Ҷавонон соҳибкасб мегарданд

№12 (3492) 28.01.2016

«Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд.» (Аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 январи соли 2016)

ОМОР-ВахдатКоллеҷи омори шаҳри Ваҳдат таърихи беш аз нимасра дорад. Он яке аз муассисаҳои шинохтаву собиқадори таълимии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар омода сохтани мутахассисони соҳаи иқтисодиёт ва ба бозори меҳнат рақобатпазир нақши муассир дорад. Хабарнигорамон бо директори коллеҷи мазкур, номзади илмҳои иқтисодӣ Зоир Раҳмонов суҳбате анҷом дод, ки мухтасари он манзури хонандагони рӯзнома мегардад.

- Дар оғоз мехостам каме дар бораи таърихи ташаккули муассисаи таълимӣ маълумот диҳед.

- Соли 1959 бо Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон дар заминаи Техникуми омор ва молия-кредитии шаҳри Сталинобод Техникуми омори шаҳри Орҷоникидзеобод таъсис ёфтааст. Баъдан, бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 1991 таҳти №542 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012 таҳти № 630 бо сабаби табдили ном шудани шаҳри Орҷоникидзеобод ба шаҳри Кофарниҳон ва баъдтар ба шаҳри Ваҳдат Техникуми омори шаҳри Орҷоникидзеобод Техникуми омори шаҳри Кофарниҳон, сипас Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ном гирифт.

Вобаста ба ин дар коллеҷ ду факултет — «Молия, бонк ва ташкили истеҳсолот дар иқтисодиёт» ва «Омор, ҳисобдорӣ ва низоми иттилоотӣ» ба фаъолият оғоз намуд, ки соли сеюм аст, амал мекунанд. Дар шаш кафедраи тахассусии коллеҷ донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои «Таъминоти барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилооти корӣ», «Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ», «Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат», «Иқтисодиёт ва ташкил дар соҳаи туризм», «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳо ва КАС», «Иқтисодиёт ва идора дар корхонахои саноатӣ», «Кори бонкӣ», «Молия», «Андоз ва андозбандӣ» ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Коллеҷ бо ҳафт муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ- Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишкадаи молия ва иқтисод, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шартномаи дутарафа ба имзо расонидааст, ки донишҷӯён баъд аз хатми коллеҷ метавонанд ба шуъбаи рӯзонаи онҳо аз соли  дуюм ва ба шуъбаи ғоибона аз соли сеюм дохил шаванд.

- Раванди таълим дар соли хониши 2015-2016 чӣ гуна ҷараён дорад?

- Дар ин ҷода солҳои охир корҳои назаррас анҷом ёфтанд. Дастуру тавсияҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо аҳолии шаҳри Ваҳдат (6 сентябри соли 2015) дода буданд, сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар ин замина назорати доимии раванди таълимро ба роҳ монда, комёбиҳоро дар самти баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳу сифати дониши донишҷӯён афзун менамоем. Таҳсил дар шакли муқаррарӣ ва бо низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Яъне, 30 гурӯҳ бо низоми кредитӣ ва 38 гурӯҳ бо низоми муқаррарӣ таълим мегиранд.

Алҳол, шумораи умумии донишҷӯёни коллеҷ 1560 нафар аст, ки  400 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Дар сохтори коллеҷ ду сол боз «Шуъбаи назорати сифати таҳсилот» амал мекунад, ки ҷиҳати иштирок ба дарсҳо ва гузаронидани мониторингҳои даврӣ бо мақсади муайян намудани сатҳу сифати дониш ва зина ба зина боло бурдани он нақши босазо дорад.

Донишҷӯёни мо дар чорабиниҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат менамоянд. Боиси ифтихор ва хурсандист, ки дар ду соли охир донишҷӯёни мо тавонистанд, ки дар озмунҳо ҷойҳои намоёнро сазовор гарданд.

- Барои пешрафти кори таълиму тарбия дар коллеҷ шароит фароҳам аст?

-Тазаккур бояд дод, ки заминаи моддӣ — техникии таълимгоҳ мунтазам таҳким меёбад. Коллеҷ дорои ду бино мебошад, ки яке чорошёна ва дигаре дуошёна аст. Дар бинои аввал 34 синфхона, китобхонаи электронӣ, қироатхона, толори маҷлисгоҳ, ду лабораторияи компютерӣ, утоқҳои корӣ, ошхона, толори варзишӣ ва бунгоҳи тиббӣ мавҷуданд. Инчунин майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, баскетбол, волейбол ва гимнастика муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Имсол бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 107 ҷуфт мизу курсиҳои нав дастраси мо гардид, ки албатта, ба беҳтаршавии сифати таълим мусоидат менамояд.

Соли 2015 дар қисмати сеюми ошёнаи сеюми бинои таълимӣ шаш синфхонаи нави замонавӣ ва ду ҳуҷраи корӣ азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили мизу курсиҳои нав ва ҷевонҳои китобмонӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Истифодаи техникаю технологияи замонавӣ дар ҷараёни таълим тақозои замон аст. Дар робита ба ин, соли гузашта 15 адад компютер бо ҳашт адад  принтер, як адад проектор ва як адад доскаи электронӣ дастрас намудем. Айни ҳол дар коллеҷ ду синфхонаи компютерӣ ба донишҷӯён хизмат мерасонад, ки дар онҳо 35 адад компютер мавҷуд буда, бо Шабакаи умумиҷаҳонии интернет пайваст мебошанд.

- Дар коллеҷ ҷавонон аз бисёр шаҳру ноҳияҳои дигар низ таҳсил мекунанд. Оё барои онҳо шароити таҳсилу истироҳат муҳайё шудааст?

- Ба таълимгоҳ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳуриамон донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар ин замина, дар коллеҷ тайи ду сол аст, ки хобгоҳи донишҷӯён бо тамоми шароит арзи вуҷуд дорад. Китобхонаи коллеҷ макони дӯстдоштаи донишҷӯён маҳсуб меёбад ва илова ба теъдоди зиёди дастуру китобҳои таълимӣ ва адабиёти илмию таърихӣ ва бадеӣ, барои донишҷӯён китобхонаи электронӣ ташкил гардидааст, ки даҳ компютери пайваст бо Шабакаи умумичаҳонии интернет дар хизмати онҳо қарор дорад.

- Имрӯз баробари таълим тарбияи ҷавонон хеле муҳим аст…

- Бале. Вазъияти сиёсию иқтисодии ҷаҳони имрӯза тақозо менамояд, ки мо- устодон ва умуман тамоми аҳли ҷомеа ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, онҳоро дар рӯҳияи ватандорӣ, меҳанпарастӣ, ахлоқи ҳамида ва ғурури баланди миллӣ тарбия намоем. Бо мақсади пешгирии шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, созмонҳои ифротӣ, аз байн бурдани тамоилҳои бегонапарастӣ дар коллеҷ конференсияву вохӯриҳоро бо намояндагони мақомоти қудратӣ ва масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони обрӯманди диёр баргузор намудем, ки хеле судманду хотирмон буданд.

Ташкил намудани мусобиқаҳои варзишӣ дар байни ҷавонон ва ҷалби онҳо ба корҳои судманд ба пешрафти тарбия мусоидат менамояд. Дар баробари таҳсили хубу аъло донишҷӯёни мо дар озмуну мусобиқаҳои варзишии шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Дар оянда низ кӯшиш менамоем, ки баҳри таълими ҷавонони соҳибкасб тадбирҳои муассир андешем.

Мусоҳиб  Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»