Вакилон аз иқдоми Пешвои миллат пайравӣ мекунанд

№57 (4163) 09.05.2020

unnamed (1)Раёсати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар пайравӣ аз иқдоми Пешвои миллат дар мубориза бар зидди бемории сироятии COVID-19 тасмим гирифтаанд, ки як маоши моҳонаи худро ба суратҳисоби фонди маблағгузории пешгирӣ аз вируси сироятии COVID-19 гузаронанд.

Тибқи тасмими Раёсати Маҷлиси намояндагон Раис, муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон як маош ва вакилони Маҷлиси намояндагон қисме аз як маошро ба фонди мазкур мегузаронанд. Ҳамчунин, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ як маош ва ҳайати кормандони он қисме аз як маошро ба фонди мазкур интиқол доданианд.

Роҳбарияти Маҷлиси намояндагон зикр намуданд, ки вакилони мардумӣ дар лаҳзаҳои барои сокинони мамлакат душвор паҳлуи онҳо буда, барои рафъи мушкилоти пешомада интихобкунандагонро танҳо намегузоранд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон