Ҳамдами илму техника

№23 (4285) 20.02.2021

ХАЁЛ БОБОЕВАгар зиндагиномаи ӯро канор гузорему фаъолияти корию илмиашро пеши рӯ биёрем, мебинем, ки дар ҳақиқат омӯзандаву ибратбахш аст. Ранҷу заҳмат, ноумедию умедворӣ, дилшикастагию пирӯзӣ, комёбию нокомиҳо дар фазои илми кишоварзӣ ҳамдаму ҳамсафари роҳаш будааст.

Ин чеҳраи муътабар, профессори кафедраи механи­каи назариявӣ ва графикаи муҳандисии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Абдулафиз Ғаффоров мебошад, ки ба синни 90 қадам ниҳоданд. Профессори муҳтарам 64 соли умри бобаракатро дар ягона муассисаи таҳсилоти олии касбии кишоварзии кишвар — Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур баҳри омода намудани мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва равнақи илму техника сарф карда, барои аксарияти омӯзгорони факултети механиконии кишоварзӣ устоду раҳнамо мебошад.

 Шогирдаш, профессори кафедраи хизматрасонии техникӣ ва таъмири мошинҳо Эркин Караматуллоев чунин иброз медорад:

- Ҳама чизро аз ӯ омӯхтем, аз одоби муошират то илму техника. Устод ба илм дасту дили гарме доранд, ки то ҳол дилбастаанд. Меҳнати ҳалолу софдилона рисолати корашон аст. Моро ба илм омӯхтан одат кунонд, ки ҳоло ҳузури онро дида, ба ин натиҷа расидем. Мутахассисони зиёди варзидаи кишоварзӣ, ки баҳри саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи Тоҷикистони азиз тарбия ёфтаанд, дастпарварони ӯянд.

Вай дар раванди омӯхтани ­дарсҳо ва ҳангоми таҷрибаомӯзӣ ба донишҷӯён ва омӯзгорон, ҳамчун техник-механик, ёрӣ мерасонид. Натиҷаи кӯшишҳои боғайрати ӯ буд, ки донишкадаро соли 1957 бо дипломи аъло хатм намуда, ҳамон сол ӯро бо пешниҳоди декани факултет Сулаймон Исоевич Исоев ба кафедраи механикаи назари­явӣ ба ҳайси ассистент қабул намуданд. А. Ғаффоров ба омӯхтани фанни «Назарияи механизму мошинҳо» ва такмил додани корҳои лаборатории таълимӣ шурӯъ намуд. Вай устодонашро ба некӣ ёдоварӣ намуда, аз ҷумла, мегӯяд: «Барои омӯзгор ва олим шудани ман муаллимаи фанни назарияи механизму мошинҳо Тамара Романовна Никифорова, устодон Шариф Зоирович Зокиров, Виктор Сергеевич Обрубов, Исоев Сулаймон Исоевич ва дигарон саҳми калон гузоштаанд».

Соли 1964 дониш­када ӯро ба яке аз мактабҳои олии беҳтарини мамлакат ба Омӯзишгоҳи олии техникии ба номи Н. Э. Баумани шаҳри Москва барои таҷрибаомӯзӣ фиристод. Дар он ҷо Абдулафиз дар дарсҳои олимони варзидаи ИҶШС, аз ҷумла профессорон В. А. Гавриленко, Л. Н. Решетов, И. И. Артоболев­ский, С. А. Попова ва дига­рон иштирок намуда, таҷриба андӯхт. Бо роҳбарии профессор Владимир Алек­сандрович Гавриленко мавзӯъ ва самти кори илмиашро муайян намуда, соли 1969 ба аспирантураи мақсадноки яксола ба Омӯ­зишгоҳи олии техникии ба номи Н. Э. Баумани шаҳри Москва дохил шуд. Аввали моҳи июли соли 1970 рисолаи ил­мии номзадиро дар мавзӯи «Тадқиқоти динамикии механизмҳои сайёравии дандонагии мошинҳои кишоварзӣ» бомуваффақият ҳимоя на­муд. Назаррас будани корҳои илмӣ-тадқиқотиаш гувоҳи он аст, ки натиҷаи ин кори илмӣ дар комбайни ғалладаравии «Нива», ки дар заводи комбайнбарории Таганрог истеҳсол мешуд, истифода шудааст.

Соли 1971 ба А. Ғаффоров унвони дотсенти кафедраи механикаи назариявӣ ва ҷузъиёти мошинҳо дода мешавад. Бо ташаббуси ӯ лабораторияи таълимии фанни «Наза­рияи механизму мошинҳо» бо таҷҳизоти замонавӣ, мошинҳои ҳисоббарор ва асбобҳои ченкунанда муҷаҳҳаз шудааст.

Соли 1973 дотсент А. Ғаф­форов барои такмил дода­ни кори илмию омӯзгорӣ ба Омӯзишгоҳи олии техникии ба номи Н. Э. Баумани шаҳри Москва (ҳозира Донишгоҳи техникии давлатии шаҳри Москва ба номи Н.Э. Бауман) меравад. Соли 1975 устод озмоишгоҳи илмии «Динамикаи механизмҳо»-ро сохта дар он овоз, ларзиш ва динамикаи механизми сайёравии дандонагии гардиши трактори ДТ-75- ро омӯхт. Натиҷаи тадқиқотҳои илмӣ ба­рои дар истеҳсолот ҷорӣ шудан ба Заводи тракторбарории шаҳри Волгоград пешниҳод гардид.

Дотсент А. Ғаффоров дар охири соли 1981 мудири кафедраи механикаи назариявӣ ва ҷузъиёти мошинҳо интихоб мешавад. Вай роҳбарии кафедраро дар муддати 20 сол ба таври намунавӣ ба роҳ монда, дар беҳбудии фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва услубӣ корҳои зиёди назаррасро ба анҷом расонидааст. Ҳайати кафедра бо роҳбарии А. Faффopoв мошини нави ғӯзапоячинак сохтанд, ки вай ҳангоми решакан кардани ғӯзапоя қисми болоии онро майда ва ҷудо мекунад, ки онро ҳамчун хӯроки чорво истифода бурдан мумкин аст.

Соли 1997 Шӯрои илмии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Абдулафиз Ғаффоровро ба унвони илмии профессори кафедраи механикаи назариявӣ ва ҷузъиёти мошинҳо тавсия намуд. Ҳамон сол раёсати донишгоҳ кафедраи графикаи муҳандисиро бо кафедраи механикаи назариявӣ ва ҷузъиёти мошинҳо ҳамроҳ намуда, роҳбарии онро ба зиммаи ӯ гузошт, ки ин масъулияти ӯро боз ҳам баландтар намуд. Дар ин муддат ӯ зиёда аз 100 номгӯйи корҳои илмӣ ва илмию услубиро аз чоп баровард, ки се китоби дарсӣ аз фанни назарияи механизму мошинҳо бо забони давлатӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад. Инчунин, А. Ғаффоров иштирокчии конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар шаҳрҳои Москва, Ле­нинград, Новосибирск, Киев, Одесса, Алма-Ато, Бишкек, Тошкент, Вилнюс, Елгава мебошад.

Алҳол ӯро ба ҳайси як олими соҳаи илму техника мешиносанд, ки рӯзгори омӯзанда, пурифтихор ва фаъолияти густурда дорад.

- Шер баъд аз худ пӯст ва одамӣ ном мегузорад. Ана ҳамин рисолатро инсонҳо бояд дошта бошанд, — мегӯяд устод ва меафзояд:

Номе аз худ дар ҷаҳон бигзор,

Зиндагонӣ барои мурдан нест.

Ҳамчун рамзи қадрдонию сипос ва заҳматҳои пурсамараш Абдулафиз Ғаффоров борҳо бо ифтихорномаҳои Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ИҶШС, Комитети агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон сазовор шудааст. Заҳматҳои шоёни ин олими шинохта ба медалҳои «Барои меҳнати шуҷоат», «Собиқадори меҳнат» ва ба унвони фахрии «Корманди шоистаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷики­стон» ­қадрдонӣ шудааст.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»