Абдуҷаббор Раҳмонзода: «Барномаи антиплагиат бояд фаъол гардад»

№50 (3844) 24.04.2018

DSC_9145Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 20 апрел семинар — машварати корӣ бо намояндагони муассисаҳои илмӣ — тадқиқотӣ ва таҳсилоти олии кишварро баргузор намуд. Дар он ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ширкат варзид.

Чун комиссияи мазкур ниҳоди тозатаъсис аст, Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳозиринро бо таъсиси он ва шӯроҳои илмӣ табрик гуфт. Ӯ, аз ҷумла, қайд кард, дар замони соҳибис­тиқлолии кишвар зарурат ба вуҷуд омад, ки давра ба давра барои таъсиси комиссияи мазкур талош ба харҷ дода шавад.

Таъкид шуд, ки 42 шӯрои илмӣ кор оғоз карда, дар баъзе аз онҳо ҳимояи корҳои илмӣ сурат мегиранд. Аммо муҳимтарин масъ­алае, ки дар назди шӯроҳои КОА меистад, бо сатҳи хуб ва сифати баланд пешниҳод кардани корҳои илмӣ мебошад. Ин нуктаро Абдуҷаббор Раҳмонзода махсусан таъкид карда, афзуд:

- Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Бинобар ин, обрӯи КОА-ро дар арсаи байналмилалӣ ҳамон кадрҳое баланд мебардоранд, ки корҳои боарзиши илмиро анҷом додаанду медиҳанд.

Дар бораи пойгоҳи «Диссернет», ки вақтҳои охир як силсила фошкориро дар ҳимояи корҳои илмӣ анҷом додааст, низ ишора шуд ва пешниҳод гашт, ки дар назди КОА барномаи антиплагиат омода ва фаъол гардад.

ВОРИС,

«Садои мардум»