Авомили хатар ба суботу оромӣ

№28 - 29 (4134 - 4135) 03.03.2020

Вобаста ба вазъияте, ки ҳоло ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз мушкилоти давр — таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид.

Авҷи хатари терроризм ва экстремизм — ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар солҳои 1992-1997 маҳсуб меёбад. Имрӯз сиёсикунонии дин яке аз мушкилоти низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқи мусалмонӣ гардида, онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсӣ истифода мебаранд. Ин аст, ки  ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ, аз ҷумла, ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзат, одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва василаи асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстремизм тамоми тадбирро андешида истодааст. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»  аз 8-уми декабри соли 2003 қабул ва ба он соли 2007 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки асосҳои ҳуқуқию ташкилии муборизаро бар зидди экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Тавре мушоҳида  мешавад, дар бархе аз кишварҳои хориҷӣ расм шудааст, ки хиёнаткорро «қаҳрамон» муаррифӣ кунанду аз ҷавобгарӣ озод намоянд, вале мо ҳаргиз хиёнаткорро қаҳрамон намегӯем. Мардуми тоҷик ҳаргиз хиёнати саркардагону аъзои  ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатро, ки ҳоло дар Аврупо «қаҳрамон» муаррифӣ мешаванд, фаромӯш нахоҳад кард. Хиёнаткор бояд тибқи қонунгузорӣ ҷазо бинад, то барои дигарон дарси ибрат шавад.

Бархе аз созмонҳо ва давлатҳои абарқудрати аврупоӣ, ки иддае аз авбошу террористро «қаҳрамон» муаррифӣ карда, паноҳгоҳ додаанд, хиёнати бузурге дар сиёсати байналмилалӣ намудаанд. Зарари расондаашон дар ҳодисаҳои солҳои 1992-1997 кам буд, ки бо истифода аз сарпарастии хориҷиён ташкилоти дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзат тайи чанд соли охир амалҳои террористӣ ва хиёнат ба ватанро идома дода истодаанд. Мехоҳанд ҷавононро ба худ моил кунанд. Ба ин хотир, аз номи Худову Расул ҳарф мезананд, худро бегуноҳу ҷабрдида ҷилва медиҳанд.

Хушбахтона, алҳол сокинони кишвар ба ҳар ҳодисаву воқеаи замон баҳои дуруст дода метавонанд ва оид ба давлату давлатдорӣ ва дин назари воқеъбинона доранд. Бовар доранд, ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад ҳуқуқу озодии воқеии инсон ва ояндаи некашро таъмин намояд.

Дилшод МУЛЛОЕВ,  мудири шуъбаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон