Зани хубу донандаву порсо…

№30 (3824) 08.03.2018

DSC_1357Ҳангоме ки перомуни рушди ҳамешагии шахс сухан меравад, бояд дар хусуси тағйирпазирӣ ва тағйирёбии шахсияти зан низ сухан гуфт. Ин, қабл аз ҳама, вобаста ба худшиносӣ  ва дарки нақшу мақоми зан дар равандҳои бошиддати ҷаҳони муосир буда, кӯшишҳои ҷиддӣ ба хотири ҷалби таваҷҷуҳ ба моҳияти созанда ва ҷойгоҳи баланди зан дар ҷомеа мебошад. Имрӯз занон дигар намехоҳанд дар доираи мафҳуми қолабии «нисфи инсоният» маҳдуд гарданд ва «тан ба тақдир» супоранд. Онҳо мехоҳанд зиндагиро ба дасти худ созанд ва «тақдирҷунбон»-и хеш бошанд. Аммо бисёр қонунҳои нонавишта ва хурофоту каҷфаҳмиҳои ҷомеаҳои анъанавӣ ба фаъолияту имконоти зан аз даричаи ҷаҳонбинии маҳдуд ва хурофотзада нигариста, хираду идроки занро зери пардаи шакку шубҳа қарор медиҳанд. Бисёриҳо то ба ҳол дарк накардаанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қарни XXI қарор дорад ва 26 сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд рушд намуда, сиёсатеро пеш гирифтааст, ки мутобиқи он ҳар як шаҳрванд бояд ҳимоятгари арзишҳои миллӣ ва низоми давлатӣ бошад. Дар мамлакат ба баробарҳуқуқии зану мард, мавқеи зан аҳамияти махсус дода мешавад, ки бештар ба ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо равона шудаанд. Далел Қонун «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», ки 1 марти соли 2005 қабул ва муносибатҳоро оид ба таъмини кафолати конститутсионии баробарҳуқуқии марду зан дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайра ба танзим дароварда, бар зидди ҳама намуди табъиз равона шудааст. Болотар аз ин, дар асоси платформаи Пекин Ҳукумати мамлакат «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2023», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 – 2016» ва як силсила асноду ҳуҷҷатҳои ҳуқуқиро қабул кард, ки онҳо барои боз ҳам баланд бардош­тани мақоми зан дар ҷомеа мусоидат мекунанд. Барои зани тоҷик имрӯз имкон барои иштирок дар фаъолияту пешбурди ҳама соҳа мавҷуд мебошад.  Воқеан ҳам, дар зарфи 26 соли Истиқлолияти давлатӣ имкони зиёд пайдо шуд, ки мақому манзалати зан баланд бардошта шавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар давраи ҷанги бародаркушӣ паст рафтани дараҷаи некуаҳволии халқ, пайдо шудани як қатор проблемаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ, боиси паст шудани сатҳи маърифатнокии занон гардид. Мутаассифона, баъзеҳо ин далоилро фаромӯш карда, он дастовардҳое, ки дорем, нодида мегиранд. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи барномаҳои зикршудаи давлатӣ ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани вазъи занон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди оила ва сиёсати демографӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои занону духтарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳар чӣ бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо, яъне баланд бардоштани нақши иҷтимоии бонувону духтарон тадбирҳои заруриро амалӣ мекунад. Ҳанӯз ҳам ба кӯшишҳои зиёди Ҳукумати мамлакат нигоҳ накарда, сатҳи маърифатнокӣ ва майли занону духтарон ба донишомӯзӣ ҷавобгӯ нест ва ин хеле ташвишовар аст. Зеро маҳз занон насли ояндаро тарбия менамоянд ва инкишофи насли солим ва маърифатпарвар бевосита ба фаъолияти онҳо вобаста аст. Ғайр аз ин, иштироки фаъолонаи занон дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа ба рушду нумӯи минбаъдаи он мусоидат карда метавонад. Зимни таҳқиқоти гендерие, ки дар ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то сабабҳои инро ба тариқи пурсиш дар байни занон, хусусан занони деҳот ва маҳалҳои дурдаст, муайян кунанд. Вале бояд гуфт, ки аксар таҳқиқоте, ки дар ин ҷода гузаронида мешаванд, якранг буда, танҳо ба муайян намудани мавқеи зан ва ба шарҳи масоиле, ки танҳо бо зан алоқаманд ҳастанд, маҳдуданд. Ҳол он ки мафҳуми «гендер» васеътар буда, муносибати байни ҷинсҳоро дар назар дорад. Аз ин рӯ, бояд мавқеи зан дар вобастагӣ бо мавқеи мардон таҳлил гардад. Хулосаҳои асосие, ки аз таҳқиқоти бурдашуда ба даст овардаанд, инҳоанд:

- аксарияти занон аз ҷиҳати  иқтисодӣ тобеи мардон буда, ғолибан мардон таъминкунандагони асосӣ ба шумор мераванд;

- аксари занон аз ҳуқуқҳои худ бехабаранд;

- дар аксар оилаҳо занон ба зӯроварии ҷисмонӣ ва психологӣ дучоранд;

- паст будани донишу маърифатнокии қисме аз занон.

Ба ин ақидаҳо зид нестем, аммо амиқтар андешем, мебинем, ки аксаран сабаби тобеияти молии зан аз камфаъолиятии худи ӯ бармехезад. Яъне, мувофиқи ақидаи аксари занон маҳз мард сарвари оила буда, таъмини оила вазифаи асосии ӯст. Албатта, ба муқаррар шудани ин гуна ақида урфу одат, ҷаҳонбинии динӣ ва ғайра мусоидат менамояд. Аз ин сабаб бисёре аз занҳо бемасъулият буда, дар ташаккул додани шахсият намекӯшанд ва истеъдоду малакаи доштаро инкишоф намедиҳанд. Ин қабил занон духтарони худро низ дар ҳамин рӯҳия тарбия намуда, ҳатто хонондани онҳоро раво намебинанд ва барои иҷрои корҳои хонагӣ ва рӯзгор тайёр менамоянду бас. Ин гуна муносибат дар оянда ҳатман ба тобеияти зан аз мард оварда мерасонад. Мо, албатта, зидди тарбияи духтарони дар рӯҳияи сабру таҳаммул, эҳтироми суннату анъанаҳои неки миллӣ, аз ҷумла нигоҳ доштани иззату ҳурмати калонсолон ва сарфаю сариштакорӣ нестем. Танҳо таъкид карданием, ки барои зани муосири  тоҷик ҳамаи имкон мавҷуд аст, ки рукнҳои миллии дар боло қайдшударо нигоҳ дошта, соҳиби илму маърифат бошад. Зани бомаърифат неруи равшанибахши хонадон, мураббии нахустини фарзандон ва нигаҳдорандаи сафои зиндагӣ буда, ҳамеша барои ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мус­таҳкам гардидани оила саъю талош мекунад.

Пеш аз он ки барои ҳуқуқу мавқеи зан чора андешем, бояд дар тафаккури ӯ табадуллот ба вуҷуд оварем ва ба амалиёти фаъолона ҷалб намоем. Барои ин бояд аввалан сатҳи умумии зиндагӣ баланд бардошта шавад, дар деҳоту маҳалҳо истеҳсолот барқарор гардад, занон бо ҷои кор таъмин бошанд.

Дуюм, системаи ҳатмии маълумоти миёнаро боз ҳам қавӣ кардан зарур аст, зеро ҳоло ҳам ҳастанд духтароне, ки метавонанд аз маълумоти миёна даст кашанд ва ё онро ба охир нарасонида, тарки мактаб намоянд. Дар мактабҳо кумитаҳои кор бо духтарон ташкил намудан лозим аст.

Сеюм, воситаҳои ахбори омма аз зиндагию пешрафти бонувону заноне, ки новобаста аз пастию баландии зиндагӣ ба муваффақият ноил шудаанд ва аз ҳаёти духтараконе, ки бепарастор буданду бо дастгирии Пешвои миллат соҳиби маълумоту касб гаштаанд, барномаҳо таҳия намоянд. Барои ин аз ҳаёту фаъолияти занони ватанӣ ва мамлакатҳои гуногун, аз ҷумла мамолики исломӣ, барномаҳо ташкил кардан зарур аст, то ин ки занҳои ҷумҳурӣ имконияти муқоиса намуданро дошта бошанд. Бояд бештар нишон диҳем, ки ҳуқуқҳои занон дар мамолики ҷангзада ва баъзе аз мамлакатҳо чӣ гуна поймол мешавад. Зан ба як олоти хариду фурӯш мубаддал шудааст ва ягон арзиш надорад. Ҳодисаи дар Нигерия аз тарафи ҷангиён гаравгон гирифтани духтаракони мактабхон далели он аст. Имрӯз дар кишварҳои ҷангзада таҳти ниқоби дин ҳуқуқи на фақат занон, балки мардон низ поймол карда мешавад. Зарур аст, зани имрӯз дарк кунад, ки имону иффат хусусияти зоҳирӣ надорад.

Хушбахтона, чораҳое, ки Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани мақоми зан меандешад, самара дода истодааст, ҳатто мардон кӯшиш мекунанд, ки ба духтарони маълумоту касб дошта оила барпо намоянд. Хуб мешуд, ки ба  корҳои тарғиботие, ки дар байни духтарон гузаронида мешаванд, мардон низ ҷалб карда шаванд. Зеро маҳз мардон метавонанд ба занону духтарон бифаҳмонанд, ки мавқеи зани босаводу бомаърифат чӣ дар ҷомеа ва чӣ дар оила баландтар буда, маҳз онҳо метавонанд соҳиби обрӯ дар байни фарзандону хешовандон гарданд.  Соҳиби маълумот шудан ба занон дари имкониятҳоро боз мекунад ва аз ҳама асосӣ зани соҳибмаълумот фарзанди солим тарбия менамояд. Маҳз яке аз роҳҳои пешгирии ҳама намуди зӯроварӣ, пайдоиши равияҳои экстремистию террористӣ дониши мукаммали ҷавонон мебошад.

Масъалаи дигаре, ки таваҷҷуҳи таҳқиқотчиёнро ҷалб намудааст  зӯроварӣ нисбат ба занон аз тарафи мардон мебошад. Олимон зӯровариро ба чанд намуд ҷудо менамоянд, ки асосиаш зӯроварии психологӣ ва ҷисмонӣ мебошанд. Аммо бояд қайд кард, ки марду зан чун оила ташкил намуда, зиндагии якҷояро ихтиёр мекунанд, бо мурури замон ба якдигар тобеъ шуда, ба таъсири ҳамдигар мемонанд. Аз ин сабаб, на танҳо зан, балки мард низ то дараҷае дучори фишори зан мегардад. Умуман, ақидаи паст будани мавқеи зан дар оиларо мутлақ қабул кардан нашояд. Маълум аст, ки дар баъзе аз масъалаҳои оилавӣ зан нисбат ба мард мавқеи баландтарро ишғол менамояд. Бо гузашти муддати муайяни издивоҷ мавқеи зан аксаран аз пештара зиёд шуда (хусусан, баъд аз тавлид ёфтани фарзанд), мард низ бо мурури замон ба зан бештар тобеъ мешавад, гарчанде баъзан худ инро ҳис намекунад.

Ҳанӯз дар асри XIX мутафаккири барҷаста Аҳмади Дониш тобеияти мардро ба зан ва фишори занро нисбат ба мард чунин тасвир намудааст: «Ва агар зан баъд аз соле фарзанд оварад, хоса нарина, рӯз ба рӯз ашголи мард мутазоид мегардад ва риштаи идбор ба саропояш мепечад, чун магаси нимҷон, ки ба тори анкабут гирифтор монад, ғайр аз он ки нолае кунаду дасту пое биҷунбонад, макдураш набошад.» Ва боз: «Зан ба ахзи мартабаи дун эътирозҳо оварад ва гӯяд: « …ин либос, ки барои ман овардаӣ, дирӯз духтари фалона ходим бар лаби бом омад ва зани фалон обкаш беҳтар аз ин либос дар бар дошт. Ва ин овезаи гӯш, ки ту гирифтаӣ, ба даҳ дирам намеарзад.» Аз шунидани ин музахрафот ақлу хиради мард ва мунтаҳои кохи димор мутаворӣ гардад, зеро ки эътирозоти занон ва далели ақлию нақлӣ муртафеъ намегардад. Ва ҳарчанд ваҷҳу далел гӯӣ, шубҳа ва эътирози эшон зиёд шудан гирад, магар он ки сокит бошӣ ва муҷомалаю мудоро кунӣ».

Аз порчаи овардашуда маълум мешавад, ки ҳатто дар асрҳои пеш занон чандон бечораву беҳимоя набуда, дар оила мавқеи муайянеро ишғол менамуданд.

Албатта, гуфтаҳои боло чунин маъно надоранд, ки проблемаи зӯроварӣ нисбат ба занон вуҷуд надорад. Ин масъала ҳам дар ҷамъияти имрӯза ва ҳам дар аксар мамлакатҳои Ғарбу Шарқ ҷой дорад. Ва мо бар он ақидаем, ки аксаран мардоне, ки дар ҷомеа нуфуз ва мартабаи кофӣ надоранд, нисбат ба занон зӯроварӣ мекунанд, то ин ки нуфуз ва ҳукмашонро собит намоянд. Бинобар ин, на танҳо занон, балки мардон низ бояд сатҳи маърифатнокии худро баланд бардошта, аз меъёрҳои куҳна даст кашанд ва ба мафҳуми «мард ва мардӣ» маънои нав, ки ба шароити имрӯза мувофиқ аст, диҳанд. Занон бошанд, ҳанӯз аз давраҳои қадим ақидаи «ноқис-ул-ақл » будани худро инкор намуда, дар ҷамъият соҳиби мавқеи баланд мешуданд. Барои исботи ин фикр номбар намудани номи баъзе аз онҳо кифоя аст: Клеопатра, Билқис, Томирис, Робиаи Балхӣ, Зебуннисо ва ғайра. Аз ин сабаб мо ба фикри олимаи турк Бахрия Учок розӣ ҳастем: «Ҳоло дар ҳамаи мамлакатҳо… занон ҳуқуқҳои худро барқарор менамоянд. Аммо бояд гуфт, ки аз давраҳои қадим ба монеаҳои аз тарафи мардон гузошташуда нигоҳ накарда… занон дар ҳамаи соҳаҳои ҷомеа нақши калон бозида, ҳатто соҳиби тоҷу тахт мегардиданд». Имрӯз кишвари мо намунаи ин шуда метавонад, занҳои дар давраи на он қадар тӯлонии Истиқлолият ба мақому мартабаҳои баланд ноил гаштаанд. Албатта, сабаби ин ҳам дастгирии Давлату Ҳукумати мамлакат ва ҳам фаъолияти занҳо мебошад.

Хулоса, ба мавқеи зан дар ҷомеа назари яктарафа кардан мумкин нест. Гуфтаҳои боло далели он мебошанд, ки зан бояд аз он имконоте, ки дорад, истифода барад.

Тағйирёбии босуръати вазъи ҷаҳони муосир, буҳрони молиявию иқтисодӣ ва афзун гардидани хатару таҳдидҳо аз ҷониби унсурҳои террористиву экстремистӣ дар бисёр кишварҳои олам тақозо менамоянд, ки занҳо низ дар ҳифзи сулҳу субот, мустаҳкамиву ободии Ватан, манфиатҳои милливу давлатӣ, рушди устувору бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ  тамоми саъю кӯшишро равона созанд.

Насиба Содиқовадоктори илмҳои фалсафа,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ