Вакилони парлумони Тоҷикистон ба рухсатии меҳнатӣ рафтанд

№81 (4187) 04.07.2020

unnamedБаъди ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки 30 июни соли равон таҳти раёсати Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷараён гирифт, вакилони палатаи поёнии Маҷлиси Олии мамлакат ба рухсатии меҳнатӣ баромаданд.

Он аз 1 июл оғоз шуда, тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 15-уми августи соли ҷорӣ идома меёбад. Аммо мутобиқи қонун, Президенти мамлакат ҳуқуқ дорад дар рӯзҳои таътил иҷлосияи ғайринавбатии парлумонро даъват намояд.

Ёдовар мешавем, ки дар интихоботи парлумонии соли равон (1 март) аз 4,9 миллион нафар интихобкунанда, 4,2 миллион кас ё 86,4 дарсад иштирок намуданд, ки дар натиҷа аз ҳавзаи ҷумҳуриявӣ 5 ҳизб ба Маҷлиси намояндагон роҳ ёфт.

Аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 50,4 фоизи овозҳо ва 12 мандати вакилӣ, Ҳизби аграрии Тоҷикистон 16,5 дарсади овозҳо — 4 мандат, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 16,61 дарсади овозҳо — 4 мандат, Ҳизби демократии Тоҷикистон 5,10 дарсади овозҳо — 1 мандат, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон — 5,15 дарсади овозҳо — 1 мандати вакилиро соҳиб шуданд. Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 3,11 дарсад ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон 0,32 фоизи овозҳоро ба даст оварданд.

Инчунин, дар интихобот 59 ҳазору 30 нафар ё 1,39 дарсад мухолифи ҳама овоз доданд.

Мутобиқи моддаи 49-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифта, доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад ва  63 вакил дорад. Муҳлати ваколати вакилони он панҷ сол аст.

«Садои мардум»