Вакилони Маҷлиси намояндагон ба рухсатӣ баромаданд

№80 (4030) 04.07.2019

DSC_6480Баъди ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони ­Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки 28 июни соли равон таҳти раёсати Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷараён гирифт, вакилони палатаи поёнии Маҷлиси Олии мамлакат аз 1 июли соли равон ба рухсатии меҳнатӣ баромаданд.

Тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон, таътили вакилони мардумӣ то 15 август идома меёбад.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми доимоамалкунанда ва касбӣ буда, аз 63 вакил иборат аст ва онҳо ба муҳлати панҷ сол тавассути  овоздиҳии пинҳонӣ дар ҷараёни баргузории интихоботи парлумонӣ интихоб карда мешаванд.

«Садои мардум»