Амнияти иттилотиро чӣ гуна метавон таъмин кард?

№59 (4165) 16.05.2020

FILE1584Мусоҳиба бо мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ Силмон Мавлоназаров

- Амнияти иттилоотӣ  чист ва бо кадом асос моҳияти он рӯз­афзун гардид?

- Амнияти иттилоотӣ  маҷмӯи чорабиниҳои мушаххаси ҳифзи муҳити иттилоотонии ҷомеа ва шахсони алоҳида буда, раванди дурусту қонунии бо он таъмин кардани аҳолӣ ба бехатарии фаъолияти технологияи навини иттилоотӣ вобастагӣ дорад.

Шоҳид ҳастем, ки имрӯз бадхоҳони миллату давлати тоҷик барои амалӣ намудани аҳдофи муғризона бештар аз расонаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла, шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Ин бесабаб нест, чунки дар марҳилаи кунунӣ таъсири ВАО тамоюли афзоишро касб намуда, дар заминаи рушди интернет шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз пеш таъсиргузоранд.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки поварақи матолиби баъзе аз расонаҳо, хоса воситаҳои ахбори омма ва гурӯҳҳое, ки ҳангомасозӣ дар онҳо меҳвар аст, ба майдони мубоҳиса табдил ёфтаанд. Мутаассифона, дар ин раванд аксар маврид назокату одоби баҳс сарфи назар шуда, онҳо моҳияти сиёсӣ касб менамоянд.

- Муқаррароти  кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ин масъала дахл доранд?

- Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи  сирри  давлатӣ», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020», «Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра.

Илова бар ин, ҳафтуми  ноябри соли 2003   Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» содир гардида, дар асоси он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, «Барномаи таъмини амнияти иттилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид.

- Коршиносон ба он назаранд, ки бегазанд будани амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба рукни асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст…

- Комилан дуруст аст. Бегуфтугӯ, бидуни мавҷудияти амнияти иттилоотӣ таъмини амнияти миллӣ имконнопазир аст. Равшан аст, ки дар  ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфта, дар сурати оқилона ва фаврӣ истифода шудан ғолибияти ин ё он кишвар ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд.

Замоне буд одамон тавассути камону тир ва танку тӯп бо ҳам мубориза мебурданд. Айни замон ҷойгоҳи онҳоро идеология ба таври чашмрас танг намудааст. Аксар маврид дар муқобили давлатҳову ташкилот ва шахсиятҳои алоҳида аз ҷониби рақибон маҳз идеология истифода мешавад.

- Дар чунин шароит зиракии сиёсӣ чӣ нақш дорад?

- Бамаврид медонам ба саволи пешниҳодшуда бо иқтибос аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 18 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ посух диҳам. Роҳбари мамлакат таъкид намуда буданд, ки «Аз таъсири манфии ҳодисаву таҳаввулоти охир, ки дар онҳо намояндагони даҳҳо кишварҳои дунё иштирок доранд, ягон мамлакат, аз ҷумла, Тоҷикис­тони мо низ, эмин буда наметавонад. Аз ин лиҳоз, ҳар чӣ бештар таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа ва ҳатто сарнавиштсоз пайдо кардааст».

Моҳиятан зиракии сиёсӣ дарк ва ҳифзи манфиатҳои давлат мебошад. Мо дар замони пуртазод зиндагӣ мекунем ва мушоҳида мешавад, ки давлатҳои низоми сиёсиашон гуногун, ташкилотҳои байналмилалӣ баҳри амалӣ намудани «тарҳ»-ҳои худ беш аз пеш ҳавасманд ҳастанд, ки дар баъзе маврид бо манфиатҳои кишварҳои дигар, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон созгор нест.

Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки гурӯҳҳои динӣ-экстремистӣ ва террористии трансмиллӣ худ аз худ пайдо намешаванд ва барои рӯи кор омадани онҳо ҳатман давлат ё ташкилоте ҳавасманд аст.

Бо дарназардошти ин, барои тақвияту тавсеаи зиракии сиёсӣ, пеш аз ҳама, ташаккули тафаккури миллӣ, худшиносии миллӣ ва ғояи миллӣ зарур аст. Зарур аст, ки ба дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.

- Пешвои миллат 18 марти соли 2020 дар мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат таъкид карданд, ки  «бетарафӣ худ нишонаи марг аст»…

- Барҳақ! Ҳар яки мо, хоса аҳли зиё, муваззафем, ки дар доираи имконоти зеҳнии хеш ба ҳуҷумҳои иттилоотӣ посухи муносиб диҳем. Агар мо ба чунин таҷоҳум филфавр вокуниш накунем, пайомадҳои ногувор хоҳад дошт. Шояд як идда ба он назар бошанд, ки «саг меҷакаду корвон ба роҳаш меравад». Вале дар ҷаҳони муосир ин мақол моҳияташро комилан гум карда, вокуниш ба «ҷак-ҷак»-и «саг» зарур ва ногузир мебошад.

Масъулини воситаҳои ахбори омма ва гурӯҳҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол вазифадоранд, ки  манфиатҳои миллиро болотар аз дигар масъалаҳои моҳияти шахсиву гурӯҳидошта гузоранд. Зеро далелҳои зиёде  мавҷуданд, ки нашру пахши чунин матлаб ба афкори ҷомеа таъсири манфӣ расониданд. Ҳарчанд беасос будани онҳо бо истинод ба далелу рақам собит гардид, вале таъсири манфӣ дар афкори як қисми шаҳрвандон боқӣ мемонад.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»