Журналист, пеш аз ҳама, сиёсатмадор аст

№27 (3977) 11.03.2019

коллаж1Суҳбати ихтисосии хабарнигори рӯзнома бо вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум (солҳои 1995 — 2000), Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм (солҳои 2000 — 2005), профессор Иброҳим Усмонов роҷеъ ба вазъи кунунии воситаҳои ахбори омма

- Муҳити журналистии кишвар алҳол дар кадом вазъ қарор дорад?

- Чор-панҷ соли охир вазъи муҳити журналистӣ тағйир ёфт. Ин, албатта, ба тағйир ёфтани муҳити сиёсӣ вобастагӣ дорад. Айни ҳол матбуоти давлатӣ ва хусусӣ дорем, ки дар масъалаи ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ дар як поя қарор доранд. Ҳар ду ҳам барои он мубориза мебаранд, ки сулҳу ваҳдати миллӣ мустаҳкам ва вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ пурқувват шавад. Ин дар ҳаёти журналистӣ падидаи бисёр хуб аст. Вақте ки журналистика хусусияти мусбат пайдо мекунад, баддаҳаниву таънакунӣ камтар мешавад. Яке аз нишондиҳандаҳои хуби журналистикаи имрӯз он аст, ки сухани муътадил, мулоим ё нарм асосӣ ба ҳисоб меравад. Пештар ақидаҳое дар журналис­тика пайдо мешуданд, ки ба пешрафти умумии иҷтимоиву сиёсӣ мусоидат намекарданд. Ҳозир тамоми қувва дар атрофи як идея — ваҳдати миллӣ ҷамъ омадаанд, ки ба манфиат аст. Ин журналистикаи барои кишвар фоиданок аст. Фазои кунунии иттилоотиро ҳамчун фазои ороме, ки ба пешрафти кишвар мувофиқ мебошад, маънидод кардан мумкин аст.

- Мушкилоти рӯзмарраи журналистика кадоманд?

- Аввалан, ҳоло аксари матбуоти ҳам ҳукуматӣ ва ҳам ғайриҳукуматӣ имкони муътадили додани ҳаққи заҳмати журналис­тонро надоранд. Барои интеллигенсияи эҷодӣ маҳсули кор на танҳо дар маош, балки дар ҳаққи заҳмат ҳам муайян мешавад, ки ба воситаи эҷод ба даст меорад. Имкони пайдо кардани ҳаққи қаламро ҳам дар матбуоти давлатӣ ва ҳам дар матбуоти хусусӣ ба вуҷуд овардан даркор аст. Шояд дар ин самт ёрии Ҳукумат даркор бошад. Додани ҳаққи қалам қадр кардани ҳаққи заҳмати эҷодкор аст.

Дуюм, матбуоти давлатӣ ва мустақил ба як чизи бисёр муҳим, ки ба маънавиёт бештар тааллуқ дорад, камтар аҳамият медиҳанд. Яъне, қадр кардани меҳнати одамоне, ки ҳақиқатан зиндагии шоистаи таҳсин доранд. Дар бораи муаллим, духтур, деҳқон, коргари муваффақ дар матбуот ягон чиз нест. Жанрҳои очерк ва лавҳа гум шуда истодаанд. Агар одам дар зиндагӣ ҳар қадар нағз гӯяд, ҳамон қадар нағз ва агар бад гӯяд, ҳамон қадар бад мешавад. Яъне, агар хоҳем, ки мактаби нағз бошад, дар бораи муаллимони нағз бисёртар гуфтан даркор аст. Мутаассифона, чунин матлаб хеле кам аст. Аз тарафи дигар, баъзе матолибе низ ба чашм мерасад, ки на дар бораи одамони ҳақиқатан арзандаанд, балки дар бораи онҳоеанд, ки ҳаққи меҳнати журналистро дода метавонанд. Барои он ки аз ин канорагирӣ кунем, бояд санҷида масъала ба миён гузорем, то ин ки образҳои ҳамзамонони мусбат дар матбуот пайдо шаванд.

Ғайр аз ин, камбудиҳоро фақат бо роҳи талаб кардан гуфтан даркор нест. Ҳамчун як ҷараёни зиндагӣ нишон додан даркор аст, зеро вақте онро нишон додед, дарёфти роҳи ҳаллаш осонтар мешавад.

Аз тарафи дигар, ВАО ва мақомоти қудратӣ забони якдигарро нафаҳмида истодаанд. Журналист ҳам мехоҳад мамлакат ором бошад, прокурору суд низ. Пас онҳо бояд ҳамдигарро дастгирӣ кунанд. Гуфтаи матбуот­ро мақомоти қонуниҷрокунанда ба назар гирифтанаш даркор аст. Ҳеҷ рӯзнома ба муқобили он коре, ки суд, прокуратура ё милитсия мекунад, дидаву дониста ягон чиз наменависад. Рӯзнома вақте онро инъикос мекунад, ки ҳалли он ба манфиати Ҳукумат аст. Аз ин рӯ, мақомот ҳам аз ҳамин нуқтаи назар бояд ба навиштаи матбуот нигоҳ кунад. Он вақт фаъолияти матбуот пурра мешавад.

- Шумо оид ба масъалаи кумаки Ҳукумат ба ВАО ишора кардед. Тартиби он дар кадом шакл бояд бошад?

- Ҳастанд давлатҳое, ки ба рӯзномаҳои ғайриҳукуматӣ ҳам маблағ ҷудо мекунанд. Ба истилоҳ, грант медиҳанд. Давлатҳое ҳастанд, ки андозро поин мефароранд. Дар баъзе аз давлатҳо сармоядорҳо ба матбуот ёрдам мекунанд. Дар шароити Тоҷикистон масъулин бояд омӯзанд, ки кадоме аз ин имониятҳо бештар аст ва ҳамонро истифода баранд. Зеро аз нашр нашудани масалан, рӯзномаҳои «СССР», «Фараж» ва ё «Чархи гардун» ба давлат ягон фоида нест. Озодии суханро ҳамин рӯзномаҳо намояндагӣ мекунанд. Агар озодии суханро эътироф кунем, пас ба онҳо кумак кардан ҳеҷ зарар надорад. Кумак сухани ин гуна ВАО-ро нисбат ба Ҳукумат нармтар мекунад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон ёфтанд, ки барои нашри китобҳо ёрдам кунанд. Садҳо китоб бо дастгирии Президенти кишвар нашр шуд. Пас имкони ба матбуот кумак карданро низ ёфтан мумкин аст.

- Дар замони рушди босуръати илму техника интернетжурналистика ба вуҷуд омад, ки шумо онро «хатарноктарин навъи журналистика» медонед. Дар баробари ин, баъзеҳо шабакаҳои иҷтимоиро ҳам ба журналистика ворид карданӣ мешаванд, ки хилофи андешаи шумост. Оё воқеан интернет ВАО буда метавонад?

- ВАО шакли таъсир расонидан ба ақидаи мардум, хабардор кардан аз гапи нав аст. Интернет ҳамин корро иҷро мекунад. Муҳаррир ё муаллиф дар ин ё он рӯзнома сутун, рубрика ё саҳифаи хос дорад. Касеро, ки дар интернет кор мекунад, блогер мегӯянд. Блог як қисм, як шуъба аст, яъне мисли он ки сутун, рубрика ё саҳифа як қисми рӯзнома аст. Худи истилоҳи блогер нишон медиҳад, ки интернет хислати ба омма расонидани гаперо дорад. Ин ба журналистика тааллуқ дорад. Яъне, ҳадафи ин одам танҳо худаш нест. Ҳадафи он ҷамъият аст. Дар як мақола навишта будам, ки ба назари ман, бисёр чизҳое, ки дар интернет ҳастанд, дафтари хотираи духтарони хонаро мемонад. Интернет ҳамин гуна аст. Нафаре фикр мекунад, ки барои худ менависад, аммо онро барои каси дигар ҳам пешниҳод мекунад. Ин таврашро ман ба журналистика дохил намекунам. Вале тамоман ба ВАО монанд нест гуфтан ҳам мумкин нест. Баҳори араб нишон дод, ки блогҳоеро, ки гӯё барои худ истифода мебурданд, дар сиёсат истифода шуд. Ба воситаи он мардумро ба майдон ҷамъ карданд.

Вақте вай ба муҳит таъсир кард, хоҳед — нахоҳед журналистика аст. Вале журналистика масъул дорад. Фарз кардем, ҳар чизе ки дар рӯзнома чоп мешавад, хоҳ мусбат бошад, хоҳ манфӣ, агар касе аз он норозӣ бошад, масъулияти он ба уҳдаи муҳаррирон аст. Яъне, ҷавоби аввалро онҳо дар назди мақомот медиҳанд. Дар интернет ин ҳолат нест. Дар блогу шабакаҳои иҷтимоии шахсӣ ҳеҷ кас масъулиятро ба гардан намегирад. Гӯё он гап бесоҳиб бошад. Дар журналистика гапи бесоҳиб намешавад. Агар даҳ маротиба ҳам дар рӯзнома нависед, ки «идора ба муҳтавои матолибе, ки ба ақидааш мувофиқат намекунад, масъул нест», вале идораи ВАО масъул аст.

Дар интернет воқеан масъулашро ёфта наметавонед. Масалан, гапе дар «Ҳамсинфон» (Одноклассники) нашр шуд, аз кӣ онро талаб кардан даркор, ки чаро фалонӣ ин гапро гуфт? Он чизе, ки соҳиб надорад, ман онро ба журналистика ворид кардан намехоҳам.

Воситаҳои электронии навбаромад воситаи пурқувваттарини иттилоотрасонӣ аст. Масалан, агар аз кишвар баровардани рӯзномаву маҷалла ва пахши мавҷи радиову телевизион душвор бошад, пахши интернет душворӣ надорад. Он дар ҳама ҷо дастрас аст. Барои ҳамин василаи хеле сареи журналистӣ мебошад.

Интернет имкони дурӯғ гуфтан, пинҳон кардани соҳиб ва истифода бурдани анонимро дорад. Ин хатарнок аст. Шумо намедонед, ки кӣ дар бораи шумо гуфта истодааст. Намедонед, ки ӯ ба кадом манбаъ такя карда истодааст. Вай шуморо таҳқир мекунад, шумо ҷавоб дода наметавонед, чунки намедонед вай кист. Аз тарафи дигар, вай барои ин кор аз тарафи ҳеҷ кас ҷазо намебинад. Чунки вай мақоми як давлат нест. Он умумӣ шудааст.

Ман солҳои 2010-2011 ҳамчун раиси Шӯрои ВАО дар ду-се маҷлисе, ки оид ба ҳамин масъала дар Аврупо баргузор шуд, иштирок кардам. Аврупоиҳо ҳам аз таҳқир ва туҳмате, ки ба воситаи интернет мешавад, шикоят мекунанд. Онҳо низ ташкилоте, ки «лаҷом»-и интернетро ба даст гирифта тавонад, надоранд. Албатта, вақте «лаҷом» мегӯем, баъзеҳо мумкин гӯянд, ки ба матбуот лаҷом задан мехоҳанд. Дар ҳеҷ ҷо чизе нест, ки бе маҳдуд шудан ҳақиқатро ифода кунад. Ҳатто, барои он ки зиндагӣ ба роҳи дуруст равад, маҳдудиятҳои зиндагӣ пайдо шуданд. Дар ВАО ҳам агар маҳдудият ба амал оварда шавад, як мақсад дорад: он бояд ба манфиати умумии ҷомеа бошад. Ман тарафдори маҳдудиятҳое ҳастам, ки барои нигоҳ доштани покии ахлоқи ҷомеа мусоидат мекунанд. ВАО ҳам ба ин гуна маҳдудиятҳо бояд мувофиқ бошад, зеро намешавад, ки ҳама чиз озод бошад. Озодии як нафар набояд ба озодии дигарон мухолифат кунад. Озодии комил анархия, яъне бесарунӯгӣ аст. Барои ҳамин чунин ВАО буданаш лозим, ки ба меъёрҳои муайяни озодии маҳдуд ва ба ҷомеа мувофиқ бошад.

- Пас, маҳдудият бояд чӣ гуна бошад ва кӣ онро муайян кунад? Қонун ё журналистону ВАО?

- Ду василаи муайян кардани маҳдудият мавҷуд аст. Яке қонун, дигаре одоб. Дар замони шӯравӣ тибқи қонун маҳдудият амалӣ мегардид. Яъне, қонун дар бораи нигоҳ доштани сирри давлат дар адабиёт ва матбуот буд. Вай сензураи сиёсӣ аст. Чизе, ки ман мегӯям, сензураи иҷтимоӣ, сензураи одоби одамӣ аст. Ман ҷонибдори онам, ки ба воситаи одоб маҳдудият ба вуҷуд оварда шавад. Маҳдудияти сиёсӣ чизи дигар аст ва ҷомеа омода аст, ки бе маҳдудияти сиёсӣ бо дарки маҳдудияти иҷтимоӣ-ахлоқӣ корро пеш барад. Зарурат ба маҳдудияти сиёсӣ мавҷуд нест.

Дар Америка, ки гӯё маҳдудкунии матбуот вуҷуд надорад ва дар бораи матбуот қонун ҳам нест, дар конститутсияаш як меъёр ҳаст: «Дар замони ҷанг ба муқобили Америка навиштани матбуот мумкин нест».

Масалан, оё хуб аст, ки нависем: «ман тоҷик нестам». Ҷавонҳо менависанд чунин гапҳоро. Оё барои ҳаминро нагуфтан қонун даркор аст? Охир, ин бар зидди миллат аст. Мо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунем, забонамон тоҷикист ва вақте касе мегӯяд, ки ман тоҷик нестам, оё ин таҳқир нисбат ба миллату давлат нест? Оё ҳаминро ба матбуот рухсат додан даркор аст? Ин гуна чизҳоро бояд манъ кард. Барои Тоҷикистон зарурати якуми ифтихори миллӣ эътироф кардани он аст, ки мо тоҷикем ва забони тоҷикӣ забони давлатии мост. Лекин баъзе аз муаллифон инро риоя намекунанд. Дар матбуоти ғайриҳукуматии солҳои 2000-ум ин хел гапҳо бисёр буданд, ҳатто китобҳо ҳам навиштанд.

Ё ҳоло дар бораи тарзи навишти матбуот зиёд мегӯянд, лекин тафтишкунандаҳо он чизҳоро чаппа тафтиш мекунанд ва чаппа баҳо медиҳанд. Дар Конститутсия омадааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз Сарвазир ва дигарон иборат аст. Як ВАО-и озод калимаи «нахуствазир»-ро истифода мекунад. Ба вай ин калима маъқул. Калимаи «Сарвазир» қонунишуда аст. Қонун номи ин вазифаро «Сарвазир» гуфтааст. Ё қонун номи вазифаро «Президент», «Суд» гуфтааст. Ба ҷойи ин «Раисҷумҳур» ё «Қозӣ» гуфтан даркор нест. Ин ҳам вайронкунии қонун аст. Забони навишт забони адабии тоҷикӣ аст. Албатта, баъзе аз рӯзномаҳо чизҳои ба худ хосро ҳам мегиранд ва онро маҳдуд кардан даркор нест. Сабки хос доштан мумкин, лекин забони адабиро риоя кардан даркор. Шояд дар забони ҳамсояҳо калимаҳои зеботар бошад, вале калимаҳои дар забони адабии худамонбударо пурра бо онҳо иваз кардан даркор нест. Онҳо ҳам калимаи зебои моро дида, калимаи худашонро иваз намекунанд. Ифтихори миллиро агар дидаву дониста поймол кунем, ин қонунвайронкуниву одобвайронкунӣ не, балки зиёдтар аз он ҳаст.

 - Беэҳтиромӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ баъзан аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба саҳифаҳои матбуот мекӯчад. Ҳатто фарзандони фарзонаи миллат низ баъзан мавриди суханони таҳқиромез қарор мегиранд. Оё аз шабакаи иҷтимоӣ дар ВАО бознашр кардан таблиғи ҳамон беэҳтиромӣ нест?

- Қисме аз журналистони ҷавон, ки дар матбуот кор мекунанд, баъзан ҳақиқатро нофаҳмида, аз пайи дурӯғ мераванд. Дурӯғ ҳамеша равшан аст. Чизи бад одамро бештар ҷалб мекунад, вале чизи нағзро ёфтан бисёр кори душвор аст. Ҳар миллат бояд муқаддасот дошта бошад. Масалан, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигарон муқаддасоти халқи тоҷиканд. Бояд бо номи онҳо ифтихор кунем. Вақте ки бо номи онҳо ифтихор накарда, баръакс, аз паси кадом як ҳангомае ба онҳо санг андохтанӣ мешавем ё онҳоро дар соягӣ нишон додан мехоҳем, ин бар зидди он мардон не, балки ба муқобили миллат аст. Ин беадабӣ не, балки бадкорӣ нисбат ба миллат аст. Ин надониста кардан не, балки дидаву дониста кардани ҳамон кор ба ҳисоб меравад. Ҷавоне, ки чизи нафаҳмидаашро менависад, ин хато не, ҷиноят аст. Матбуот он чизе, ки зидди миллат аст, набояд чоп кунад. Ин хел одамонро радди маърака кардан лозим аст. Радди маърака намудан, аз тибқи қонун ҷазо додан ҳам сахттар аст.

- Шумо ҳангоми дарс аз як сухани Ленин иқтибос меовардед: «Бояд матбуотамонро ба партовгоҳи ақидаҳо табдил надиҳем». Оё ВАО-и кунунӣ ба «партовгоҳ» табдил наёфтааст?

- Шабакаи иҷтимоӣ ҳамон партовгоҳ аст. Дар он ҳар чизе бошад, партофтан мегиранд. Солҳои 2000-ум матбуоти мус­тақил «партовгоҳи ақида» буд. Ҳар чизе, ки ба сарашон меомад, мегуфтанд. Дар шароити кунунӣ ақидаҳо мухталифанд, лекин ақидаҳои вайронкунанда камтаранд.

Сухани Ленин ба он маъност, ки дар замони шӯравӣ ақидаи муайян мавҷуд буд. Он ақидаи коммунистӣ буд ва бо он пеш мерафтем. Ҳозир ақидаи муайян вуҷуд надорад. Барои ба вуҷуд овардани он кӯшидан даркор. Ин вазифаи сиёсатмадорон аст.

- Баъзеҳо ба он андешаанд, ки ҳар касе навишта метавонад, вай журналист аст. Барои фаъолият дар ВАО оё ихтисоси журналистӣ зарур аст?

- Ҳастанд шахсоне, ки дар риштаи журналистика таҳсил накардаанд, аммо дар ин соҳа фаъолият доранд. Ба назари шахсии ман, журналист онест, ки дар мактаби журналистика хондааст ва маълумоти олии журналистӣ дорад. Чаро? Факултети журналистика ақли жураналистӣ медиҳад. Муаллими журналистика бо донишҷӯ мешинад ва чизи хубу бади навиштаи бузургонро таҳлил мекунад. Яъне, шакли навишт не, маънои онро мефаҳмонад. Ин корро факултетҳои дигар намекунанд. Муаллими журналистика мавзӯъ ёфтан, дар куҷо чӣ хел гап задан, тарзи дурусти пешниҳоди маълумотро ёд медиҳад. Яъне, донишҷӯи журналист 70 фоиз барои навиштан тайёр мешавад ва 30 фоизи дигарашро дар таҷрибаи журналистӣ ёд гирифтанаш даркор аст. Онҳое, ки аз ҷойи дигар ба ин соҳа меоянд, 20-30 фоиз ҳунари нависандагӣ доранд, 70 фоизи дигарро бошад, дар идораи ВАО омӯхтанашон даркор мешавад. Дар идораи ВАО ҳунари як касро меомӯзед (бо касе, ки кор мекунед, тарзи навишти ҳамонро ёд мегиред), дар мактаби олии журналистӣ ҳунари касони дигарро ёд медиҳанд. Он фаҳмише, ки ҳар кадоме эҷод карда метавонад, журналист аст, нодуруст аст. Барои онҳое, ки истеъдоди адабӣ доранд, журналистика трамплин аст. Баландие, ки аз он ҷо ба адабиёт паридан даркор мешавад. Фикри онҳо беҳтар кардани эҷоди журналистӣ нест. Дар журналистика кор карда, барои худ ҷойи мувофиқтар пайдо кардан аст.

- Дар кишвар як факултет ва чанд шуъбаи журналистӣ мавҷуд аст. Оё заминаи илмиву техникии онҳо қонеъкунанда аст?

- Вазъияти кунунии факултети журналистика бад аст. Зеро ба факултети журналистика ақидаи филологӣ ғунҷонида, дар ин замина журналист ба вуҷуд овардан мехоҳанд. Журналист филолог ва таърихшинос нест. Журналист, пеш аз ҳама, сиёсатмадор аст. Вай одами сиёсӣ аст ва дунёро донистанаш даркор. Адабиёти классикӣ, шӯравӣ ва муосир бисёр муқаддас аст, аммо барои журналист ин чизи ёрирасон ва аҳамияти дуюмдараҷа дорад. Донистани таърих низ. Донистани имрӯзу оқибати он барои журналист аҳамият дорад. Барои вай ҷаҳонбинӣ даркор аст. Инро системаи илми журналистика медиҳад. Муаллими адабиёт агар хондани шеърро ва муаллими таърих хондани санаҳоро ёд диҳад, дар дарс агар ҳамон чиз дар ёдаш набошад, китобашро мекушояду ҳамонро мехонад. Аз журналист бошад, касе китобхонӣ талаб намекунад. Навиштан даркор. Журналист филологияву педагогика нест, вале бачаи ӯгайи филология шуда истодааст.

Мутаассифона, аксар шахсоне, ки дар риштаи журналистика рисолаи илмӣ менависанд, роҳбарони корҳои илмии бисёре аз онҳо шахсоне ҳастанд, ки ба журналистика умуман иртибот надоранд.

Олиме, ки имрӯз тайёр мекунем, оё фардо метавонад журналист тайёр кунад? Метавонад илми журналистикаро тадқиқ кунад? Ба ҷойи таърихи ягон рӯзнома, маҷалла, радио ва телевизионро тадқиқ кардан, гаштаву баргашта ба 10-12 нафар як мавзӯи диссертатсионӣ медиҳем. Баъзе аз диссертатсияҳое, ки навишта мешаванд, аз корҳои дипломие, ки 20 сол пеш навишта мешуданд, сатҳи поёнтар доранд. Дар ин ҳолат бобати тайёр кардани кадрҳои соҳаи журналистика, истеъдод гап задан душвор мешавад. Журналистика ҳам, монанди артиш, яке аз сипарҳои мамлакат аст. Устод Айнӣ дар мақолаи «Сайф ва қалам» ҳаминро гуфтааст. Сайф ин артиш, қалам, аз ҷумла журналистика. Давлат ду бол дорад: якеаш артиш, дигараш қалам. Шарт нест, ки дар ҳама мактаби олӣ риштаи журналистика бо маълумоти олӣ бошад. Системаро тағйир додан даркор, то ҳақиқатан журналистони тайёр омада, дар матбуот кор кунанд. Барои ин факултети журналистикаро ба пояи журналистӣ баровардан лозим аст. Алҳол ду-се фанни асосие, ки ба журналистика тааллуқ дорад, дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллӣ таълим дода намешаванд. Масалан, маҳорати касбӣ. Барои факултети журналистика дар як ҳафта як рӯз бо иштироки журналисти касбӣ дарси маҳорат гузарондан даркор аст. Душвории тайёр кардани журналистика монанди тайёр кардани актёр, рассом, композитор мебошад. Тавре ки дарси маҳорати касбӣ барои онҳо омӯзонида мешавад, дар журналистика ҳам буданаш даркор аст.

Фикри ман чунин аст, ки беҳтар мебуд ихтисосҳои журналистика дар донишгоҳҳои минтақавӣ мутахассис-бакалавр тайёр кунанд. Бакалавр — журналисте, ки чор сол хонда, маълумоти олии нопурра мегирад. Яъне, донишҷӯёне, ки имкони молии ба пойтахт омадан надоранд, пас дар минтақаҳо бакалавр хонанд. Магис­тратура танҳо дар Донишгоҳи миллӣ бошад. Магистратурае, ки дар он 25 нафар таҳсил кунад, кифоя аст. Журналисте, ки дар зинаи бакалавр таҳсил кардааст, ҳаққи дар матбуот кор кардан дорад. Магистратура барои журналистонест, ки ҳаққи муаллимӣ кардан пайдо мекунанд. Ҳама қувваи илмиро ба Донишгоҳи миллӣ овардан даркор аст, зеро парокандагӣ ба манфиати илм нест.

- То куҷо ба ормонҳои саромадони матбуот расидаем?

- Оё матбуот талаботи моро пурра қонеъ мекунад ё не? Ҳанӯз ҷавоби ҳа гуфта наметавонем. Матбуот рисолати худро иҷро карда истодааст, вале на ба он ҳадде ки лозим аст. Дар солҳои 20-уми асри гузашта матбуот набуд, онро ба вуҷуд овардан зарур гардид. Устод Айнӣ ва дигарон мехостанд, ки халқи тоҷик матбуоти худро дошта бошад ва онро хонда тавонад. Аз ин нуқтаи назар хостаи онҳо иҷро шуд. Ҳоло мардуми тоҷик матбуоти бо забони худ мехондагӣ дорад.

Аз он ки дар ҷомеа ақидаҳои гуногун пайдо мешаванд, набояд ҳаросем, зеро ин табиӣ аст. Онро то чӣ ҳад матбуот ба мардум мерасонад, масъалаи баҳсталаб аст. Яъне, набояд баъзан аз чизи одӣ ҳангома созем, чунки на ҳар чиз якбора ба шакли қобили худ мерасад. Матбуоти кунунӣ ба стандартҳоямон мувофиқ аст ва беҳтар шуданашро орзу дорем.

Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»