур аст.

Муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода дар бораи мушкилот ва дурнамои вазъи соҳаҳои комплекси агросаноатӣ маълумот дода, таъкид намуд, ки баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ метавонад рушди босуботи иқтисодии мамлакатро таъмин намуда, таъсири манфии омилҳои берунаро ба иқтисоди миллӣ коҳиш диҳад.

Ба иттилои номбурда, бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва фаъолияти пурмаҳсули кишоварзони ҷумҳурӣ рушди устувори соҳа идома ёфта, бо заҳмати шабонарӯзии кишоварзони мамлакат дар даҳ моҳи соли 2020 дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ғалладонагиҳо 1465314 тонна, картошка — 897169, сабзавот — 2202378, полезӣ — 730231, мева — 405423, ангур — 213579, гӯшт — 193746, шир — 728728, асал — 3784, моҳӣ 1751 тонна ва тухм 785,4 млн. дона истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 истеҳсоли ғалладонагиҳо 114,4 ҳазор тонна ё ба андозаи 8,5 фоиз, пахта 2 ҳазор тонна ё 0,5 фоиз, сабзавот 247,3 ҳазор тонна ё 12,7 фоиз, полезӣ 76,6 ҳазор тонна ё 11,7 фоиз, гӯшт 19,3 ҳазор тонна ё 11,1 фоиз, шир 14,9 ҳазор тонна ё 2,1 фоиз, асал 12 тонна ё 0,3 фоиз, пашм 160 тонна ё 2,3 фоиз ва тухм 223,3 миллион дона ё 39,7 фоиз зиёд шудааст.

- Бо пешниҳод ва роҳандозии имтиёзҳои андозиву гумрукӣ оид ба рушди соҳаи парандапарварӣ ва моҳипарварӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи корхонаҳои парандапарварӣ дар ҷумҳурӣ афзоиш ёфта, ба 170 адад ва шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 352 адад расонида шуд, ки барои бо ҷойи нави кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин, муҳайё сохтани маҳсулоти ватанӣ мусоидат намуда истодааст, — гуфт Саъдӣ Каримзода.

Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Солеҳзода иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан саноати хӯрокворӣ ва саноати сабук, тавассути омодасозии кадрҳои баландихтисос, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, бунёди корхонаҳои муосир ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашудаи рақобатпазир рушд ёфта истодааст. Солҳои охир бо таъсиси истеҳсолоти нав таъмини пурраи бозори дохилӣ бо маҳсулоти гӯштию ширӣ, консерваи меваю сабзавот, орд, макарон, нон ва маҳсулоти нонӣ, намаки ошию техникӣ, нӯшокиҳои спиртию ғайриспиртӣ имконпазир гардида, нахи пахта, пӯст ва пилла қисман то ҳадди ниҳоӣ коркард шуда, ресмон ва матои пахтагин, маҳсулоти дӯзандагӣ, чарму пойафзол ва матои абрешимӣ истеҳсол гардидааст. Айни ҳол як қисми маҳсулоти истеҳсолгардидаи тайёр ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.

- Аз рӯи маълумоти оморӣ, соли 1991 дар ҷумҳурӣ 94 корхонаи саноати хӯрокворӣ мавҷуд буда, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ин рақам мунтазам боло рафта, айни ҳол ба 516 корхона расонида шудааст, ки 422 корхона ё 5,5 баробар зиёд мебошад. Танҳо дар 11 моҳи соли соли 2020 дар саноати хӯрокворӣ 57 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ бо таҷҳизоти муосири сарфакунандаи неруи барқ бо таъсиси 930 ҷойи кори нав бунёд карда шуд, — гуфт Умед Солеҳзода.

Номбурда иттилоъ дод, ки танҳо се соли охир дар корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсоли 56 намуд маҳсулоти нави ғизоии саноатӣ, аз қабили шарбат, пюреҳои мевагӣ дар зарфҳои «Дой Пак» барои кӯдакон, чойи хушк бо иловаи гулу меваҳои хушк, желатин, маҳсулоти спиртӣ, макаронӣ, нон ва маҳсулоти нонӣ, маҳсулоти қаннодӣ бо истифода аз меваҳои ватанӣ, ба монанди зардолу дар шоколад, олу ва олуча дар шоколад ҷорӣ карда шуд. Ҷиҳати паст намудани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар, бахусус саноати хӯрокворӣ ва соҳаи саноати сабук,  дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда тадбирҳои мушаххас амалӣ гардиданд.

Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода зикр кард, ки тайи 10 соли охир суръати миёнаи рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 6-8 дарсадро ташкил дод. Аммо вазъи кунунии соҳа ва таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки бе дастгирии молиявии давлатӣ рушди соҳаи кишоварзӣ мушкил аст.

Дар боби 1 моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, ки новобаста аз шакли моликияташон, ба соҳаҳои тухмипарварӣ, ҳосилхезгардонии заминҳои кишоварзӣ, беҳтаргардонии ҳолати мелиоративии заминҳои корами обӣ, азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ дохил намудани заминҳои партов, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, бунёди боғу токзорҳо, харид ва парвариши чорвои зотӣ, рушди соҳаи байторӣ, инкишофи илм ва татбиқи дастовардҳо ва ғайра субсидия ҷудо карда мешавад. Дар ҳафт соли охир аз буҷети давлат дар доираи амалисозии барномаҳои соҳавӣ 207 миллион сомонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои «Рушди деҳот», «Тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ», «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳ», «Беҳсозии сатҳи зиндагии мардум дар вилояти Хатлон» ва дигар лоиҳаҳои сармоягузорӣ зиёда аз 98 миллион доллари ИМА равона гардидааст.

- Таҳқиқу омӯзиш ҷиҳати рушду тавсеаи бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ нишон дод, ки дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат қонуни мазкур ниёз ба такмил дорад. Дар робита ба ин пешниҳод карда мешавад, ки саноати парандапарварӣ, кластеркунонии бахшҳои алоҳидаи соҳаи кишоварзӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ, ҳифз ва беҳдошти вазъи чарогоҳҳо, истеҳсоли маводи биологии байторӣ ва агротуризм зимни такмил дар қонун ба назар гирифта шавад,- гуфт Нуралӣ Асозода.

Дар фарҷом пас аз шунидани маърӯзаю музокирот ва саволу ҷавоб, бо дарназардошти таклифу эродҳо, тавсияҳо қабул гардиданд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ