Вакили Маҷлиси намояндагон Ҳамоҳангсози Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони ИДМ интихоб гардид

№64 (4014) 04.06.2019

IMG_305331 май дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ (дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон) вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиён бо иттифоқи орои иштирокчиён – намояндагони ҷавони парламентҳои кишварҳои аъзои ИДМ ҳамоҳангсози ассамблея интихоб гардид. Ҳамин тариқ, роҳбарии ниҳоди мазкур аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.

 Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ аз воҳидҳои сохтории Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ буда, аз ҳисоби вакилони ҷавони давлатҳои аъзои ИДМ ташкил ёфта, аз соли 2012 масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷавонон, аз ҷумла, ҳифз ва рушди манфиатњои қонунии онҳоро баррасӣ менамояд.

Қиёмиддин Миралиён аз соли 2015 ҳайати намояндагии кишварро дар он роҳбарӣ намуда, баҳри таҳия ва қабули чанд қонуни моделӣ ташаббус нишон додааст.

Номзадии ӯ барои ишғоли вазифаи байналмилалии ҷамъиятӣ аз ҷониби муовини котиби генералии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ Ибодулло Раҳимов пешниҳод гардидааст.

Муњаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон