Вохӯрии вакил бо интихобкунандагон

№10 (4430) 15.01.2022

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагон дар шаҳри Хоруғ мулоқот намуд.

Ӯ, аз ҷумла, зикр кард, ки дар Паём ба таври хоса ба татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсул таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаҳои гуногуни кишвар, хусусан кишоварзӣ, ба таври махсус ишора карда, мисол оварданд, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ маданияти истифодабарии замин беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2 — 3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ки барои бамаротиб зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст, — гуфт вакил ва афзуд, ки рушди соҳаҳои нақлиёт, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сайёҳӣ, сиёсати давлатии ҷавонон ва баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа, стипендияи донишҷӯён низ аз масъалаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ буданд.

 Дар фарҷом Саодатшо Матробиён аз ҳозирин даъват намуд, ки дар татбиқи дастуру супоришҳои Паёми Пешвои миллат ҳиссагузор бошанд, зеро он ба рушди кишвар, болоравии сатҳу сифати зиндагии сокинон ва ободии Ватан равона шудааст.

М. ИМОМНАЗАР,

 «Садои мардум»