Дар арзҳои дӯстӣ

Ҷамъомад баъди курсҳои омӯзишӣ

№104 (3089) 20.08.2013

Дар Ҷамъияти дӯстӣ  ва  равобити фарҳангии Тоҷикистон  бо кишварҳои хориҷа ба муносибати анҷоми курсҳои омӯзишии забони олмонӣ ҷамъомад доир гардид. Яке аз ин курсҳо барои омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии мамлакат ва дигар барои хонандагони лаёқатманди таълимгоҳҳо ташкил карда шуда буд. Машғулиятҳоро дар ин курсҳо магистраҳои донишгоҳҳои Гумболёди шаҳри Берлин ва Венаи Австрия Кияра Клаусман ва Биргит Блаунштайнер гузарониданд.

Раиси Раёсати  Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев дар ҷамъомад суханронӣ карда, ба омӯзгорон  барои хатми курси мазкур сертификат супорид. Ҳамзамон устодони ин курсҳо Кияра Клаусман ва Биргит Блаунштайнер бо ифтихорномаҳои ҷамъият сарфароз гардонида шуданд.

Вақте ки ин хабар омода мешуд, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Олмон Хайрулло Сайфуллоев ба мо иттилоъ дод, ки ду нафар хатмкунандагони курсҳои зикршуда – омӯзгори забони олмонии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  Юсуф Собиров  ва  муаллими калони кафедраи забони олмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Раҳматулло Кучов ҳамроҳ бо аъзои ҷамъият — дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Матлуба Бобоева ба сафари Аврупо баромаданд. Онҳо тайи як ҳафта дар курси тобистонаи омӯзиши забони олмонӣ барои омӯзгорони забони олмонии кишварҳои Осиёи Марказӣ, воқеъ дар шаҳри Венаи Австрия ва ҳафтаи дигар дар конфронси байналмилалии забони олмонии шаҳри Ботсваннаи Австрия иштирок менамоянд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»