Муаррифии китоб

«Агар худро шиносем…» — роҳнамо барои имрӯзу фардо

№6 (3800) 13.01.2018

Афроде, ки набзи ҳаётро ҳис мекунанд ва ба он фаъолона дахолат менамоянд, дар роҳи дуруст қарор доранд. Танбалона зистан хоси онон нест. Кори онҳо бояд мазмуни нав, сифати баланд дошта бошад.

Доктори илмҳои техникӣ, «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» (соли 1997), дорандаи ордени «Шараф» (соли 1999), академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон ва профессори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба номи академик М.С.Осимӣ Абдумумин Шарифов аз зумраи чунин афрод аст. Ӯ муаллифи зиёда аз 200 мақолаи илмӣ ва публитсистӣ, монографияи илмӣ, 3 китоби дарсӣ ва 22 ихтироъ мебошад. Номбурда дар фаъолияти илмӣ — омӯзгорӣ барои омода намудани зиёда аз 5 ҳазор муҳандис саҳми сазовор гузошта, аз шогирдонаш 2 нафар доктор ва 8 нафар номзади илм шудаанд. Равияи таҳқиқоти илмиаш технологияҳои кимиёвӣ ва масолеҳшиносӣ мебошад.

Бисту панҷ соли охир мақолаву сафарномаҳояш дар маҷаллаву рӯзномаҳои бонуфузи кишвар — «Садои Шарқ», «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Адабиёт ва санъат», «Ҷавонони Тоҷикистон» оид ба мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ташкил намудани корхонаҳои нав, баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ, решакан намудани маҳалчигӣ ва ғайра чоп шудаанд.

Чанде қабл профессор Абдумумин Шарифов як қисмати мақолаву мусоҳибаву сафарномаҳои худро дар як ҷилд бо номи «Агар худро шиносем…» мунташир кард. Доираи мавзӯъҳои дар нигоштаҳояш дахлнамудаи муаллиф аз маориф, илм, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, ахлоқ, маънавиёт ва давлатсозиву давлатдорӣ иборат мебошад. Абдумумин Шарифов агар дар таҳқиқи илмӣ пайрави олимони барҷаставу соҳибмактаб, академикҳо  Собит Неъматуллоев, Пӯлод Бобоҷонов, Ӯлмас Мирсаидов, Юсуф Носиров, Ҳамид Мансуров ва дигарон бошад, навиштаҳои публитсистиашро метавон идомаи корҳои маорифпарваронаи аллома Аҳмади Дониш, Мирзо Сироҷи Ҳаким, устод Садриддин Айнӣ ва дигарон шуморид.

Навиштаҳои ӯ дар заминаи таҳлили амиқи масъалаҳои баррасишаванда рӯи коғаз омадаанд. Ба хулосаҳои зерини ӯ таваҷҷуҳ намоед:  «Маориф системаи инерсионӣ аст, яъне натиҷаи он баъди чандин сол ва ҳатто даҳсолаҳо ба даст меояд», «Дониш ва илм сарвати аз ҳама гаронбаҳои ҷамъият буда, арзиши онҳо аз арзиши колои табиӣ хеле зиёд аст. Пас, чаро онҳо бепул ба касе дода шаванд ва қадр надошта бошанд? Бепул ба касе фақат садақа додан мумкин аст, на сарвати бебаҳоро дар шакли илму дониш».

Баъзе андешаву пешниҳодҳояш баъд аз сафарҳои Чину Ҷопон, байти зерини аз маҷмӯаҳо хориҷшуда ва кайҳо фаромӯшшудаи дар аввали солҳои панҷоҳуми асри бистум навиштаи устод Мирзо Турсунзодаро ба хотир меорад:

Роҳи халосӣ роҳи Хитой аст,

Ҳар кас нагирад ибрат, хатой аст.

«Ҷопониҳо, ки аксарият пайрави Буддо ҳастанд, ҳадиси пайғамбари мусулмонон ҳазрати Муҳаммад(с): «Аз гаҳвора то гӯр илм омӯз»-ро сармашқи зиндагии худ намудаанд. Тоҷикон на танҳо фармудаи пайғамбари худро иҷро намекунанд, балки дар солҳои мактабхониву донишҷӯии худ, ки давраи донишомӯзии ҳар шахс аст, «баҳо» мехаранд ва «аттестату диплом» мегиранд ва аксаран барои мардикорӣ ба Русияву дигар кишварҳо мераванд.

Ва ё:

«Аъзои корхона дар Ҷопон аъзои як оила ҳисоб мешаванд ва дар эҳтиром ҳама, аз сарвари корхона то коргари одии он, баробаранд. Ҳар корманд дар корхона мисле ки дар оилааш аст, рафтор мекунад. Кормандон дорои манфиати яксон мебошанд ва ин баробарии манфиат аъзои корхонаро муттаҳид менамояд, ки натиҷааш кори самараноки ҳама ба манфиати ҷомеа аст. Дар корхонаҳои мо фарқи мартабаи роҳбарон аз кормандони дигар «аз замин то осмон» аст». Аз як мақолаи ин китоб «Роҳи абрешим роҳи наҷот аст, агар…» ду иқтибоси дигар меоварем ва қазовати онҳоро ба хонандаи закӣ вомегузорем.

«Дар қишлоқҳои Дарвоз мардуми бечора маҷбур аст барои як бурида нон ҳам сухани қабеҳи туркро шунаваду ҳам ба якдигар номеҳрубон гардад (дар ин ҷо муаллиф корфармоёни ширкатҳои туркиро дар назар дорад. Аслан, тамоми корфармоёни хориҷӣ дар кишвар бо коргарони маҳаллӣ чунин бархӯрд мекунанд. — Б. Ҷ.). Туркҳо онҳоро бо маоши ночизе кор мефармоянд, ин мардум ҳуқуқе надорад, бо як гуноҳи ночиз аз кор пеш мекунанд, дар ҷои вай боз даҳ каси дигар барои анҷоми кори вазнин омода ҳастанд. Мардум дар ин ҷой кори доимӣ надоранд ва муҳимтар аз ҳама аҳолӣ зиёд аст… Нодонӣ, ноаҳлӣ, дар маҳалҳо сарвари ғамхор надоштани мардум онҳоро дар хонаю макони худ ғуломи аҷнабиён кардааст».

Баъзе аз тавсия ва пешниҳодҳои профессор Абдумумин Шарифов дар замони Истиқлолияти давлатӣ бомуваффақият дар амал татбиқ шуда истодаанд, аммо пешниҳодоти дигари олим, ки низ баррасӣ ва татбиқашон судманд хоҳад буд, аз назари мардум ва масъулин дур мондаанд. Агар мардум, алалхусус масъулин, матолиби маҷмӯаи  «Агар худ­ро шиносем…»-ро бодиққат хонанд, он дар оиладорӣ, хоҷагидорӣ метавонад ҳамчун роҳнамо хидмат кунад.

Баҳриддини ҶӮЁ,

рӯзноманигор