Зикри хайр

Қаламаш бурандатар аз теғ буд

№27 (3977) 11.03.2019

 Жур1Акбар Шариф аз моҳи авгус­ти соли 1994 то майи соли 1995 муовини сардабири ҳафтаномаи «Наврӯзи Ватан» ва аз 7 августи соли 1995 муҳаррири барномаҳои мусиқии Телевизиони Тоҷикистон буд.

Нависанда ва рӯзноманигори ҷавону бомаҳорат дар баробари корҳои эҷодӣ барои бедории сиёсии шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамеша талош меварзид. Аз хурдӣ ба касби рӯзноманигорӣ шавқу рағбат пайдо намуда буд, ки дар даврони мактабхонӣ мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳашро дар дафтари ёддоштҳо қайд менамуд. Устодонаш аз вай бо қаноатмандӣ ёд мекунанд. Ба гуфти баъзе аз дӯстон, замоне ки якумин мақолааш дар ҳафтанома ба нашр расид, хурсандиаш ҳадду канор надошт. Аз ҳамон вақт тасмим гирифт, ки рӯзноманигор ва нависанда шавад. Вале бештар мехост ӯро ҳамчун рӯзноманигор шиносанд. Мегуфт: «Рӯзноманигор набояд бо навиштани чанд мақола маҳдуд шавад». Ба ақидаи ӯ, рӯзноманигорӣ дар шодиву ғами халқ шарик будан аст.

Акбар Шариф гарчанд ҷавон буд, касби рӯзноманигориро дар солҳои бесарусомониҳои шаҳрвандӣ басо зарур ва муҳим меҳисобид. Ӯ сабабҳои он ҳама бетартибиҳоро дарк карда, мардумро ба сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ ва хештаншиносӣ даъват менамуд ва дар муддати на чандон тӯлонӣ дар расонаҳои хабарии ҷумҳурӣ машҳур гашт. Қаламаш нисбат ба ноадолатиҳои гурӯҳҳои силоҳбадасти худхоҳу ғаддор теғу шамшери тезу бурроро мемонд.

Ин байти Ҳабиб Юсуфиро шиори худ қарор дода буд:

Вақти он аст, эй қалам, буррандатар гардӣ зи теғ,

Вақти он аст, эй сухан, ғуррандатар гардӣ зи барқ.

Хеле собитқадам ва шуҷоу боирода буд. Шуҷоати касбии вай ҳамкоронашро дар ҳайрат мегузошт. Борҳо ӯро таҳдид карданд, вале аз мубориза даст намекашид.

Акбар бо устодон, ҳамкорон ва шогирдон хеле боадабона рафтор мекард. Бархе мегӯянд, ки табиати шӯх дошт, аммо дар фаъолияти касбияш хеле ҷиддӣ буд. Мақолаҳояш мунтазам дар рӯзномаву ҳафтаномаҳо ба табъ мерасиданд.

Мехост, ки ҳар ҷавони боғайрат, ватандӯсти кишвар сабабҳои пош хӯрдани давлатдории тоҷикии Сомониёнро хуб донад ва таҳлил намояд. Ҳамчунин, бо дарназардошти вазъи ҷаҳон таҳлили бардоштаи худро қиёс карда тавонад. Дар ҳамин сурат ҷавонон авлавиятҳои миллиамонро дарк хоҳанд кард ва миллати мо ба тараққиёти бисёрҷониба дар арсаи ҷаҳон хоҳад расид.

Бомаърифат, худогоҳ, хештаншинос ва зиндадил буду ба ояндаи миллати тоҷик хушбин. Аммо, сад афсӯс, ки соли 1996 Акбар Шариф бо фармони роҳбарияти ташкилоти террористии ҳизби наҳзат ба ҳалокат расид.

Рӯҳаш шод бод!

Рустам Акрамов, сокини шаҳри Душанбе