Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Вазъи риояи қонунгузории замин нигаронкунанда боқӣ мемонад

№35 - 36 (3985 - 3986) 02.04.2019

Дар робита ба он мақомоти прокуратура соли гузашта 1085 парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудаанд

DSC_9486Бисту нуҳуми марти соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, аз 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 30 нафар, аз ҷумла муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович, ки тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 марти соли 2019 аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо овоздиҳии пинҳонӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, ба қайд гирифта, ваколаташон тасдиқ шудааст, дар толор иштирок доранд.

Дар ин робита, муҳтарам Файзов Ёдгор Доёровичро самимона шодбош намуда, боварӣ изҳор менамоем, ки дар такмилу таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ баҳри рушди бемайлони Ватани азизамон саҳми босазо хоҳанд гузошт.

Баҳри бори дигар дақиқ намудани шумораи иштирокдорон аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред.

Мар­ҳамат.

Дар толор 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.

Дар Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон даъвати панҷум Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқти­содӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва на­мо­яндагони восита­ҳои ахбо­ри омма иштирок доранд.

Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон мена­моям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки шумора ва ҳайати котиботи Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷумро баррасӣ ва қабул намоем. Лоиҳаи қарор оид ба масъалаи зикршуда ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбат ба лоиҳа таклифҳои дигар бошанд, марҳамат, изҳор намоед. Бо дарназардошти пешниҳоди баёнгардида, лои­ҳаи Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемо­нам ва хоҳиш менамоям мавқеи хешро муайян созед.

Қарор қабул гардид.

Аз ҳайати котибот — раиси он муҳтарам Файзуллозода Зафар Хайрулло, аъзои он муҳтарам Раҳмонова Наргис Шарифовна ва Имомназар Хоҷаназар Лутфулло эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ҷойҳои муқарраргардидаи худро ишғол намоянд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Зарур аст рӯзномаи Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро тасдиқ намоем.

Лоиҳаи қарор дар ин хусус иборат аз масъалаҳое, ки мавриди баррасии ҷаласаи Шӯрои Маҷ­лиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, манзури шумо гардидааст. Нисбат ба онҳо пешниҳоду таклифҳои иловагӣ бошанд, марҳамат, изҳор намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи рӯз­но­маи Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» бо фарогирии масъалаҳои зерин ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид:

1. Савгандёдкунии узви навинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Файзов Ёдгор Доёрович)

2. Дар бораи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Файзов Ё. Д.

3. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикис­тон «Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ»

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи иттилоотонӣ»

12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»

15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»

18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»

19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»

20. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соли 2019» аз 17 январи соли 2019, №710»

21. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Гулзор М. М.»

22. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз­хонд намудани Ашурзода А. А.»

23. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бобозода М. Д.»

24. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Бобоҷонзода А. А.»

25. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Салимзода Ю. С.»

26. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Муминзода Қ. Қ.»

27. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Наимзода Б. Р.»

28. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҳимзода Х. А.»

29. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Маҳмудзода М. А.»

30. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ашурзода А. А.»

31. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани раиси Куми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Гулмаҳмадзода Д. Қ. бо «Ифтихорномаи Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

32. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Д. Қ.»

33. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­ли­­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология бозхонд намудани Гулмаҳмадзода Д. Қ.».

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Дар асоси моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 21 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллӣ баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ дар вазъияти ботантана, ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад.

Барои ба халқи Тоҷикистон савганд ёд кардан сухан ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович дода мешавад.

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Файзов Ёдгор Доёрович ба халқи Тоҷикис­тон савганд ёд кард.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи муқаррароти моддаи 53 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Аз ин лиҳоз, тибқи моддаҳои 24 ва 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», моддаҳои 4 ва 6 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Файзов Ёдгор Доёровичро барои интихоб намудан ба вазифаи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям.

Аксарияти шумо Ёдгор Файзовро хуб мешиносед. Соҳиби маълумоти олӣ буда, фаъолиятро дар Раёсати кишоварзии вилоят оғоз намуда, корманди масъули комсомол ва дигар соҳаҳо буданд. Тӯли чанд соли охир вазифаи менеҷери Фонди Оғохон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда доштанд.

Чанде пеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Файзов Ёдгор Доёровичро иҷрокунандаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин намуданд. Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ фармони мазкур тасдиқ ва Файзов Ёдгор Доёрович раиси ВМКБ таъин гардиданд.

Бо итминон изҳор медорам, ки Файзов Ёдгор Доёрович дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар ВМКБ саҳм мегузоранд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Файзов Ёдгор Доёрович» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович, шуморо ба муносибати муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб шуданатон самимона табрик гуфта, эҳтиромона хоҳиш менамоям ба ҷойи кори муқарраргардида марҳамат намоед!

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дода меша­вад. ­Мар­ҳамат.

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Мақомоти прокуратура соли 2018 фаъолиятро дар асоси Конститутсия, қонунҳо, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд корҳои муайянеро ба сомон расонид.

Аз ҷумла, ба интихоб, ҷобаҷогузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандон аҳамияти ҷиддӣ дода шуд. 24 нафар мутахассиси ҷавон ба мақомот ба кор қабул, 146 нафар бо рутбаҳои дараҷавии навбатӣ сарфароз ва 269 нафар корманд ҳавасманд гардонида шуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбӣ 416 нафар ба машғулиятҳо ва 179 нафар ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб гардиданд. Дар хориҷи кишвар 80 нафар дар семинарҳо, конфронсҳо ва курсҳои такмили ихтисос ширкат варзиданд.

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъминоти моддӣ — техникии мақомот ва шароити иҷтимоии кормандон хеле беҳтар гардид. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд барои кормандон бинои истироҳатгоҳ ба истифода дода шуд. Айни ҳол барои дастгоҳи Прокуратураи генералӣ бинои иловагии маъмурӣ ва барои прокуратураҳои ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Муъминобод, Сино ва Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомот биноҳои нави маъмурӣ бунёд шуда истодаанд.

Соли гузашта 18 адад автомашинаи сабукрави хизматӣ, се автомашинаи криминалистӣ, 100 адад компютер ва 41 адад ҷомадони тафтишотӣ харидорӣ ва ба прокуророн дастрас карда шуд.

Нақши Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баланд бардошта шуда, дар ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 295 ҷаласаи шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ баргузор ва дар онҳо масъалаҳои мубрами мубориза бо ҷинояткорӣ, аз қабили экстремизм ва терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи молу маҳсулот ва қайди ҷиноятҳо баррасӣ гардида, қарорҳо қабул ва амалӣ карда шуданд.

Бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 72 ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи прокуратура баргузор гардид, ки дар онҳо масъалаҳои муҳими мубориза бо ҷинояткорӣ, инчунин вазъи қонуният дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт мавриди баррасӣ ва чораҷӯйӣ қарор гирифтанд. Бо мақсади пешгирии қонунвайронкунӣ дар самти назорати умумӣ Барномаи низоми муқовимат бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ қабул ва иҷрои он таъмин карда шуд.

Вобаста ба иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо аз тарафи прокуророн 5197 санҷиш гузаронида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоргардида 21 788 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ ва аз натиҷаи баррасии онҳо 33 144 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 2758 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Бо дахолати прокуророн 563 млн. сомонӣ зарар барқарор гардид, ки нисбат ба соли 2017-ум 58 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Вобаста ба таъмини риояи қонунгузории замин 2504 санади эътиноӣ татбиқ, 3 450 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида, 1 085 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 22 928 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Зимни санҷишҳо оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ қонунвайронкуниҳо ошкор, баҳри бартараф намудани онҳо 2 221 санади эътиноӣ татбиқ ва 1010 шахси масъул ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда, 138 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 275 млн. сомонӣ маблағи зарар ба буҷет барқарор карда шуд.

Инчунин, 2416 муроҷиати ба мақомоти прокуратура воридшудаи шахсони воқеию ҳуқуқӣ қонеъ карда, барои вайрон намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар ин самт 22 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Чунончи, котиби Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов Саримсоқов А. К. 30 адад, раиси Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент Абдуллоев П. А. 66 адад, муҳандис — заминсози ин ҷамоат Қодиров М. 50 адад муроҷиати шаҳрвандонро бе баррасӣ монда, барои ин кирдор бо ҳукми судӣ маҳкум гардиданд.

Дар раванди назорат ба риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» 326 қонунвайронкунӣ ошкор, нисбат ба шахсони гунаҳгор 104 парвандаи ҷиноятӣ, 222 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва фаъолияти 15 нуқтаи ғайриқонунии мубодилаи асъор қатъ карда шуд.

Ҷиҳати бартараф кардани вайронкунии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 281 пешниҳод, 124 амр ирсол карда, бо санадҳои прокурорӣ 393 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида, нисбат ба 446 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.

Зимни санҷишҳои вазъи риояи қонунгузорӣ дар самти таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ ҳолатҳои зиёди ба фурӯш баровардани маҳсулоти бесифат ва муҳлати истифодааш гузашта, вайронкунии қоидаҳои санитарӣ ва аз муоинаи тиббӣ нагузаштани фурӯшандагони маҳсулоти хӯрок­ворӣ ошкор карда шуд. Нисбат ба 100 корманди кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо барои бе гузаштан аз муоинаи тиббӣ ва бе дафтарчаи санитарӣ фаъолият намудан ҷавобгарии маъмурӣ татбиқ карда шуд. Баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар ин самт 138 пешниҳод, 107 амр ва 38 эътироз оварда, 1863 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 158 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.

Ҳолати паҳнкунии бемориҳои сирояткунанда, бахусус вируси норасоии масунияти одам, ошкор, нисбат ба шахсони гунаҳгор 27 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 277 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.

Пардохти саривақтии музди меҳнат таҳти назорати доимӣ қарор гирифта, бо натиҷаи 158 санҷиши прокурорӣ 805 санади эътиноӣ татбиқ ва 320 нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ ва маъмурӣ кашида, 14 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 108 млн. сомонӣ музди меҳнат пардохта шуд.

Ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ диққати хоса дода, бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ 35 млн сомонӣ маблағи истифодаи он барқарор карда шуд. Ҳолатҳои дуздӣ, исрофкорӣ ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва маб­лағҳои аз фурӯши он бадастомада ошкор карда, аз ҷумла 22 корманди шабакаҳои барқӣ бинобар даст дош­тан ба ин ҷиноятҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Дар рафти санҷиши вазъи иҷрои қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва сарватҳои зеризаминӣ ҳолатҳои насупоридани пардохтҳои экологӣ, расонидани зарар ба табиат, азонихудкунии маблағҳо ва дигар қонунвайронкуниҳо ошкор карда, оид ба ин ҳолатҳо 1697 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ ва 56 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 3,3 млн. сомонӣ зарар барқарор карда шуд.

Дар рафти санҷишҳои прокурорӣ дар соҳаи истифодабарии оби ошомиданӣ камбудиву қонуншиканиҳо, аз қабили бе иҷозати дахлдор васл шудан ба қубурҳои обгузар, мавҷудияти қарзи зиёди ҳаққи истифодаи об, тасарруф ва азонихудкунии маблағҳои соҳа, сари вақт таъмир ва азнавсозӣ нашудани хатҳои интиқоли об, таъмин накардани истеъмолкунандагон бо таҷҳизоти баҳисобгирии об ва ғайра ошкор карда шуд. Аз натиҷаи санҷишҳо дар ин самт 305 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ, 230 нафар ба ҷавобгариҳои моддӣ, маъмурӣ ва интизомӣ кашида, 7 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 2,8 млн. сомонӣ зарар барқарор карда шуд.

Соли 2018 миқдори санҷишҳои фаъолияти субъектони хоҷагидор як маротиба кам шуда, аз 186 757 ба 97 132 адад расид. Дар баробари ин, ҳолатҳои гузаронидани санҷишҳои ғайринақшавӣ ва такрорӣ аз байн нарафта, аз ҷониби баъзе аз мақомоти санҷишӣ ҳолатҳои алоҳидаи риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ҷой доранд. Чунончи, мутахассиси Раёсати омор дар вилояти Хатлон Азизов Р. З. 21 майи соли 2018 фаъолияти кооперативи матлуботи «Шукрона»-и ноҳияи Фархорро, ки ба Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ шомил мебошад, ғайриқонунӣ мавриди санҷиш қарор додааст.

Баҳри бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳо дар ин самт 73 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ карда, 31 нафар ба ҷавобгариҳои маъмурию интизомӣ ва 2 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.

Дар самти қонунгузорӣ вобаста ба рушди сайёҳӣ қонунвайронкуниҳои гуногун, аз қабили истифодаи нодурусти захираҳои сайёҳӣ, сатҳи начандон хуби хизматрасонӣ, таҷдиди нокифояи инфрасохтори туризм, ҳифз нагардидани объект­ҳои табиӣ ва фарҳангии дорои аҳамияти туристӣ ва ғайра ошкор, ҷиҳати бартараф намудани онҳо 45 санади эътиноии прокурорӣ тат­биқ ва 7 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар рафти санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳои саркашӣ намудан аз пардохти андозҳо ба маблағи калон ошкор гардида, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд. Масалан, соҳибкори инфиродӣ Раҷабов Фируз 2,1 млн. сомонӣ ва роҳбари ширкати хусусӣ Холов М.,  4,4 млн. сомонӣ маблағи андозро пинҳон намуда, барои ин кирдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Дар маҷмӯъ, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар ин самт 3180 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ, 2730 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида, 73 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 257 млн. сомонӣ маблағи қарзи андоз ба буҷет барқарор карда шуда, баҳри рӯёнидани бақияпулиҳои андоз ба судҳо 68 аризаи даъвогӣ ба маблағи 24 млн. сомонӣ пешниҳод гардид.

Аз натиҷаи санҷишҳои иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук 671 амр, 425 пешниҳод, 535 эътироз оварда, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ 2500 нафар ба ҷавобгарии гуногун кашида, 157 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 4,8 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва дигар зарарҳо барқарор карда шуд. Бо ҷалби кормандони мақомоти гумрук 2135 ҳолати қочоқи молу маҳсулот ба маблағи 12 млн. сомонӣ ошкор, 2 000 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 18 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Бо дарназардошти зиёд будани ҳолатҳои қочоқи маҳсулоти пастсифат вазъи иҷрои қонунгузорӣ дар ин самт 3 декабри соли 2018 дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин роҳбарони мақомоти назоратии соҳа баррасӣ карда шуда, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар самти назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, сифати таълиму тарбия ва сарфи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар муассисаҳои соҳаи маориф аҳамияти хоса дода, ба натиҷаи онҳо тадбирҳои дахлдор андешида шуданд. Баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар ин самт 2642 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ карда, аз натиҷаи баррасии онҳо 3 221 нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ кашида, 2638 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 381 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва зарар ба маблағи 44,7 млн. сомонӣ барқарор карда шуд.

Ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳти назорати доимӣ қарор дошта, барои вайрон кардани талаботи он 2815 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ ҷалб ва 173 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ 21 957 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2017 — ум 0,3 фоиз кам мебошад. Содиршавии ҷиноятҳо дар вилояти Суғд 6,5 фоиз, ноҳияҳои Варзоб — 15,4, Нуробод — 15,7 ва Тоҷикобод 9,3 фоиз зиёд шудааст. Мақомоти прокуратура дар ин давра 6 928 ё 31,5 фоизи шумораи умумии ҷиноятҳоро ошкор ва ба қайд гузоштааст.

Ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ба монанди одамкушӣ 20,3 фоиз, таҷовуз ба номус — 20,7, роҳзанӣ — 12 ва авбошӣ 11,4 фоиз камтар содир шудаанд.

Вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 9,4 фоиз кам ҷиноят содир шуда, 3,6 тонна маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардидааст.

Инчунин, бо истифодаи силоҳи оташфишон 55 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба соли 2017-ум 5 адад камтар мебошад.

Мақомоти тафтишотии ҷумҳурӣ дар рафти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ 492 млн. сомонӣ зарари ошкоршударо барқарор намуданд.

Ҳамчунин, аз ҷониби муфаттишони прокуратура як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнини мавриди таваҷҷуҳи омма қарордошта тафтиш карда шуданд. Чунончи, амали мудҳиши террористӣ-ҳамла ва куштори сайёҳони хориҷӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб мавриди тафтиши пурра ва ҳамаҷониба қарор гирифта, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол ва шахсони гунаҳгор маҳкум карда шуданд.

Дар натиҷаи корҳои тарғиботию ташвиқотӣ сатҳи ҷинояткории хусусияти экстремистию террористидошта нисбат ба соли 2017 –ум 29 фоиз камтар шудааст.

Ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ таҳти назорати доимӣ қарор дошта, дар ин самт 480 қонунвайронкунӣ ошкор ва гунаҳкорон мавриди таъқиби маъмурӣ қарор дода шуданд. Ҷиҳати бартараф намудани камбудиву қонунвайронкуниҳои дар ин самт ҷойдошта унвонии мақомоти ваколатдор 25 пешниҳод ирсол карда шуд.

Дар раванди назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ прокуророн айбдоркунии давлатиро дастгирӣ намуда, дар баррасии 2161 парвандаи гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурӣ иштирок намуданд.

Ба судҳои умумӣ ва иқтисодӣ ба манфиати давлат ва ҷамъият 783 даъво ба маблағи 263 млн. сомонӣ пешниҳод карда шудааст. Бо ин даъвоҳо аз ҷониби судҳо 663 даъво ба маблағи 250 млн. сомонӣ қонеъ гардида, 117 млн. сомонӣ рӯёнида шудааст.

Ҳолати иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мавриди санҷиш қарор дода, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 510 санади эътиноии прокурорӣ оварда, 122 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.

Дар раванди назорат ба риояи қонунҳо ва оинномаҳои ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии дигар 2137 санади эътиноӣ татбиқ ва бо натиҷаи баррасии онҳо 1239 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 158 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 7,4 млн. сомонӣ зарари расонида барқарор карда шуд.

Бо мақсади густариш додани ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати мубориза ба муқобили ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ, инчунин ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷӣ, тадбирҳои зарурӣ андешида шуд. Бо прокуратураҳои ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Озарбойҷон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, лоиҳаи созишномаҳо бо кишварҳои Малайзия, Швейтсария, Япония, Британияи Кабир, Словакия, Чехия ва Миср таҳия ва ба ин кишварҳо барои мувофиқа ирсол гардиданд.

20 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва вохӯрии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай гузаронида шуд, ки дар онҳо прокуророни генералии 15 давлат ва роҳбарони 6 созмони бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуданд.

Кормандони прокуратура вобаста ба шарҳи мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ва пешгирии экстремизму терроризм дар байни коллективҳои меҳнатӣ, маҳалли зисти аҳолӣ ва қисмҳои ҳарбӣ 11461 вохӯрию суҳбат гузаронида, тавассути воситаҳои ахбори омма 2895 маротиба (аз тариқи матбуот 818, телевизион 1163 ва радио 659 маротиба) баромад намудаанд.

Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мақомоти прокуратура ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат фаъолиятро минбаъд ҳам хубтар ба роҳ мемонад.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озо­диҳои инсон, шаҳрванд ва қону­ният муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Аз ҷониби Прокурори генералӣ, ҳамчун шахси ҳисоботдиҳанда дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллӣ, Ҳисобот дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар соли 2018 пешниҳод гардид.

Бо дарназардошти Дастури Маҷлиси миллӣ, кумита ҳисоботи прокурори генералиро мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, баҳодиҳии фаъолияти мақомотро анҷом дод. Аз ҳисобот бармеояд, ки соли 2018 мақомоти прокуратура баҳри таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, мубориза бо ҷинояткорӣ, назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба меҳнат, маориф, тандурустӣ, ҷашну маросим ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

Баъди таҳлили ҳисоботи пешниҳодшуда, кумита фаъолияти мақомотро дар соли 2018 дар маҷмӯъ мусбат арзёбӣ менамояд.

Дар баробари ин, ҷиҳати боз ҳам самаранок намудани фаъолияти мақомоти прокуратура кор дар баъзе аз самтҳо бояд тақвият дода шуда, барои боз ҳам беҳтар кардани риояи қонунҳо чораҳои иловагӣ андешида шаванд. Аз ҷумла:

1. Таҳлил нишон медиҳад, ки қонуншиканӣ дар самти истифодаи замин тамоюли афзоиш дошта, соли 2018 тақрибан 700 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо эътирози прокурорӣ бекор карда шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори мақомоти прокуратура Раёсати алоҳида дар самти назорати қонунгузории замин бо 50 воҳиди корӣ таъсис дода шуд. Аз ин лиҳоз, ба Прокуратураи генералӣ зарур аст, ки дар соҳаи истифодаи замин корҳои пешгирикунандаро низ пурзӯр намояд.

2. То ҳол назорати низоми бонкӣ ба беҳбудӣ ниёз дорад. Аз маълумоти таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки ҳанӯз дар қисмати таъминот ва қабули гарав камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Аз ҷумла, аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои қарзӣ амволи гарав барқасд бо арзиши гарон нархгузорӣ ва қабул карда мешавад. Ин ҳолат ба мушкилситон шудани маблағи қарз ва зиёд шудани сандуқи воситаҳои ғайрифаъоли бонкҳо шароит фароҳам оварда, ба манфиати давлат зарари ҷиддӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки назорати прокурорӣ дар ин самт ҷоннок карда шавад.

3. Ёдовар мешавем, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019–2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Бинобар ин, зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи босамари иқдомҳои Пешвои миллат фаъолияти мақомот тақвият дода шавад. Аз ҷумла, бо мақсади пешгирии қонунвайронкуниҳо ва дигар кирдорҳои иснодоваранда, ки ба рушди сайёҳӣ монеа эҷод менамоянд, зарур аст, ки назорати прокурорӣ аз болои фаъолияти кормандони гумрук, сарҳад ва дигар мақомот дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳо пурзӯр карда шавад.

4. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Прокуратураи генералӣ бояд назорати прокурориро дар самти риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», инчунин Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» тақвият диҳад.

5. Соли сипаришуда нисбат ба мақомоти прокуратура вобаста ба пурзӯр кардани назорати прокурорӣ дар самти пешгирӣ намудани воридшавии молу маҳсулоти пастсифат, бахусус гӯшт ва маҳсулоти гӯштии бесифат, эрод гирифта шуд. Масъалаи мазкур аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ мунтазам пайгирӣ ва таъкид карда мешавад. Сарфи назар аз ин, ҳолатҳои тавассути сарҳади гумрукӣ ба бозорҳои ҷумҳурӣ роҳ ёфтани маҳсулоти пастсифат ва хатарнок то ҳол ҷой дорад. Бинобар ин, зарур аст, ки назорати прокурорӣ дар ин самт боз ҳам тақвият бахшида шавад.

6. Мақомоти прокуратура дар самти таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бахусус пешгирии ҳолатҳои шиканҷа, назорати иҷрои қонунҳо ва пешгирии қонуншиканиро аз тарафи мақомоти тафтишот ва оперативию ҷустуҷӯӣ пурзӯр намояд.

7. Назорати риоя ва иҷрои қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятиро дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҷоннок намояд.

8. Дар қатори дигар мақомоти масъул, дар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа фаъолона иштирок намояд.

9. Санҷиши ногаҳонии гурӯҳҳои кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки то ҳол қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони аввали мақомоти давлатӣ ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таври дахлдор ба роҳ монда нашудааст. Санҷиш нишон дод, ки баъзе аз роҳбарони мақомоти давлатӣ ва муовинони онҳо рӯзи шанбе умуман дар ҷои кор ҳузур надоштанд. Бо дарназардошти он ки масъалаи мазкур аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ба мақомоти прокуратура зарур аст, ки назорати ин масъаларо низ ҷоннок намояд.

10. Бо мақсади таъмини мақомот бо кадрҳои лаёқатманду ташаббускор, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан, ҳамчунин пешгирии коррупсия дар байни кормандон, курсҳои такмили ихтисос ва омӯзиши забонҳои хориҷиро мунтазам ба роҳ монад.

Хотиррасон менамоям, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2018 зимни мулоқоташон бо кормандони мақомоти прокуратура, фаъолияти мақомотро дар маҷмӯъ, мусбат арзёбӣ намуданд. Пешвои миллат баён доштанд, ки мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ буда, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он салоҳиятҳои истисноӣ муқаррар кардааст. Ягон мақом ё дигар шахси мансабдор чунин салоҳиятҳои васеъ надорад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намуданд, ки «таъмини қонунияту адолат, амният, сулҳу субот ва ризоият дар ҷомеа аз фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура вобаста мебошад». Аз ин лиҳоз, ба мақомоти прокуратура зарур аст, ки фаъолиятро соли 2019 боз ҳам тақвият дода, дар партави дас­туру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.

РАИС: - Ба баррасии масъала шурӯъ менамоем. Сухан ба муҳтарам Абдруҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон, узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, дода мешавад. Марҳамат.

Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини муҳтарам!

Бояд зикр намуд, ки дар ВМКБ соли сипаришуда 672 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2017-ум 1,64 фоиз кам мебошад. Аз ин шумора 176 адад ба тобеияти мақомоти корҳои дохилӣ ва 166 адад ба тобеияти мақомоти прокуратура аст. Гарчанде сарбории кормандони прокуратураи вилоят аз рӯи ҷиноятҳои бақайд­гирифташуда нисбат ба соли 2017-ум 11,47 фоиз зиёд шуда бошад ҳам, фоизи кушодашавии онҳо аз 86,62 фоизи соли 2017 то 89, 63 фоиз дар соли 2018 расид, ки яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарини солҳои охир мебошад. Илова ба ин, яке аз натиҷаҳои чораҳои татбиқнамудаи мақомоти мазкур ва таъмини қонуният дар сатҳи вилоят аз 50 то 37 адад ё 26 фоиз кам шудани ҷиноятҳои вазнин ба ҳисоб меравад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ва прокуратураи ноҳия дар тарғибу ташвиқи ташаббусҳои Президенти кишвар, инчунин баргузории ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, риояи қонунгузории кишвар дар самти танзими ҷашну маросим ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳамкории зичро роҳандозӣ намудаанд. Прокурори ноҳия дар ҳар як иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ширкат варзида, оид ба риояи қонунгузорӣ маслиҳатҳо дода, ҷиҳати ҳалли мушкилиҳо кумаки худро дареғ намедорад.

Яке аз чораҳои якҷояи мо мубориза бар зидди терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои ғайриқонунӣ ва таҳсилоти динӣ берун аз хориҷи кишвар ба шумор меравад. Бояд қайд намуд, ки алҳол дар ҳайати ташкилотҳои террористӣ се сокини ноҳияи Дарвоз низ ҳастанд. Мо якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва падару модарони онҳо кор мебарем, то ин ки онҳо ба Ватан баргардонида шаванд. Аз ноҳия ягон нафар дар муассисаҳои таълимии динии хориҷӣ таҳсил надорад, зеро 16 нафаре, ки пештар дар он ҷойҳо таҳсил менамуданд, ба ҷумҳурӣ баргардонида шуданд.

Дар самти даъват ба хизмати ҳарбӣ ва қонунгузории андоз низ ҳамкории хуб дорем. Таи панҷ соли охир дар миқёси ҷумҳурӣ ноҳия аз ҷумлаи аввалинҳо нақшаи даъватро иҷро мекунад.

Бо шарофати ҳамкории якҷоя муяссар шуд, ки нақшаи ҷамъоварии андозҳо доимо барзиёд ва сифатнок иҷро шавад.

Итминон дорам, ки ҳамкории мо бо мақомоти прокуратура ба нафъи ҷамъият ва давлат боз ҳам қавитар мегардад.

РАИС: — Сухан ба муҳтарам Иноятзода Баҳром, узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия дода мешавад. Марҳамат.

Баҳром Иноятзода:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Зимни ироаи ҳисоботи прокурори генералӣ маро масъалаҳои ҷинояту ҷинояткорӣ, бахусус дар самти пешгирӣ ва бартараф намудани ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони хеш аз тарафи одамон, ҷалб намуд. Қайд намудан бамаврид аст, ки омилҳои асосӣ ва сабабҳои ба худкушӣ даст задан ва сӯиқасд кардан ба ҷони хеш гуногун буда, яке аз онҳо давраи гузариш аз рӯи синну сол, яъне аз наврасӣ ба ҷавонӣ, аз тарафи дигар таъсири вазъи иҷтимоӣ, таъсири манфии шабакаҳои интернетӣ, гирифторӣ ба касалиҳои рӯҳӣ, инчунин муноқишаҳои оилавӣ ва монанди инҳо ба шумор мераванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз ривоҷ додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда, ҳодисаҳои худкушӣ, ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ, то ҳол баробар бо дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, дар вилояти Суғд низ ҷой доранд. Аз ҳисоботи прокурори генералӣ бармеояд, ки соли 2018 дар ҷумҳурӣ 581 ҳодисаи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд, ки аз ин 249 ҳолат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд рост меояд. Ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар вилоят (46) ва сӯиқасд ба ҷони худ (13) дар муқоиса ба соли 2017 афзоиш ёфтааст. Агар аз рӯи синну сол гирем, шахсони ба худкушӣ ва сӯиқасди он даст зада, аз синни 18 то 25-сола 53 нафар, аз синни 25 то 40-сола 78 нафар, аз 40 то 60-сола 61 нафар ва аз синни 60 боло 20 нафарро ташкил медиҳанд.

Мувофиқи касбият ва вазъи оилавӣ 31 хонанда, 8 донишҷӯ, 170 муваққатан бекор, 28 коргар ва 12 нафар нафақахӯр мебошанд. Тарзу усули даст ба худкушӣ задан ва сӯиқасд ба он 210 ҳолат бо роҳи овехтан, 9 ҳолат бо роҳи ба дарё партофтан, 13 ҳолат бо роҳи заҳролудшавӣ, 12 ҳолат бо аломати зарари ҷисмонӣ ва 7 ҳолат бо дигар тарзу усул ба вуқӯъ пайвастааст.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар ин самт ҳамкориро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо тақвият мебахшад. Фаъолияти мақомоти прокуратураро соли 2018 қаноатбахш арзёбӣ намуда, бовар дорам, ки он минбаъд низ тақвият ёфта, ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва риояи якхелаи қонунҳо дар кишвар мусоидат хоҳад кард.

РАИС: - Сухан ба муҳтарам Ҷаббори Ғаффор, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия дода мешавад. Марҳамат.

Ҷаббори Ғаффор:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Аз ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод аз вазъ ва ҳолати қонуният огоҳ гардидем. Барои мо, раисони шаҳру ноҳияҳо, қисмати ҳисобот оид ба риоя ва иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин ва сохтмон боиси таваҷҷуҳ аст, зеро қабл аз ҳама мо, ҳамчун узви Маҷлиси миллӣ, бояд ҳомии қонуну қонуният бошем.

Камбудиҳои мавҷуда дар соҳаи замин пайваста дар баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардида, моро вазифадор менамояд, дар ин самт чораҳои зарурӣ андешем. Фаъолиятро дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии замин, шаҳрсозӣ ва дигар мақомоти дахлдор оид ба пешгирӣ аз қонуншиканиҳо, яъне ғайриқонунӣ аз худ намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона, хилофи талаботи нақшаи генералии маҳалҳои аҳолинишин ва дигар ҳуҷҷатҳои балоиҳагирии шаҳрсозӣ ҷойгир намудани объектҳо тақвият диҳем. Камбудиҳои зикргардида дар ноҳияи Кӯшониён низ ҷой доранд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ бо дигар мақомоти назоратӣ, бахусус прокуратураи ноҳия, ҳолатҳои худсарона ишғол кардани замин ошкор, нисбат ба шахсони онро содиркарда чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар асоси 10 амри прокурори ноҳия вобаста ба бартарафкунии қонуншиканӣ ва ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаҳои замин қарорҳои дахлдори раиси ноҳия ба имзо расида, қитъаи замин ба масоҳати 1422 метри мураббаъ ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Масъалаи мақсаднок ва самаранок истифодабарии замин, риояи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии вобаста ба замин мунтазам дар маҷлисҳои назоративу машваратии назди раиси ноҳия ва Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дуруст аст, ки бартараф намудани сохтмони худсарона норозигии шахсони воқеиро ба миён меорад, зеро тибқи талаботи қонунгузорӣ он аз ҷониби гунаҳгор бе ҷуброни хароҷот амалӣ карда мешавад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳамкориро бо мақомоти прокуратура, меъмориву шаҳрсозӣ, мақомоти замин, корҳои дохилӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати роҳ надодан ба чунин қонуншиканиҳо аз тамоми шароиту имконият васеъ истифода менамояд.

Пешниҳод менамоям, ки ҳисоботи прокурори генералӣ ба инобат гирифта, ҷиҳати такмили фаъолият дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеиву ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад.

РАИС: — Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҷабзода Миралӣ, узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, дода мешавад. Марҳамат.

Раҷабзода Миралӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Зимни ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018» диққати маро масъалаҳои ҷинояту ҷиноят­корӣ, бахусус дар самти пешгирӣ ва мубориза бо терроризм, экстремизм ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, бештар ҷалб намуд. Воқеан ҳам, солҳои охир пайдоиши таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили байналмилалӣ ва дар ин замина мураккаб гардидани вазъи сиёсӣ – иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар минтақаҳои гуногун, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Тамоюлҳои манфӣ, аз ҷумла буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва болоравии сатҳи экстремизми сиёсӣ ва динӣ низ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бетаъсир намондааст. Солҳои охир баъзе аз шаҳрвандони кишвар ба гурӯҳҳои алоҳидаи ифротгаройӣ шомил ва ба сафи ташкилотҳои террористию экстремистӣ шомил гаштаанд. Хушбахтона, сатҳи ҷинояткории хусусияти экстремистию террористидошта дар кишвар паст гардида, нисбат ба соли 2017-ум 29 фоиз кам мебошад. Бо мақсади пешгирӣ ва бозпас гардонидани шахсони гумроҳгардида Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар ҳамкорӣ бо прокуратураи ноҳия ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, чораҳои таблиғотиро мунтазам меандешанд.

Мутаассифона, новобаста аз андешидани чораҳои инфиродии мақомоти дахлдор, ҳоло ҳам баъзе аз афроди ҷомеа ба қадри сулҳу ваҳдат намерасанд ва бо маблағи бегонагон ба ташвиқи бегонапарастӣ ва фарҳангу мазҳаби ғайр, гумроҳ намудани мардум ва ноором кардани вазъи орому осудаи кишвар даст мезананд. Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ меҳисобем, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм иҷрои талаботи қонунгузориро оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ боз ҳам пурзӯр намуда, ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, инчунин бозпасгардонии ҷавонон аз мактабҳою марказҳои таълимоти экстремистию террористидошта ва ҷалби онҳо ба таҳсилу кор, тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Бояд хотирнишон сохт, ки раванди ваҳдат дар як давлат ё ҷомеа на танҳо ба омилҳои дохилӣ вобаста аст, балки омилҳои берунӣ низ барои ҳалли масъалаи таҳкими ваҳдат ва субот дар минтақа ва ҷаҳон метавонад мусоидат намояд. Манзури ман шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мебошанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат менамоянд. Аз эҳтимол дур нест, ки ҳар яки онҳо аз ҷиҳати сиёсӣ ва ё гурӯҳӣ манфиатҳои худро дошта бошанд. Аз ин лиҳоз, барои ба манфиатҳои умумимиллӣ созгор будан, пешниҳод менамоям, ки назорати прокурорӣ оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар мавриди будубоши онҳо дар кишвар пурзӯр ва бо мақсади густариш додани ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати мубориза ба муқобили ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Инчунин, баҳри таъмини ногузирии ҷавобгарии ҷиноятӣ ва пешгирию мубориза бо амалҳои террористию экстремистӣ, парвандаҳои фаврӣ-кофтуковии шахсони дар кофтуков қарордошта омӯхта, назорати иҷрои қонунҳо дар фаъолияти сохторҳои оперативӣ-ҷус­туҷӯӣ ҷиҳати ошкору ҳар чӣ зудтар дастгир намудани онҳо тақвият бахшида шавад.

Пешниҳод менамоям, ки нисбат ба шабакаҳои интернетӣ, бахусус сомонаҳои дорои маълумоти террористию экстремистӣ, ки бо ҳамлаҳои пайвастаи иттилоотӣ ба тафаккур ва ҷаҳонбинии мардум таъсири манфӣ мерасонанд, низ назорати прокурорӣ пурзӯр карда шавад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод минбаъд низ дар ҳамбастагӣ бо прокуратура ва дигар мақомоти дахлдор ҷиҳати пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва мустаҳкам гардонидани пояҳои давлату давлатдории миллӣ дар кишвар тадбирҳои мушаххасу мақсаднок меандешад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳисоботи прокурори генералиро «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар маҷмӯъ, қаноатбахш ҳисобида, аз ҷумла зикр намуд, ки мақомоти прокуратура соли 2018 ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кори муайян анҷом додааст. Ҳисоботи ҳарсолаи прокурори генералӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, зеро талаботи аҳли ҷомеа ба таъмини волоияти қонун ва татбиқи якхелаи қонунҳо дар ҷумҳурӣ тамоюли афзоиш касб намудааст. Ҳисоботи прокурори генералӣ ҳарчанд масъалаҳои марбут ба фаъолияти мақомотро фаро гирифта бошад ҳам, аммо ба якчанд масъала то ба охир равшанӣ андохта нашуд.

Масалан, дар Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2018 оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017» аз ҷумла омадааст, ки мақомоти прокуратура баҳри баланд бардоштани интизоми хизматӣ, одоби касбӣ, пешгирии коррупсия дар мақомоти прокуратура ва дигар сохторҳои давлатӣ пайваста чорабиниҳо роҳандозӣ намояд.

Дар ҳисобот зикр шудааст, ки қабули кормандон ба мақомот бо риояи талаботи санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуда, ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо бартарият ба ҷавонони лаёқатманди дорои донишу малакаи баланди касбӣ, донандаи забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир дода шуд. Ин кофӣ нест, зеро дар самти масъалаи мубориза бо амалҳои коррупсионӣ ва сабабу омилҳои ба он мусоидаткунанда назорати прокурорӣ қаноатбахш намебошад.

Тибқи маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018 аз ҷониби кормандони Агентӣ 1291 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва нисбат ба шахсони онҳоро содиркунанда ҷарима баста шудааст. Ин гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, ки ба амалҳои коррупсионӣ вобастагӣ доранд, назар ба як соли пеш 12 фоиз зиёд шудааст, ки боиси ташвишу нигаронист. Ин дар ҳолест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар суханрониашон таъкид менамоянд, ки хизматчии давлатӣ бояд дасту дили пок дошта бошад, ба моликияти давлат бо чашми бад нанигарад, ба амалҳои коррупсионӣ даст назанад.

Мутаассифона, амалҳои коррупсионӣ дар мақомоти давлатӣ кам нашуда, рӯ ба афзоиш доранд ва ягон минтақаи ҷумҳурӣ аз он истисно нест. Аз хусуси чораҳои мушаххаси нисбат ба ин гуна шахсон андешида дар ҳисобот маълумот оварда нашудааст.

Дастгирии давлатии соҳибкорӣ яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти маҳаллӣ мебошад. Имрӯз бе дастгирии соҳибкорӣ, ки манбаи асосии ба вуҷуд омадани ҷойҳои нави корӣ, пайдоиши корхонаҳои хурду калони истеҳсолӣ мебошад, ба пешрафт ноил шудан ғайриимкон аст. Пешвои миллат беҳуда соҳибкориро муҳаррики асосии иқтисодиёт наномидаанд.

Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон соли гузашта масъалаи дастгирии соҳибкориро махсус таъкид намуданд ва мақомоти санҷишу тафтишотро таъкид доштанд, ки аз санҷишҳои беасоси субъектҳои соҳибкорӣ худдорӣ намоянд. Мақомоти прокуратура бояд назорати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин бобат аз ҷониби мақомоти дахлдор таъмин намояд.

Оид ба татбиқи ташаббуси глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об  — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар самти таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ кори муайяне ба анҷом расида бошад ҳам, вале кофӣ нест, зеро дар ҳоли ҳозир андаке бештар аз 62 фоизи аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин мебошанду халос. Ҳарчанд беш аз 60 фоизи оби минтақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирад ҳам, вале ба қадри кофӣ таъмин набудани аҳолӣ бо оби тоза масъалаест, ки ҳалли бетаъхир металабад ва мақомоти прокуратура ин масъаларо набояд аз мадди назар дур монад. Бояд дар ин самт чорабиниҳои мушаххасу таъсирбахш ба нақша гирифта, амалӣ карда шаванд, зеро бе об ҳаёт нест ва пешравӣ ҳам намешавад.

Дар соли 2018 бо қарори судҳои зинаҳои гуногун 28 нафар сафед карда шуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ ҷанбаҳои гуногуни парванда то охир таҳлил нашуда мондааст. Агар тафтишот ҳама самтро ба эътибор мегирифт ва мақомоти прокуратура ба ин масъала диққати ҷиддӣ медоданд, парванда ба суд ирсол нашуда, муфаттиши прокуратура метавонист худаш ба чунин қарор ояд.

Дар ҳисобот оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» маълумоти хеле кам пешниҳод шудааст, ҳол он ки шумораи муроҷиатҳо ба мақомоти дахлдор ва ташкилоту идораҳо ҳар сол зиёд гардида, шаҳрвандон аз мақомоти марбута ба муроҷиатҳояшон ҷавоб интизор мешаванд. Ягон муроҷиат набояд беҷавоб монад, зеро дар паси ҳар муроҷиат тақдири инсон истодааст. Дар ҳисобот бояд аз хусуси чораҳои таъсирбахши прокурорӣ нисбат ба онҳое, ки дар масъалаи муроҷиатҳои шаҳрвандон ва қабули онҳо ба хунукназарӣ роҳ додаанд, маълумот ҷой дода мешуд.

Бо дарназардошти нақш ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳолати иҷрои он бояд зери назорати доимии мақомоти прокуратура қарор гирифта, вайронкунандагони қонун ба ҷавобгарии сазовори аъмолашон кашида шаванд.

Аз ҳисобот бармеояд, ки соли гузашта ҷиноятҳои вазнин, аз қабили савдои одамон, ғоратгарӣ, қаллобӣ, бандитизм, зиёд шудааст. Аз ҳама ташвишовар он аст, ки ҷиноятҳои ноболиғон рӯ ба афзоиш дорад ва ин набояд ҳеҷ кадоме аз моро бетараф гузорад, зеро ноболиғон ҷавонони оянда ва ҷавонон бошанд, ояндаи миллат ҳастанд ва мо тақдири фардои кишварро ба онҳо вомегузорем.

Дар маҷмӯъ, дар фаъолияти мақомоти прокуратура пешравӣ ҳаст, вале лозим аст, ки дастовардҳоро аз нигоҳи танқидӣ андоза кунем. Инчунин, зарур аст фаъолияти хешро бознигарӣ намоем, аз он хулосаи дурусту оқилона барорем. Дарку фаҳмиши қонун ва моҳияти он ҳар кадоми моро уҳдадор менамояд, ки вазифаҳои хешро бо масъулияти баланди ватандӯстӣ ба ҷо оварда, дар шукуфоии Ватани азизамон саҳми муносиб гузорем.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 феврали соли 2019 қабул намудааст.

Қонун баҳри ҳифзи манфиатҳои хизмати давлатӣ қабул гардида, он ба тоза намудани сафҳои мақомоти хизмати давлатӣ аз шахсони ҷиноят­содиркарда нигаронида шудааст. Ҳамин тариқ, ба моддаи 9 қонуни амалкунанда тағйиру илова ворид карда, мувофиқи он, минбаъд доштани доғи судӣ барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда барои таъин (ё интихоб) намудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансаб­ҳои ба онҳо баробаркардашуда монеа мешавад.

Илова бар ин, агар шахс барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шуда бошад ё дар асоси муқаррароти меъёрҳои мурофиавии ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад ҳам, ба мансабҳои давлатӣ ва ё мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъин (ё интихоб) шуда наметавонад.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи нав­батӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» оғоз мебахшем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 феврали соли 2019 қабул намудааст.

Он бо мақсади мутобиқсозии дохилии қонуни амалкунанда, мушаххас намудани матни меъёрҳо ва истифодаи мафҳумҳои якхела қабул карда шудааст.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикис­тон мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба шумор меравад. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода меша­вад. Мар­ҳамат.

Раҳмон Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 феврали соли 2019 қабул намудааст.

Он бо мақсади ба тартиб даровардани сохтмони бинову иншоот дар шаҳри Душанбе қабул гардидааст. Ҳамин тавр, ба банди нуздаҳи моддаи 29-уми қонун сархати алоҳида илова карда шуда, мувофиқи он, иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар шаҳри Душанбе ҳамчун ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ муқаррар карда мешавад.

Қонуни мазкур ба Конститутсия­и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикис­тон мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дода мешавад. Марҳамат.

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ !

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Қудратов, Баҳром Абдуалимов, Мирзоанвар Ахмедов, Аҳматҷон Қобилов ва Мирзодавлат Сабурзода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 январи соли 2019 қабул на­му­дааст.

Он бо мақсади мушаххасу саҳеҳ гардонидани истилоҳу ибораҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукаммал гардонидани ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини бехатарии озуқа қабул гардидааст. Бо ҳамин мақсад, дар қонун мафҳумҳои «озуқаи ҳаётан муҳим» ва «захираи давлатии озуқа» дар таҳрири нав оварда шуда, тағйиру иловаҳои ба моддаҳои 3, 7, 11 ва 16 воридгардида мазмуни матни моддаҳои мазкурро саҳеҳ ва самтҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, инчунин ташаккули захираи давлатии озуқаро мушаххас мегардонад.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи нав­батӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» оғоз бахшида, суханро ба муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ медиҳем. Марҳамат.

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоанвар Ахмедов, Бибидавлат Авзалшоева, Баҳром Абдуалимов ва Бадриддин Садриддинзода пешниҳод гардидааст.

Қонун бо мақсади аз байн бурдани ихтилофоти ҷойдошта ва такмили он бо истифодаи истилоҳу ибораҳои якхела қабул гардидааст.

Қонуни мазкур, бо дарназардош­ти ҷой доштани камбудию норасоиҳо, бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон №595 аз 25 декабри соли 2018 ҷонибдорӣ нагардида, барои такмил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида буд.

Маҷлиси намояндагон, бо дарназардошти пешниҳоду эродҳои Маҷлиси миллӣ, қонунро такмил дода, 20 феврали соли 2019 онро такроран қабул намуд.

Ҳамин тариқ, аз қисми 1 моддаи 1 қонун калимаҳои «маҳсулоти биологиро», қисми 2-юми моддаи мазкур мафҳуми «сертификати истеҳсолоти биологӣ ва маҳсулоти он» хориҷ карда, дар қисми 2 мафҳумҳои «низоми экологӣ» ва «регламенти техникӣ» ба мафҳумҳои соҳавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» мутобиқ гардонида шуд.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Куми­таи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъ­алаҳо­и иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, мао­риф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ дода мешавад.

Фарҳод Раҳимӣ :

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон Хайринисо Юсуфӣ, Лутфия Раҷабова, Ҷаббор Ахмедов ва Мусалам Қодирова пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 феврали соли 2019 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни номбаршуда ҳамчун қонуни мукаммал аз се боб ва бисту се модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ ва тартибию ташкилии раванди берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангиро муайян менамояд ва муҳим аз ҳама, раванди ҳифзи мероси таърихию фарҳангии миллиро устувор мегардонад.

Боби 1-ум фарогири муқаррароти умумӣ буда, аз шаш модда иборат мебошад. Дар он мафҳумҳои асосӣ ба таври васеъ шарҳ дода шуда, қонунгузории марбута ва доираи амали қонуни мазкур бо инобати сарватҳои таърихию фарҳангие, ки берун баровардани онҳо манъ аст ва дар акси ҳол сарватҳои таърихию фарҳангии ворид намудани онҳо ба кишвар манъ бударо мушаххас менамояд.

Боби 2-юм танзими давлатии берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангиро муаррифӣ намуда, дар 14 модда (аз 7 то 20) паҳлуҳои муҳими қонуни марбутаро, аз қабили мақоми ваколатдори давлатӣ, Шӯро оид ба ҳифз ва мубодилаи байналмилалӣ, тартиби ташкили экспертизаи давлатии марбута, тартиби фурӯш ва ё рад намудани дархости ба берун баровардан, кафолати ҳифз, баргардонидан, транзиту ирсоли сарватҳои таърихию фарҳангӣ ва пардохти боҷ ҳангоми баровардану ворид намудани онҳо пурра муқаррар шудааст.

Боби 3-юм – «Муқаррароти хотимавӣ», дар се модда ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби аз эътибор соқит донистану мавриди амал қарор додани онро муайян менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба шумор меравад. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ дода мешавад. Марҳамат.

Фарҳод Раҳимӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Фарҳод Раҳимӣ, Шафеиён Ислом Зиёзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 декабри соли 2018 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур аз овардани ифодаҳо дар таҳрири нав ва ворид намудани иловаҳо иборат буда, дар он баробари тавассути иловаҳо мушаххас намудани шахсият ва масъулиятҳо (субъектҳо), инчунин ба масъалаи гигиению санитарӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст, ки дар ин замина қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ оид ба «Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 6 апрели соли 2018 низ мусоидат намудаанд.

Зимнан, сархати чоруми моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шудааст:

«-таълим — фаъолияти муштараки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи кӯдак, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии ӯ;».

Дар сархати шашуми моддаи 4 калимаҳои «дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фароғатӣ ва истироҳатӣ машғуланд», мувофиқан ба калимаҳои «иншоотҳои дигаре, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тааллуқ дошта, барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фароғатӣ ва истироҳатӣ муайян шудаанд», иваз карда шудааст.

Ба сархатҳои сеюм ва панҷуми моддаи 7, сархатҳои дувоздаҳум ва шонздаҳуми моддаи 8 ва сархати даҳуми моддаи 9 пас аз калимаи «муассисаҳои» калимаи «таълимии» илова карда шудааст. Дар радифи иловаҳо ба сархати панҷуми моддаи 8, пас аз калимаи «умумибашарӣ» калимаҳои «, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ ва шахсӣ»; ба сархати бистум пас аз калимаҳои «роҳ надиҳанд» калимаҳои «ва барои интихоби касб ба ӯ мусоидат кунанд»; ба сархати ёздаҳуми моддаи 9 пас аз калимаи «таълимӣ» калимаи «динии»; ба номи боби 4 пас аз калимаи «ДАВЛАТӢ,» калимаҳои «МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ,»; ба ном ва матни қисми якуми моддаи 12 ва ном ва матни моддаи 16 пас аз калимаи «давлатӣ,» калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,»; ба сархати сеюми қисми якуми моддаи 12 пас аз калимаҳои «саҳм гузоштаанд» калимаҳои «ва амалҳои дигарро ба нафъи ҷамъият ва давлат анҷом додаанд,» мутаносибан иловаҳо ворид карда шудаанд.

Дар сархати ҳабдаҳуми моддаи 8 калимаҳои «ва маводи сахттаъсирро» ба калимаҳои «, инчунин моддаҳои сахттаъсир ва мадҳушкунанда» иваз ва сархати бисту якуми ин модда ба мазмуни зерин илова карда шудааст:

«-асосҳои гигиенаи шахсӣ, маърифати санитарӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муоширатро омӯзонад».

Қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раис: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ дода мешавад. Марҳамат.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Сайдалӣ:

 - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи иттилоото­нӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Бобоева ва Ҷамшед Саидзода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 декабри соли 2018 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», инчунин, бартараф сохтани мухолифати меъёрҳои ҷойдошта пешниҳод шудааст.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Оид ба масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ дода мешавад. Марҳамат.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Сайдалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 феврали соли 2019 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади банди 2 супориши протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2017, №1 вобаста ба масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, маишию хизматрасонӣ, коммуналию хоҷагидорӣ, ободу зебо гардонидани пойтахти кишвар, ҳавасмандкунӣ ва додани мукофотҳо ба шаҳрвандоне, ки уҳдадориҳои вазифавиро бомуваффақият иҷро намуда, пурсамару софдилона меҳнат мекунанд ва дар рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­кардаи Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйи­ру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи хизмати давлатӣ» оғоз бахшида, идомаи суханро ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ вомегузорем. Марҳамат.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Сайдалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 феврали соли 2019 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади таъмини якхелаи ба хизмати давлатӣ қабул намудан ва дар хизмати давлатӣ будани шаҳрвандоне, ки ҷиноят содир намудаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, маҳкум шудаанд, доғи судӣ доранд ё доғи судиашон бардошта шудааст, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии  эътироф­кардаи Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Роҷеъ ба масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» сухан ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ дода мешавад. Марҳамат.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Сайдалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйи­ру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва  деҳот» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2019 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароит барои рушди маҳал, таҳкими низоми идоракунии маҳаллӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давдлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, муайян намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои дастгоҳи ҷамоати шаҳраку деҳот таҳия ва пешниҳод шудааст, ки минбаъд тибқи он Низомномаи намунавии дастгоҳи ҷамоат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­кардаи Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи нав­батӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз бахшида, суханро оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир медиҳем. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­ру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2019 қабул на­му­дааст.

Қонуни мазкур бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот равона гардида, тағйиру иловаи воридгардида моддаи 169 кодекси амалкунандаро фаро мегирад, ки мутобиқи он минбаъд воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ба истиснои ашёи хоми дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии  Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи нав­батӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2019 қабул на­му­дааст.

Қонуни мазкур ба рушди соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот равона гардидааст. Бо ҳамин мақсад, ба моддаи 345 кодекси амалкунанда қисми 20 илова карда шудааст, ки мутобиқи он, минбаъд воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ба истиснои ашёи хоми дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии  Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» шурӯъ менамоем ва идомаи суханро ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир вомегузорем. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 феврали соли 2019 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Ҳамин тариқ, ҷиҳати татбиқи муқаррароти қонунгузории мораторий ба санҷишҳо ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Бонки миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи андоз, сархати якум аз моддаи 6 қонуни амалкунанда хориҷ карда шудааст.

Дар робита ба ин, ҷиҳати васеътар намудани доираи амали қонун, қисми 1 моддаи 7 дар таҳрири нав пешниҳод карда шуда, бар ивази номгӯйи қонунҳои мушаххас қайд мегардад, ки дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузорӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъект­ҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонуни мазкур, боздошта мешаванд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии  Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Дар бораи масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 феврали соли 2019 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ гардонидани муқаррароти он ба қисми 3 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, мутобиқи он, ба қонуни амалкунанда боби 212, иборат аз 6 модда илова гардидааст, ки дар он масъалаҳо вобаста ба пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахт фаро гирифта шудаанд.

Ҳамин тариқ, мутобиқи моддаи 824, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми сохтмони биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иншоот ва корхонаҳои истеҳсолӣ, саноатӣ ва иншооти соҳаи сайёҳӣ аз пардохти мазкур озод буда, моддаи 826 бошад, меъёри пардохт аз рӯи масоҳати умумии биноҳои истиқоматӣ ва ё масоҳати тиҷоратии иншоот аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисобҳоро муайян менамояд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»  ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи нав­батӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» оғоз бахшида, идомаи суханро ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир вомегузорем. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2019 қабул на­му­дааст.

Қонуни мазкур дар робита ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» таҳия гардидааст. Ҳамин тариқ, ба қисмҳои 1 ва 2 моддаи 5 қонуни мазкур мутаносибан бандҳои 21 ва 3 илова ворид карда шудаанд, ки мутобиқи он ҳангоми баррасии парвандаҳо дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ,  аз рӯи даъвоҳои ситонидани ҳаққи узвият, пардохтҳои тақвимӣ ва ноустуворона аз ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина, аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии  Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»  ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019» аз 17 январи соли 2019, №710» ба шумор меравад.

Он дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа баррасӣ ва манзури шумо гардидааст. Оид ба ин масъала чӣ гуна пешниҳоду иловаҳо доред? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019» аз 17 январи соли 2019, №710» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Гулзор Муҳаббат Мамадкарим» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба Ёрдамчии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид  ба  масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи  ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Маҷлиси миллӣ  ва  Маҷлиси  намояндагони Маҷли­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод дар бораи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз­хонд намудани Гулзор Муҳаббат Мамадкарим, бинобар ба нафақа баромаданаш, ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Гулзор Муҳаббат Мамадкарим» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ашурзода Абдулҳафиз Абду» ба шумор меравад. Аз рӯйи ин масъала сухан ба Ёрдамчии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид  ба  масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи  ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Маҷлиси миллӣ  ва  Маҷлиси  намояндагони Маҷли­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, пешниҳод дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ашурзода Абдулҳафиз Абду, бинобар ба кори дигар гузаш­танаш, ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии  Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бо­раи аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ашурзода Абдулҳафиз Абду» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бобозода Матин Давлат» мебошад. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, пешниҳод дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бобозода Матин Давлат ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии  Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар  бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бобозода Матин Давлат»  ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бобоҷонзода Аъзамҷон Абдуазиз» ба шумор меравад. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, пешниҳод дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бобоҷонзода Аъзамҷон Абдуазиз ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бобоҷонзода Аъзамҷон Абдуазиз» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Салимзода Юсуф Сафар» мебошад. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Мар­ҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, пешниҳод дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Салимзода Юсуф Сафар ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Салимзода Юсуф Сафар» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Муминзода Қутбиддин Қурбоналӣ» мебошад. Аз рӯи  масъалаи мазкур сухан ба муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Муминзода Қутбиддин Қурбоналӣ ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии  Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар  бо­раи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Муминзода Қутбиддин Қурбоналӣ»  ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ  лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Наимзода Бахтиёр Раҳмоналӣ» мебошад. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

Ализода Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, пешниҳод дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Наимзода Бахтиёр Раҳмоналӣ ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии  Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар  бо­раи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Наимзода Бахтиёр Раҳмоналӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон» мебошад. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Мар­ҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, пешниҳод дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҳимзода Хис­рав Абдураҳмон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Маҳмудзода Маҳкам Азам» мебошад. Аз рӯи ин масъала сухан ба Ёрдамчии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид  ба  масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи  ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Маҷлиси миллӣ  ва  Маҷлиси  намояндагони Маҷли­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад.

Қабл аз суханронии Ализода Зариф ба ин масъала бо иҷозати шумо бо қаноатмандӣ зикр менамоям, ки бо муҳтарам Маҳмудзода Маҳкам Азам дар гузашта ҳамчун узв ва раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ ҳамкориҳои амиқи самарабахш доштем ва солиёни зиёд дар вазифаи пурмасъулияти раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштанашон низ робитаву ҳамкориҳоямон баҳри таҳкиму тақвият ва тавсеаи заминаҳои ҳуқуқии рушди ҷомеаи соҳибистиқлол ва ҳангоми баамалбарории ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ риоя ва ҳифз  намудани муқаррароту арзишҳои конститутсионӣ боз ҳам густариш ёфтанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд  аз номи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон ба муҳтарам Маҳмудзода Маҳкам Азам миннатдорӣ баён намуда, ба корҳои минбаъдаашон барору комёбиҳои беназир таманно менамоям.

 АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, пешниҳод дар бораи аз вазифаи раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Маҳмудзода Маҳкам Азам, бинобар ба кори дигар гузаш­танаш, ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи аз вазифаи раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Маҳмудзода Маҳкам Азам» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ашурзода Абдулҳафиз Абду» мебошад. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, пешниҳод дар бораи раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ашурзода Абдулҳафиз Абду ирсол мегардад.

Ашурзода Абдулҳафиз Абду 11 майи соли 1964 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ.

Соли 1991 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси «ҳуқуқшинос»  хатм кардааст. Солҳои 1981 — 1982 — узви хоҷагии коллективии «Зарафшон» дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд. Солҳои 1982 — 1984 — хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ. Соли 1985 (07 — 01) — узви хоҷагии коллективии «Зарафшон» дар шаҳри Панҷакент. Солҳои 1985- 1988 — мудири хоҷагӣ, инструктори базаи туристии «Кӯлҳои Марғузор» дар шаҳри Панҷакент. Соли 1988 (05-12) — коргари СМУ — 1 — и Иттиҳодияи сохтмонии «Монолит»- и шаҳри Душанбе. Солҳои 1988 — 1992 — судиҷрочии Суди халқии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе. Солҳои 1992 — 1994 – иҷрокунандаи вазифаи судяи Суди халқии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе. Солҳои 1994 — 1996 — нозири шуъбаи гумруки шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд. Солҳои 1996 — 2003 — судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Солҳои 2003- 2010 — судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2010 — 2012 — муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2012 — 2015 — муовини аввали раиси Суди шаҳри Душанбе. Аз 17 апрели соли 2015 муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии  Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар  бо­раи раиси Суди конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Ашурзода Абдулҳафиз Абду» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Мутобиқи моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешавад, пас аз интихоб шудан дар ҷаласаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад.

Бинобар ҳамин барои савганд ёд кардан сухан ба раиси  Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашурзода Абдулҳафиз Абду дода мешавад. Марҳамат.

Ашурзода Абдулҳафиз Абду савганд ёд кард.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани раиси Куми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бо «Ифтихорномаи Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем.

Пешниҳод менамоям, ки раиси Куми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ барои фаъолияти пурсамар бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шавад.

Лоиҳаи Қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани раиси Куми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бо «Ифтихорномаи Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯз­нома лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ» ба шумор меравад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС:  - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­ли­­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология бозхонд намудани Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ» оғоз мебахшем.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­ли­­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология бозхонд намудани Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Сухан ба раиси  котибот муҳтарам Файзуллозода Зафар Хайрулло дода мешавад. Марҳамат!

Файзуллозода Зафар Хайрулло: — Муҳтарам Раис, унвонии Иҷлосияи 18 — уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум ягон дархост ё мактуб ворид нашудааст.

РАИС: - Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасӣ ва қарорҳои марбута қабул гардиданд.  Доир ба рафти иҷлосия пешниҳоду таклифу эродҳо бошанд, марҳамат, иброз намоед.

Бо иҷозати шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳозирини арҷманд, аз номи Раёсат ба раи­сони куми­таҳо, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва онҳое, ки дар баргузории иҷлосия ва баррасии масъалаҳо ширкати фаъолона намуданд, миннатдорӣ изҳор менамоем.

Ба шумо — ҳамкорон ва ҳозирини гиромӣ дар амалӣ намудани рисолати аъзои Маҷлиси миллӣ ва иҷрои вазифаҳое, ки Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузоштаанд, муваффақиятҳои беназир таманно менамоем.

Бо ҳамин Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод).

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, Сайфиддин СУННАТӢ«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ