Вохӯрии Маҳмадтоир Зокирзода бо сокинони ноҳияи Рашт

№88 (4194) 21.07.2020

DSC_2290Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияи Рашт бо нашъунамои киштзорҳои картошкаю дигар зироатҳо, боғҳои навбунёд ва ҷараёни сохтмонҳои ҷашнӣ шинос шуда, ба кишоварзон, боғдорон ва дигар масъулин барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани кор маслиҳатҳои муфид дод.

Инчунин, Раиси Маҷлиси намояндагон 17 июли соли равон дар толори калони қасри фарҳанги шаҳраки Ғарм бо фаъолони ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар ибтидо, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон нишастро ҳусни оғоз бахшида, аз бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқ сухан ронд.

Сипас, Маҳмадтоир Зокирзода паёми самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмонро ба ҳозирин ва дар шахси онҳо ба мардум расонда, оид ба ваҳдату ягонагӣ, дастовардҳои мардуми кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, сазовор пешвоз гирифтани сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ изҳори андеша намуд.

Баъдан, муовини раиси ноҳия Ҳамдуло Шарифзода оид ба даст­овардҳои сокинони ноҳияи Рашт дар шаш моҳи сипаригардида маълумот дода, аз ҷумла, иброз дошт, ки соли равон картошкапарварон тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат амал карда, майдони кишти картошкаро аз ҳисоби заминҳои бекорхобида 500 гектар зиёд намуданд ва нақша доранд, ки дар оянда ин равандро идома бахшанд.

Маҳмадтоир Зокирзода дар интиҳо ба ҳайси вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт, №12 ба интихобкунандагон доир ба корҳои анҷомдода дар семоҳаи аввали сол ҳисобот дод.

Пасон, чанд нафар аз иштирокчиён барои кумак ва дастгирӣ ҷиҳати ҳалли баъзе аз мушкилот ба М. Зокирзода муроҷиат намуданд. Аз ҷумла, Хайрулло Ғиёсов гуфт: «Сол то сол шаҳраки Ғарм ободу зебо мешавад ва биноҳои ду-се ошёна қомат меафрозанд. Дар баробари ин, шумораи сокинони он ҳам зиёд мегардад ва дар масъалаи таъминот бо оби нӯшокӣ душворӣ пеш меояд. Аз ин рӯ, пешниҳод мекунам, ки барои таъмини аҳолии шаҳрак аз деҳаи Лояк ё болотар хатти оби нӯшокӣ оварда шавад».

Замира Давлатова аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар ноҳия беш аз ду ҳазор симчӯби фарсуда, ки ба воситаи онҳо аҳолӣ бо неруи барқ таъмин мегардад, анқариб панҷоҳ сол боз мавриди истифода қарор доранд. Ӯ иваз намудани онҳоро мувофиқи мақсад шуморид.

Абдураззоқ Саломов бошад, ба самъи ҳозирин расонд, ки дар сурати таъмиру тармими каналҳои деҳоти «Қалъаи сурх» беш аз 150 гектар замини ҳосилхез дубора ба истифода дода мешавад. Мақомоти маҳаллӣ барои амалӣ намудани ин нияти хайр имконият надорад. Хуб мешуд, агар бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз маб­лағҳои буҷети давлатӣ, ки бо ин мақсад ҷудо мегарданд, истифода бурда шавад.

Дар хотима, Раҳимҷон Муқимӣ иброз дошт, ки мардуми бонангу ори Рашт аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҳамеша ҷонибдорӣ мекунанд ва барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ саҳми сазовор мегузоранд.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»