Дар мавзуи муҳим

Анемия табобатшаванда аст

№70 (3055) 10.06.2013

АнемияДар  Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифз ва беҳдошти саломатии Зан – Модар ва кӯдак тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Таҳлилҳои солҳои охир гузаронида нишон медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ фавти модарон дар соли 2010 нисбат ба соли 2005- ум 12 фоиз паст гардида, фавти кӯдакони навзод дар ин давра ду баробар кам шудааст. Воқеан ҳам солимии модар яке аз масъалаҳои муҳимест, ки барои тавлиди насли солим  мусоидат мекунад.

Тибқи иттилои муовини директори Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон Сурайё Назарова, баҳри ҳифзи солимии модару кӯдак дар сохтори Пажӯҳишгоҳи мазкур як қатор дигаргуниҳо ба миён омад, аз ҷумла ба истифода додани шуъбаи кӯмаки сайёри акушерӣ ва шуъбаи махсусгардонидаи акушерӣ. Бо роҳандозӣ гардидани шуъбаҳои мазкур аз тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ занони гирифтори бемориҳои гуногун дар давраи ҳомиладорӣ барои табобат равон карда мешаванд.

Баҳри ҳифзи солимии модарон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014» тасдиқ шудааст. Инчунин аз тарафи кормандони Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон  барои ҳифзи саломатии модару кӯдак кори зиёд амалӣ мешавад.

Мутахассисон бар он ақидаанд, ки то давраи таваллуди кӯдак модар бояд ҳамеша зери назорати доимии табибон қарор дошта бошад, зеро дар чунин ҳолат эҳтимоли пайдо шудани ҳар гуна оризаҳои акушерӣ ҳам дар зани ҳомила ва ҳам дар тифли дарунибатнии ӯ зиёд аст. Агар бемории зани ҳомила сари вақт бартараф карда нашавад, бо нуқсони модарзодӣ ва ё норасид тавлид шудани кӯдак аз эҳтимол дур нест.

Сурайё Назарова афзуд, ки модарон бояд ҳамеша дар пойдории саломатии хеш бошанд.  Хуб мешуд занон пеш аз ҳомиладор шуданашон аввал организми худро ба ҳомиладорӣ тайёр мекарданд. Онҳо бояд  аз ҳама ташхису муоина гузашта, дар давраи ҳомиладорӣ таҳти назорати доимии табибон қарор дошта бошанд, зеро сиҳатии тифли оянда аз саломатии модар вобастагӣ дорад. Саломатии модару кӯдак бошад, ба манфиати оилаву ҷомеа аст.

Аз рӯйи тадқиқоти гузаронидаи олимони пажӯҳишгоҳ миёни занон бемории анемия (камхунӣ) – и норасоии оҳан дар зинаи аввал буда, дар зинаи дуюм бемориҳои вобаста бо норасоии йод дар организм (бемориҳои ғадуди сипаршакл) қарор дошта, бемориҳои дилу раг ва бемориҳои вобаста ба гурда дар ҷойи сеюм аст. Анемия камшавии миқдори гемоглобини хун (Hb) мебошад. Hb бошад вазифаи интиқоли оксигенро ба тамоми узвҳою бофтаҳои бадани инсон иҷро мекунад. Сабабҳои асосии пайдоиш ва инкишофи бемории камхунӣ ин кам истеъмол намудани миқдори оҳан дар таркиби хӯрока, ки қисмати зиёди паҳншавии бемории камхуниро ташкил медиҳад, бемории рӯдаю меъда, кирмҳои шикам, омилҳои генетикӣ, бемории табларза, сил ва ғайра мебошад. Самтҳои асосии амалиёт оид ба мубориза алайҳи бемории камхунӣ ғанигардонии орди гандумӣ бо хокаи оҳан (фортификатсия), ташкил ва гузаронидани маъракаи истеъмоли ҳарҳафтаинаи маводҳои оҳандор бо ҷавҳари фолий миёни гурӯҳҳои зерини аҳолӣ (саплиминтатсия), занони қобили таваллуд (15-49), кӯдакони  синни аз 6 то 12-моҳа, кӯдакони синни аз 13 то 24 моҳа, занҳои ҳомиладор, чорабиниҳо оид ба дигар намудани урфу одати аҳолӣ доир ба таъмини самараноки истеъмоли хӯрока мебошад. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории камхунӣ Барномаи «Пешгирии камхунии норасоии оҳан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003 — 2007» таҳия ва қабул гардида буд. Ҳадафи барнома пастсозии сатҳи вогирии аҳолии мамлакат ба бемории анемия (камхунӣ) – и норасоии оҳан то ба 30 фоиз аз ҳолати мавҷуда ба ҳисоб мерафт. Бештар ба ин беморӣ занони ҳомила ва кӯдакон дучор мешаванд. Модарон бояд дар давраи ҳомиладорӣ маводҳое, ки дар таркибашон оҳан доранд, истеъмол намоянд ва ҳангоми тановули ҳар гуна ғизо ба таркиби он аҳамияти бештар диҳанд.

Мувофиқи маълумоти коршиносони соҳаи тиб, солҳои охир бемориҳои гунонуни сироятию ғайрисироятӣ миёни кӯдакон низ рӯ ба афзудан дорад. Агар қисме аз табибон аз бемориҳои сироятии кӯдакон ҳарф зананд, қисми дигар аз бемории нуқсони  модарзодии дил, бемориҳои роҳҳои нафас ва бемориҳои асаби кӯдакон иттилоъ медиҳанд. Аммо миёни бемориҳои вобаста ба кӯдакон низ бемории анемия (камхунӣ) — и норасоии оҳан дар зинаи аввал мебошад. Ҳар як беморӣ сабабҳои пайдоиш ва нишонаҳои хос дорад. Бемории камхунӣ ба гурӯҳи бемориҳое дохил мешавад, ки ба нокифоягии маводи озуқа алоқаманд аст. Ҳангоме ки кӯдак ба ин беморӣ гирифтор мешавад, ӯ бояд сари вақт бо муолиҷа фаро гирифта шавад, зеро хурӯҷи ин беморӣ метавонад ба дигар узвҳои кӯдак низ таъсири ҷиддӣ расонад. Оид ба пешгирии бемории камхунӣ  барои кӯдакон истеъмоли шири модар низ нақши муҳим дорад, зеро дар байни кӯдакони навзод низ бемории анемия (камхунӣ) -и норасоии оҳан ба мушоҳида мерасад. Кӯдаконе, ки танҳо шири модарро истеъмол менамоянд, 2,5 маротиба камтар ба бемориҳо дучор мешаванд. Дар таркиби шири модар маводҳое мавҷуданд, ки кӯдакро аз бемориҳои камхунӣ ва дигар бемориҳо эмин медорад.

Камхунӣ ба кам шудани миқдори эритротситҳо дар хун ё ба кам шудани гемоглобин ва баъзан ба ҳар дуи ин вобаста аст. Камхунӣ инчунин дар натиҷаи зиёд талаф додани хун низ пайдо мешавад. Ҳамзамон ба пайдо шудани бемории камхунӣ, баъзе касалиҳои сирояткунанда, зиёд талаф додани хун ҳангоми осеббардорӣ, вайрон шудани вазифаҳои мағзи сар ва аз ҳама муҳим ин норасоии оҳан дар бадани инсон метавонад касро ба беморӣ дучор намояд.

Бино ба гуфтаи мутахассисон, бемории анемия (камхунӣ) –и норасоии оҳан табобатшаванда мебошад ва дар ҳолати гирифтор шудан ба он муроҷиати саривақтӣ ва гирифтани табобати муайяншуда бемор шифо меёбад. Ҳамзамон барои пешгирии  ин беморӣ сайр намудан дар ҳавои тоза низ аз ҷониби табибон тавсия дода мешавад. Аз ҳама муҳим истеъмоли хӯроки серғизо ва маҳсулоте  мебошад, ки дар таркиби онҳо миқдори зиёди оҳан мавҷуд буда, ба барқарор шудани  миқдори муътадили гемоглобини хун дар инсон мусоидат менамояд.

Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»