Эй забон, эй ганҷи бепоёни мо

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад

№28-29 (3329-3330) 27.02.2015

«Дӯст доштан ва қадр кардани забони модарӣ ҳаргиз маънои бо он маҳдуд шудан ва аз омӯхтани забонҳои хориҷӣ даст кашидани шаҳрвандони моро надорад».

Моҳи ноябри соли 1999 бо қарори ҷаласаи XXXI ЮНЕСКО бо мақсади ҳифз ва ташаккули забонҳои нобудшудаистода ва мусоидат барои ташаккули бисёрзабонӣ ва рушди хазинаи луғавии забонҳои дунё 21-уми феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардид. Аз соли 2000-ум инҷониб ҳамасола дар тамоми кишварҳои олам ин ҷашн таҷлил мегардад.

Забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллату кишвар маҳсуб гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини кишвар шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.

Дар иртибот ба ин масъала дар моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин омадааст:

«1. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд.

2. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва яғнобӣ шароит фароҳам меорад».

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии забони модарӣ 20-уми феврали соли 2015 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар гузаронид. Дар кори он намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла Шӯрои русзабонҳои кишвар, ҷамъиятҳои қазоқҳо, туркманҳо, осетинҳо, гурҷиҳо, арманиҳо, олмониҳо, тотору бошқирдҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Дар чорабинӣ масъалаҳои марбут ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва масоили фароҳам овардани имкониятҳои зарурӣ барои ҳифзи забон ва фарҳанги ақаллиятҳои миллии сокинони кишвар ва ҳамзабонони бурунмарзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 барои ҳифз ва рушди забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва яғнобӣ заминаҳо фароҳам оварда шудаанд. Кумита тибқи Нақшаи корӣ дар соли равон тасмим гирифтааст, ки иҷрои ин масъаларо дар минтақаҳои мазкур назорат ва баррасӣ намуда, ба омӯзишу таҳқиқи ин забонҳо тариқи марказҳои илмӣ равшанӣ бахшад.

Барнома чорабиниҳои гуногунро дар самти таълим ва омӯзиши самарабахши забони давлатӣ ва бо он фаро гирифтани тамоми миллатҳо ва халқиятҳои маскуни кишвар, таъсис додани курсҳои забономӯзӣ, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, дастурҳо барои ақаллиятҳои миллии сокинони ҷумҳуриро дар бар мегирад.

Дар Барнома қисмати алоҳида ба ҳимоя ва рушди забонҳои ақаллиятҳои миллии сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро пайваста баҳри посдории асолати забону фарҳангамон даъват намуда, дар суханрониҳои худ, аз ҷумла, зикр намудаанд: «Дӯст доштан ва қадр кардани забони модарӣ ҳаргиз маънои бо он маҳдуд шудан ва аз омӯхтани забонҳои хориҷӣ даст кашидани шаҳрвандони моро надорад». Чунин андешаро мо дар осори шоири мумтози адабиёти классикии тоҷик Тошхӯҷа Асирӣ низ дарк мекунем:

Ҳар кас ба забони худ  сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Дар соли 2014 Кумита ҳамкориҳои муштаракро бо Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба роҳ монд, ки ин иқдом барои рушду густариши забони тоҷикӣ дар ин кишвар мусоидат хоҳад намуд.

Мизи мудавварро раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд. Сипас, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Мансур Сайфиддинов, доктори илмҳои филология Сайфиддин Назарзода, номзадҳои илми филология Сайфиддин Мирзозода, Азиз Мирбобоев, Шаҳбоз Кабиров ва раисони ҷамъиятҳои туркманҳо, осетинҳо, олмониҳо, доғистониҳо, тоторҳо ва Ассотсиатсияи кореягиҳо сухан карданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Тоҷикистон 16 ташкилоту иттиҳод ва ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллӣ фаъолият мекунанд, ки фаъолияташон ба ҳифзу забону фарҳанги миллиашон равона гардидааст.

Таҳияи Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»