Владимир ЖИРИНОВСКИЙ: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз сиёсатмадорони соҳибэътибор дар арсаи байналмилалӣ мебошад»

№132 (3926) 03.11.2018

DSC_8482Якуми ноябри соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо роҳбари фраксияи Ҳизби либерал — демократи Россия Владимир Жириновский мулоқот намуд.

Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки ҳамкориҳои байнипарлумонии Россия ва Тоҷикистон аз соли 1992 идома дорад.

Алҳол дар парламенти касбии Тоҷикистон намояндагони шаш ҳизби сиёсӣ фаъолият ба роҳ мондаанд. Ҳайатҳои парлумонии Россия ва Тоҷикистон дар доираи созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла, Иттиҳоди байнипарлумонӣ, Ассамблеяи парлумонии САҲА, ассамблеяҳои байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ, ҷомеаи иқтисодии АвруОсиё ва СААД ҳамкорӣ дошта, ҳамчун шарикони стратегӣ якдигарро дастгирӣ менамоянд.

Аз ибтидои барқарории равобит то кунун байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия 250 санади байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар самтҳои гуногун ба имзо расидаанд.

Мутаассифона, баъзе аз онҳо то ҳол дар рӯи коғаз мондаанд. Вақти он расидааст, ки асноди байнидавлатӣ дубора фаъол ва ҳамкории боэътимод ба роҳ монда шавад.

- Дар самти ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ соҳаи энергетика мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Дар ин робита бояд қайд кард, ки 16 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳусни ифтитоҳ мебахшанд. Федератсияи Россия метавонад оянда дар коркард ва амалишавии лоиҳаҳои дарозмуддати сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон ширкати фаъолона дошта бошад, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, оид ба имкониятҳои бузурги ҳанӯз истифоданашуда байни Тоҷикистон ва Россия, хусусан дар заминаи тиҷорат, барои рушди соҳаҳои боғдорӣ, парвариши зироатҳои барвақтӣ, таъмин намудани бозорҳои Федератсияи Россия бо маҳсулоти тару тоза изҳори андеша намуд.

Дар идома Шукурҷон Зуҳуров аз мавқеи забони русӣ, аз синфи 2 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ҷорӣ будани омӯзиши он, ҷалби омӯзгорони Россия ба муассисаҳои таълимии кишвар, қонунҳо, ҳамкории мактаб­ҳои олии ҳар ду мамлакат сухан ронд.

Дар баробари ин, аз мушкилоти бақайдгирӣ, будубоши шаҳрвандони кишвар ва аъзои оилаи онҳо дар Федератсияи Россия ёдовар шуда, изҳори итминон намуд, ки онҳо дар ояндаи наздик ба таври мусбат роҳи ҳал пайдо мекунанд.

Владимир Жириновский роҷеъ ба дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Россия ибрози назар намуда, гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон яке аз сиёсатмадорони бонуфуз ва соҳибэътибор дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ӯ, ҳамчунин, яке аз президентҳои соҳибэҳтиром дар фазои пасошӯравӣ аст.

- Имрӯз, — афзуд Владимир Жириновский, — Тоҷикистон дорои манобеи бузурги иқтисодӣ, энергетикӣ дар бозори меҳнат маҳсуб меёбад. Россия дорои имкониятҳои молиявӣ аст. Бояд захираҳо пурмаҳсул истифода карда шаванд, зеро ҳам ба манфиати Москва аст ва ҳам ба нафъи Душанбе.

Ҳамчунин, ӯ таъкид кард, ки дар ояндаи наздик Ҳизби либерал-демократи Россия барои қабули Қонун «Дар бораи мақоми махсуси шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия» ташаббус хоҳад кард.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ низ табодули назар карданд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон