Касби ман – ифтихори ман

Ҳаёт бо кӯдакон гуворост

№92 (3886) 31.07.2018

«Беҳтарин муъҷизоти олам офариниш ва тарбияи инсон аст»

Ҳикмати бузургон

 

ыуКор бо кӯдакон дар баробари  душворӣ ба кас шодию нишот мебахшад. Рангорангии дунёи кӯдакона, чеҳраи гарму нурбор, дили поку беғаши онҳо  туҳфаи бебаҳо барои ҳар як фард ба шумор меравад. Даврони кӯдакӣ марҳилаест, ки  кӯдак аз падару модар, мураббиён ва умуман атрофиён лутфу меҳрубонӣ ва муҳимтар аз ҳама, самимиятро мехоҳад. Кӯдак дар симои ҳар як шахс инсони бузург, ҳидоятгару роҳнаморо мебинад ва мехоҳад дар пайравӣ шахси намунаи ибрат ба камол расад. Дуруст аст, ки аз чигунагии тарбияи гирифта чӣ инсоне ба камол расидани ӯ вобастагии калон дорад. Дар иртибот  бо ин дар кадом сатҳ қарор доштани кори тарбиявии волидон, мураббияу омӯзгорон нисбат ба онҳо хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, мо — кормандони муассисаҳои томактабӣ кӯшиш менамоем, ки ҷузъитарин омилро мавриди таълиму тарбияи кӯдакон сарфи назар насозем. Бо мақсади самаранокии кор аз таҷрибаи пешқадами собиқадорони соҳа истифода намоем. Роҳҳои нав ба нав ва муфиди корро ҷӯё гардем.

Хотираю зеҳни кӯдакон ба варақи сафеду тозаи ҳанӯз чизе сабтнагардида шабоҳат дорад. Таъсири муҳит дар ташаккули онҳо нақши ногусастанӣ мебозад. Онҳо ҳар шунидаю мушоҳидаро дар оила, муассиса, мактаб ва ҷойҳои ҷамъиятӣ зуд қабул менамоянд. Аз ин нуқтаи назар, новобаста аз синну сол ва касбият баҳри таълиму тарбияи дуруст гирифтани кӯдакону наврасон ҳама қишри ҷомеа масъул мебошад.

Хушбахтона, дар муассисаи мо бо шарофати таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тамоми шароит фароҳам аст. Дар чор гурӯҳи хурд, гурӯҳи томактабӣ, калони томактабӣ ва омодагӣ ба мактаб, ҷамъ 130 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо равоншинос, ҳамшираи тиббӣ ва чор мураббӣ хизмат мерасонанд. Аз чизе танқисӣ надорем. Дар баробари ин, аз дастгирии падару модарон, шахсони алоҳида бобати баланд бардоштани сифати тарбия дар муассиса қаноатмандем. Ин омилҳо кормандони муассисаро вазифадор менамояд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ пайи иҷрои вазифаҳои касбӣ бошем ва барои ҷомеа инсонҳои комилро ба камол расонем.

Ситора Назарова, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии № 8, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе