Вазъи ҷаҳон ва инкишофи минбаъдаи ҳаёти ҷомеа

№74 (4180) 23.06.2020

IMG_3866Рӯзи Ваҳдати миллиро имсол дар шароите пешвоз мегирем, ки бемории сироятии коронавирус мардуми оламро ҳам аз лиҳози рӯҳӣ ва ҳам ҷисмонӣ хаста кардааст. То паҳншавии маризӣ бештар масоили глобализатсия ва оқибатҳои он ба фарҳанги миллӣ мавриди омӯзишу баҳси ҷомеашиносон қарор дошт. Вале ҳифзи саломатии инсонҳо мавзӯи асосӣ ва аввалиндараҷа гардид. Пандемия тасдиқ кард, ки ҳатто дар асри XXI — асри гипперглобализатсия ва ҷомеаи истеъмолӣ амният ҳамчун арзиши олӣ боқӣ мемонад ва ба хотири пойдории он инсоният омода аст, ки манфиатҳои муқаррарии тамаддунро бедудилагӣ қурбон кунад.

Оқибатҳои эҳтимолии беморӣ ва таъсири он ба ҷомеа, пеш аз ҳама, дар дигар шудани тафаккури одамон зоҳир мегардад. Роҷеъ ба таъсири беморӣ дар матбуот ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд, ки, бештарашон ба ин маъноянд: одамон ба хотири осудагии рӯзгор аз ҷомеа дурӣ ҷуста, барои ба даст овардани натиҷаи амалу ниятҳои созанда озод буда наметавонанд, муттаҳидию сарҷамъӣ шарти муҳими пирӯзӣ ба беморист ва миллату давлатҳо дар фурсати кӯтоҳ аз буҳрони шадид баромада метавонанд ва ғайра. Аммо ҳоло бештар моҳияти амнияти инсон ва фарҳанги миллӣ дар олам муҳимтар гардидааст.

Таърихшиноси ҷавони яҳудӣ Ювал Ной Харарӣ, ки муаллифи китоби машҳури «Sapiens: Таърихи мушаххаси инсоният» мебошад, гуфтааст, ки ҳоло ҷаҳонишавӣ ноком гардидааст, зеро бесарусомонӣ дар ҷаҳон ҳукмрон аст ва ҳар як давлат дар ин раванд мустақилона амал мекунад. Андешаи Харарӣ дар мавриди барномаи ягонаи мубориза надоштани давлатҳо бар зидди коронавирус дуруст аст. Дар ҳоле ки барои пешгирии паҳншавии беморӣ кӯшиши муштараки давлатҳо зарур мебошад. Зеро бидуни нақшаи умумии мубориза бар зидди вируси нав халос шудан аз ранҷи он осон муяссар намегардад. Бинобар ин, дар вазъияти мураккаби иқтисодӣ ташаббуси кишварҳои абарқудрати ҷаҳон барои рафъи мушкилоти марҳалаи нави буҳрони ҷаҳонӣ боз ҳам ҷиддитар арзёбӣ мегардад. Аммо айни замон, ки раванди паҳншавии беморӣ дар дунё хисороти зиёди ҷониро ба бор овардааст, масъалаи аз ҳама муҳим бартараф намудани оқибатҳои манфии он мебошад.

Зимнан, коршиносон ду роҳи мубориза бо вирусро нишон додаанд. Якум, карантини шадид, ки мувофиқи он корхонаҳо аз кор мемонанд ва аз хона баромадан бидуни эҳтиёҷ манъ мешавад. Дар чунин ҳолат хароҷоти мардум аз ҳисоби буҷети давлат пардохт мегардад. Дуюм, карантини нарм мебошад, ки хатари сироятшавӣ дар он зиёд мебошад ва аз аҳли ҷомеа риояи ҷиддии қоидаҳои беҳдоштӣ ва нигоҳ доштани масофаро тақозо мекунад.

Бо вуҷуди талошҳои пайвастаи кишварҳои олам ва созмонҳои умумиҷаҳонӣ таъсири пандемия аллакай ба соҳаҳои ҳаёти ҷамъият расидааст. Дар ҳолати ба эътидол омадани вазъи ҷаҳон, яъне, пас аз бартарафсозии оқибатҳои беморӣ, эҳтимол аст, ки масъалаи амнияту суботи давлатҳо боз ҳам актуалӣ гардад. Амалиёти маҳдудсозии иқтисодӣ нисбат ба кишварҳои алоҳида, назорат ва низоми пурзӯр дубора ҷорӣ шавад. Илова бар ин, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввали мардум таъмин шуда, неру ва иқтидори давлатҳо барои рушди иқтисодиёт равона гардад. Дар чунин шароит кишварҳое, ки иқтидори пасти истеҳсолӣ доранд, ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуда, ҳамчун дастнигар аз давлатҳои мутараққии дунё боқӣ мемонанд. Ҳамин тариқ, агар, аз як тараф, пандемияи коронавирус ба иттиҳодияҳои минтақавию ҷаҳонии иқтисодӣ зарба занад, аз тарафи дигар вобастагии кишварҳои заифро бештар ва дар ин замина ба ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат мекунад.

Ақидае низ вуҷуд дорад, ки дар пасманзари пандемия мумкин аст соҳибихтиёрии давлатҳо мустаҳкам гардад ва миллатгароӣ қувват гирад. Давлатҳо — хоҳ демократӣ, хоҳ тоталитарӣ барои рафъи буҳрон ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чораҳои фавқулода андешида истодаанд. Аксарияти онҳо намехоҳанд аз ваколатҳое, ки дар давраи буҳрон ба даст овардаанд, ҳангоми таҳдиди хатар даст кашанд. Вале ин ҷомеаро ба ҳадаф намерасонад. Ҳар як қавму миллат, новобаста ба ҳолат, ҳуқуқи нигоҳ доштани соҳиб­ихтиёриро дорад ва баҳс атрофи ин масъала дар шароити феълӣ чандон дуруст нест. Зеро пандемия ва буҳрони ҷаҳонӣ танҳо дар сурати ҳамкорию ҳамгироии кишварҳо аз байн хоҳад рафт.

Муноқишаҳои пайвастаи сиёсатмадорону сарварони кишварҳои абарқудрат бори дигар собит месозад, ки хатари беморӣ ба амнияти одамон назаррас аст. Таърих гувоҳ аст, ки рақобати давлатҳои бузург дар чунин ҳолатҳо хотима намеёфтанд. Шоҳиди он мегардем, ки новобаста ба таҳдиди хатар, гурӯҳҳои ҷудогона манфиатҳои ғаразнокро аз амнияту суботи инсоният болотар мегузоранд. Аз вазъияти баамаломада суиистифода карда, ба воситаи расонаҳои гуногун мардумро ба таҳлука меандозанд. Ҳол он ки дар ҷаҳон ҳеҷ як ниҳод мутлақо комил ва аз камбудӣ холӣ нест. Аммо ҳоло низ дар ҷомеа ашхосе ёфт мешаванд, ки фазои ободу озод, муҳити осудаи кишварро нодида гирифта, бо иғвову дасиса ва нотавонбинӣ дар зеҳну шуури сокинон бадбиниро ташаккул додан мехоҳанд. Аз ҷумлаи нотавонбинони давр роҳбари созмони «Паймони миллии Тоҷикистон» Муҳиддин Кабирӣ ва думравони ӯ мебошанд, ки берун аз кишвар барои амалӣ сохтани ҳадафҳои ғаразнок, зиёд кардани тарафдору пайравон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш меварзанд. Чунин ба назар мерасад, ки аз пайдо шудани бемории коронавирус дар кишвар ва зиёд гардидани шумораи сироятшуда ва фавтидагон бадхоҳони миллат шод мешаванд.

Мутаассифона, ин тоифа роҳгумкардагон ва бадхоҳони давлату миллат аз моҳияту ҳикмати «Аз мардумаки дида бибояд омӯхт: Дидан ҳама касрову надидан худро!» сарфи назар ва тавре амал менамоянд, ки хислату рафторашон собитгари амалҳои хиёнаткорона мебошад. Гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои гуногуни террористиву экстре­мистии паймон таҳти парастории молиявӣ, сиёсиву иттилоотӣ ва дигар шаклҳои дастгирии кишварҳо ва созмонҳои алоҳида фаъолияти харобкоронаро идома дода истодаанд. Мақсади онҳо нодида гирифтани пешравию даст­овардҳои кишвар мебошад.

Президенти кишвар зимни баргузории ҷаласаҳои ҳукуматӣ, чорабиниҳои ҷашниву мулоқот бо аҳли ҷомеа ҳамеша аз он ёдовар мешаванд, ки бо вуҷуди пешравию муваффақиятҳои назаррас, ҳанӯз муаммою мушкилоти ҳалталаб дар зиндагӣ зиёд аст. Вазифаи аввалиндараҷа он аст, ки роҳи ҳалли онҳоро якҷо ёбему аз паи ислоҳ шавем. Яъне, роҳбарияти мамлакат, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳаргиз камбудию норасоиҳоро аз назари сокинон пинҳон намесозанд, ба ин кор зарурат ҳам нест.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамчун такягоҳи боэътимоди мардум дар ҳама гуна шароити ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ баҳри пешбурди андешаи миллӣ ва тат­биқи меъёрҳои таъхирнопазир барои пешгирии паҳншавии вабо пайваста чора меандешад. Бинобар ин, баҳри бартараф намудани мушкилиҳо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 таъсис ёфта, сарҳадоти заминиву ҳавоӣ муваққатан баста шуд.

Яке аз ташаббусҳои муҳиме, ки ситод сари вақт ба роҳ монд, эълон кардани таътили бармаҳал барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ мебошад. Дар ин робита, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои тадриҷан нигоҳ доштани сатҳу сифати раванди таълимро андешида, ба карантин баромадани хонандагону донишҷӯёнро ташкил намуд. Бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа аттестатсияи хатми хонандагони синфҳои 9 ва 11 — и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона бе иштироки хонандагон ташкил гардид. Инчунин, дар бораи сари вақт пардохт намудани музди меҳнат ва рухсатпулии устодону омӯзгорон чораҳо андешида шуд.

Як ҳолатро тоифаи тафриқаандозу дасисабоз дарк кардан намехоҳанд ва ё мекунанду иқрор намешаванд, ки дар Тоҷикистон имконияту шароит барои ҳифзи саломатии мардум, рушди соҳаҳои ҳаёти кишвар ва баланд намудани сатҳу сифати зиндагӣ, пеш аз ҳама, дараҷаи маърифатнокӣ ва соҳибкасбу соҳибҳунар будани афроди ҷомеа, мавҷуд мебошад.

Сарвари хирадманду адолатпешаи кишвар ҳамчун кафили рушди босубот барои пешгирӣ ва роҳҳои сабук намудани оқибати иқтисодии пандемия чораҳо меандешанд. Тадриҷан коҳиш ёфтани шумораи сироятёфтагон дар ҷумҳурӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати пешгирифта дуруст ва мақсаднок мебошад. Давлатҳое, ки ҳолати фавқулода ва карантини сахт эълон карданд, ҳоло ба карантини нарм мегузаранд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 июни соли 2020 шаҳодати ғамхории ҳаррӯзаи Сарвари давлат барои рушди соҳаҳои иқтисоду иҷтимоии кишвар мебошад.

Ба гуфтаи сиёсатшинос Марк Лоуренс Шрад, пандемия мафҳуми ватандӯстиро таҳрир мекунад. Миллитаризми анъанавӣ онро тарк хоҳад намуд, зеро ҷанг барои мубориза бо вирус кумак нахоҳад кард. Ҳоло ватандӯстони асосӣ ва ҳимоятгарон одамони бо либоси ҳарбӣ нестанд, балки табибон, ҳамшираҳои шафқат ва дорусозон мебошанд. Аксари онҳо бо хатари ғайричашмдошти сироят бо марг рӯ ба рӯ мешаванд ва ҳақиқат дар он аст, ки муносибат ба соҳаи тиб низ дар оянда дигар хоҳад шуд.

Ҳамин тариқ, таҳлили вазъ нишон медиҳад, ки пандемияи коронавирус ҳамчун санҷишу дарси зиндагӣ барои ҳар як инсон боқӣ мемонад ва набояд ба дилшикас­тагиву ноумедӣ барад. Рӯзҳои мушкил мегузаранд, танҳо ваҳдати миллӣ, ягонагӣ, сарҷамъӣ, иродаи қавӣ, инсондӯстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ватандорӣ зарур аст.

Дар интиҳо орзуи онро менамоем, ки мардуми сарбаланду ваҳдатофари кишвар дар фазои солими осоиштагӣ хушбахтона умр ба сар баранд. Зимнан, зарур аст, ки фазои эътимод, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро дар ҷомеа тавсеа бахшем, то тавонем имкониятҳоро бар зидди хатару таҳдидҳои муосир бештар созем.

Содиқӣ Насиба Нуруллозода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, доктори илмҳои фалсафа