Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ

№48 (3998) 30.04.2019

DSC_232326 апрели соли 2019 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Хайринисо Юсуфӣ ва гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон бо  роҳбари Барномаи рушди неруи инсонӣ дар Осиёи Миёна Сузанна  Хайрапетян ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуданд.

Дар ибтидо лоиҳаи Консепсияи рушди бармаҳали кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Сипас, масоили вобаста ба муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ мавриди  гуфтугӯ қарор гирифт.

DSC_2278Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ташкилоту созмонҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ, дар татбиқи сиёсати иқтисодӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидааст.

Хайринисо Юсуфӣ аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри паст кардани шиддати таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёт ва тақвият бахшидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда низ шарикони рушди Тоҷикистон дар доираи афзалиятҳои стратегии рушд дар заминаи дастгирии  соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи иқтисодию молиявӣ нақши муносиб мегузоранд.

Зикр гардид, ки кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар моддаи 5 инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф карда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии ӯро дахлнопазир дониста, риоя ва ҳифзи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат додааст.

Бо итминон изҳор гардид, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи олӣ робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ дар ҳама самт мазмуну мундариҷаи нав касб менамояд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар ва ҳифзу ҳимояи кӯдакон дар қонунгузории Тоҷикистон сурат гирифт.

М. СУЛТОНОВ, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон