Зиёдаравӣ амали носавоб аст

№111 (3748) 19.09.2017

Вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо интихобкунандагон роҷеъ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома доранд.

14 сентябри соли 2017 вакилони Маҷлиси намояндагон Ҳокимшо Холиқов ва Мирзодав­лат Сабурзода дар маркази ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Панҷи вилояти Хатлон  бо фаъолон мулоқот намуданд.

Зимни баромад онҳо иброз доштанд, ки ҳадафи асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ, сарфакорӣ ва пешгирии пастшавии сатҳи зиндагӣ мебошад. Аз ҷумла, як талаботи қонун дар рӯзҳои идҳои Рамазон ва Қурбон оростани дастурхони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравист. Зеро зиёдаравӣ амали носавоб аст.

Вакилон, ҳамчунин таъкид намуданд, ки яке аз омилҳои асосии пешрафти назарраси кишвар оромиву осоиштагӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам бо ёдоварӣ аз рӯзҳои вазнин ва авзои муташанниҷи сайёра мардумро ба шукргузорӣ ва ободкорӣ даъват мекунанд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти

Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон