Вазъи иқтисодиёти ҷаҳон ва таъсири коронавирус ба он

№69 (4175) 11.06.2020

IMG_20200504_124315_799Ҷавобан ба буҳрони шадиди иқтисодӣ, ки онро бемории сироятии коронавирус ба вуҷуд овард, давлатҳои ҷаҳон чӣ чора меандешанд? Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан ба кишварҳои рӯ ба инкишоф, чӣ гуна кумакҳои иқтисодӣ лозим аст? Таъсири буҳрони иқтисодию молиявӣ ба шуғли аҳолӣ ва соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи кишвар чӣ гуна хоҳад буд? Чандест, ки ин ва дигар саволҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд.

Дар айни ҳол тадқиқи масъалаи тағйир­ёбии иқтидори иқтисодиёти ҷаҳон кори ниҳоят мушкил аст. Ин ба он вобаста аст, ки эпидемияи коронавирус то кай давом меёбад ва оқибатҳои он чӣ гуна хоҳад буд.

Ҳоло коронавирус инсониятро ба тарсу ваҳм дучор намуда, ба бисёре аз соҳаҳои иқтисодиёти ҷаҳон таъсири манфӣ расонидааст. Сироятёфтагони он ба вазъи ноустувори равонии аҳолӣ таъсири манфӣ  мерасонанд, дар ин замина қобилияти кории онҳо паст мешавад, ки мушкилоти иқтисодиро боз ҳам печидатар гардонида, метавонад заминаи хатари асосиро барои сар задани буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ гузорад. Дар пасманзари ларзишҳое, ки рух медиҳанд, дар иқтисодиёт ва шароити бозори кишварҳо ва қитъаҳои алоҳидаи олам тағйироти ҷиддӣ ба амал омада истодаанд. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ низ омилҳои зуҳур ёфтани буҳроне, ки ба монанди пандемияи коронавирус рух медиҳанд, ба номутавозинии иқтисодӣ, ҳамчун таназзул ва депрессия, оварда мерасонанд. Пас, таназзулро чашмдор будани ҷомеаи ҷаҳон аз рӯи мантиқ аст?

Дар таърихи афкори иқтисодӣ олимону муҳаққиқони равияи илми иқтисодшиносӣ дар бораи сабабҳо ва механизми давраҳои иқтисодӣ андешаҳои гуногун баён намудаанд. Томас Роберт Малтус муаллифи назарияе мебошад, ки тибқи он афзоиши назоратнашавандаи аҳолӣ ба гуруснагӣ оварда мерасонад. Ба ақидаи ӯ, афзоиши аҳолӣ дар шакли прогрессияи геометрӣ ва зиёдшавии воситаҳои рӯзгузаронӣ бошад, дар шакли прогрессияи арифметикӣ сурат мегирад. Ба ҳисоби миёна ҳар 25 сол, вақте ки шумораи аҳолӣ дар шароити мусоид ду баробар афзун мегардад, агар омилҳои дигари боздоранда мавҷуд набошанд, номувофиқатӣ боиси ба миён омадани суқути иҷтимоиву иқтисодӣ мегардад.

Пайравони равияи дигари илми назарияи иқтисодӣ бо роҳбарии К. Маркс зикр намудаанд, ки дар ҷомеаи капиталистии саноатӣ, ки дар он 3 — 4 фоизи аҳолии деҳот кишварро хӯронда метавонад, зиёд­шавии нисбии аҳолӣ — барзиёдии қувваи корӣ, ки бар асари мухолифатҳои ҷамъиятию иқтисодӣ ба миён меояд, аз ҷумла, бекорӣ, коҳишёбии талабот, ихтисор шудани ҷойҳои корӣ, табақабандии иҷтимоӣ, авҷ гирифтани инҳисорот, метавонад бе афзоиши аҳолӣ низ пайдо шавад.

Олими маъруф Николай Кондратиев консепсияеро тадқиқ ва таҳия намуд, ки то ҳол бисёр муҳаққиқон онро васеъ истифода мебаранд. Тибқи мушоҳидаҳои ӯ, дар динамикаи дарозмуддати баъзе аз нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ҷараёни муайяни даврӣ мушоҳида карда мешавад, ки дар давоми он марҳилаҳои афзоиши нишондиҳандаҳои мувофиқ бо марҳилаҳои пастравии нисбии онҳо бо давраи хоси ҷунбишҳои дарозмуддат тақрибан дар 50 сол иваз мегарданд. Ҳамчунин, Ҷозеф Шумпетер дар паҳн кардани ғояҳои Н. Кондратиев, ки яке аз муҳимтарин шаклҳои татбиқи принсипҳои истеҳсолоти саноатӣ мебошанд, саҳми асосӣ дошта, дар баробари давраҳои истеҳсолӣ, шуғли 7-11 — сола кашф намуд. Аксар муҳаққиқон тағйирёбии мавҷҳоро ба рушди шаклҳои технологӣ нисбат медиҳанд.

Бархе аз муҳаққиқон омори нодурусти муҳоҷиратро истифода бурда, механизмҳои худтанзимкунии шумораи инсониятро, ки гузариши демографиро ба вуҷуд меоранд, ба инобат нагирифтаанд. Лекин дар замони зиндагии онҳо чунин ҳолат танҳо дар шаҳрҳои калон, ки дар онҳо аҳолии кам зиндагӣ мекард, мушоҳида мегардид, ҳоло аҳолии сайёра тамоми минтақаро пурра, аз ҷумла кишварҳои рушдёбандаро низ, фаро гирифтааст. Ба андешаи олимон, зичии аз ҳад зиёди аҳолӣ, камбизоатӣ, таваллудшавии кам ва фавти зиёд, шароити барои зиндагӣ номусоид ҷазои табиат ба одамон барои афзоиши шиддатноки бе нақша мебошад. Онҳо чунин меҳисобиданд, ки на ҷамъшавии сармоя ва на пешрафти илму техника маҳдуд будани захираҳои табииро ҷуброн карда наметавонанд.

Воқеан, бо дарназардошти афкори олимону муҳаққиқон ва ҳодисаҳои гуногуни табиат, гуруснагӣ, хушксолӣ, бадбахтиҳои арзиву самоӣ, бозиҳои геополитикӣ, манфиатҷӯии бархе аз сиёсатмадорони ба манфиатҳои иқтисодию сиёсӣ рағбатдошта, ҷангу хунрезиҳо, ки дар таърих хеле зиёд буданд ва ҳоло низ идома доранд, хусусан муноқишаҳои геополитикии солҳои охир, сабабгори ҳодисаҳои ғайричашмдошт, аз ҷумла ҷанги биологӣ ва бемориҳои сироятӣ гардида, оламиёнро ба ташвиш овардааст. Мутаассифона, дар ҳазорсолаи сеюм, ки ҷаҳон ба арсаи баланди рушд расида, технологияҳои пешрафта барои тавсеаи истеҳсолот ва ташаккули сохтори нави технологӣ, нанотехнология ва робототехнология имкониятҳои васеъ фароҳам овардаанд, инсоният дар мубориза бо вабои аср оҷиз мондааст ва бемории сироятӣ яке аз омилҳои зиёд талаф ёфтани насли одам гардидааст.

Доман паҳн кардани беморӣ ба иқтисодиёти кишварҳо низ хисороти зиёд расонда, боиси гусаста шудани риштаҳои иқтисодӣ ва коҳиш ёфтани табодули молу маҳсулот гардидааст. Олимону коршиносони муосир пандемияи нави COVID — 19-ро ба буҳрони шадид, ки солҳои 30-юми асри XX рух дод, шабоҳат медиҳанд. Тибқи пешгӯиҳо, пандемияи коронавирус бо камбизоат гаштани тақрибан 500 миллион нафар одам дар ҷаҳон таҳдид мекунад, аз ин рӯ, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ин яке аз санҷишҳои вазнинтарини аср ба ҳисоб рафта, солҳои 2021-2022 эҳтимолияти сар задани ресессия, рукуди иқтисодӣ ва боздошти рушди босуръати иқтисодиёти ҷаҳонӣ вуҷуд дорад. Инчунин, оқибатҳои он, аз ҷумла талафоти инсонӣ ва тақдири тиҷорату савдои байналмилалӣ, ки дар кишварҳои аз пандемия зарардида мушоҳида мешаванд, барои давлатҳо аз ҳолати чашмдор ҷиддитар хоҳанд буд.

Ҷиҳатҳои норавшани ин хатари ҷиддӣ хеле зиёданд, вале дар сурати амалӣ шудани сенарияи ресессияи шадид иқтисодиёти ҷаҳонӣ боло рафтани сатҳи коҳишёбиро нишон медиҳад ва буҳрони иқтисодӣ нисбат ба буҳрони молиявии соли 2008 вазнинтар арзёбӣ мегардад. Пандемия метавонад як қатор кишварҳоро ба ҳолати он нишондодҳои камбизоатӣ, ки тақрибан се даҳсола пеш мушоҳида шуд, баргардонад ва сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар ҷаҳон аз нишондиҳандаи солҳои 1990 зиёдтар бошад. Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бузургтарин суқути иқтисодии ҷаҳонро пас аз депрессияи бузурги солҳои 1929 — 1933 пешгӯӣ мекунанд, ки оқибатҳои бадтарини иқтисодии бемории аср аз оқибатҳои буҳрони пас аз «Депрессияи бузург» вазнинтар хоҳанд буд ва ҳатто бо беҳтарин сенарияи соли 2021, танҳо қисман барқароршавии иқтисодиётро интизор шудан мумкин аст, аммо вазъ метавонад мушкил гашта, соли равон рушди иқтисодии ҷаҳон ба ҳолати манфӣ расад.

Ҳамчунин, интизор меравад, ки соли 2022 дар муҳити глобалӣ беҳбудии назаррас ба даст оварда мешавад ва рушди иқтисодӣ дар муқоиса ба соли 2020 — ум 5,8 дарсадро ташкил хоҳад дод. Бо вуҷуди ин, назорати ҷиддӣ, барқарор кардани фаъолиятҳои иқтисодӣ ва шарти иҷрои он нимаи дуюми соли равон пайдо мегардад. Тибқи пешгӯӣ, коҳишёбии ММД дар минтақаи Аврупо 7,5 фоиз, Олмон — 7 ва дар Италия 9,1 фоизро ташкил хоҳад дод. Соли 2021 иқтисоди минтақаи Аврупо метавонад 4,7 фоиз ва Олмон 5,2 фоиз рушд кунад. Соли равон коҳишёбии иқтисодиёти Россия  5,5 фоиз, Украина — 7,7 ва Беларус 6 фоиз пешбинӣ шудааст. Аммо дар аввали соли оянда, иқтисодиёти ин кишварҳо низ рӯ ба беҳбудӣ меоранд: ММД дар Россия ва Беларус 3,5 фоиз ва дар Украина 3,6 фоиз афзоиш хоҳад ёфт.

Гарчанде ки ҳоло бемории пандемия ба кишварҳои олам таъсири ҳамаҷониба расондааст, вале бояд ҳақиқати дарднокро қабул кард: айни замон ҷаҳон танҳо дар марҳилаи аввалини як қатор буҳронҳои оянда қарор дорад, ки бо ҳам алоқаманданд ва дар ҳама ҷо таъсири онҳо эҳсос мегардад. Марҳалаи аввал буҳрони низоми тандурустии ҷаҳон буд. Марҳалаи навбатӣ фалаҷ шудани иқтисодиёт мебошад.

Тибқи таҳлили созмонҳои байналмилалӣ, Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки кишвари пешсафи ҷаҳон ҳисобида мешавад, аз кишварҳои дигар бештар зарар мебинад. Рушди иқтисодиёти давлати калонтарини Осиё, тибқи пешгӯиҳо, соли ҷорӣ 4,9 фоизро ташкил мекунад. Ин нишондиҳанда аз нишондиҳандаи пешгӯишудаи аввала 5,7 фоиз камтар мебошад ва ба таври назаррас поён рафтани рушди иқтисодиёти Хитой метавонад ба таназзули иқтисоди ҷаҳон оварда расонад, зеро Хитой солҳои охир 35-40 фоизи иқтисодиёти ҷаҳонро ташкил мекунад. Агар рушди иқтисодии Хитой ба таври назаррас суст шавад ё ҳатто ба таназзул афтад, пас иқтисодиёти BRICS дар Бразилия ва Россия, ки дар ҳолати таназзул қарор доранд ва бисёр кишварҳои рӯ ба инкишоф низ ба онҳо пайравӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин, агар кишварҳои рӯ ба инкишоф ба ресессияи иқтисодӣ рӯ ба рӯ гарданд, танҳо иқтисодиёти кишварҳои пешрафта иқтисодиёти ҷаҳонро аз таназзул боздошта наметавонанд. Дар маҷмӯъ, вазъи иқтисодӣ барои кишварҳои рӯ ба инкишоф ва бозорҳои рушдёбанда мушкил ба назар мерасад, зеро савдои ҷаҳонӣ ба онҳо вобастагии зиёд дорад. Инчунин, дар семоҳаи охир суст шудани қурби пули миллии кишварҳои рӯ ба инкишоф ба кам ворид гардидани сармояи хусусӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар нимаи дуюми соли ҷорӣ сабаб мегардад.

Ҳамин тариқ, суст шудани иқтисодиёти кишварҳо метавонад боиси афзоиши мушкилоти хизматрасонӣ, додани қарзҳо, муфлисшавӣ дар бахши молиявӣ ва сармоягузорӣ гардад. Коҳиш ёфтани ҳаҷми маҷмӯи талаботи ҷаҳонӣ яке аз омилҳои асосии монеаэҷодкунандаи тавсеаи сармоягузорӣ мебошад. Сатҳи ноустувори сармоягузорӣ ба маҳсулнокии меҳнат ва музди меҳнат таъсир мерасонад, ки тамоюли коҳишёбӣ дорад. Дар натиҷа, дар шароити глобалӣ марҳалаи нави буҳрони молиявии ҷаҳонӣ иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба инкишофро суст мекунад ва ин вазъи иқтисодиёти ҷаҳонро бадтар мегардонад.

Барои афзоиш додани маҷмӯи талаботи ҷаҳонӣ, саъю кӯшиш ва ҳамгироии кишварҳои пешрафта ва давлатҳои рӯ ба инкишоф зарур аст. Бо мақсади барқарор намудани талаботи устувори ҷаҳонӣ ва самтҳои ояндаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ бояд нақшаи ҳамкорӣ барои ҳавасмандгардонии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъмини шуғли пурраи онҳо ба роҳ монда шавад, ки ин, пеш аз ҳама, барқароркунии маҷмӯи талаботи устувори ҷаҳонро тақозо мекунад. Алҳол, ки кишварҳои рӯ ба инкишоф дар вазъияти мураккаби иқтисодӣ қарор доранд, вазифа ва ташаббуси кишварҳои абарқудрати ҷаҳон дар ҳамоҳангсозии глобалӣ оид ба бартараф кардани мушкилоти марҳалаи нави буҳрони ҷаҳонӣ боз ҳам ҷиддитар арзёбӣ мегардад.

Аз таҳлилҳои зикргардида аён мегардад, ки сабабҳои асосии коҳиш ёфтани иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар айни замон инҳоянд: пастравии сатҳи истеҳсолот, коҳишёбии ҳаҷми савдои ҷаҳонӣ, кам гардидани ҳаҷми маҷмӯи талабот ва таъсири манфӣ ба соҳаи хизматрасонӣ.

Ҳоло иқтисодиёти ҷаҳон дар марҳалаи нави буҳрони молиявӣ қарор дорад, ки коҳишёбии онро бо давраи миёнамуҳлати Жугляр ва доираи 6-уми Н. Кондратиев муқоиса кардан мумкин аст. Марҳилаи нави буҳрони молиявии ҷаҳонӣ барои кишварҳои рӯ ба инкишоф, муаммоҳои устувории қурби доллар ба коҳиш ёфтани қурби асъори миллӣ, паст шудани нархи моли содиротӣ ва қарзи зиёди ҷамъшудаи кишварҳо алоқаманд аст.

Паст шудани суръати рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ якбора кам шудани маҷмӯи талаботи ҷаҳонӣ ва қатъ гардидани зинаҳои мавҷудаи тиҷоративу иқтисодиро ба миён овард, ки боиси кам шудани савдо гардид. Коҳишёбии савдои ҷаҳонӣ бошад, пеш аз ҳама, ба иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба инкишоф таҳдид мекунад ва соли равон савдои байналмилалӣ беш аз 13-32 фоиз коҳиш меёбад.

Раванди тӯлонии коҳишёбии маҷмӯи талаботи ҷаҳонӣ ба он вобаста аст, ки ҳиссаи музди меҳнат дар ММД-и кишварҳои пешрафта, инчунин кишварҳои рӯ ба инкишоф ихтисор шудааст, аз ин рӯ, даромади аксари мардум дар ҷаҳон кам гардид. То охири соли равон, кормандон метавонанд аз 860 миллиард то 3,4 триллион доллар даромадро аз даст диҳанд, ки дар натиҷа, қобилияти харидории аҳолӣ низ коҳиш меёбад. Бинобар ин, идомаи сиёсати ҷилавгирӣ аз афзоиши даромади меҳнат ва коҳиш додани хароҷоти давлатӣ вазъро бо нарасидани талабот ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар миқёси ҷаҳонӣ шиддатнок мегардонад.

Пастравии сатҳи истеҳсолот сабаби асосии бекорӣ дар ҷаҳон гардида, тақрибан 25 миллион нафар метавонанд ҷои корро аз даст диҳанд. Бо сабаби қисман аз фаъолият бозмондани корхонаҳо қобилияти корӣ ва вазъи иҷтимоии зиёда аз 2,7 миллиард нафар аҳолии қобили меҳнат дар ҷаҳон бад мегардад, ки онҳо 81 фоизи қувваи кориро ташкил медиҳанд. СБМ якчанд сенарияи таъсири пандемияро ба динамикаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонӣ таҳия намуд, ки мувофиқи он аз 5,3 то 24,7 миллион нафар бекор мемонанд. Барои муқоиса мисол овардан мумкин аст, ки дар давраи буҳрони ҷаҳонии солҳои 2008-2009 -ум 22 миллион нафар ҷои кор аз даст дода буданд. Ин ба соҳаи тиҷорат ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ зарба мезанад. Дар соҳаи истеҳсолот, аз 8,8 то 35 миллион нафар аҳолӣ ба камбизоатӣ дучор хоҳанд шуд.

Бояд қайд намуд, ки барои коҳиш додани таъсири коронавирус ба иқтисоди ҷаҳонӣ зарур аст, ки чораҳои воқеии иқтисодӣ андешида шаванд, чунки айни замон оқибатҳои камтарини он ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, маориф, тандурустӣ, мудофиа ва инфрасохтор низ таъсир расонида истодааст. Дар ду соли оянда талафоти иқтисодиёти ҷаҳон ба маблағи 5,5 триллион доллар мерасад, ки аз истеҳсоли солонаи мол ва хизматрасонӣ дар Ҷопон зиёдтар аст. Тибқи пешгӯиҳо, таназзул дер давом нахоҳад кард ва бо сатҳи ҳавасмандкунии молиявӣ ва фискалӣ, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то соли 2022 ба тамоюлоти пешазбуҳронӣ баргашта метавонад.

Соҳаи хизматрасонӣ аз эпидемияи сирояти коронавирус ва чораҳои мубориза бар зидди он бештар зарар дидааст, чунки коҳишёбии хароҷоти истеъмолӣ ба савдои чакана, фаъолияти тарабхонаҳо ва соҳаи ҳавопаймоӣ низ таъсири манфӣ расондааст. Ҳамчунин, дар соҳаи хизматрасонӣ бештар соҳаҳои савдо, нақлиёт, туризм, варзиш ва бахши хизматрасонии зеҳнӣ зарари зиёд диданд.

Коҳиш ёфтани фаъолнокии истеҳсолӣ боис ба он гардид, ки талабот ба нефт кам шуда, дар натиҷа, арзиши он поён рафт. Тибқи таҳлил, пастравии нарх ҳанӯз дар ҳоле оғоз гардид, ки кишварҳои ОПЕК+ дар хусуси кам кардани истеҳсоли нефт ба созиш омада натавонистанд.

Паҳншавии беморӣ ба фаъолияти сармоягузорон низ таъсири манфӣ расонд, ки сабаби паст рафтани нархи коғазҳои қиматнок дар бозорҳои молиявӣ гардид. Ҳамчунин, он сабабгори кам шудани даромаднокии вомбаргҳо гашта, фаъолияти сармоягузорон маъмулан ноустувор ва номуайян шудааст. Даромаднокии вомбаргҳои амрикоӣ моҳи гузашта аз 1 фоиз камтарро ташкил намуд, ки пештар чунин ҳолат мушоҳида нашуда буд. Даромаднокии вомбаргҳои 10-сола то сатҳи пасттарин поён фаромада, 0,3 фоизро ташкил намудааст.

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои калонтарини иқтисодиёти ҷаҳон ба ҳисоб рафта, даромади он то 5,7 триллион долларро ташкил мекунад. Дар ин соҳа қариб 319 миллион нафар одам ё тахминан 10 фоизи аҳолии коршоями сайёра фаъолият менамоянд. Илова бар ин, бисёр кишварҳо ба он ба сифати яке аз бахшҳои асосии рушд ва даромад вобастаанд. Аз ин рӯ, муаммои наҷоти бахши сайёҳӣ бо мақсади пешгирии суқути фалокатбор, ки то 75 миллион ҷойи кориро зери хатар гузоштааст, ташвишовар гардидааст. Ҳамин тавр, маҳдуд шудани соҳаи сайёҳӣ сабаби фаъолият накардани тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои ҳавоию нақлиётӣ гардид ва ба соҳа зарари калони молиявӣ расида, аз моҳи январи соли равон даромадро ба маблағи миллардҳо доллар аз даст додааст.

Ба ақидаи коршиносон, кумак расондан дар мубориза бо паҳншавии бемории COVID — 19 ва сабук кардани оқибатҳои манфии он ба кишварҳои рӯ ба инкишоф  бо пешниҳоди грантҳои молиявӣ  ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад буд. Бо ин мақсад СММ ва ЮНКТАД стратегияеро пешниҳод намуданд, ки аз чор зина иборат мебошад ва ба шарофати он андешидани чораҳои мушаххас аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ имконпазир хоҳад гашт. Нақшаи амалиёт аз ҷудо намудани маблағ аз ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор ба андозаи як триллион доллари ИМА барои дастгирии молиявии кишварҳои рӯ ба инкишофи дорои иқтисодиёти осебпазир, барҳам додани қарзи онҳо ба маблағи як триллион доллари ИМА дар соли 2020, назорати нигоҳдории низоми молиявӣ, пардохтнопазирии дороӣ ва пешгирии поён рафтани қурби асъор иборат мебошад.

Дар асоси таҳлилҳои зикршуда, ба хулоса омадан мумкин аст, ки умуман, ду восита вуҷуд дорад, ки тавассути онҳо садамоти COVID -19 фишори молиявиро ба кишварҳои рӯ ба инкишоф пурзӯр карда метавонанд.

Воситаи якум – фишор овардан ба буҷети давлатӣ бо сабаби сар задани буҳрон дар соҳаи тандурустӣ. Масофаи иҷтимоие, ки барои қатъи паҳншавии сироятёбӣ заруранд, аллакай боис ба бозистии иқтисодиёт дар аксар мамлакатҳои мутараққӣ ва рӯ ба инкишоф гардидааст ва якбораву ногаҳонӣ коҳиш ёфтани шуғли аҳолӣ мушоҳида мегардад. Дар ҳоле ки кишварҳои мутараққӣ барои дастгирии низоми ҳифзи иҷтимоӣ иқтидори маъмурӣ ва фазои молиявӣ доранд ва даромади хусусиро ҳимоя мекунанд, якбора кам шудани даромад дар кишварҳои мутараққӣ, дар баробари коҳиш ёфтани даромади буҷет, амри мутлақо ногузир мебошад. Фазои нисбатан маҳдуди молиявӣ ва низоми заифи тандурустӣ, имконияти давлатҳои рӯ ба инкишофро ба вокуниш маҳдуд сох-та, доираи хатарнок ва ноилоҷро ташкил мекунад, ки дар натиҷа ҳифзи иқтисодию иҷтимоии аҳолии он кишварҳо дучори талафоти зиёди инсонӣ ва молиявӣ мегардад. Бар замми ин, бо сабаби эҳтиёҷоти тезафзоянда ба воридоти молҳои махсусгардондашуда ва хизматрасонӣ, ҷиҳати раҳо ёфтан аз буҳрон дар соҳаи тандурустӣ эҳтимол меравад, ки маҳдудшавии тавозуни пардохтӣ шиддат ёбад.

Воситаи дуюм – савдои байналмилалӣ. Ҳатто пас аз баррасии масъалаи ҷорӣ намудани ҳавасмандкунии босамар дар ҳаҷми 1,4 триллион доллар дар кишварҳои дорои иқтисодиёти пешрафта боздошти рушд то соли 2020 рӯй медиҳад. Ин чунин маъно хоҳад дошт, ки талабот ба содирот дар кишварҳои дигари рӯ ба инкишоф бениҳоят кам мешавад. Коҳиш ёфтани ҳаҷми содирот бо сабаби якбора паст рафтани нархи шомили неру ва ашёи хом, ки мисли пешин аксарияти молҳои содиршавандаи кишварҳои рӯ ба инкишофро ташкил мекунанд, шиддат мегирад. Умуман, пешгӯӣ чунин аст, ки соли 2020 кишварҳои рӯ ба инкишоф дар умум (ба ғайр аз Хитой) тахминан 800 млрд. долларро дар шакли маблағи содиротӣ аз даст медиҳанд. Якбора коҳиш ёфтани воридоти асъории онҳо мушкилоти ба беқурбшавии асъор нисбат ба доллар вобастаро боз ҳам мураккаб мегардонад. Гарчанде ки воридот тибқи баъзе аз пешгӯиҳо, 575 млрд. доллар кам мешавад, поёнравии умумии тавозуни савдо тахминан дар ҳаҷми 225 млрд. доллар ба талаботи онҳо дар соҳаи рушд, дигаргуниҳои нақшавӣ ва қобилияти неруғункунӣ ба ҳаҷми истеҳсолот ва идома додани иҷрои уҳдадориҳои берунаи молиявӣ бетаъсир нахоҳад буд.

Соли 2020 иқтисодиёти ҷаҳон дар баробари аз даст додани триллионҳо доллари даромад дучори таназзул мегардад, ки он барои кишварҳои рӯ ба инкишоф мушкили зиёдро эҷод мекунад. Мутобиқи арзёбӣ, кишварҳои рушдёбанда тайи якчанд сол бо дефитсити молиявӣ дар ҳаҷми 2-3 триллион доллари ИМА дучор мегарданд. Пас аз се моҳи паҳншавии вирус аксар кишварҳои рушдёбанда аллакай оқибатҳои иқтисодии онро, ба монанди кам гаштани сармоя, беқурбшавии асъори миллӣ ва аз даст додани даромади содиротӣ, инчунин пастравии нархи ашё ва зарари аз боздоштани фаъолияти соҳаи сайёҳӣ бамиёномадаро эҳсос намуданд. Ҳамаи ин дар оянда бо миқёси калонтарин ба кишварҳои рушдёбанда таъсир расонда, ноил шуданро ба рушди устувор кашол медиҳанд. COVID — 19 метавонад дар аксари кишварҳо боис ба талафоти калони инсонӣ, молиявӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гардад. Лекин, вобаста ба ин, имконияти дубора баррасӣ намудани афзалиятҳо дар сиёсати фискалӣ ва иқтисодӣ, афзун намудани маблағгузорӣ ва беҳбуд бахшидан ба соҳаи тандурустию таъминоти иҷтимоӣ пайдо мешавад.

Ҳамин тариқ, пандемияи коронавирус дар ду соли наздик ба иқтисодиёти ҷаҳон зарар мерасонад. Тахминан ин коҳишёбӣ кӯтоҳмуддат хоҳад буд, лекин пас аз он ба иқтисодиёти ҷаҳон барои барқароршавӣ вақти зиёд лозим мешавад. Новобаста ба ҳавасмандгардонии монетарию фис­калӣ, ки кишварҳои тараққикарда амалӣ мекунанд, танҳо соли 2022 то ба ҳадди пешазбуҳронӣ расидани ММД-и ҷаҳонӣ, ба гумон аст.

Суол ба миён меояд, ки оқибати пандемияи коронавирус барои иқтисодиёти кишвар чӣ гуна хоҳад буд?

Сарфи назар аз душвориҳо, кишварҳо барои пешгирии таназзули иқтисодиёт ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани суръати рушди он чораҳои ҷиддӣ андешида истодаанд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон низ барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, суботи молиявӣ, дастгирии корхонаҳо, таҳким бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва зиёд намудани хароҷот ба соҳаи тандурустӣ ҳама имкониятро васеъ истифода бурда истодааст.

Мувофиқан, рушди иқтисоди миллӣ дар заминаи пандемия ва таъсири он ба муҳити микро ва макроиқтисодӣ, инчунин вазъи амнияти озуқаворӣ ва иқтисодии кишвар, тағйир ёфта, дар семоҳаи якуми соли 2020 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат 7,0 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизӣ кам мебошад ва суръати рушди соҳаҳои кишоварзӣ 1, 5 банди фоиз, сохтмон — 18,0, савдо — 3,1, гардиши бор — 1,9, хизматрасонии меҳмонхонаю тарабхонаҳо 2,3 банди фоиз коҳиш ёфтааст. Сатҳи таваррум (индекси нархҳои истеъмолӣ) моҳи марти соли 2020 назар ба моҳи феврали соли гузашта 1, 6 фоиз зиёд гардидааст. Айни замон, тибқи пешгӯиҳо, коҳиш ёфтани иқтисодиёт соли равон то 2 фоиз шудани касри умумии буҷет эҳтимол дорад.

Инчунин, дар баробари ҷой доштани омилҳои таъсиррасони дохилӣ, беруна, аз қабили паҳншавии пандемияи коронавирус дар як қатор давлатҳои шарики тиҷоратии ҷумҳурӣ, ки низоми савдо бо онҳо дар самти воридот ва содирот коҳиш ёфтааст, ба рушди нишондиҳандаҳои иқтисоди миллӣ таъсир расонда истодааст: аз ҷумла, баста шудани сарҳад бо давлатҳои асосии шарики тиҷоратии кишвар, ки низоми савдои хориҷӣ дар самти воридот ва содирот бо онҳо қатъ гардидааст (Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Италия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон), коҳиш ёфтани сармоягузории хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, бахусус хизматрасонии молиявӣ, алоқа, сохтмон, ҷустуҷӯӣ — геологӣ ва истихроҷ, истеҳсоли маҳсулоти нефтӣ ва газ ва соҳаи кишоварзӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва грантӣ дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ таъмин карда мешаванд (ҷамъ 87,6 фоиз таъмин гардида, 72,3 млн. сомонӣ ворид нагардидааст), кам гардидани даромади корхонаҳои азими давлатӣ бо сабаби дар сатҳи нокифоя фаъолият намудани онҳо ва дар бозори ҷаҳонӣ паст шудани нархи баъзе аз намудҳои моли ба содирот нигаронидашуда, паст шудани қобилияти андозсупории як қатор корхонаҳои соҳаи саноатӣ, коҳиш ёфтани мусофиркашонӣ боис ба кам гардидани маблағҳои ҳисобшуда ва пардохтшудаи фурудгоҳҳои байналмилалӣ, коҳиш ёфтани маблағҳои ҳисобшуда ва пардохтшудаи бонкҳо ва паст гардидани даромаднокии онҳо аз ҳисоби бад шудани вазъи молиявии қарзгирандагон ва кам шудани шумораи коргарон дар корхонаю ташкилотҳо дар бахши хизматрасонӣ.

Ҳамчунин, паҳншавии пандемияи коронавирус ба коҳишёбии интиқоли маблағҳо аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ, кам гардидани гардиши савдои хориҷӣ аз давлатҳои алоҳида, паст шудани қурби асъори миллӣ, коҳиш ёфтани хизматрасонӣ, пурра фаъолият накардани баъзе аз корхонаҳои саноатӣ ва бонкҳо, коҳиш ёфтани қобилияти харидории шаҳрвандон таъсир расонда, хатари зарари молиявӣ ба соҳаи иқтисодиёти кишвар ва дар маҷмӯъ, хавфи иҷро нагардидани нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2020 вуҷуд дорад.

Бояд зикр намуд, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии беморӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин барои таъмин намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо озуқаворӣ, воситаҳои ҳифзкунанда ва доруворӣ аз ҳисоби Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 11,3 млн. сомонӣ иловагӣ ҷудо карда шуд. Дар баробари ин, бо мақсади ҷалби маблағи иловагӣ ба соҳаи тандурустии кишвар 3 апрели соли 2020 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд Созишнома оид ба татбиқи «Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо вируси COVID-19 дар Тоҷикистон» ба маблағи 11,3 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонда шуд.

Адиби машҳур Муҳаммади Ҳиҷозӣ дар асари «Ҳазорсухан» нигоштааст: «Он қадар аз нури офтоб баҳра бояд гирифт, то он дар зулмоту сардиҳо ба мо кор диҳад». Ҳикмати ин гуфтаҳо борҳо дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардидааст. Сарвари давлат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти таъсири равандҳои геополитикӣ ҷомеаи кишварро таъкид намуда буданд, ки барои захира кардани ғизои аввалия, хусусан ғалла, барои ду сол кӯшиш кунанд. Ба хотири пешниҳоди бунёдӣ 75 ҳазор гектар замини обиро ба сокинон тақсим намуданд, ки то ҳол чун заминҳои «президентӣ» маъруфият доранд. Аммо каме каммасъулиятии солҳои охир ба он оварда расонд, ки аксари он заминҳо ба чарогоҳ табдил ёфта, бештаре аз истифодабарандагон беаҳамиятӣ зоҳир намуданд. Натиҷаи он ба истилоҳ, «сер» шудан ба он оварда расонд, ки ҳоло камбудии ғалла ва гароншавии орд бинобар паҳн шудани бемории коронавирус эҳсос гардид. Яъне, на ҳар хонавода захираи ғалларо таъмин карда тавонист. Яке аз омилҳои боло рафтани нархи орд низ ба ин вобастагии калон дорад. Мардуми кишвар ҳар сол зиёда аз 1 миллион тонна ғалла истеъмол мекунад, 60 фоизи он истеҳсоли дохилӣ буда, 40 фоиз ворид карда мешавад ва айни замон имкони таъмини пурраи аҳолӣ бо ин ғизои аввалия нест. Ба ҷумҳурӣ ғалла бештар аз Қазоқистон ворид мегардад ва ин ҳамсоякишвар низ айни ҳол содироти ғалларо ба дигар кишварҳо муваққатан манъ намудааст.

Ҷумҳурӣ дар истеҳсоли пахта дар минтақа пас аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойи дуюмро ишғол мекунад ва ҳар сол то 350 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда мешавад, аммо моҳҳои октябр — ноябри соли гузашта нархи он дар биржаи ҷаҳонӣ коҳиш ёфт. Бо таъсири беморӣ ҳамон нархи арзон ҳам, ки 1527 доллар барои ҳар тонна буд, то 1210 доллар поён рафт. Мутаассифона, на ҳар хоҷагии деҳқонӣ тавонист маҳсулотро ба бозор барорад. Гузашта аз ин, дар мавсими нави кишт деҳқонон бо рӯҳияи начандон болида ба кишоварзӣ даст заданд. Зеро гарон шудани нархи нуриҳои минералӣ, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад, хароҷотро зиёд кард. Агар пештар як халта нурии минералӣ 130 – 150 сомонӣ арзиш дошта бошад, ҳоло нархи он ба 170 – 200 сомонӣ расидааст. Биноан, бо мақсади дастгирии маҳсулоти истеҳсолкунандаи ватанӣ тақвияти коргоҳҳои истеҳсолӣ, хоса саноати сабук, истифодаи матои пахтагин ва эҳёи хонакорӣ бо ҷалби занону бонувон ҳам барои фароҳам овардани ҷойи корӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли моли ватанӣ ба манфиат аст.

Мамлакат, ки бо истеҳсол ва нигаҳдории меваи шаҳдбор дар минтақа ном баровардааст, ҳар сол то 100 ҳазор тоннаи онро ба хориҷи кишвар содирот менамояд. Имсол бошад, соҳа ба мушкилӣ рӯ ба рӯ гардида истодааст, зеро баста шудани роҳҳо имконият намедиҳад, ки захираҳои мавҷуда интиқол ёбанд. Дар натиҷа, ҳаҷми содирот коҳиш меёбад. Гузашта аз ин, сард омадани ҳаво дар миёнаи моҳи апрел ба боғоти зиёди минтақаи Зарафшон ва водии Фарғона зарари калон расонд. Ин омил низ дар рушди соҳа бетаъсир нахоҳад буд. Деҳқонони чашмикордон бо вуҷуди 162 ҳазор тоннаю 578 килограмм зиёд истеҳсол кардани картошка натавонистанд кишварро бо нони дуюм таъмин кунанд. Якбора то 15 сомонӣ расидани нархи он бори дигар собит сохт, ки ҳанӯз картошкапарварӣ дар ҳаҷми зарурии талаботи мардум ба роҳ монда нашудааст. Дар натиҷаи воридоти беш аз 80 ҳазор тонна картошка ба ҷумҳурӣ ва ташкил кардани кишти барвақтии он ҳоло нархи он каме ба эътидол омада истодааст ва баҳри иҷрои супориши Роҳбари давлат оид ба таъмин намудани ҳадафи стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ, зиёд намудани майдони кишти картошка, босамар истифода бурдани замин, рӯёнидани се — чор ҳосил аз замин, таъминот бо тухмии хушсифат ва сафарбар намудани кишоварзон барои дар муҳлати муносиб анҷом додани кишт чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Инҳо омилҳои калидие ҳастанд, ки ба носозгории иқтисодиёт таъсир мерасонанд. Бинобар ин, таҳлили масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ айни замон барои кишвар масъалаи муҳими ҳалталаб ба ҳисоб меравад, чунки вобастагии коҳиши амнияти озуқаворӣ афзоиши бекорӣ ва баланд гардидани сатҳи камбизоатиро асоснок месозад.

Ғайр аз ин, ҷумҳурӣ аз ҷиҳати захираи канданиҳои фоиданок дар Осиё дар сафи пеш ҷой гирифтааст. Дар вилояти Суғд зиёда аз 214 кони бойтарини захираи табиӣ мавҷуд аст. Бо сабаби пурра фаъолият накардани корхонаҳои муштарак дар ин самт ва баста шудани роҳҳо ба буҷети кишвар зарари молиявӣ расида истодааст.

Сайёҳӣ низ, ки яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти миллӣ мебошад маълум гардид, ки бо таъсири эпидемияи коронавирус аз ҳама осебпазир гаштааст. Тавре медонем, дар баробари эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», соли гузаш­та наздики як миллион сайёҳ ба кишвар омада буданд. Имсол вазъи соҳа ташвишовар гаштааст. Тибқи тадқиқоти соли 2019 анҷомдодашуда, рушди сайёҳӣ назар ба соли пешин 20 фоиз бештар гардидааст. Дар ин радиф бояд талошҳоро барои наҷот додани ширкатҳои сайёҳии кишвар, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои технологӣ, агентиҳои сайёҳӣ, тарабхонаҳо, кормандони мустақили сайёҳӣ ва дигар зинаҳо ба хотири нигоҳ доштани садҳо ҷойи кор, ки ба бахши сайёҳӣ ҳамчун манбаи воситаи зиндагӣ вобастаанд, ҳамоҳанг сохт.

Дар вазъияти бамиёномада бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, мусоидат ба рушди содирот, рақобатпазир гардондани молу маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ оид ба татбиқи чораҳои зиддибуҳронӣ, дар маҷмӯъ, Ҳукумати кишвар якчанд бастаро баҳри дастгирии иқтисодиёти миллӣ татбиқ намуда истодааст. Маҷмӯи аввали чораҳо ба пешниҳоди намудҳои мухталифи батаъхирандозии пардохтҳо, андоз, қарз, мавқуф гузоштани иҷораи амвол, инчунин мутобиқсозии қонунгузорӣ оид ба кор дар шароити кунунӣ нигаронида шуд. Маҷмӯи дувум ба пешниҳоди чораҳои дастгирии молиявӣ ва тавсеаи барномаҳои қарзии қабулшуда равона гардидааст. Ҳамин тариқ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пандемия ба иқтисодиёти миллӣ таъсири мустақим ва ғайримустақим дорад. Ба он коҳишёбии гардиши савдо, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, соҳаи хизматрасонӣ, ки боиси афзоиши бекорӣ мегарданд, бештар вобастагӣ доранд. Сабабҳое, ки таъсири мустақим доранд, коҳиш ёфтани даромади хонаводаҳо ва кам гардидани қобилияти пардохтпазирии аҳолиро дар бар мегиранд. Омилҳои бавосита дар афзоиши пардохтҳои иҷтимоӣ, кам шудани андозҳо ва пур нагардидани қисми даромади буҷет вобаста мебошад.

Бинобар ин, Ҳукумати кишвар айни замон чораҳои фавриро барои қонеъ намудани талаботи маблағгузории тавозуни пардохт ва буҷет, пешгирӣ намудани номуътадилии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, нигоҳ доштани имкониятҳои буҷет баҳри хароҷоти зарурӣ ба соҳаи тандурустӣ ва талаботи иҷтимоӣ равона намудааст.

Мушоҳида мегардад, ки ҳатто кишварҳои абарқудрати олам натавонистанд гирифторшавии шаҳрвандонро ба коронавирус пешгирӣ кунанд. Вазъи баамаломада ҳушдор медиҳад, ки ба саломатии худ, аҳли оила диққати аввалиндараҷа дода, тадбирҳои беҳдоштӣ ва тозагиву озодагиро дар хона, корхона ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ қатъиян риоя намоем. Ба тарсу ҳарос ва таҳлука роҳ надода, ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунем. Дар вазъияти кунунӣ бояд ҳисси баланди ватандӯстӣ, нангу номус ва меҳру шафқат нишон дода, дар атрофи Роҳбари давлат муттаҳид бошем. Дар он сурат итминон комил мегардад, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин таҳти роҳнамоии Пешвои миллат, амалҳои неку хирадмандонаи мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба COVID — 19 пирӯз хоҳем шуд.

Гулбаҳор НАЗИРӢ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ