Арзиши муҳимтарини сиёсӣ

№113-114 (4375-4376) 09.09.2021

КоллажИстиқлолияти давлатӣ дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик ба марҳилаи сифатан нав оғоз бахшид.

Аввалин иқдом барои аз ҳолати ваҳими сиёсиву иҷтимоӣ баровардани кишвар баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Баъдан, созандагиву бунёдкорӣ ва гузош­тану иҷрои ҳадафҳои стратегӣ, эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ кишварро ба ҳайси давлати мустақил ва аъзои даҳҳо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ аз замони расидан ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ маншаъ мегирад.

Дарвоқеъ, пас аз расидан ба сулҳу субот зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангӣ бунёдкориҳо оғоз гардиданд. Сохтмонҳои азими аҳамияти стратегидошта ба нақша гирифта шуда, ҳадафҳои стратегии давлат мушаххас шуд. Чун Тоҷикистон яке аз кишварҳои кӯҳис­тонист ва дар замони пеш аз Истиқлолияти давлатӣ роҳҳои иртиботии дохилии он барои ҳама фасли сол таъмин набуданд ва дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор дошт, аз ин рӯ, яке аз ҳадафҳои асосии давлат аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани ҷумҳурӣ буд. Дар чорчӯбаи ин ҳадаф бунёди нақбҳо, роҳҳои автомобиливу оҳан ба нақша гирифта, зина ба зина амалӣ шуданд. Аз ҷумла, сохтмони нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон»,  «Озодӣ», «Хатлон»  ва бозсозии роҳи мошинагарди Душанбе — Чаноқ тавонист иртиботи шимоли кишварро ба марказ таъмин намояд ва ба яке аз роҳҳои таъминкунандаи иқтисоди Тоҷикистон табдил ёбад. Ҳамчунин, сохт­мони нақби «Шаршар» ва нақби «Хатлон» тавонис­танд иртиботи ҷануби кишварро бо марказ таъмин намоянд. Дар ин доира бозсозии роҳҳои Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб ва сарҳади Хитой, Душанбе — Ғарм — Ош, Душанбе — Бохтар — Панҷи Поён онро ба кишвари воҳид табдил диҳанд. Ҳамчунин, роҳи оҳани Душанбе — Кӯлоб ва Душанбе — Ёвон — Бохтар ҳалқаи дохилии роҳи оҳанеро ба вуҷуд овард, ки иртиботи ҷануби кишвар ва марказро таъмин намуд.

Солиёни пешин мардуми кӯҳистони кишвар, махсусан водии Зарафшон ва минтақаи Бадахшон дар фасли зимис­тон бо маркази кишвар иртиботи доимӣ надоштанд. Ҳоло дигар ин мушкил вуҷуд надорад.

Пӯшида нест, ки ҳоло муҳаррики асосии иқтисодро энергетика ташкил медиҳад ва ҳама фанноварӣ тавассути энергия фаъол мегардад. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат истиқлолияти энергетикиро ҳадафи асосии стратегии давлат қарор дода, дар ин замина сохтмони иншооти азими энергетикӣ тарроҳӣ шуда, кор дар онҳо оғоз гардид. Дар ин замина, сохтмони НБО-ҳои хурду бузург дар ҷумҳурӣ шурӯъ гардид. Бояд зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳоест, ки зиёда аз 60  фоизи обҳои Осиёи Миёна аз пир­яхҳои қаламрави он ҳосил мешаванд ва мавқеи ҷуғрофияш барои сохтмони неругоҳҳо мусоид аст.

Ин буд, ки дар даврони истиқлолият садҳо неругоҳи барқи обии хурд дар кишвар ба истифода дода шуданд ва барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ нақш бозиданд. Хусусан, бунёди неругоҳҳои барқи обии  «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», ба истифода додани ду чархаи аввали НБО «Роғун». Ҳамчунин, ба истифода дода шудани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» барои расидан ба ҳадафи стратегии истиқлолияти энергетикӣ мусоидат намуд.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ таҷдиду бозсозии неругоҳҳои барқи обии кишвар оғоз шуда, ҳоло низ идома дорад, ки ҳамаи ин боис ба боло бурдани тавонмандии  энергетикии кишвар гардид.

Ҳамчунин, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ хатҳои интиқоли барқи кишвар таҷдид шуда, низоми ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд. Яъне ҳадафҳои асосии стратегии аз ҷониби Роҳбари давлат гузошта устуворона дар ҳоли амалӣ шудан қарор доранд. Минбаъд низ дар ин масир кори зиёд ба нақша гирифта шудаанд, ки бо амалӣ шудани онҳо дар иқтисоди кишвар ҷаҳиши бузург ба вуҷуд хоҳад омад.

 Сиёсати озмудашудаи оқилонаву мутавозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, ки «Сиёсати дарҳои боз» аст, самараи нек ба бор оварда, мавқеи ҷумҳуриро дар арсаи минтақавию байналмилалӣ хеле баланд ­бардошт. Ҳар сол дар шаҳри Душанбе доир гардидани форум ва конференсияҳои сатҳи олии байналмилалӣ, ташрифи чандкаратаи роҳбарони олимақоми давлатҳои дунё, президентҳо ва сарварони Россия, Хитой, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Афғонистон, Австрия, Полша, Япония ва ғайра ҳайатҳои бонуфузи созмонҳои байналхалқӣ ба Тоҷикистон аз эътибори баланди байналмилалии мамлакат, мавқеи афзоянда ва роҳбари сиёсии он дар арсаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад.

Ҳарчанд 30 сол дар назди таърих замони тӯлонӣ нест, аммо созандагиву бунёд­кориҳое, ки дар ин се даҳа бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд, арзиши ҳазорсолаҳоро доранд. Муҳимтар аз ҳама, пояҳои давлатдории миллӣ гузошта шуда, давлат ба ҳайси ниҳоди муҳими идораи иҷтимоӣ мустаҳкам гардид. Ҳоло давлати ҷавони тоҷикон қадамҳои устуворро барои расидан ба ояндаи боз ҳам саодатманд мегузорад. Ҳама дастовард самараи Истиқлолияти давлатист, ки он бароямон заминаҳои рушд­ро фароҳам оварда, имкон дод то дурнамо ва сарнавишти давлатдориро муайян созем. Ҳақ ба ҷониби  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармуданд: «Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақоми муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад».

Амонзода Илҳом Темур,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ректори ДТТ,

И. Шарифзода,

мудири кафедраи фанҳои гуманитарии ДТТ