Валентина Матвиенко дар ҳузури Шукурҷон Зуҳуров

№129 - 130 (3609-3610) 15.10.2016

DSC_053513 октябри соли  2016 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко мулоқот намуд.

Шукурҷон Зуҳуров дар оғоз Валентина Матвиенко ва мардуми бародари русро бо баргузории муваффақонаи интихоботи Думаи давлатии Федератсияи Россия табрик намуда, изҳори боварӣ кард, ки ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия дар оянда низ самарабахш хоҳад буд.

- Байни кишварҳои мо муносиботи анъанавии эътимод ба якдигар вуҷуд дорад. Тоҷикистон ба сатҳи ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо Россия баҳои баланд медиҳад ва дар оянда низ аз тамоми имконият барои рушду инкишофи шарикии стратегӣ ва муттаҳидӣ истифода хоҳад кард, — афзуд Шукурҷон Зуҳуров.

Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин иброз дошт, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ба тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар самтҳои гуногун мусоидат кардааст. Тоҷикистон бо Россия, ҳамзамон дар доираи созмонҳои байналмилалию байниминтақавӣ, ба мисли СММ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ИДМ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ғайра фаъолияти муштараки босамар доранд.

Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко иброз дошт, ки Федератсияи Россия ҳамеша ҷонибдори густариши равобит ва ҳамкории судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

- Мо инкишофи пайгиронаи ҳамкориҳои иқтисодиро бо Тоҷикистон аз ҷумлаи афзалиятҳои аввалиндараҷа медонем ва кӯшиш менамоем, ки онҳоро пайваста тақвият бахшем, — афзуд Валентина Матвиенко.

Дар мулоқот, ҳамчунин масоили мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, фарҳанг ва ғайра баррасӣ гардиданд.

Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон