Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Конгресси ИМА чӣ гуфтанд?

№67 (4017) 13.06.2019

DSC_1675Табодули таҷриба яке аз самтҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, онҳо аз таҷрибаи ҳамтоёни хориҷӣ истифода мекунанд. Чанде пеш чанд нафар аз вакилон аз сафари ИМА баргаштанд. Хабарнигорамон бо роҳбари гурӯҳ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода суҳбат орост, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.

- Ҳадафи сафар аз чӣ иборат буд?

- Сафар дар доираи барномаи «Ҷаҳони кушод» — и давлати ИМА сурат гирифта, ба гурӯҳ 3 вакили Маҷлиси намояндагон ва 3 мутахассиси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон шомил буданд. Ҳадафи асосӣ шиносоӣ бо фаъолияти Конгресси ИМА маҳсуб меёфт ва таассуротамон, дар маҷмӯъ, хуб аст.

- Бо киҳо мулоқот доштед ва зимни вохӯриҳо кадом масъалаҳо матраҳ шуданд?

- Сафар хеле хуб гузашт ва нақшаи пешбинишудаи барномаамон дар доираи манфиати тарафайн баҳри омӯзиши таҷриба дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмии комил анҷом пазируфт. Вохӯрӣ бо намояндагони Конгресс аз штатҳои Небраска — Джеф Фортенбери, Королина — Девид Прайс, стаферҳои (мушовирони) вакилон аз штати Вашингтон ҷолибу хотирмон буданд.

Илова бар ин, аз штати Вашингтон — шаҳрҳои Сиэтл, Олимпия ва Такома боздид намуда, бо намояндагони Палатаи қонунгузории вакилони Конгресс ва директори Комиссияи интихоботии ин иёлат бону Ким Виман мулоқот кардем.

Дар ҷараёни вохӯриҳо муколамаи муфиди аъзои ҳайати Тоҷикистон бо вакилони Палатаи намояндагон, аъзои Сенат ва стаферҳои Конгресси Амрико низ сурат гирифт, ки омӯзанда буд.

- Одатан дар раванди чунин мулоқот тарафҳо бобати ин ё он масъала ба тавофуқ мерасанд ва ё мусоидат ба ҳалли мушкилоти мавҷударо тақозо менамоянд…

- Ҳайати мо зимни вохӯриҳо аз намояндагони Конгресс ҳалли ду масъалаи асосиро, ки дар мувофиқа бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амрико пешниҳод шуда буд, тақозо намуд. Аввалан, бекор кардани маҳдудияти иртиботи молӣ ва савдо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1974 бо номи Қонуни «Иловаҳои Ҷексон ва Вэник» ба инҳисори молиявии ИҶШС қабул гардида, нисбат ба баъзе аз ҷумҳуриҳои ИДМ, ба истиснои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон, бекор шудааст.

Сониян, таҳлили амиқи вазъи баҳодиҳии ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла, ҳуқуқ ба озодии дин дар Тоҷикистон, ки аксар маврид аз ҷониби Департаменти давлати Амрико дар ҳисоботҳои солона таҳриф мегардад. Ҷиҳати рафъи масъалаҳои зикршуда аз ҷониби ҳайати гурӯҳи корӣ далелҳо бо нишондоди дастоварду мушкили дохилию хориҷӣ манзур гардид. Намояндагони Конгрессу стаферҳои масъул омодагиро ҷиҳати рафъи муқаррароти зикршудаи Қонуни «Иловаҳои Ҷексон ва Веник дар соли 1974» иброз намуда, дар масъалаи баҳодиҳии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон таҷдиди назар шудани дидгоҳашонро ваъда доданд.

-Табиист, ки пешниҳоди маълумоти муфассал зимни даст­овардҳои кишвар ва саҳми Пешвои миллат дар ин раванд меҳвар буд…

- Албатта. Зимни мулоқотҳо таъкид намудем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ роҳи таърихии беш аз 200 — солаи ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва давлатдории ғарбиро паси сар карда истодааст. Исрор варзидем, ки дастовардҳои давлати мо дар муқобили мушкилиҳои олами муосир, воқеан, сазовори эҳтиром ва қадршиносӣ аст. Аз он ёдовар шудем, ки баъди ба давлати мустақил табдил ёфтани Тоҷикистон дар парлумон андешаҳои вакилон гуногун буданд. Дар натиҷа, баҳсу мунозира зиёд шуд. Дахолати хориҷ низ беҳад афзуд ва Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Он вақт низ вакилон дорои таҷрибаи зиёди корӣ буданд, вале аксар аз ба дӯш гирифтани масъулият меҳаросиданд.

Роҳбари ҷавони бомасъулият нахустин масъалаеро, ки дар назди вакилони Шӯрои Олӣ гузоштанд, барқарор кардани ҳокимияти давлатӣ буд. Дар ин замина Роҳбари давлат таҳияи Конститутсияро тадриҷан тарҳрезӣ намуда, пешниҳод карданд, ки ин санади муҳими давлатдориро бояд вобаста ба иродаи халқ қабул кунем ва халқи Тоҷикистон бояд роҳи давлатдориро муайян намояд. Халқи Тоҷикистон шакли идоракунии президентиро интихоб кард, зеро шакли идоракунии парламентӣ дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ натавонист мардумро муттаҳид ва манфиатҳои миллат ва давлатро ҳифз кунад. Махсус таъкид кардем, ки дар он давра шароит ва талабот бисёр ҷиддӣ буд ва интихоби як шахси муносибро дар вазифаи роҳбарӣ талаб мекард. Ин шахс муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки аз байни халқ баромада, мушкилоти мардумро хуб медонистанд ва масъалаҳоеро, ки пешорӯи мардуми Тоҷикистон қарор доштанд, дуруст дарк мекарданд. Аввал, ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ ва баъдан, ҳамчун Президенти кишвар, ин шахсият давлатро сохтанд. Пас аз Президент интихоб шудан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни давлатсозӣ ба бунёдгузори давлати миллӣ табдил ёфтанд. Иброз дош­тем, ки ояндагон пас аз садсолаҳо мисли кишварҳои пешрафтаи дунё аз он ифтихор мекунанд, ки давлати соҳибихтиёру обод доранд, ки дар саргаҳи бунёди он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд. Ҳамон гунае, ки алҳол Амрико бо гузашти зиёда аз 200 сол бо асосгузорони давлаташ ифтихор мекунад.

- Вакилони амрикоӣ доир ба таърихи пурғановати мо маълумот доранд?

- Бале. Барои комилтар шудани огоҳиашон доир ба ин масъала дар бораи таърихи давлатдории тоҷикон, аз ҷумла, оид ба таъсири фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии ниёконамон ба шаклгирии тамаддунҳои айни замон оламшумул, иттилоъ дода шуд. Ин масъала диққати вакилони Палатаи намояндагони Конгрессро ҷалб кард ва аъзои гурӯҳ мисолҳои мушаххас ва далелҳои таърихӣ оварданд.

- Кадом далелҳоро дар назар доред?

- Дар ҳамкорӣ бо намояндагони «Ҷаҳони кушод» ва намояндагони Конгресси Амрико аз Бойгонии миллии Амрико нусхаи мактуби сеюмин Президенти Амрико Томас Ҷеферсон ба наберааш Френсис Ипес аз 6 октябри соли 1820 — ро дастрас намуданд. Дар мактуб ҷиҳати омӯзиши ҳатмии «Киропедия» — и Ксенофонт, ки роҷеъ ба давлатдории бостонии тоҷикон — Ҳахоманишҳо ва Куруши Кабир иттилоъ медиҳад, дарёфт гардид. Ҳамчунин аз байни 6 ҳазор китоби шахсии Томас Ҷеферсон, ки ба китобхонаи Конгресс супурдааст, таҳти рақами 4892 китоби Ксенофонт «Курушнома» пайдо карда шуд.

Ин гувоҳи он буд, ки Томас Ҷеферсон, маъруфтарин Президенти Амрико, яке аз муаллифони аслии «Моддаҳои Конфедератсия», ки ин ҳуҷҷати истиқлолиятхоҳии Амрикоро дар таърихи 1 июли соли 1776 ҳамчун намоянда аз штати Вирҷиния ба Конгресс пешниҳод карда буд, аз таърихи бою пурғановати ниёкони мо хуб огоҳӣ доштааст. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар «Курушнома», бобати таърихи адолатпарварӣ, низоми идораи халқӣ, таълими ҳуқуқу озодиҳои инсон аз хурдсолӣ дар миёни мардуми форс аз номи модари Куруш Мандана ва дигар шахсиятҳои маъруф маълумот ҷамъоварӣ шудааст.

Боиси ифтихор бояд бошад, ки ин шиносоии Томас Ҷеферсон бо ин асари бузург, албатта, ба шаклгирии ғояҳои сиёсии ӯ таъсир дошт, ки дар мактубаш муқаддамтар аз китобҳои бузурги Ҳеродоту Ситсерон аз наберааш Френсис Ипес хоҳиш кардааст, ки «Курушнома» — ро хонад. Далелҳои зикршуда бо дарназардошти ҷолибият ва муҳимият ба намояндагони Конгресс писанд омада, таассуроти онҳоро оид ба фарҳанги миллӣ ва таърихи  миллати мо ғанитар кард.

- Кадом ҷанбаи фаъолияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори ИМА бароятон ҷолиб буд?

- Омӯзиши таҷрибаи ҳамкории вакилони Палатаи намояндагони ИМА бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла, бо пиронсолон ва ба инобат гирифтани пешниҳодоти онҳо дар фаъолияти қонунгузорӣ ба манфиати кор хоҳад буд. Бамаврид аст, агар ин раванд аз ҷалби вакилони даъватҳои қаблӣ оғоз гардад.

Мусоҳиб Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»