Аз китоби масалҳои қадимаи чинӣ - «Дурҷи ҳикмат»

Ҷавоби оқилона

№70 (4020) 18.06.2019

Конфутсий се шогирди босалиқа дошт: Гун, Лу ва Чжан.

Марде аз ӯ пурсид, ки дар бораи шогирдаш Гун чӣ фикр дорад?

Гуфт:

-Ҳатто олимон аз хиради Гун дар ҳайратанд.

- Лу чӣ эътибор дорад?

-Ҷасурии Лу аз ҷанговарони машҳур афзалият дорад.

-Шогирди сеюматон Чжан чӣ?

- Меҳнатдӯстии ӯ арзандаи ситоиш аст.

Мард пурсид:

- Агар Гун ин қадар боақл, Лу диловар ва Чжан меҳнатдӯст бошад, пас онҳо аз шумо боз чиро бояд омӯзанд?

- Гун боақл аст, вале танбал. Лу ҷасур, вале беандеша аст, Чжан меҳнатдӯст, вале бахил аст. Гун намедонад, ки ақл ба одами танбал хушбахтӣ намеорад. Лу низ намедонад, ки ҷасорати кӯр-кӯрона ба нобудӣ мебарад ва Чжан фикр намекунад, ки хурсандиву ҳасад якҷо буда наметавонанд. То замоне онҳо ин ҳақиқатро дарк накунанд,  ман устоди онон ва онҳо шогирдони фармонбардор боқӣ мемонанд.

Сирри аз кор рафтани мушовир

Вазиреро мушовире буд бо меҳнатдӯстӣ, бовиҷдонӣ ва покизакорӣ машҳур. Баъди се сол ӯро ба наздаш хонд ва гуфт:

- Дигар ба хизмати шумо эҳтиёҷ надорам.

Мушовир пурсид:

- Магар боре аз иҷрои супориши шумо набаромадаам? Дар корҳоям саҳлангорӣ кардам?

- Ҳамааш дуруст аст, — гуфт вазир.

- Пас чаро намехоҳед, ки дар хизмати шумо бошам?

Вазир дар ҷавоб гуфт:

- Муддати се соле, ки мушовири ман будед, боре камбудии маро нагуфтед. Яъне, шумо дар фикри он набудед, ки ман беҳтар кор кунам.

Тарҷумаи  Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»