Ҷавононро аз хатоҳои хатарзо бозгардонем

№146 (3783) 09.12.2017

2345f317f7d43c5496c1073516c4cd9cИфротгаройӣ даҳшати ҷаҳони муосир мебошад, ки оқибатҳои фалокатбори он сокинони сайёраро ба ташвиш овардааст. Мутаассифона, ҳар рӯз дар ин ё он кишвари дунё бар асари содир кардани амалҳои террористӣ садҳо нафар ба ҳалокат мерасанд, одамони зиёд захмиву маъюб мегарданд. Ҷангҳои харобиовар даҳҳо ҳазор нафарро дар нуқтаҳои гуногуни олам ба коми худ кашидааст. Ин ҳама натиҷаи пайравӣ ба равия ва афкору омоли ифротгаро мебошад. Кор то ҷое расидааст, ки дастаҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва «Ал-Қоида» бо истифода аз заифии ҳокимияти марказӣ дар баъзе аз давлатҳои Шарқи Наздик ва қораи Африқо, ҳатто ба ишғоли ҳудудҳои калони ҷуғрофӣ ҳам муваффақ гардида, дар он ҷойҳо тартиботи зиддиинсонии худро ба роҳ монда буданд. Хушбахтона, вақтҳои охир туфайли амалҳои дастаҷамъонаи низомии неруҳои байналмилалӣ онҳо минтақаҳои забткардаашонро пайи ҳам аз даст медиҳанд.

Ифротгаройӣ равияи сиёсиву диниест, ки дар дунё бо тобишҳои гуногун зуҳур кардааст. Моҳияти асосии он радикализм, тундравӣ дар расидан ба ҳадафҳои сиёсиву идеологӣ буда,  ҷомеаро ба хушунат, муқовимати мусаллаҳона бар зидди давлатҳои қонунан сари қудратомада, харобиву ноамнӣ ва куштору ғорат тела медиҳад. Мутаассифона, ин равияи фалокатзо ба дини мубини Ислом низ асар кардааст. Мақсади иддае аз ҷараёнҳои муосири ифротгаройи исломӣ бо ҳар роҳу восита созмон додани давлати ягонаи  мусулмонист, ки сарҳадҳои имрӯзаро ба инобат намегирад. Ин ақида зиёдтар дар нимҷазираи Арабистон рушд намуда, бо номи «салафия» машҳур шуда, ба такягоҳи экстремизми байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин ҷараён мақсад дорад, ки аввал мавқеашро дар давлатҳои аҳолиаш мусулмон мустаҳкам намуда, баъдан ҷаҳонро зери нуфуз қарор диҳад.

Ҳодисаҳои фоҷиабори ба сари мардуми Сурия  омада маҳз натиҷаи амалисозии нақшаҳои гурӯҳҳои салафии кишварҳои бегона буд.

Табиист, ки ҷараёнҳои ифротӣ саъй мекунанд манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологиро дар давлати навбунёди мо амалӣ намоянд. Бадбахтона, баъзе аз ҷавонони гумроҳи кишвари мо, аз ҷумла ҷавонони шаҳри Ваҳдат,  ба доми фиреби ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша афтода, рӯзгори осудаву ором, Ватани ободу шукуфон, падару модар ва ҳамсару фарзандони худро тарк намуда, дар кишварҳои хориҷӣ дар шароити ғайриинсонӣ ва хорию зорӣ барои манфиатҳои дигарон меҷанганд. Теъдоде аз онҳо кушта ва қисме пойбанди хоҷагони манфиатҷӯ гардидаанд ва наметавонанд аз доми фиреби онҳо раҳоӣ ёбанд. Аксари он ҷавононе, ки ба доми фиреб афтода, дар минтақаҳои ноором меҷанганд, саводи кофӣ надошта, мавқеашонро дар ҷомеа наёфтаанд ва рӯзгорашонро бо амалу рафторҳои номатлуб мегузаронанд. Ташвишовар аст, ки бархе аз ҷавонони роҳгумзада, ҳатто ҳамсару фарзандонашонро  ба кишварҳои ҷангзада даъват намуда, ҳаёти онҳоро низ зери хатар мондаанд.

Табиист, ки дар аксуламал ба равандҳои мазкур ҷомеа наметавонад ором бошад. Бояд пеши роҳи ин ҷараёнҳои хатарнок гирифта шаванд. Чунонки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гаштаю баргашта таъкид мекунанд,  бояд чораҳои имконпазирро роҳандозӣ намоем ва хавфи ифротгароёнро ба фаҳми ҳар узви ҷомеа расонем.

Дар иртибот бо ин масъала, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат тадбирҳои муассир меандешад. Аз ҷумла, чанде пеш мавзӯи мазкур дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тибқи қарори иҷлосия, муовинони соҳавии раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мудирони шуъба, бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва  роҳбарони дигар сохтору мақомот вазифадор гардиданд, ки дар робита ба ин масъала чораҳои бетаъхир андешанд.

Баҳри татбиқи қарори қабулшуда бо ҳидоят ва роҳнамоии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳр Амирзода Раҳмоналӣ Амир аз ҳисоби кормандони масъул, фаъолону зиёиён чор гурӯҳи корӣ ташкил шуд, ки роҳбарии онҳоро муовинони раиси шаҳр ба уҳда доранд. Гурӯҳҳои корӣ бо сокинони деҳаву маҳаллаҳои 11 ҷамоати шаҳраку деҳот ва 10 минтақаи маркази шаҳр мунтазам вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор менамоянд.

Қобили зикр аст, ки дар давоми се соли охир 46 узви гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз ҷониби шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ,  шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат, прокуратура, шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ошкору муайян ва дастгир шудаанд. Гурӯҳҳои корӣ ба хонаи ҳар яке аз ин дастгиршудагон рафта, бо наздикони онҳо суҳбат гузаронданд. Волидайни ҷавонони гумроҳ ҳамагӣ як нуктаро қайд менамуданд: «Мо аз ин ҳодиса огоҳ набудем, ашхоси алоҳидаву гурӯҳҳои ифротӣ фарзандони моро гумроҳ намуда, ба роҳи хато бурдаанд. Дар оянда кӯшиш менамоем, ки чунин ҳолат рух надиҳад».

Хушбахтона, аз соли 2016 ин раванди номатлуб дар шаҳри Ваҳдат торафт кам мешавад. Мо, аҳли ҷомеа, бояд бо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳамеша дар муборизаи шадиди идеологӣ қарор дошта бошем ва  нагузорем, ки душманони давлату миллат вазъро ноорому ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор созанд. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд. Аз ин рӯ, лозим аст, ки баҳри иҷрои нишондодҳои Сарвари давлат қувваю ғайрат ва донишу имконияти хешро сафарбар намоем, зеро таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиштагӣ, оромиву суботи сиёсии кишвар шоҳпулест, ки моро ба қуллаи умеду орзуҳо ва рӯзгори ободу пурнишот мерасонад.

 ХОҶАЗОДА Фарзона Ҳамдам,

муовини раиси шаҳри Ваҳдат