Аз Мавлонои Балхӣ бояд омӯзем

№148 (3942) 11.12.2018

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон» соли дуюм аст, ки нашри китобҳоро таҳти унвони «Шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳон» ба роҳ мондааст. Қаблан аз ҷониби ин ниҳод китобҳои нависандаи турк, барандаи ҷоизаи Нобел Орҳан Памук «Номи ман Сурх аст» ва адиби маъруфи рус Лев Толстой «Маҳкуми бегуноҳ» чоп шуда буданд. Акнун китоби сеюм аз ин силсила бо номи «Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо аз «Маснавии маънавӣ» пешниҳоди хонандагони тоҷик гардид, ки муаллифи он донишманди эронӣ Алии Шервонӣ буда, бо  тасҳеҳ ва пешгуфтори номзади илми филология Шодӣ Шокирзода ба табъ расидааст.

Ҷавонони адабдӯст  тавассути асар метавонанд вориди дунёи Мавлоно шаванд ва аз ҳидоятҳои ин донишманди розошно баҳраманд гарданд. Дар пешгуфтори мураттиб Шодӣ Шокирзода — «Хуршеди маърифат» зиндагинома, шахсият, хонавода ва фарзандон, осори Ҷалолуддини Балхӣ, баъзе вижагиҳои «Маснавии маънавӣ», таърихчаи нашри осори Мавлоно дар Тоҷикистон, ҳадафи таҳия ва нашри китоби «Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо аз «Маснавии маънавӣ» саҳеҳу фасеҳ бозгӯйӣ шудаанд.  Умед аст, ки он мақбули ёрони сухан мегардад.

Абдухолиқ  Мирзозода, «Садои мардум»