Вокуниши намояндагони мардум ба боздошти таҳқиромези муҳоҷирон дар Россия

№68 - 69 (4018 - 4019) 15.06.2019

DSC_9708Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баргузории Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки 12 июни соли равон ҷараён гирифт, ба фоҷиаи 8 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав рухдода дахл намуда, ба боздошти муҳоҷирони тоҷик ва нашри аксҳои таҳқиромези онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва васоити ахбори омма вокуниш нишон дод ва иброз дошт, ки «ҳар як ҷинояткорӣ бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвари будубош ва бе нақзи шарафу ҳуқуқи фитрии инсон баррасӣ карда шавад».

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон, инчунин, зикр кард, ки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Федератсияи Россия баҳри ҳалли қазия бевосита машғул аст ва «Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар доираи салоҳият амали воқеъгардидаро пайгирӣ менамояд».

Дар робита ба ҳодисаи зикршуда, ҳамчунин, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон Мавлудахон Мирзозода Зайнӣ ва Қиёмиддин Миралиён дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз бадрафторӣ бо муҳоҷирони боздоштшуда ибрози нигаронӣ кардаанд.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлудахон Мирзозода, гуфтааст, «ҷинояткор будани онҳоро танҳо додгоҳ муайян мекунад. Конститутсияи ягон давлат поймол кардани ҳуқуқи одамонро иҷозат намедиҳад».

Ба андешаи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Қиёмиддин Миралиён, «тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои инсонӣ чунин бархӯрд бо муҳоҷирон рафтори хуб нест. Вале пеш аз хулоса кардан бояд таҳлил кунем, ки чӣ ба ин ҳодиса оварда расонд».

Ёдовар мешавем, ки ҳашт муҳоҷири тоҷик бо гумони қатли варзишгари рус Сергей Чуев боздошт шуданд. Додгоҳ 10-уми июн ҳукми то моҳи август дар боздошт мондани шаш нафари онҳоро содир кард. Ду тани дигарро аз Россия ихроҷ мекунанд. Айни замон, нисбат ба онҳо дар асоси моддаи «куштор аз ҷониби гурӯҳи шахсон дар заминаи авбошӣ», парванда боз шудааст. Аммо мақомоти марбута ҳанӯз шарҳ надодаанд, ки чаро муҳоҷирон дар ҳолати таҳқиромез тасвир шудаанд ва акси онҳо чӣ гуна ба матбуот роҳ ёфт? Вале онҳо навори бозпурсии гумонбаронро нашр карданд, ки дар он муҳоҷирон даргирӣ бо варзишгари русро тасдиқ мекунанд. Лекин маълум нест наворҳо дар чӣ шароит сабт шудаанд?

«Садои мардум»