Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Ворид намудани тағйиру илова ба қонунҳои ҷорӣ баррасӣ шуда, ҷонибдорӣ ёфтанд

№153-154(3454-3455) 13.11.2015

DSC_1717Дувоздаҳуми ноябри соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қабл аз оғози иҷлосия ба маълумоти шумо расониданием, ки системаи овоздиҳии электронии толор, мутаассифона,  корношоям гардидааст. Аз ин лиҳоз, ба мо зарур аст, ки дар асоси банди 3 моддаи 29 — уми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон усули овоздиҳиро бо тартиби бардоштани даст ба роҳ монда, ҳисобкунии овозҳоро дар иҷлосия ба зиммаи гурӯҳи аъзои Маҷлиси миллӣ вогузор намоем.

Таклиф пешниҳод гардидааст, ки ба ҳайати гурӯҳи ҳисобкунии овозҳо аз қатори рости раёсати иҷлосия Матобшоева Арамбегим Бозоровна  ва  аз қатори чапи раёсати иҷлосия Раҷабзода Миралӣ интихоб карда шуда, аз натиҷаи овоздиҳии кушода шифоҳан иттилоъ диҳанд. Дигар таклифҳо ҳаст.  Нест.

Тибқи таклифи пешниҳодшуда лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурӯҳи ҳисобкунии овозҳои аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни истифодаи системаи электронӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мувофиқи маълумоти пешакӣ аз 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ  29 нафар ҳузур доранд.

Бо мақсади дақиқ намудани шумораи иштирокчиён аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо усули бардоштани даст аз ширкати худ дар иҷлосия дарак диҳанд. Марҳамат.

Ҳамин тариқ, дар толор 29 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ иштирок доранд.

Дар Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии      Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқти­содӣ, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати дав­ла­тии молиявӣ ва мубо­ри­за бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва на­мо­яндагони восита­ҳои ахбо­ри омма ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 20 — уми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон мена­моям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 25 — уми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки котиботи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб намоем.

Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала манзури шумо  гардидааст, ки тибқи он раиси котибот Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, аъзои котибот Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна ва Хайрулло Амонулло пешниҳод шудаанд.

Лои­ҳаи Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба овоз мо­нда, Қарор қабул шуд.

Аз ҳайати котибот эҳтиромона хоҳиш менамоем ҷойҳои худро ишғол намуда, ба кор шурӯъ намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва тасдиқ на­моем.

Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала ба шумо пешниҳод гардидааст. Оид ба он чӣ гуна таклиф доред? Қабул гардад.

Дар бораи рӯз­но­маи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»

11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ»

12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»

16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»

17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»

20. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»

21. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»

22. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»

23. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»

24. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»

25. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»

26. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»

27. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия»

28. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок»

29. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ».

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи аввали рӯз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Куми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конс­­ти­тутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои ин­сон, шаҳр­­ванд ва қонуният муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода меша­вад. Мар­ҳамат.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Аз ҷониби Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид.

Он бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 15 октябри соли 2015 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст.

Қонун баҳри тақвият додани табобати маҳкумшудагоне, ки гирифтори бемории сил мебошанд, инчунин пешгирӣ кардани паҳншавии ин намуди беморӣ дар байни аҳолӣ, хусусан дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ қабул гардида, дар маҷмӯъ ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.

Тағйиру иловаҳое, ки ба моддаҳои 97, 98 ва 101- уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, минбаъд имконият медиҳанд, ки нисбати маҳбусони гирифтори бемории сил дар баробари адои ҷазо, инчунин чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта дар шакли назорати маҷбурии амбулаторӣ ва табобат дар назди табибони бемориҳои сил татбиқ шуда, сари вақт бо табобат фаро гирифта шаванд ва тадбирҳои пешгирии паҳншавии бемории мазкур дар байни маҳбусон пурзӯр гарданд.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст.

Аз ин лиҳоз,  аз шумо, аъзои  Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мо­нда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Мар­ҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуд.

Ин қонун бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 15 октябри соли 2015 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст.

Қонун баҳри мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси амалкунанда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», дигар санадҳои қонунгузорӣ, ҳамчунин бо мақсади пешгирии паҳншавии  бемории сил, пурзӯр намудани табобати маҳкумшудагоне, ки  гирифтори чунин беморӣ мебошанд, қабул гардида, дар маҷмӯъ ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.

Ҳамин тавр, ҷиҳати истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ, дар моддаҳои 49 ва 51- уми Кодекс калимаҳои он мувофиқ ба истилоҳоти ҳуқуқиву соҳавии дар қонунгузории адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ иваз карда шудааст, ки хусусияти мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дорад.

Мавриди амал қарор додани муқаррароти зикршуда низ аз 27 марти соли 2016 муайян карда шудааст, ки он мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» қабул гардидааст.

Мувофиқи иловае, ки ба моддаи 161- уми Кодекс ворид карда мешавад, минбаъд ваколати тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи моддаи 2601 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Истифодаи ғайриқонунии ҳуҷҷатҳо барои ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии) шахси ҳуқуқӣ) ба зиммаи муфаттишони мақоми махсусгардонидаи мубориза бо коррупсия вогузор мегардад.

Ҳамчунин бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сил дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва ба табобат фаро гирифтани маҳкумшудагоне, ки гирифтори чунин беморӣ мебошанд, дар моддаҳои 392 ва 396 — уми Кодекс иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси     мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мо­нда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Мар­ҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Он бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 9 октябри соли 2015 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии паҳншавии бемории сил дар байни аҳолӣ, хусусан дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва тақвият бахшидани табобати маҳкумшудагоне, ки гирифтори ин беморӣ мебошанд, равона карда шудааст.

Бо ин мақсад ба қисмҳои дахлдори моддаҳои 24 ва 105- уми Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки доираи муносибатҳоро марбут ба истифодаи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ва таъминоти тиббиву беҳдоштии шахсони ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда танзим менамоянд, тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Ин тағйиру иловаҳо ҳуқуқи сари вақт ба табобат фаро гирифта шудани маҳбусонеро, ки гирифтори бемории сил мебошанд, такмил дода, ба барқароршавии саломатии маҳбусон ва пешгирии паҳншавии чунин беморӣ дар байни онҳо мусоидат менамояд.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Марҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Аз ҷониби Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид.

Қонуни зикршударо бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, 15 октябри соли 2015 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст. Он баҳри мутобиқ кардани меъёрҳои Кодекси амалкунанда ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ қабул гардида, дар маҷмӯъ ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.

Ҳамин тариқ, ҷиҳати истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ, дар як қатор моддаҳои Кодекс калимаҳои он мувофиқ ба истилоҳоти ҳуқуқиву соҳавие, ки дар қонунгузории ҷорӣ, аз он ҷумла қонунгузории адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ маъмулан истифода мешаванд, иваз карда шудааст. Ин тағйирот хусусияти мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дорад.

Мавриди амал қарор додани баъзе аз меъёрҳои пешниҳодшуда аз 27 марти соли 2016 муайян карда шуда, он аз муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бармеояд.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мо­нда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Мар­ҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Кумита баррасӣ карда шуд.

Ин қонун бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 15 октябри соли 2015 қабул намудааст.

Қонуни мазкур баҳри такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Муҳтавои он ба содатар гардонидани расмиёти фарзандхондии кӯдакони ятим нигаронида шуда, ҳадафи ниҳоӣ дар муҳити оила ва таълиму тарбияи комил фаро гирифтани шумораи ҳар чӣ бештари кӯдакони ятиму бепарастор мебошад.

Ҳамин тавр, ба моддаҳои 55, 275, 276, 277, 278 ва 280 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст.

Тибқи тағйиру иловаҳои воридгардида минбаъд парвандаҳои марбут ба масъалаҳои фарзандхондӣ дар муҳлати як моҳ баррасӣ гардида, он ба таври назаррас расмиёти фарзандхондиро осон менамоянд ва монеаҳои иловагиро бартараф месозанд.

Ҳамчунин ҷиҳати истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар моддаи 55- уми Кодекс калимаҳои он мувофиқ ба истилоҳоти ҳуқуқиву соҳавии қонунгузории адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ  иваз карда шуда, онҳо хусусияти мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Масъалаи мавриди амал қарор додани муқаррароти зикршуда низ аз 27 марти соли 2016 муайян карда шудааст, ки он мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» қабул гардидааст.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мо­нда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад.

Марҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Кумита баррасӣ гардид.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 октябри соли 2015 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекс ба талаботи Конвенсияи Гаага аз 5 октябри соли 1961 дар бораи бекор кардани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ё худ апостил, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2014 ба он ҳамроҳ гардидааст ва дигар санадҳои қонунгузорӣ қабул шудааст.

Мувофиқи тағйирот қисми 5 моддаи 74 ва моддаи 234- уми Кодекс дар таҳрири нав ифода карда шудааст.

Ҳамин тавр, минбаъд ҳуҷҷати дар давлати хориҷӣ гирифташуда, ки он тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ (легализатсия) карда ё ба он апостил гузошта шудааст, дар суди иқтисодӣ далели хаттӣ эътироф мегардад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Ҳамчунин ҳуҷҷатҳое, ки мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ бо тартиби муқарраргардида берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунҳои давлатҳои хориҷӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони хориҷӣ додаанд, таҳия ё тасдиқ намудаанд, агар дар қонунҳо ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, аз ҷониби судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мавҷудияти апостил ё барасмиятдарории консулӣ қабул карда мешаванд.

Тағйироти мазкур ба рушди таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунии байналмилалии хусусӣ дар Тоҷикистон мусоидат карда, ба таҳкими муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ ва беҳсозии фазои сармоягузории кишвар равона карда шудааст.

Ғайр аз ин, дар моддаи 105- уми Кодекс тағйиротҳое ворид карда шудаанд, ки хусусияти мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд. Ин тағйиротҳо ҷиҳати истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ тибқи муқаррароти қонунгузории адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ ворид шудааст.

Мавриди амал қарор додани ин меъёр аз 27 марти соли 2016 муайян карда шудааст, ки он аз талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бармеояд.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси   миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мо­нда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Мар­ҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 октябри соли 2015 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвият додани пешгирии кирдорҳои номатлуби машғул шудани занону духтарон ба фоҳишагӣ тавассути пурзӯр намудани ҷавобгарӣ нисбат ба чунин кирдорҳо иборат мебошад.

Бо ин мақсад ба моддаи 130- юми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои машғул шудан ба фоҳишагӣ пешбинӣ менамояд, қисми 2 илова карда шудааст.

Ҳамин тавр, минбаъд барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран машғул шудан ба фоҳишагӣ ҷарима ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз таъин карда мешавад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси      мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мо­нда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Мар­ҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 октябри соли 2015 қабул намудааст.

Он баҳри такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба талаботи  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст.

Ҳамин тавр, ба моддаҳои 93 ва 98- уми Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд.

Мувофиқи онҳо, минбаъд ваколати баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки бо қисми 1 моддаи 130- юми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Машғул шудан ба фоҳишагӣ) пешбинӣ шудаанд, ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ ва қисми 2- юми ҳамин модда ба зиммаи мақомоти судӣ вогузор мегардад.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мо­нда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба ҳисоб меравад.

Марҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз ҷониби Кумита баррасӣ гардид.

Ин қонун бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 15 октябри соли 2015 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст.

Қабули қонуни мазкур ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, баланд бардоштани масъулияти шахсони мансабдори мақомоти иҷозатдиҳанда ва мубориза бо коррупсия равона карда шудааст.

Бо ин мақсад ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ифодаи дақиқи мазмуни мафҳумҳои дар қонун истифодашаванда таъмин карда шуд.

Ҳамчунин ба тариқи электронӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ муқаррар гардида, ба ин васила,  монеаҳои маъмурӣ зимни гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бартараф карда шуданд. Илова бар ин, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба додани иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ муайян карда шудааст.

Ҳамин тавр, ҷиҳати истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ, дар як қатор моддаҳои дигари қонуни амалкунанда калимаҳои он мувофиқ ба истилоҳоти ҳуқуқиву соҳавии  маъмулӣ дар қонунгузории ҷорӣ истифодашаванда иваз карда шуда, онҳо хусусияти мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» шурӯъ менамоем.

Мар­ҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»-ро баррасӣ намуд. Он бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 4 ноябри соли 2015 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии адвокатҳо тавассути баҳодиҳии тахассуси касбии онҳо, баланд бардоштани масъулияти касбӣ, таъмини риояи муқаррароти конститутсионӣ дар хусуси кафолати ёрии тахассусии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ ва тақвият бахшидани пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ қабул шудааст.

Мувофиқи илова ба моддаи 10 — уми қонуни мазкур, аз ин пас агар адвокат қаблан дар баррасии парванда ба ҳайси машваратчии халқӣ иштирок карда бошад ё бо машваратчии халқӣ муносибатҳои хешутаборӣ дошта бошад, ҳуқуқи дар парвандаи мазкур ба сифати адвокат баромад карданро надорад. Муқаррароти мазкур ба талаботи моддаи 34 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, ки тибқи он машваратчиёни халқӣ ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ аз тамоми ҳуқуқҳои судя истифода мебаранд, мутобиқ карда шудааст.

Тағйиру иловаҳое, ки ба моддаҳои 12 ва 14 ворид карда шудаанд, барои соҳиб шудан ба мақоми адвокатӣ талаботи дахлдорро пешбинӣ менамоянд. Ҳамин тавр, шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нест, таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ надорад, забони давлатиро намедонад, инчунин на кам аз ду сол собиқаи корӣ аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ  надорад ё коромӯзиро дар ташкилоти адвокатӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи қонуни мазкур нагузаштааст, ҳуқуқи соҳиб шудан ба мақоми адвокатиро надорад.

Ҳамчунин минбаъд шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноят маҳкум шудаанд, ҳуқуқи гирифтани мақоми адвокатиро надоранд.

Ғайр аз ин, шахсони аз мақомоти давлатӣ, судӣ, адлия, прокуратура, адвокатура, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати ҳарбӣ барои вайрон кардани савганди касбӣ, содир намудани кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта озод гардидаанд, ҳуқуқ надоранд мақоми адвокатиро соҳиб шаванд. Зимнан, агар парвандаи ҷиноятӣ ҳангоми қабули санади авф оғоз нашуда бошад ё парвандаи оғозшуда қатъ шуда бошад, ҳамчунин дар сурати озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби пушаймонӣ аз кирдори худ, озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби оштӣ шудан бо ҷабрдида, озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби тағйир ёфтани вазъият, озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан низ шахс ҳуқуқи гирифтани мақоми адвокатиро гум мекунад.

Тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 13 ва 35 –уми қонуни мазкур масъалаҳои ба аттестатсия фаро гирифтани адвокатҳо ва тартиби гузаронидани чунин аттестатсияро муқаррар менамоянд. Меъёрҳои пешниҳодгардида баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва касбияти адвокатҳо бо мақсади беҳсозии сифати хизматрасонии адвокатҳо ва ба ин васила, дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон қабул шудааст.

Ба моддаи 22-юми қонуни мазкур низ иловаҳои дахлдор ворид карда шуда, онҳо асосҳои дигари қатъ гаштани мақоми адвокатиро муайян кардаанд. Аз ҷумла аз аттестатсия нагузаштани адвокат, аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ё шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст додани адвокат, барои истиқомати доимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтани адвокат минбаъд асос барои қатъ гардидани мақоми адвокатӣ мегардад.

Мувофиқи тағйироти дигар, аз моддаи 45 — уми қонуни мазкур қисми якуми он хориҷ карда шуда, имтиёзҳое, ки ба адвокатҳо барои соҳиб шудан ба мақоми адвокатӣ супоридани имтиҳони тахассусиро сарфи назар мекарданд, соқит карда шуданд. Аз ин пас ба ҳар як довталаб сарфи назар аз собиқаи касбӣ барои соҳиб шудан ба мақоми адвокатӣ имконияти баробар дода мешавад.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба овоз мо­нда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» шурӯъ менамоем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Куми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология муҳ­та­рам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дода меша­вад. Мар­ҳамат.

ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ:Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Латифзода, Б. Авзалшоева, М. Ахмедов ва Б. Садриддинов пешниҳод гарди­да, онро Маҷлиси намоянда­гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 октябри соли 2015 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади такмил додану мукаммал гардонидани қонуни амалкуна­н­­­да, инчунин мутобиқ намудани он ба меъёру принсипҳои ҳуқуқи бай­нал­­милалӣ, тақвият бахшидани заминаи ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ, муайян намудани ваколатҳои мақомот­ҳои дахлдор ҷиҳати амалигар­до­нии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ, танзими давлатии санҷиши навъҳо ва ташкили фонди суғуртавии тухмии навъҳои растанӣ қабул гардидааст. Аз ҷумла бо мақсади мутобиқ намудани қонуни амалкунанда бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар матни қонун калимаҳои «мақоми ваколат­дори давлатии идораи кишо­варзӣ ва хоҷагии ҷангал» ба калимаҳои «мақоми ваколат­дори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ» иваз карда шудаанд.

Ҳамчунин бо дарназардошти муайян намудани заминаи ҳуқу­қии нақша маҷмӯи тад­бирҳо оид ба такрористеҳсо­л­кунии навъҳо бо истифодаи усулҳои асоснок­шу­даи илмӣ, моддаи 14 –уми қонуни амалкунанда, дар таҳрири нав ифода гардида, ҳамзамон мод­да­ҳои 141 «Феҳ­ри­с­ти  истеҳ­сол­кунанда­го­ни тух­мии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо» ва 142 «Истифодаи навъи растаниҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо вориднашуда» илова карда шудааст.

Бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолият дар самти ташкили фонди суғуртавии тухмии растаниҳо, моддаи 20 дар таҳрири нав ифода гардида, ҳамзамон моддаҳои нави 211 «Муайян намудани сифати навъи тухмӣ» ва 212 «Санҷиши давлатии навъҳо» илова карда шудааст.

Ғайр аз ин, ба қонуни амалкунанда моддаҳои нави 291, 292 ва 293 илова карда шудааст, ки онҳо салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ваколат­ҳои мақоми вако­латдори давлатии идоракунӣ ва ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар соҳаи тухмипарварӣ муайян менамоянд.

Қонун ба меъёрҳои консти­тут­сионӣ, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалии эъти­роф­­­кар­даи Ҷум­ҳу­­рии Тоҷикис­­тон мутобиқ буда, аз шумо муҳта­рам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Сухан оид ба ин масъала ба муовини раиси Куми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷ­ти­моӣ, ҳиф­зи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиё­сати байни ҷавонону занон дар  ҷо­меа муҳ­та­рама Бобобекова Меҳринисо дода меша­вад. Мар­ҳамат.

Меҳринисо БОБОБЕКОВА: — Муҳтарам Раис! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 амал мекунад

Қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои банди 39 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 пешбинӣ шудаанд, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 октябри соли 2015 қабул намудааст.

Мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сода­гар­донии расмиёти фарзандхондии кӯда­кони ятим, самаранок ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти васояту парасторӣ равона гардида, тибқи он номутобиқатии меъёрҳои Кодекси мазкур бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартараф карда шудаанд.

Бо ин мақсад ба 11 моддаи Кодекси амал­кунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки тағйироти пешниҳодгардидаи модда­ҳои 31, 33, 134, 139 ва 143 характери мутобиқ­ку­нанда, муайянкунанда ва таҳрирӣ дошта, ҷиҳати аз байн бурдани номувофиқатӣ байни меъёрҳои санадҳои қонунгузорӣ ва истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар пешбинӣ гардидааст. Чунончӣ, калимаҳои «фамилияеро», «фамилия», «фамилияи» ва «маҳрамияти» мувофиқан ба калимаҳои «насаберо, «насаб», «насаби» ва «сирри» иваз карда шудааст.

Ҳамзамон бо мақсади мукаммалгардонии меъёрҳои Кодекси мазкур моддаҳои 58 ва 135 дар таҳрири нав ифода карда шудаанд.

Инчунин ба моддаҳои 123, 126, 127 ва 148 қисмҳои нав илова карда шудааст, ки тибқи он тартиби ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кӯдакони бепарастори аз падару модармонда ва мақомоти васояту парасториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Қонун ба талаботи меъёр­ҳои техникаи ҳуқуқэҷод­кунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон мутобиқ мебошад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мо­нда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» шурӯъ менамоем.

Марҳамат, муҳтарама Бобобекова Меҳринисо.

Меҳринисо БОБОБЕКОВА: — Муҳтарам Раис! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси на­мояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 октябри соли 2015 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ мавриди баррасӣ қарор дод.

Мақсади ворид намудани тағйиру илова ба қонуни амалкунанда аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи дигар санадҳои қонунгузорӣ, инчунин содагардонии расмиёти фарзандхондии кӯдакони ятим иборат мебошад.

Тағйирот ба моддаи 49 бо мақсади содагардонии фарзандхондӣ пешниҳод шуда, тибқи он бақайдгирии давлатии фарзандхондии кӯдак танҳо дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бароварда шудани ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани фарзандхондӣ амалӣ карда мешавад, ки қаблан бақайдгирии давлатии фарзандхондии кӯдак дар маҳалли истиқомати кӯдаки фарзандхондшуда ва ё маҳал­ли истиқомати ба фарзандӣ қабул­ку­нан­да­гон (ба фарзандӣ қабулкунанда) низ гузаронида мешуд.

Ҳамзамон ба моддаи 50 қисми 3 бо мазмуни зайл илова  карда шудааст: «Агар дар давоми як моҳи баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд оид ба фарзандхондӣ шахсони дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида бо ариза ё хабарнома муроҷиат накунанд, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бароварда шудани ҳалномаи суд бақайдгирии давлатии фарзандхондиро анҷом медиҳад».

Тағйироти  пешниҳодгар­дидаи моддаи 54 бо мақсади мутобиқкунонии меъёри он ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои характери мутобиқкунанда буда, иваз намудани ибораи «шахсии молумулкӣ ва» ба ибораи «молумулкӣ ва шахсии»-ро пешбинӣ менамояд.

Қонуни мазкур ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷод­кунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Санади мазкур моҳи ноябри соли 2015 эътибор пайдо мекунад.

Бо ин мақсад дар қисми 1 моддаи 5 ибораи «аз тарафи муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ гардонида шаванд, агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ибораи «бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (легализатсия) шаванд ё ба онҳо апостил гузошта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон» инчунин дар моддаи 15 калимаҳои «қонунӣ гардонида шуда бошанд ва дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «тасдиқ (легализатсия) шуда бошанд ё ба онҳо апостил гузошта шуда бошад ва дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон» иваз карда шуданд.

Мувофиқи ин тағйирот минбаъд ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ дода шуда ва барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешниҳод карда шудаанд, тасдиқ (легализатсия) ва ё ба онҳо апостил гузошта мешаванд. Қаблан чунин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе гузоштани апостил қонунӣ гардонида мешуд.

Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти нукоти зикргардида, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қабули қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» мебошад. Мар­ҳамат, муҳта­рама Бобобекова Меҳринисо.

Меҳринисо БОБОБЕКОВА: — Муҳтарам Раис! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 октябри соли 2015 қабул намудааст, баррасӣ намуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз 29 апрели соли 2006 амал мекунад.

Мақсади ворид намудани тағйирот ба қонуни мазкур ин такмили қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи Конвенсияи Гаага аз 5 октябри соли 1961 мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он 29 октябри соли 2014 ҳамроҳ шудаааст.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни номбурдаро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» шурӯъ менамоем.

Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба муовини раиси Куми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳанг­со­зии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси  намо­­ян­да­­гон, ҳо­ки­ми­яти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъия­тӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни­пар­ламентӣ муҳтарам Шоев Нуралӣ Наботович дода меша­вад. Мар­ҳамат.

Нуралӣ ШОЕВ:Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 октябри соли 2015 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи мувофиқбудаи Конвенсияи бекоркунандаи талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, ки 5 октябри соли 1961 дар шаҳри Гаага ба имзо расидааст, қабул гардидааст.

Тибқи тағйироти воридгардида қисми 3 моддаи 39 дар таҳрири нави зайл ифода гардидааст:

«3. Ҳуҷҷатҳои дар қисми 2 моддаи мазкур зикргардида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд  тасдиқ (легализатсия) карда шаванд ё ба онҳо апостил гузошта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.».

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст мухолифат надорад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба овоз мо­нда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии  рӯз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» шурӯъ менамоем. Марҳамат, муҳтарам Нуралӣ Наботович.

Нуралӣ ШОЕВ:Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 октябри соли 2015 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.

Мақсади қабули қонуни мазкур мутобиқ намудани меъёрҳои он ба қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» иборат мебошад.

Қисмҳои 7 ва 8 моддаи 9 хориҷ карда шудаанд.

Инчунин ба қонун моддаи 91 бо мазмуни зайл илова карда шудааст:

«Моддаи 91. Санадҳои Ҷамоат

1. Ҷамоат дар доираи ваколати худ қарор қабул мекунад.

2. Қарорҳои Ҷамоат, ки дорои хусусияти умумиҳатмӣ мебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ фиристода мешаванд.

3. Тартиби интишори расмӣ ва мавриди амал қарор додани санадҳои Ҷамоатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

4. Қарорҳои Ҷамоат дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот амал намуда, иҷрои онҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад».

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надорад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ба овоз мо­нда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Ку­ми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба масъ­ала­ҳои иқтисодиёту коммуникатсия муҳ­та­рам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Мар­ҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пеш­ни­ҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон 9 октябри соли 2015 қабул на­му­дааст.

Қонуни мазкур бо мақсади такмил додан, мукаммал сохтани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муто­биқ гардонидани он ба қонун­гузории ҷории ҷумҳурӣ қабул гарди­дааст.

Тибқи қонуни мазкур банди 4 моддаи 138-уми Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки мувофиқи он ҳуҷҷате, ки резидентии ғайрирезидентро тасдиқ мекунад, бояд тасдиқ (легализатсия) карда шавад ё ба он апостил гузошта шавад, агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷли­си миллӣ, хоҳиш­мандем ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии  рӯз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Мар­ҳамат, муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир.

АмирЗода Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2015 қабул на­му­дааст.

Қонун бо мақсади такмил додани қонуни амалкунанда, инчунин рушди бозори қоғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби сармоягузорон ба иқтисодиёти миллӣ тавассути пешбинӣ намудани имтиёзҳои андозӣ қабул гардидааст.

Ҳамчунин қонун барои ба талаботи муосири ҷаҳонӣ мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳавасманд гардонидани субъектони бозори қоғазҳои қиматнок, таъмини иштироки фаъоли эмитентҳо ва сармоягузорон дар фаъолияти бозори қоғазҳои қиматноки Тоҷикистон имконият фароҳам меорад.

Тибқи қонуни мазкур ба Кодекси амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон боби нави 472, ки аз моддаи 3132 «Хусусиятҳои андозбандии субъектҳои бозори қоғазҳои қиматнок» иборат мебошад, илова карда шудааст. 

Қонун ба меъёрҳои конститут­сионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санад­ҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебо­шад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мо­нда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба ҳисоб меравад.

Марҳамат, муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳуку­мати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешни­ҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 9 октябри соли 2015 қабул на­му­дааст.

Қонун бо мақсади такмил додану мукаммал гардонидани қонуни амалкунанда, инчунин таъмини иҷрои талаботи моддаи 8-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» ҷиҳати додани Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи гузаронидани аудити экологӣ қабул гардидааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» принсипҳо ва тартиби гузаронидани аудити экологиро дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии таъсири манфии фаъолияти идоракунӣ, хоҷагидорӣ ва дигар намудани фаъолият ба муҳити зист, ҳаёт  ва саломатии аҳолӣ муайян менамояд.

Тибқи талаботи моддаи 11-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» ташкилотҳои аудитории экологиро зарур аст, ки онҳо Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи гузаронидани аудити экологӣ дошта бошанд.

Аз ин рӯ, мувофиқи қонуни мазкур ба моддаи 17-уми қонуни амалкунанда сархати нави чилу ҳаштум илова карда шудааст, ки он доштани иҷозатномаро ҳангоми фаъолияти аудитории экологӣ пешбинӣ менамояд.

Қонун ба меъёрҳои конститут­сионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санад­ҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебо­шад.

Аз шумо, муҳта­рам, аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» шурӯъ менамоем.

Марҳамат, муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи  ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 октябри соли 2015 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додан, саҳеҳу оммафаҳм сохтан ва мутобиқ гардонидани он бо қонунгузории ҷории ҷумҳурӣ қабул гардида, тибқи он ба моддаҳои 4 ва 5-уми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Аз ҷумла бо мақсади содаю оммафаҳм сохтану мутобиқгардонӣ дар зербанди «а» банди 1), сархати якуми банди 12), сархати якуми банди 13), қисми 8 моддаи 4, дар банди 2) қисми 3 ва банди 2) қисми 4 моддаи 5 калимаҳои «писархонд (духтархонд)»  мутаносибан ба калимаи «фарзандхонд» иваз карда шуда, аз банди 18) қисми 1) моддаи 5 калимаҳои «Инчунин аз рӯи парвандаҳои  васоят ва писархонд (духтархонд) кардан» хориҷ карда шудааст.

Ҳамчунин бо мақсади такмилдиҳӣ ба қисми 1 моддаи 5-уми қонуни амалкунанда банди нави 20 илова карда шудааст, ки он шаҳрвандонро ҳангоми ба суд пешниҳод намудани ариза оид ба фарзандхондӣ аз пардохти боҷи давлатӣ озод менамояд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» мебошад.

Марҳамат, муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон 9 октябри соли 2015 қабул на­му­дааст.

Қонун бо мақсади такмил додану мукаммал гардонидани қонуни амалкунанда ва мутобиқ гардонидани он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, тибқи он ба қисми 16 моддаи 4-уми қонуни амалкунанда банди нави 9 илова карда шудааст.

Мутобиқи иловаи мазкур минбаъд барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 62,5 фоиз аз нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо барои ҳар ҳуҷҷат аз шахсони воқеӣ ва 125 фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар ҳуҷҷат аз шахсони ҳуқуқӣ боҷи давлатӣ ситонида мешавад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш­мандем ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» шурӯъ менамоем.

Марҳамат, муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 октябри соли 2015 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додан, мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ қабул шудааст.

Мутобиқи қонуни мазкур сархати сеюми банди 13) қисми 8 моддаи 4 дар таҳрири нав ифода шудааст, ки мутобиқи он минбаъд барои анҷом додани амали нотариалӣ ҳангоми тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи ихтиёрдории воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ба ғайр аз хешовандон) боҷи давлатӣ ба андозаи понздаҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ситонида мешавад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» мебошад.

Марҳамат, муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон 9 октябри соли 2015 қабул на­му­дааст.

Қонуни мазкур бо мақсади такмил додану мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва мутобиқ гардонидани он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, аз ду модда иборат мебошад.

Тибқи моддаи 1-уми он ба қисми 2 моддаи 4-уми қонуни амалкунанда сархати нави ҳаштум илова карда шудааст, ки хироҷ барои гузоштани апостил ба номгӯи дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ дохил мегардад.

Ғайр аз ин, ба қонуни амалкунанда боби нави 81, ки аз моддаи 291 иборат аст, илова карда шудааст.

Мутобиқи моддаи нави 291 барои баррасии ариза оид ба гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷ ситонида шуда, маблағи он аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор барои гузоштани апостил пардохт мешавад ва маблағи пардохтшудаи хироҷ баргардонида намешавад.

Моддаи 2 мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро муқаррар менамояд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш­мандем ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» шурӯъ менамоем.

Марҳамат, муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ  Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 октябри соли 2015 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади саҳеҳу оммафаҳм гардонидани қонуни амалкунанда қабул гардида, тибқи он дар моддаҳои 2, 11 ва 29-уми қонуни амалкунанда мафҳуми қонунигардонӣ ба мафҳуми тасдиқ кардан ва ё апостил гузоштан иваз шудааст.

Қонун ба меъёрҳои конститут­сионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санад­ҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебо­шад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» шурӯъ менамоем. Марҳамат, муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам  Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 октябри соли 2015 қабул на­му­дааст.

Қонуни мазкур бо мақсади такмил додан, мукаммал сохтан ва мутобиқ гардонидани қонуни амалкунанда ба қонунгузории ҷории ҷумҳурӣ қабул гардидааст. Аз ҷумла бо мақсади мукаммалгар­донии қонуни амалкунанда сархати ҳафтуми моддаи 1, ки мафҳуми пасандозҳои суғурташударо баён менамуд, дар таҳрири нав ифода шудааст.

Ғайр аз ин, қисми 1 моддаи 16 дар таҳрири нав ифода шудааст, ки мутобиқи он минбаъд, ташкилоти қарзӣ бояд ҳар семоҳа ба андозаи 0,25 фоизи бақияи миёнаи семоҳаи гузаштаи пасандозҳои шахсони воқеии дар ташкилотҳои қарзӣ мавҷудбуда, ки суғурта мешаванд, ба истиснои пасандозҳои шахсони воқеии дар моддаи 24-уми қонуни амалкунанда номбаршуда, бо пули миллӣ пардохтҳои тақвимии бебозгаштро пардохт намояд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки андозаи бақияи миёнаи семоҳаи гузаштаи пасандозҳои шахсони воқеии дар ташкилотҳои қарзӣ мавҷудбуда, ки суғурта мешаванд, дар қонуни амалкунанда 0,5 фоизро ташкил медод.

Номи боби 5 дар таҳрири нав ифода ёфта, ба он моддаи нави 211 «Объектҳои ҳатмии суғурта» илова карда шудааст.

Дар қисми 1 моддаи 22 рақам ва калимаҳои «7000 (ҳафт ҳазор) сомонӣ» ба рақам ва калимаҳои «350 (сесаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо» иваз карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ Хазина ба пасандоздор маблағи пасандозҳои дар ташкилоти қарзӣ суғурташударо дар ҳаҷми на бештар аз 350 (сесаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 14000 (чордаҳ ҳазор сомонӣ) ҷуброн менамояд.

Қонун ба меъёрҳои конститут­сионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санад­ҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебо­шад.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» шурӯъ менамоем.

Марҳамат, муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 октябри соли 2015 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додан, мукаммал сохтан, инчунин бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ қабул шудааст.

Тибқи қонуни мазкур дар сархати якум банди б) моддаи 31 илова ворид шудааст, ки мутобиқи он минбаъд дар ҳолати идора кардани воситаҳои нақлиёт аз тарафи шахсон дар ҳолати гузаштани муҳлати амали ҳуҷҷатҳо оиди ҳуқуқи идоракунӣ ё истифодабарии воситаи нақлиёт, истифодабарии воситаҳои нақлиёт манъ карда шуда, воситаи нақлиёт бо нигоҳдории он дар истгоҳи махсус боздошт карда мешавад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» шурӯъ менамоем.

Марҳамат, муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 октябри соли 2015 қабул на­му­дааст.

Қонун бо мақсади такмил додан, мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва мутобиқгардонии он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, аз ду модда иборат мебошад.

Тибқи моддаи 1-уми он қисми 1 моддаи 17 дар таҳрири нав ифода шудааст, ки мутобиқи он нарх ва тарифҳои энергияе, ки аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мешавад, бо назардошти хароҷоти истеҳсол ва дастгирии рушди истифода­барии энергия, аз манбаъҳои барқарор­шавандаи энергия барои фурӯхтан ба субъектҳои монополияи табиӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори тан­зими фаъолияти субъектҳои монополия­ҳои табиӣ, аз ҷониби Ҳукумати Ҷум­ҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Моддаи 2 мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро пешбинӣ менамояд.

Қонун ба меъёрҳои конститут­сионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санад­ҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебо­шад.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок» шурӯъ менамоем.

Марҳамат, муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2015 қабул на­му­дааст.

Қонун бо мақсади такмил додан, мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ, рушди бозори қоғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла ҷиҳати сода намудани таъсиси биржаҳои фондӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дар бозори қоғазҳои қиматноки ҷаҳон муаррифӣ намудани қоғазҳои қиматноки эмитентҳои дохилӣ, бартараф намудани монеа ва мушкилиҳо ҳангоми гирифтани иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти касбӣ дар бозори қоғазҳои қиматноки ҷумҳурӣ қабул гардидааст.

Тибқи қонуни мазкур ба қонуни амалкунанда як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ва дар бозори қоғазҳои қиматноки ҷаҳон муаррифӣ намудани қоғазҳои қиматноки эмитентҳои дохилӣ ба моддаи 4-уми қонуни амалкунанда илова ворид карда шудааст, ки он имконияти ифодаёбии арзиши номиналии саҳмияҳои эмитент- резидентҳоро бо асъори хориҷӣ ва камтар набудани арзиши онҳоро ҳангоми барориш аз ҳадди ақали арзиши номиналии саҳмияҳои дар қисми 1 моддаи 4-уми қонуни амалкунанда, ки як сомониро ташкил медиҳад, пешбинӣ менамояд.

Ғайр аз ин, ба моддаи 5-уми қонуни амалкунанда қисми нави 3 илова карда шудааст, ки он имконияти ифодаёбии арзиши номиналии вомбаргҳои эмитент-резидентҳоро бо асъори хориҷӣ ва камтар набудани арзиши онҳоро ҳангоми барориш аз ҳадди ақали арзиши номиналии вомбаргҳои дар қисми 2 моддаи 5-уми қонуни амалкунанда, ки даҳ сомониро ташкил медиҳад, дар назар дорад.

Ҳамчунин ҷиҳати бартараф намудани монеаҳо ҳангоми машғул шудан ба фаъолияти касбӣ дар бозори қоғазҳои қиматнок ба қисми 1 моддаи 36 тағйирот ворид шудааст, ки мутобиқи он минбаъд шахси ҳуқуқие, ки дар фонди оинномавии он ҳиссаи ягон иштирокчии касбии бозори қоғазҳои қиматнок ё ҳиссаи шахси ҳуқуқӣ, ки ширкат­кунандаи он иштирокчии касбии бозори қоғазҳои қиматнок мебошад, аз 20 фоиз зиёд аст, барои ҳуқуқи пешбурди фаъолияти касбӣ бо қоғазҳои қиматнок ҳамчун иштирокчии касбии бозори қоғазҳои қиматнок иҷозатнома гирифта наметавонад.

Ба моддаи 38 қисми нави 12 ва ба моддаи 39 қисми нави 7 илова карда шудааст, ки мутобиқи он тартиби амалӣ намудани фаъолиятҳои брокерӣ ва дилерӣ дар бозори қоғазҳои қиматнок аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Ба моддаи 43 қисми нави 14 илова карда шудааст, ки мутобиқи он иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок ва дигар шахсони ҳуқуқӣ метавонанд ҳамчун муассис тибқи қонунгузории ҷорӣ маҳфуздорандаи марказиро таъсис диҳанд, ки тартиби фаъолияти он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Ҳамчунин ба моддаи 44-уми қонуни амалкунанда қисмҳои нави 12, 13, 14, 15 ва 16 илова карда шудааст, ки онҳо санади танзимкунандаи биржаи фондӣ ва вазъи ҳуқуқии ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии қоғазҳои қиматнокро муқаррар менамоянд.

Бо мақсади аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ сархати чоруми моддаи 45 хориҷ карда шудааст.

Қонун ба меъёрҳои конститут­сионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санад­ҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебо­шад.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба  баррасии масъалаи ниҳоии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» шурӯъ менамоем.

Марҳамат, муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2015 қабул на­му­дааст.

Қонун бо мақсади такмил додани қонуни амалкунанда, инчунин ба танзим даровардани тарифҳои хизматрасонии субъектҳои монополияҳои табиӣ қабул гардидааст. Аз ҷумла бо мақсади такмил додани қонуни амалкунанда дар сархатҳои якум ва дуюми қисми якуми моддаи 5-уми он пас аз калимаҳои «дар мавриди» калимаи «истеҳ­сол» илова шудааст. Яъне, қонуни амалкунанда минбаъд фаъолияти субъект­ҳои монополияи табииро дар соҳаҳои хизматрасонии дар мавриди истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ ва гази табиӣ низ ба танзим медарорад.

Инчунин ба сархати сеюми моддаи 14-уми қонуни амалкунанда илова ворид карда шудааст, ки он масъалаи тасдиқ намудани тарифҳои неруи барқ ва гармиро аз доираи ҳуқуқҳои мақоми ваколатдор дар соҳаи монополияҳои табиӣ истисно менамояд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санад­ҳои ҳуқу­қии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷик­ис­тон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебо­шад.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Сухан ба раиси котибот дода мешавад. Марҳамат, гуфтание доред? Нест.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасӣ шуданд. Доир ба тартиби бурдани иҷлосия, баррасӣ намудани масъалаҳо таклифу эродҳо ҳастанд? Ба раисони кумитаҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва шумо, ҳозирини арҷманд, барои иштироки фаъолона дар кори иҷлосия ташаккур мегӯем!

Бо ҳамин Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Ҷумъахон НАБОТОВ, Неъматулло СОЛЕҲОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ