Ватандӯстӣ аз эҳтиром ба Парчам маншаъ мегирад

№143 (4249) 26.11.2020

DSC_214024 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи он чорабинии идона баргузор гардид.

Нахуст муовини роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Искандаршоҳ Каримзода ҳайати кормандонро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, онро рамзи давлату давлатдорӣ маънидод кард, ки шаҳрвандонро ба ҳимояи Ватан, зиндагии ором, сулҳу осоиш, рушду нумӯъ ва таҳкими пояҳои соҳиб­ихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Таъкид шуд, ки Парчами давлатӣ дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб рафта, ватандӯстии ҳар халқу миллат аз эҳтирому арҷгузорӣ ба он сарчашма мегирад.

Инчунин, зикр гардид, ки Парчам таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон ва саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар мебошад. Аз ин рӯ, Парчами давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ҳамчун муқаддасоти бузурги миллӣ ва рамзи давлатдорӣ таҳти ҳимояву пуштибонии давлат қарор дорад.

Дар чорабинӣ, ҳамчунин, кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Нарзулло Маҳмудов, Наврӯз Қурбонзода, Парвиз Шамолов ва Ойбек Зоиров доир ба аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон маърӯза карданд.

www.majmilli.tj