Вохӯрӣ бо интихобкунандагон

№4 (4266) 12.01.2021

 8 январи соли 2021 дар ноҳияи Тоҷикобод мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо интихобкунандагон доир гардид, ки зимни он дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор ва худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот шарҳ дода шуд.

 Маҳмадтоир Зокирзода вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншоот бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ таъкид намуда, ҳамчунин, аз фаъолияти парлумон дар соли сипаришуда маълумот дод.

Зикр гардид, ки соли гузашта кишоварзони ноҳия дар ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ фаъолона ширкат варзида, бояд минбаъд низ истифодаи самараноку оқилонаи замин, бахусус, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасонро, ба роҳ монанд.

Зимни вохӯрӣ миёни сокинони ноҳияи Тоҷикобод ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода саволу ҷавоб сурат гирифта, баъзе аз интихобкунандагон дархосту пешниҳодҳои ҷолиб карданд.

Зимни мулоқот бо интихобкунандагон дар ноҳияи Шаҳринав, ки 8 январи соли равон доир гардид, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода нахуст дар бораи самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалие, ки соли сипаришуда аз ҷониби мақоми олии қонунгузори мамлакат қабул ва тасдиқ шуданд, маълумот дода, муҳимияти корҳои ободонию бунёдкориро дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ ва деҳаву маҳаллаҳо ёдрас шуд.

Роҳ надодан ба исрофкорӣ, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии сермасраф, самаранок истифода бурдани заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, наздиҳавлигӣ ва президентӣ, ташаккули фарҳанги сохтани гармхонаҳо ва захираи озуқа аз тадбирҳои муҳим муаррифӣ гардиданд, ки барои беҳтар намудани некуаҳволии мардум мусоидат мекунанд.

Файзулло Баротзода, инчунин, дар бораи оқибатҳои ногувори паҳншавии бемории COVID-19 дар ҷаҳон ёдовар шуда, афзуд:

- Ҳоло марҳилаҳои дуюму сеюми афзоиш ва паҳншавии ҳалокатбори беморӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бинобар ин, зарур аст, ки ба қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, фосилаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоб ҳамчун василаи муҳим барои пешгирӣ аз паҳншавии он риоя намоем.

Интихобкунандагон дар мулоқот бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Зиёӣ дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт иброз доштанд, ки айни замон дар  ноҳия ду мушкили асосӣ вуҷуд дорад: таъмири роҳи Ашт-Хуҷанд ва пойгоҳҳои обкашӣ, ки наздики ним аср боз дар хизмати кишоварзону боғпарварон қарор доранд.

Дар бораи ба зудӣ ҳал шудани мушкили мавҷуда ёдовар шуда, Баҳриддин Зиёӣ, ҳамчунин, иброз дошт, ки бо сабаби сардии зимистон ва тадриҷан тағйирёбии иқлим захираҳои обии мамлакат коҳиш ёфтааст, ки яке аз роҳҳои ҳалли он сарфакорона истифода бурдани неруи барқ мебошад.

- Ҳарчанд аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рафъи мушкили неруи барқ тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад, вале агар сокинон дар истифодаи он беаҳамият бошанду сарфакориро пеш нагиранд, кӯшишҳо барбод хоҳанд рафт. Аз ин рӯ, бояд танҳо фикри худро не, балки фикри мардуми Тоҷикистонро карда, аз исрофкорӣ худдорӣ варзем, — афзуд Б. Зиёӣ.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон