Китоби нав

«Ранҷиш»-и Шодӣ Раҷабзод

№135 (3929) 10.11.2018

Шоди рачабзодКитоби нави рӯзноманигор ва нависанда Шодӣ Раҷабзод — «Ранҷиш»-ро, ки ба тозагӣ даст­рас карда будам, дар дохили мошини мусофиркаш аз ҷузвдонам бароварда, ба мутолиа пардохтам. Чашмам ба маълумотномаи мухтасари саҳифаи аввали китоб афтод: «Ранҷиш»  китоби дуюми нависандаи соҳибзавқ Шодӣ Раҷабзод буда, дар он ҳикояҳои ба тозагӣ таълифнамудаи адиб ва намунаҳо аз силсиламақолаҳояш ҷой дода шудаанд. Дар ҳикояҳои нависанда, ки ҳар як дорои ғояву муҳтавои вижа мебошад, ҳаёти мураккабу пуртазоди ҳамзамонони мо, ки ҷанбаи баланди ахлоқӣ дорад, ба риштаи тасвир кашида шудааст. Қаҳрамони ҳикояҳои адиб одамони адолатхоҳу мубориз буда, барои зиндагии пурсаодату файзбори аҳли ҷомеа талошу пайкор менамоянд». Беихтиёр ба мутолиаи ҳикояи аввал «Ранҷиш» (Ба ёди падарам) шурӯъ кардам. Ҳикояро хонда тамом кардам, ки  мошин ҳам ба ҷойи таъиншуда расид. Вақте китобро ба ҷузвдон мегузоштам, нигоҳам ба ҷавони дар паҳлуям нишаста афтид, ки чашм аз телефонаш намеканд. Дурусттар назар кардам, машғули бозӣ буд…

Аз мутолиаи ҳикояти «Ранҷиш» хеле мутаассир шудам, аммо «шуғл»-и он ҷавон маро ба андеша водор кард ва афсӯс хӯрдам, ки наврасону ҷавонони моро на чунин китобҳо, балки бозию наворҳои интернетӣ «тарбия» мекунад…

Китоб аз ду бахш — ҳикояҳо ва дарси одамият иборат буда, аз ҷониби нашриёти «Ирфон» бо теъдоди 300 нусха ба табъ расидааст.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»