Китоби нав

«Абдураҳмони Ҷомӣ ва илми мусиқӣ»

№124 (4074) 17.10.2019

Таҳти ин унвон дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии китоби нави доктори илмҳои санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Низомӣ баргузор гардид.

Тавре аз номи асар  бармеояд, он ба таҳқиқи ҷанбаҳои илмӣ ва амалии ҳунари мусиқӣ дар осори Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида шудааст. Дар он аввалин маротиба матни илмӣ – интиқодии ин рисолаи маъруфи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар асоси муқоиса ва таҳқиқи се нусхаи дастхати он пешниҳоди аҳли адаб ва ҳунар гардидааст.

Китоб дар баробари мероси бузурги шоир — ғазал, маснавӣ ва ғайра, рисолаҳои зиёди илмиро дар бар мегирад, ки дар байни онҳо «Рисолаи мусиқӣ» ҷойи махсус дорад. Тавре маълум аст, илми мусиқӣ хеле барвақт, дар асрҳои миёна аз тарафи шоирону олимон амиқ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Абӯнасри Форобӣ ва Абӯалӣ ибни Сино дар Шарқ аввалин  шуда, доир ба хусусиятҳои илмӣ ва амалии ҳунари мусиқӣ асарҳои арзишманд офаридаанд. Дар пешгуфтори президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба китоби мазкур омадааст: «Боиси ифтихор аст, ки орифи бузург ва шоири тавоно Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ин анъанаи хоси илми мусиқишиносиро дар давраи нав — дар  шароити рӯзгори ҳукмронии Ҳусайн Бойқаро дар Ҳирот (асри XV) эҳё намуд ва то навиштани рисолаи махсус дар бораи илми мусиқӣ ҷойгоҳи ин ҳунари бузургро дар тамаддуни даврон ва ҳаёти инсон бори дигар  таъкид сохт. Бо навиштани чунин асар Мавлоно Ҷомӣ анъанаи чандинасраи навиштани рисолаҳои  мусиқиро ҷамъбаст ва бо шарҳи хеле муфассали назарияи «Дувоздаҳмақом» роҳи шинохти нозукиҳои мусиқии классикии моро боз ҳам фарохтар намуд».

Зикр гардид, ки зимни таҳияи китоби мазкур аз нусхаи  «Рисолаи мусиқӣ» — и Мавлоно Ҷомӣ, ки дар хазинаи Институти шарқшиносии ба номи Абӯрайҳон Берунии Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз мебошад истифода шудааст.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»