Китоби нав

«Ашки дареғи хома»

№20 (3970) 19.02.2019

1Чунин ном дорад маҷмӯаи нави шоири соҳибзавқ  Баҳодур Баҳромӣ, ки чанде қабл тавассути нашриёти «Меъроҷ»-и шаҳри Хуҷанд ба чоп расид.

Он китоби дуюми шоир буда, аз ду достон, шаш манзумаи хурду калон, 50 ғазал, 7 марсия ва чанд шеъргуна иборат аст.

Ҷолиб аст, ки дар ашъори шоир номи шеърҳо дар пироҳани ҳариру зебо, бисёр суфтаву равон баён шудаанд. Масалан, «Калиди гавҳари асрор», «Масти шароби абр», «Лаълҳои рехта аз остини хаёл», «Муфтии миллати асҳоби назар», «Нағмаи ишқ дар базми сабӯҳ», «Донаҳои тасбеҳи андеша» ва «Садои кафши тирамоҳ».

Достону манзумаҳои шоир «Ашки дареғи хома», «Даҳони баста беҳ», «Қиссаи гӯсфанди қиммат», «Аз куҷо омадаӣ?», «Боқӣ дар меҳмонии қассоби мо», «Донаҳои тасбеҳи андеша», «Неши забони булбул», «Садои кафши тирамоҳ» аз панду насиҳат ғанӣ буда, хонандаро ба роҳи рост талқин менамояд.

Қисмати аъзами абётро шоир дар мусофирӣ эҷод кардааст. Масалан, манзумаҳои «Донаи тасбеҳи андеша», «Садои кафши тирамоҳ» ва «Неши забони булбул» маҳсули рӯзгор дар Россия буда, ҷавононро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят менамояд.

Адабиётшинос Субҳони Аъзамзод дар пешгуфтори китоб Баҳодур Баҳромиро соҳиби сабки махсус номида, гуфтааст, ки ӯ мансуби наслест, ки дар фарҷоми қарни гузашта орзуи кору рӯзгори писандида доштанд, вале бар асари суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба вуҷуд омадани бесарусомонӣ дар кишвар, маъюсу дилшикаста шуданд.

Аз ин рӯ, дар силсилаи ашъори дар солҳои қаблӣ иншошуда як навъ оҳанги яъсу навмедӣ бештар ҷой дорад, вале ба қавли адабиётшинос, «он шеърҳо ашъори зиндагибадбинона нестанд, шоир табиату сиришти ҳассос дорад, дар айни замон, ба рӯзгор хушбин мебошад».

Ҳусейни Назрулло,

«Садои мардум»