Вусъати корҳои ободонӣ бо завқи баланд

№70 (3864) 07.06.2018

Хашар 050618 (1)Дар пайравӣ ба иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ доир гардид.

60 корманди Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба ҳашар баромада, гирду атрофи бинои Маҷлиси Олиро рӯбучин намуда, гулҳои рангоранг шинониданд ва бехи дарахтонро нарм карданд. Хурсандиовар аст, ки дар ин макон ҳар ваҷаб замин оқилона ва самаранок истифода шуда, саҳни ҳавлӣ тозаву озода аст.

Муҳимтар аз ҳама, солҳои охир дар Маҷлиси намояндагон ободонӣ ва созандагӣ вусъати тоза пайдо намуда, шинонидани гулу гулбутта ва дарахтони ороишӣ симои онро тағйир додаанд.

Тавре масъулин иброз доштанд, ҳадафи дигари чорабинии мазкур тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстию меҳнатдӯстӣ ба ҳисоб мерафт.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон