Китоби нав

Қаламе бо рангдон аз шишаи дил

№76 - 77 (4182 - 4183) 27.06.2020

IMG_0001Абдулқодирро аз даврони донишҷӯӣ мешиносам. Бо гузашти солҳо на аз тариқи зоҳир ва на ботин тағйир нахӯрдааст. Замони сармуҳарририи моҳномаи «Ҳомии омӯзгор»-и Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми ҷумҳуриро ба зимма доштан мақолаҳои бодардонаю хайрхоҳона ва пур аз ҳикмати ӯ ҳусни моҳнома буданд.

Ӯ чӣ дар ҷодаи шоирӣ ва чӣ рӯзноманигорӣ сабки хоси эҷод дорад. Шамъи ишқро меафрӯзад. қаламро ба рангдони хуни дил тар карда менависад. Ба хотири сатру ҳаҷм не, ба хотири малҳам будан, таъсир гузошта тавонистан ба рӯҳияи хонанда қалам рӯи коғаз медавонад. Ба хотири шуҳрат, зинат не, аз футувват менависад. Бо дилсӯзӣ, хештансӯзӣ ва нурафрӯзӣ. То дилеро сабук аз ғаму мушкилоти рӯзгор созад, меҳру муҳаббати байни инсонҳоро афзояд ва дилу виҷдонҳоро бедор намояд. Маълум, ки инсонҳое чун Абдулқодир зинҳор, ҳавобаланд буда наметавонанд ва дар хоксорию мурувват ҳаёт ба сар мебаранд. Навиштаҳои моломоли самимияту меҳрбори ӯ  аз тасодуф наафтодани насаби ӯ ва барҳақ Абдулқодири Раҳим буданаш далолат мекунанд.

Рӯзноманигорӣ пешаест, ки соҳибкасб бояд аз ҳама соҳа каму беш огоҳ бошад. Наздикӣ  бо мардуми одӣ дошта, аз ҳолу аҳвол, розу ниёз, дарду мушкилоти онҳо воқиф ва ҳатман донишманду аҳли фазл бошад. Бе ин фазоил касеро рӯзноманигори комил наметавон номид. Абдулқодири Раҳимро ба хотири ном ва ҳам тамоили эҷодиаш ба сабки Бедил шӯхиомез гоҳо Бедили Сонӣ ҳам меномем. Ӯ донандаи хуби забону адабиёт ва каломи Илоҳӣ мебошад. Ба он маънӣ, ки бо муқоиса бо ном эътиқодмандони аз ҳақиқати ислом фарсахҳо дур, ҳоҷӣ Абдулқодир аз муборизони фаъол алайҳи ифротгаройӣ маҳсуб меёбад. Инсони замонавӣ ва аз зиёиёну равшанфик­рони замон аст. Нисбат ба тақдири миллату Ватан бетафовут нест. Аз сиёсати давлату ҳукумат пуштибонӣ менамояд. Дар ҳар сатр аз нигоштаҳои ӯ ҳисси баланди худшиносӣ, ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, чун марзу бум, забони модарӣ, таъриху фарҳанги ниёгон ва беҳин хислатҳои инсонӣ таҷассум ёфтаанд.

«Дурӯғи шабнам», «Чароғи ошноӣ», «Ҷилваи як нола», «Нусхаи парешонӣ», «Рӯшноӣ», «Фиреби маҳз», «Хилвати оина», «Духтари афсонаҳо», «Пайвандгари марзҳо ва дилҳо», «Ашки сари мижгон», «Назари лутф», «Домони абр», «Оби дари хона тира нест», «Рангҳо», «Дигар дурӯғ нест» ва инак, «Шод зӣ, шод!» маҳсули заҳмату бедорхобии чандинсолаи ӯянд, ки бо назму наср таълиф гардидаанду барои хонандаи закӣ сарчашмаи ҳаловати маънавианд.

Китоби наваш — маҷмӯаи матлаб­ҳои чанд соли охир таълифгардида ва дар матбуоти даврӣ чопшудаи Абдулқодири Раҳим бесабаб номи  «Шод зӣ, шод!»-ро бо таъкиди ҳазор сол пеши Одамушшуаро ба худ нагирифтааст ва ба вазъи феълӣ дар кишвар ва соири давлатҳои дунё дар алоқамандӣ бо вируси маргзо сахт марбут аст. Он бахшида ба пешвози 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 256 саҳифа ва қариб 60 мақолаи пурмуҳтаво таҳия ва дар Нашриёти «Русская литература» ба табъ расидааст. Чуноне дар боло ишора шуд, як фасли иборат аз 19 мақолаи китоб алорағми ифротгаройӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, динию мазҳабӣ бахшида шудаанд.

«Як рӯзноманигор ҳеҷ наметавонад шод бизияд, чун ба ҳар ҷо бенавое месӯзад, дудаш аз вуҷуди ӯ сар мекашад. Аз зеҳнам мегузарондам, ки моро барои шод зистан ҳаст накардаанд. Охир, пешаеро хостем, балки пазируфтем, ки бо ҳама ҳамдард бошем, пешомадҳоро эҳсос бинамоем ва чораю тадбир биандешем, то бидонанду аз ёд набаранд: роҳ дар ҷаҳон якесту он роҳи ростист. Ҳам ҳақиқатеро бишиносему аз баёни он ба ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ ваҷҳ натарсему наларзем. Зебо ва дуруст навиштан барои мо кофӣ нест. Агар худ намесӯзем, намесозем…», — бо ин руҷӯъ оғоз мешавад китоб. Мутоилаи он барои доираи васеи хонандагон тавсия шудааст.

Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»