Вакилони Дума меҳмони Тоҷикистон мешаванд

№129 (3923) 25.10.2018

31 октябри соли ҷорӣ вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия таҳти сарварии раиси Ҳизби либерал — демократии Россия Владимир Жириновский ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд.

Дар назар аст, ки зимни ин сафар Владимир Жириновский ва ҳамроҳони ӯ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия — Тоҷикистон мулоқот намоянд.

Владимир Жириновский ва ҳамроҳони ӯ, ҳамчунин, бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон, «Кохи Наврӯз», Қалъаи Ҳисор, шаҳри Турсунзода ва бозори «Меҳргон» — и шаҳри Душанбе ошно хоҳанд шуд.

Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон